Номаи саркушодаи наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Президент
Мо, шаҳрвандони комилҳуқуқи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, аз Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон қотеона талаб менамоем, ки сармутахассиси фаҳҳошу бевиҷдони бахши Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ, Шокирҷон Холдоров бидуни ҳеч қайду шарте муҷозот шавад.
Бо ин ки дар кишвари мо мақомоти соҳаҳои мухталиф; вазоратҳо, кумитаҳо ва ҳатто мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба ҷиноят мезананд ва Ҳукумат ба амалкарди онҳо чашм мепӯшад ва ҳеч гуна парванди ҷиноятӣ нисбати онҳо кушода намешавад – ҷиноёте мисли ришваситонӣ, бедодгарӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа – ва мардуми оддӣ ҳам наметавонанд ҳамаи он ҷиноётро ба навор бигиранд ва расонаӣ кунанд, аммо ин дафъа тавонистанд яке аз ҷиноятҳоро ба навор бигиранд ва дар шабакаҳои маҷозӣ мунташир созанд. Ин ҷинояти бисёр сангине, ки ба шаъну шараф ва ҳайсияти мардуми минтақаи Чорякорон аз тарафи Шокир Холдоров сурат гирифт, нобахшиданист.
Ин амал дар хонаи Худо, масҷид сурат гирифтааст. Агарчи мақоми масҷид дар Ҳукумати имрӯзаи шумо ҳеч ҷойгоҳ ва мақоме надошта бошад (зеро ҳар рӯз масҷидҳоро бо ҳар баҳона мебандед ва табдил ба чойхона ва макони фароғативу фарҳангӣ мекунед), дар назди ҳамаи мо тоҷикони мусалмон ҷойгоҳи воло дорад, ба ин беэҳтиромӣ наметавонем бетараф бошем ва сукут кунем.
Чаро барои таҳқири ҷаноби Раиси Ҷумҳур қонунгузории кишвар барои шаҳрвандон муҷозоти маҳрумият то 12 сол аз озодӣ ва ҳаққи кор барои солҳои тулонӣ дар мақомоти давлатиро пешбинӣ кардаву барои як корманди давлатӣ, ки аз ҳамин марзу бум аст ва ба миллату муқаддасоташ тавҳин мекунад, ҷазое муқарар намекунед?
Мо ба он бахшишпурсиҳои мармуз ва ҷаримакуниҳои 500 сомонагиатон ҳаргиз розӣ нестем. Тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд кашида шавад. Охир ин миллат ғуломи кормандони давлатӣ нестанд, то ба чунин таҳқиру фишор аз ҷониби мақомот онҳоро тарсонид ва ё таҳдидашон кард!
Ин ҷо ба фикрам ҳукумати ҳеч сулолае нест, то ин кишварро фатҳ карда, миллати тоҷикро кормандони он сулолаи фотеҳ номид ва ҳар ҳукму ҷазоеро муносиби ҳолашон донист.
Қонунгузории кишвар барои тавҳин ва барангехтани кинаву адоват миёни мардум ҷазо таъин намудааст. Тавре ки шумо мӯҳтарам мақомоти қудратӣ, ҳар касе, ки бароятон хуш наояд бо он модда онҳоро барои солиёни зиёд равонаи зиндон мекунед. Дар ҳоле ки аслан 99 фисади онҳо зери ин банд қарор надоранд, вале шумо боз ҳам онҳоро равонаи зиндон кардаед.
Ба Шокир Холдоров ҷазои муносибро зери ин банд муайян намуда, равонаи зиндон намоед.
Инчунин барои солиёни дароз аз кор кардан дар мақомоти давлатӣ маҳрум намоед. Ин ҷо он таҳдидҳое, ки Шокир Холдоров мардуми оддиро кардааст, ки ман шуморо бо ҷурми “салафигарӣ” равонаи зиндон мекунам, ман амниятро мефиристам ва монанди ин… аввалан, як лаккаи сиёҳ барои КДАМ мебошад, ки гӯё онҳо барои озори мардуманд. Дигараш тӯҳмат ба як шаҳрванди бегуноҳи кишвар аст, ки барои ҳифзи шарафаш бо ин фаҳҳош даъво ва талаб кардааст.
Мо нахуст ин қазияро ҳамчун қазияи дохилӣ, ки танҳо аз он тоҷикон огоҳанд, мегузорем. Агар дар наздиктарин фурсат ба ин масъала таваҷҷӯҳ накунед ва онро нодида бигиред, мо ин қазияро дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ менамоем ва ба се забон: англисӣ, арабӣ ва олмонӣ тарҷума намуда, барои тамоми ҷаҳониён нашр менамоем, то барои ҳама “демократӣ ва ягона“ будани Тоҷикистонро муаррифӣ намоем.
Он вақт нагӯед чаро чунин кардед, охир мешуд миёни худ ин масъаларо ҳаллу фасл намоем. Умед дорем Ҳукумати кишвар барои як фаҳҳоше, ки арзиши як донаи арзанро на дар назди миллат ва на ватан надорад обурӯйи худро чунин пойин барад. Инчунин мо бо шабакаҳои ҷаҳонӣ сӯҳбат доштем, то комилан ва ҳамаҷониба ин қазияро аз оғоз то поён дар ихтиёрашон мегузорем ва ҳарф ба ҳарф суханони ин фаҳҳошро тарҷума намуда, бо шарҳҳои хуб ва воқеъӣ тафсир менамоем.
Ин ҷо кӣ беобрӯ мешавад? Ҳукумати кишвар ва ё як фаҳҳоши бе шараф мисли Шокир Холдоров?
Онҳое, ки барои ба муҷозот кашидани ин фаҳҳош имзо гузоштаанд на танҳо 1923 нафаранд, ин оморро агар аз ҳама шабакаҳои интернетӣ ва сомонаи Ислоҳ ва нашркунандагони он чӣ навишта будем ба куллӣ ҳисоб намоем чандин ҳазор мешавад. Аммо мо ба он оморе иктифо намудем, ки шумо худ онҳоро мебинеду мутолеа менамоед.
* * *
Ps: Расонаҳое, ки худро мустақил ва мардумӣ меноманд мебинем кадоми онҳо ин талабро нашр менамоянд. Он вақт метавонем ҳадс бизанем, ки онҳо мардумӣ ва дар хушӣ ва ғами миллат шариканд. Намехоҳам аз ҳеҷ расона ва шабакае ном барам, танҳо вақт онро нишон медиҳад.
Бо ибтикори Муҳаммадиқболи Садриддин ва 1923 шаҳрванди кишвар