Нафрини Аҳли Байт (раз) аз қатли Усмон (р).

Ислоҳ нет

Нафрини Аҳли Байт (раз) аз қатли Усмон (р).

 (бахши понздаҳум ва охири силсила мақолот)

 

1-  Мавқифи Уммулмўъминин Оишаӣ Сиддиқа (р)

А:  Фотима ибни Абдурраҳмони Ашкарӣ нақл мекунад, ки модараш аз тарафи амакаш назди  Оиша (р) рафт ва ба ӯ гуфт: амакаш ба Уммулмўъминин (р) салом мерасонад. Ӯ маро назди шумо фиристода, то аз шумо бипурсам назари  шумо дар мавриди  суханони норавое, ки мардум дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)мегўянд, чист? Уммулмўъминин Оиша (р) гуфт:  “ Худованд, ҳаркиро, ки Усмон ибни Аффон (р)–ро нафрин кунад, аз раҳмати хеш маҳрум созад. Савганд ба Худованд, ки ба ёд дорам рўзеро, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба ман такя дода ва Усмон ибни Аффон (р) низ канори ӯ нишаста буд, ки ногоҳ Ҷабраил (а) бар Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)нозил шуд. Онгоҳ Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Усмон ибни Аффон (р) гуфт: “ Усмон!  Бинавис ва бидон, ки Худованд лаёқати навиштани ваҳйро танҳо ба фарде медиҳад, ки назди ӯ ва Паёмбараш азиз ва муҳтарам бошад”.[i]

 Б:  Масруқ аз Оиша (р) нақл мекунад, ки чун Усмон ибни Аффон (р)ба қатл расид, Оиша (р)  гуфт: “ чун назди ӯ рафтед, бе раҳмона ва золимона ўро мисли гўсфанде сар буридед”. Масруқ гўяд: ман низ ба ӯ гуфтам:  ин ҳамон хости шумо буд, магар ин тавр нест, ки ба мардум нома навиштед то бар зидди Усмон ибни Аффон (р)даст ба шуриш бизананд? Оиша (р) гуфт: “ ба Худованд  савганд, ки як калимаро низ дар ин робита нанавиштаам ва чунин дархосте аз ҳеҷ кас накардаам”.[ii]  Дар мақолаҳои қаблӣ баён намудам, ки Сабаъиҳо номаҳоеро аз номи бузургони Саҳоба (р) сохта ва ба онҳо нисбат медоданд,то ба ин тариқ  битавонанд мардумро бо худ ҳамроҳ созанд.

 В: Чун Оиша (р) қасди бозгашт аз Макка ба Мадинаро намуд дар миёни роҳ хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (р)–ро дарёфт намуд. Ба ҳамин хотир ба Макка боз гашт ва худро ба Ҳаҷарул- асвад расонид. Чун мардум гирди ӯ ҷамъ шуданд, хитоб ба онон чунин гуфт: “ Эй мардум! мардумоне аз дигар сарзаминҳо ва ғуломони Мадина гирди  халифаи мусалмонҳо ҷамъ шуданд ва ўро ба боди интиқод гирифтанд. Аз ӯ айб гирифтанд, ки чаро ҷавононро ба амирӣ ва волигӣ интихоб мекунад ва ўро мавриди бозхост қарор доданд, ки чаро  заминҳоеро чарогоҳи шутурон ва асбҳои ҳукумат қарор додааст. Ҳол он, ки тамоми ин масоил пеш аз аҳди ӯ низ вуҷуд доштанд. Аммо ӯ бо ин вуҷуд ва суханони онҳо гуш дод ва ба  хостаҳои оно тан дод, то шояд ба роҳи рост оянд. Онон низ, ки дигар узр ва баҳонаеро барои саркашӣ ва шуриш наёфтанд, роҳи хиёнат ва таҷовузро дар  пеш гирифтанд ва дасти худро ба резонидани хунеки бар онҳо ҳаром буд оғўшта карданд. Онҳо бо ин ситам ва зулми худ  ҳурмати сарзамини ваҳй ва моҳи ҳаромро шикастанд ва амволи байтулмолро ғорат карданд. Ба  Худованд саганд, ки як ангушти Усмон ибни Аффон (р)аз тамоми онон беҳтар буд. Эй мардум!  бидонед, ки агар бар фарзи маҳол иддаъои он ёғиҳо дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)рост бошад ва ӯ муртакиби гуноҳе шуда буд, ба он ҷинояте, ки дар ҳаққи ӯ намуданд он гуноҳон пок шуда ва аз миён рафтааст”.[iii]

