Шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) ва мавқифи саҳоба нисбати он
(Нақд ба навиштаи Абдуқодир Талбаков бо ривоёти таърихии мувассақ)
(бахши аввал)
Ман дар ин мақола ба ончӣ ҷаноби Талбаков навиштааст нақди таърихи мекунам.То хонанда худаш ташхис диҳад ва масъаларо бо диди дурӯст фаҳмад.Намепардозам чаро чунин гуфти ва чунин набуд намепардозам.Балке он давронро бо силсила мақолот баён медорам,қазоват ба худи хонандаи нуктасанҷ.
Муҳосираи Усмон ибни Аффон (раз) хеле шиддат гирифт, ҳатто, ки ўро аз гузоридани намоз дар масҷид манъ карданд. Ў нисбати ҳамаи ин сабр мекард, ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) ба ў амр карда буд. Ў бо имони қавие, ки нисбат ба қазову қадар дошт боз кушиш мекард дар ҳамон ҳолат, ки роҳи ҳалле биёбад. Ин буд ки гоҳо бо ваъз гуфтан ба мардум ҳаром будани резонидани хуни мусалмонро мефаҳмонид ва гоҳо аз фазоилу хидматҳои арзандаи худ нисбат ба ислому мусалмонон сухан мегуфт ва боқимондаи даҳ ёрони биҳиштиро ба он шоҳид меовард[i]. Гуё, ки мегуфт, ки шахсе, ки молу мулку ҷону дороии худро дареғи ин дин ва пайравонаш надошта имрўз дар синни 82-солагӣ ба молу мулки онҳо даст мезанаду исрофкори мекунад? Дар ҳоле, ки ў назди Паёмбар (с) бузург шудаву он ҳазрат ба фазлу мартабааш шаҳодат дода тазкияаш кардааст. Оё баъд аз ин ҳама сазовор аст, ки бо ў чунин муомила карда шавад?
Сайтараи боғиҳо бар Мадина чунон шиддат гирифт, ки баъзе вақтҳо имоматии намози мардумро худи онҳо адо мекарданд[ii] ва дар ин ҳангом буд, ки саҳобагон дарк намуданд, ки ин амр одди нест ва аз оқибати он нигарон шуданд. Чун аз ҳадафи он гурўҳ, ки нақшаи қатли Усмонро доштанд огоҳ гардиданд ба халифа пешниҳод намуданд, ки иҷозат диҳад, то онҳоро аз Мадина берун ронанд, аммо халифа рози нашуд, то ба сабаби ў хунрези шавад[iii].
Бузургони саҳоба фарзандони худро барои дифоъ аз халифа фиристоданд аз ҷумла Ҳасан ибни Алӣ (р) ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ва лекин Усмон (р) савганд ёд намуд барои Ҳасан, то баргардад ва осебе набинад[iv]. Худи Усмон (р) ба ў гуфт: Баргард эй бародар то амре, ки Худованд хостааст анҷом диҳад[v]. Дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст, ки дар он рўзи шум Ҳасанро аз онҷо маҷруҳ бароварданд[vi]. Ғайр аз Ҳасан (р) дигар фарзандони саҳоба низ маҷруҳ гардиданд[vii]. Алӣ (р) аз ҳама бештар аз Усмон (р) дар он рўз дифоъ намуд ва Марвон ибни Ҳакам ба ин ҳақиқат шоҳиди додааст[viii].
Инчунин ибни Асокир аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки Алӣ (р) нафаре ба назди Усмон (р) фиристода гуфт: Ҳамроҳи ман панҷсад аскар аст иҷозат диҳед, то аз шумо дифоъ намоям, зеро шумо коре накардаед, то муҷиби резонидани хунатон гардад[ix].
Усмон (р) боз ҷавоби рад дода гуфт: Намехоҳам ба сабаби ман хунрези шавад. Ривоятҳои зиёде ворид шудааст, ки ҷонибдории Алӣ (р)-ро аз Усмон (р) собит месозанд. Аз он ҷумла ҳине, ки ошубгарон расидани обро ба Усмон (р) ва аҳли ў манъ намуданд ва қариб буд, ки ишон ба ҳалокат бирасанд Алӣ (р) се зарфи пур аз обро ба ишон расонид. Ва ахиран кор ба ҷое расид, ки ошубгарон Усмон (р)-ро ба қатл расониданд.