 Дар муқобили ин ривоятҳои мустадал ва дуруст, ки тасвири зебое аз равобити миёни Усмон ибни Аффон (р)ва Оиша (р) –ро  ба намоиш мегузоранд дар Таърихи Табарӣ ва дигар китобҳои таърих ва ривоятҳои дигаре бар мехурем, ки тасвири комилан дар зиддият бо ривоятҳои қаблро ироа медиҳанд. Ин ривотҳо он нақши  дурахшон ва ҳушёронаи Уммулмўъминин Оиша (р) дар  дифоъ аз  одоб ва русуми дин ва ҳурмати онҳо ва низ ҳимоят аз Усмон ибни Аффон (р)ро ба шиддат хадшадор кардаанд.[iv]

 Дар воқеъ ривоятҳое, ки  дар китобҳои Алъақдул фариди Ибни Абдурабуҳ, Ал –Ағонии Абулфараҷи Исфаҳонӣ , Таърихи Яъқубӣ, Таърихи Масъудӣ ва Ансобул-Ашроф дар мавриди нақши Уммулмўъминин Оиша (р)  дар авзоъ аҳволи он даврон нақл шудаанд, ин нақшро комилан ошуфта ва зидду нақиз ба тасвир кашидаанд ва ё ба ривоёти ғайри мувассақ ё мунқатиъус санад такя кардаанд. Хуб бояд донист ин ривоятҳо нодуруст ва ғайри муътабар мебошанд,[v] аввал ба ин  далел ки ин ривоятҳо ё бе санад ҳастанд ва ё дар  санади онҳо заъфе вуҷуд дорад. Дуввуми он, ки матн ва муҳтавои ин ривоятҳо дар  зиддияти комил бо ривоятҳои саҳеҳе аст, ки дар китобҳои ҳадис мавҷуд мебошанд.[vi]