Чун ин хабари шум ба саҳобагон расид ақл аз сарашон парид. Алӣ (р) фарзндони худ ва дигаронро сарзаниш кард, ки чи гуна шумо дар назди дар будед, ки Усмон (р)-ро куштанд[x]. Ў ғазаболуд сўи хонааш равон шуда мегуфт: Эй бор Худоё! Ман покии худро аз хуни Усмон (р) ба шумо эълон медорам аз ин ки ўро кушта бошам ё майл ба куштани он карда бошам[xi]. Ҳамин гуна мавқифи Алӣ (р) насиҳату машварат ва ҷонибдори аз Усмон (р) ҳангоми фитна буд. Ў кушиш мекард, ки байни халифа ва ошубгарон ислоҳ биёрад, лекин ин амр болотар аз қудрату тавони ў буд. Чун иродаи Илоҳи будааст, ки амиралмўъминин Усмон ибни Аффон (р) ба шаҳодат ноил шавад[xii] ва он фитнаангезон ба гуноҳи кабира.
Амирулмўъминин Алӣ (р) кушта шудани Усмон (р)-ро инкор мекард ва дар ҳар хутбааш изҳор медошт, ки ў Усмон (р)-ро накушта ва ба қатли У амр намекардааст ва ризо ҳам набудааст. Ин ҳақиқат аз худи ў бо чандин роҳҳо собит шудааст, ки ифодаи қатъи медиҳад[xiii], бар хилофи даъвои шиъа, ки мегўянд: Алӣ (р) ба қатли Усмон (р) розӣ буд[xiv].
Ҳоким ва ибни Таймия оиди ин ҳодиса сухан гуфта ин даъворо, ки Алӣ (р) ба кушта шудани Усмон (р) розӣ буд, инкор намуда дурўғ ва буҳтон меноманд.[xv] [xvi] [xvii] Баъзе китобҳои торих ба сабаби такя ба ривоятҳои заъифу мавзуъ (сохта) мавоқифи саҳобаро нисбати фитнаи қатли Усмон (р) халалдор ва ташвиҳ намудаанд. Чун ҳодисаҳои фитнаро аз ривоятҳои мавҷуд дар ин гуна китобҳо, ки аз тариқи Абимухнаф, Воқиди ва ибни Аксам овардаанд мутолиъа мекунед, чунин маълум мешавад, ки саҳобагон ба қатли Усмон (р) розӣ буда фитнаангези мекардаанд. Ривоятҳои шиъа дар ин боб хеле зиёданд ва ҳамаи он дурўғу буҳтон ҳастанд[xviii]. Бар хилофи ин ривоятҳои беасос хушбахтона китоби муҳаддисин ривоятҳои саҳеҳаро дар ин боб ҳифз намуданд, ки ҳамаи он ҷонибдории саҳобаро аз Усмон (р) ва пок буданашонро аз даст доштан дар ин фитна собит месозанд[xix]. Биноан иштироки онҳо дар ин фитна хеле баъид аст[xx]. Ҳамаи саҳобагон аз қатли Усмон (р) пок ҳастанд ва ҳар кас, ки ишонро дар ин кор шарик мекунад ҳеҷ ягон далел надорад. Бинобар ин халифа дар торихаш овардааст, ки чун аз Ҳасан пурсиданд: Оё муҳоҷир ё ансорие дар қатли Усмон (р) шарик буд? Ў гуфт: На, шахсони бодянишини дуруштрафтор аз аҳли Миср буданд. Имом Нававӣ низ иштироки саҳобаро дар қатли Усмон (р) рад намуда мегўяд, ки бодиянишинон ва дунҳимматон аз аҳли Миср буданд, ки саҳобагон аз рўё рўи бо ишон оҷиз монданд, ҳатто, ки халифаро ба қатл расониданд[xxi]. Ҳазрати Зубайр,[xxii] Оиша, ибни Таймия[xxiii] ва дигарон онҳоро Сифлагону дунҳимматон хондаанд. Заҳабӣ[xxiv] онҳоро ошубгарону боғиён. Ибни Имоди Ҳанбалӣ дар «Шазарот» онҳоро разилон ва авбошони қабилаҳо хондааст[xxv].