 Хонум Асмо Муҳаммад Аҳмади Зиёда дар як талоши нек, ҳамаи ривоятҳоеро, ки  дар робита бо мавзеъҳо ва иқдомоти Уммулмўминин Оиша (р) дар ҷараёни ҳодисҳои фитна нақл шудаанд, гирдоварӣ намуда ва санад ва матни ривоятҳоеро, ки иддаъо мекунанд миёни Усмон ибни Аффон (р)ва Оиша (р) ихтилофоти бисёр амиқе  вуҷуд дошта мавриди нақду баррасӣ қарор дода заъф ва бутлони ин ривоятҳоро баён намудаанд.Ӯдар ин китоб баён мекунад, ки шоиста он аст, ки ҳаргиз ба ин ривоятҳо, ки ровиёни он ба далелҳои мухталиф мисли гароиш  ташайюъ ва ё шуҳрат доштанд ба рофизӣ будан,  ғайри қобили эътимод мебошанд, таваҷҷӯҳе накунем. Аммо мутаассифона мебинем, ки  ин ривоятҳо дар бештари мутолиоти муосир мавриди  истиноди муҳаққиқон қарор гирифтаанд. Дар воқеъ бо ин навъ ривоёти ботил  талош доранд бо  эҷоди ин тасаввури ғалат, ки миёни Саҳоба (р) ихтилофоти шадиде вуҷуд доштааст, таърихи сохташудаеро ба мо таҳлил кунад, ки ба ҳеҷ рў бо ҳақиқатҳо мутобиқ намебошанд.[vii] Ҳол агар  фарзро бар ин бигирем, ки Оиша (р) ҳамдасти шуришиён буд ва ононро  бар зидди Усмон ибни Аффон (р) таҳрик мекард, бинобар ин лозим меомад ба тарзҳои мухталиф талош намояд то қатли Усмон ибни Аффон (р)–ро асоснок ҷилва диҳад. Аммо бар хилофи ин фарзия таърихи дуруст ва саҳеҳ чунин мавзеъро аз Уммулмўъминин Оиша (р) ба ёд надорад. Ҳақиқати амр он аст, ки ин ривоятҳои сохта талош кардаанд, то Оиша (р) ва дигар Саҳобаи бузургвор (р) –ро, нопарҳезкор ва ғайри қобили эътимод нишон диҳанд, ҳол он, ки  худи Қуръон ва Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ононро одил эълон кардаанд ва ҳамин моро дар радди ин ривоятҳои ботил ва нодуруст кифоят аст. Аз тарафи дигар агар мо  тамоми ҳақиқатҳо ва далелҳои динӣ, илмӣ ва таърихиро  дар ин навъ масоил канори ҳам қарор  диҳем,  ин ҳақиқатҳо ва далелҳои қавӣ ва мустадал ҳеҷ навъ зиддият ва таноқузе бо ҳам надоранд ва ин худ далеле аст бар ботил будани он ривоятҳои зидду нақиз ва табиатан нодуруст будани таҳқиқот ва  истидлолҳое, ки бар асоси ин ривоятҳо шакл гирифтаанд.[viii]

2 – Алӣ ибни  Абутолиб (р):

Ҳам худи Алӣ (р) ва ҳам аҳли байти ӯ эҳтироми бисёре барои Усмон ибни Аффон (р)қоил буданд ва ўро  халифаи барҳаққи мусалмонон медонистанд.

А:  Алӣ ибни Абитолиб (р) баъд аз Абдурраҳмон ибни Авф (р), аввалин фарде буд, ки бо Усмон ибни Аффон (р)байъат намуд.[ix]  Аз Қайс ибни Убод нақл мекунанд, ки  чун дар маҷлисе суҳбат аз Усмон ибни Аффон (р)шуд, Алӣ  (р)  гуфт: “Усмон марде аст, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар шаъни ӯ фармудаанд: “ Оё набояд  дар баробари марде шарм дошт, ки фариштагон аз ӯ ҳаё мекунанд”.[x]

Б:  Алӣ ибни Абутолиб (р), Усмон ибни Аффон (р)–ро аз аҳли биҳишт медонист. Аз Нузол ибни Сабура нақл аст, ки чун дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)аз Алӣ (р) пурсиданд, ӯ посух дод, ки: “ Ӯ мардест, ки фариштагон ўро Зиннурайн хонанд. Ҳамин, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ду духтарашро ба никоҳи ӯ даровард, собит мекунад, ки Усмон ибни Аффон (р)аз аҳли биҳишт аст”.[xi]

 В:  Алӣ (р) дар даврони хилофати Усмон ибни Аффон (р) комилан мутеъ ва фармонбардори ӯ буд. Ибни Абишайба аз тариқи Муҳаммад ибни Ҳанафия писари Алӣ (р) нақл мекунад, ки Алӣ (р) эълон намуд:   “ Агар Усмон ибни Аффон (р)маро ба банд кашад, боз ҳам аз ӯ итоат хоҳам  намуд ва фармонбардори ӯ хоҳам буд”.[xii] Ва ин  худ далеле аст бар андозаи  итоъату фармонбардории Алӣ (р) нисбат ба Усмон (р).[xiii]

 Г: Пас аз ин, ки Усмон ибни Аффон (р)машварати бузургони Саҳоба (р) иқдом ба гирдовариии мусҳафи ягона аз Қуръон намуд, Алӣ (р) дар ситоиши ин амал чунин гуфт: “ Агар ман ба ҷойи Усмон ибни Аффон (р) халифа будам, ҳамин корро анҷом медодам”.[xiv]

Д:  Бар хилофи иддаъои рофизиҳо,[xv] Алӣ (р)  борҳо ва борҳо қатли Усмон ибни Аффон (р)–ро  маҳкум намуд. Ба сароҳат баён кард, ки ба ҳеҷ шакле дар қатли ӯ дахолат надоштааст.[xvi] Ҳоким дар китоби худ пас аз зикри ҳодисаҳои фитна баён мекунад, ки бар хилофи иддаъои аҳли бидъат, ки  мегўянд Алӣ (р) дар қатли  Усмон ибни Аффон (р) дахолат дошт, бар асоси  ривоёти муътабар ӯ ҳеҷ нақшае дар ин  моҷаро надоштааст.[xvii]  Ибни Таймия низ дар ин робита мегўяд: Алӣ (р)  ба ҳеҷ шакле дар ҷараёни қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолате надошт ва ба шиддат бо ин  қазия мухолиф буд ва  ҳар  кас хилофи инро иддаъо намояд, сухани ӯ дурўғи маҳз мебошад.[xviii]

Аз худи Алӣ (р) ривоят мекунанд, ки гуфт: “ Худовандо! Дастони маро аз оғушта шудан ба хуни Усмон ибни Аффон (р)пок нигоҳ дор”.[xix] Ҳоким аз тариқи Қайс ибни Убод ривоят мекунад, ки Алӣ (р)  дар рўзи ҷанг хитоб ба мардум чунин гуфт: “ Худовандо! Дастони маро аз муттаҳам шудан ба рехтани хуни Усмон ибни Аффон (р)пок нигоҳ дор. Дар рўзи қатли Усмон ибни Аффон (р)ин мардумон назди ман омаданд ва дархост карданд, то бо ман байъат кунанд ва ман ба онон гуфтам, ки ман аз Худованд шарм мекунам, ки бо мардумоне байъат намоям, ки хуни мардеро бар замин рехтаанд, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди ӯ фармуд: “ бояд аз марде, ки фариштагон аз ӯ шарм мекунанд, ҳаё намуд”. Огоҳ ба онон гуфтам: “ то замоне, ки ҷасади Усмон ибни Аффон (р)бар замин аст ва ўро дафн накардаанд, бо ҳеҷ кас байъат нахоҳам кард. Ва чун ўро дафн  намудем, мардум назди ман бозгаштанд ва хоҳони байъат бо ман шуданд. Ман даст ба дуъо бардоштам ва гуфтам, ки Худовандо!  Ту хуб медонӣ, ки ман аз оқибати ин байъат бим дорам”. Аммо пас аз пофишории мардум, бо онҳо байъат намуд.[xx]

 Имом Аҳмад низ аз тариқи Муҳаммад ибни Ҳанафия ривоят мекунад, ки чун хабар расид Оиша (р) дар минтақаи Марбад  қотилони Усмон (р)-ро лаън ва нафрин кардааст,ӯ низ даст ба дуъо бардошт ва ду ё се бор чунин гуфт: “ Худовандо! Қотилони Усмон ибни Аффон (р)–ро ҳар ҷо, ки ҳастанд мавриди лаън ва нафрин қарор бидеҳ”.[xxi]

Ибни Саъд аз тариқи Ибни Аббос (р) низ нақл мекунад, ки Алӣ (р) эълон намуд, ки ӯҳаргиз дар қатли Усмон ибни Аффон (р)даст надошта ва дигаронро низ ба он амр накарда, балки ҳамаро аз даст задан ба чунин коре манъ намуд, аммо бо ин вуҷуд натавонист пеши он мардумро бигирад.[xxii]