Муъомилаи ишон аз замони оғози муҳосира то қатли халифа, ки саросар зулму ситам аст худ шоҳиди васфи болост. Чи гуна обро аз ў манъ мекуни дар ҳоле, ки аз ҳисоби худ ў чоҳи оберо харида истифодаашро ройгон барои мусалмонон қарор дод[xxvi] ва ҳамеша дар ҳоли сахтиҳо моли худро дареғ надошта барои оммаи мардум сарф мекард?![xxvii]. Алӣ (р) ин ҳолатро васф намуда ҳозиринро маломат карда гуфт: Эй мардум! Ин кореро, ки шумо карда истодаед на бо амри мусалмонон шабоҳат дорад на бо амри кофирон, обу ғизоро аз вай манъ накунед, зеро ҳамаи яҳуду насоро ва дигарон мехуранду меошоманд, гарчанде дар ҳоли асорат бошанд[xxviii]. Хабарҳои саҳеҳ ва ҳаводиси торих гувоҳи покии саҳоба аз ҳама гуна даст доштан дар қатли Усмон (р) мебошад[xxix].
Барои дароз нашудани мақола бо ин андоза иктифо мекунам.Дар мақолаҳои баъди кушиш мекунам ин масъаларо бо орои муаррихони муътабар,ақволи саҳоба ва уламои дин пешкаши хонандагон гардонам.То ҳар фитнаҷӯе наояд ва ин масъаларо ҳар намуд,ки мехоҳад аз пеши худаш шарҳ ва тавзеҳ диҳад.
Идома дорад бо мо бошед.
Сарчашмаҳои истифода шуда
[i] . Хилофати Алӣ ибни Абутолиб, Абдулҳамид Алӣ (с.85).
[ii]. Сияру Аъломи нубало (3/515).
[iii] . Фитнату мақтали Усмон (1/167) саҳиҳул-иснод.
[iv] . Торихул-Мадина ибни Шабба (4/1208).
[v] . Ар-риёзун-назира (с.46).
[vi] . Ат-табақот, ибни Саъд (8/128).
[vii] . Ториху Халифа (с.174).
[viii] . Торихи ислом (с.460-461).
[ix] . Торихи Димишқ(с.403).
[x] . Ибни Абуосим, ал-оҳод вал-масони (1/125), нақлан он хилофати Алӣ (р) (с.87).
[xi] . Муснафи ибни Абишайба (15/209).
[xii] . Муснафи ибни Абишайба (15/209).
[xiii] . Ал-бидоя ван-ниҳоя (7/202).
[xiv] . Ал-ақидату фи аҳли-байт байнал-ифроти ват-тафрит (с.129).
[xv] . Ал-мустадрак (3/103).
[xvi] . Минҳоҷус сунна (4/406).
[xvii] . Ал-ақидату фи аҳли-байт байнал-ифроти ват-тафрит (с.129).
[xviii] . Таҳқиқу мавоқифи саҳоба (20/14то18).
[xix] . Холису хулафои рошидин Ҳасан ибни Алӣ (р) (122).
[xx] . Таҳқиқмавоқиф саҳоба (20/14то18).
[xxi] . Шаҳидуддор Усмон ибни Аффон (р) с.148.
[xxii] . Шарҳун-нававӣ ало саҳеҳи Муслим (15/148).
[xxiii] . Минҳоҷус-суннати (2/189-206).
[xxiv] . Дувалул-ислом, Заҳабӣ (1/12).
[xxv] . Таҳқиқу мавоқифи саҳоба (1/482), шазаротуз-Заҳаб (1/40).
[xxvi] . Тайсирул каримил маннон фи сирати Усмон ибни Аффон (р) (450).
[xxvii] . Тамҳид ва баён (с.424).
[xxviii] . Таърихи табарӣ (5/400).
[xxix] . Таҳқиқи мавоқифи саҳоба (2/8).