 Дар ахбор аст, ки ӯ ба мардум эълон кард, ки: “ ҳар кас аз Усмон ибни Аффон (р) ва роҳу равиши ӯ безорӣ ҷўяд, бидонад, ки аз имони ростин дур гаштааст. Ба Худованд савганд, ки ҳаргиз дар қатли ӯ нақше надоштам ва мардумро аз иқдом ба чунин коре бар ҳазар медоштам”.[xxiii] Хуб диққат кунед онҳоеки ба Усмон(р) носазо мегӯед агар худро пайрави Аҳли Байт(р) медонед.Ин суханони Алӣ ибни Абутолиб(раз) мебошанд.

 Е: Аз Алӣ (р) нақл  мекунанд, ки дар  шаъни Усмон ибни Аффон (р)чунин гуфт: “Ӯ бештар аз ҳамаи мо ба  силаи раҳм диққати ҷидди медод ва бештар аз ҳамаи мо аз Худованди бузург ва азоби ӯ бим дошт”.[xxiv]

 Ж: Абу Авн ривоят мекунад, ки аз Муҳаммад ибни Ҳотиб шунидам, ки чун ӯ дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)аз Алӣ (р) суол кард,ӯ посух гуфт: “ Усмон ибни Аффон (р)аз мардоне буд, ки чун имон оварданд, тақво ва тарс аз Худовандро  пешаи худ сохтаанд”.[xxv] 

 З:   Аз Умайра ибни  Саъд нақл мекунанд, ки ӯ рўзе бо Алӣ (р) бар соҳили руди Фурот қадам мезад, ки ногоҳ чашмонаш ба киштие афтод пардаҳояш барафрошта. Онгоҳ Алӣ (р) ба ҳамроҳонаш гуфт: “ Худованд мефармояд:

Сухани Худо:

«Ва Ўрост киштиҳое ҳамонанди кўҳ, ки дар баҳр мераванд».

    (Сураи Арраҳмон, ояти 24)

Сипас чунин идома дод: “ ба Худованд, ки  дарёҳоро офарида, то киштиҳо бар онҳо равон бошанд, савганд  мехурам, ки ҳаргиз дастамро ба хуни Усмон ибни Аффон (р) наёлудам ва бо ин кор  хушнудҳам набудам”.[xxvi]

Онгоҳ фармуд, ки Усмон ибни Аффон (р)аз ҷумлаи ин афрод буд.[xxvii]

 Ҳамчунин нақл аст, ки Алӣ (р) дар мавриди  қатли Усмон ибни Аффон (р) чунин гуфтааст: “ он рўз, ки Усмон ибни Аффон (р)ба қатл расид, камари ман низ шикаст”.[xxviii]

Ҳофиз ибни Асокир дар робита бо пок будани Алӣ (р) аз қатли Усмон ибни Аффон (р)суханони худи ўро  гирдоварӣ намудааст, то ин қазияро аз забони худи Алӣ  ибни Абитолиб (р) ба исбот расонида бошад. Уламои  ҳадис низ дар ин замина кушишҳои бисёре аз худ ба ёдгор  гузоштаанд, то онон низ ба  навбати худ ин туҳмати нодурустро аз пешгоҳи поки Алӣ (р) бизудоянду дур намоянд.[xxix]

3– Абдуллоҳ ибни Аббос (р):

 Имом Аҳмад аз Ибни Аббос (р)  ривоят мекунад, ки ӯ фармудааст: “агар ҳамаи уммат дар қатли Усмон ибни Аффон (р)бо ҳам муттаҳид мешуданд, Худованд фариштагони азобро бар онҳо нозил мекард, то онҳоро монанди қавми Лут (а) сангборон кунанд.[xxx] Низ аз ӯ ривоят аст, ки дар мадҳи Усмон ибни Аффон (р)ва сарзаниши қотилони ӯ чунин гуфт: “ Худованд, Абу Амр (Усмон ибни Аффон (р))–ро биёмурзад, ки аз бузургвортарин  некўкортарини мардумон буд, бисёр шабзиндадорӣ мекард, бисёр мегирист ва аз  саховатмандтарин мусалмонон ба ҳисоб меомад. Бисёр вафодор буд. Табъи устувори болое дошт ва назди мусалмонон бисёр мавриди эҳтиром буд.Ӯ ҳамон марде буд, ки сипоҳи Табук(ҷайши усра)ро муҷаҳҳаз ва омода кард ва Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ўро домоди худ  намуд. Худованд ҳар он касро, ки Усмон ибни Аффон (р)–ро лаън кунад, то рўзи қиёмат аз раҳмати худ дур дорад.[xxxi]

4-Зайд ибни Алӣ (раҳ. алайҳ):

Нақл аст, ки Алӣ ибни Ҳусайн эълон намуд, ки ӯ бо суханони рофизиён дар мавриди Абубакр (р) ва Умар (р) ва Усмон ибни Аффон (р), комилан мухолиф аст. Абу Наъим аз тариқи Муҳаммад ибни Алӣ  ривоят мекунад, ки рӯзе ҷамоате аз мардуми Ироқ назди падарам Алӣ ибни Ҳусайн омаданд. Онон дар ҳузури падарам ошкоро ба Абубакр (р) ва Умар (р) иҳонат мекарданд. Онгоҳ бо падарам ба гуфтугӯ пардохтанд ва назари ӯро дар мавриди Саҳоба (р) ба хусус Усмон ибни Аффон (р)пурсиданд. Падарам ба онҳо гуфт: “ ба ман бигӯед оё шумо аз аввалин муҳоҷирини дар роҳи ислом ҳастед, ки Худованд дар шаъни онон мегўяд:[xxxii]

 Сухани Худо:

«Низ ғаниматҳо аз они муҳоҷирони  фақиронест, ки аз сарзаминашон ронда шудаанд ва онҳо дар талаби фазлу хушнудии Худоянд ва Худову паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд!».

                                             (Сураи Ҳашр, ояти 8).                                                                    

 Онҳо гуфтанд,  ки не онҳо ҷузви он муҳоҷирон нестанд. Сипас аз онҳо суол кард, ки оё шумо аз ҷумлаи ансоре ҳастед, ки ин оят дар мавриди онон аст:

Сухани Худо:

«Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сўяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ  (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд!»

                                                               (Сураи Ҳашр, ояти 9)                                                                

Онҳо бори дигар ба падарам гуфтанд, ки аз ҷумлаи ансор низ намебошанд. Чун падарам инро бишинид хитоб ба онон гуфт, ки шумо  худ эътироф мекунед, ки на аз муҳоҷирин мебошед ва на аз ансор, ҳоло  ман низ ба шумо мегўям, ки шумо аз ҷумлаи он муъминоне нестед, ки  Худованд дар васфи онон чунин мегўяд:

 Сухани Худо:

         «Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегўянд: «Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд,дар дили мо ҷой мадеҳ.Эй Парвардигори мо ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!».

                                                                                                                                                                                              (Сураи Ҳашр, ояти 10)

Ҳоло аз назди ман биравед, ки  шумо танҳо мехоҳед исломро беарзиш кунед ва ба истеҳзо кашед”.

Силсила мақолаҳо дар мавриди шаҳодати Амиралмуъминин Усмон ибни Аффон (раз) ба поён расид.Аллоҳ онҳоеки бад забонӣ мекунанд ва туҳматҳои норавоеро ба ин бузургвор раво медоранд ҳидояташон кун,агар лойқи ҳидоят бошанд.Агар лойқ набошанд ончӣ барояшон созгор медони барояшон омода кун,то ибрате барои ояндагон бошанд.Умед дорам аз ин понздаҳ силсила мақолаҳо истифода намуда бошед.Ончӣ баъзе нодонон ва курдилону сифлагон мегӯянд дурӯғ будани суханонашонро пас аз ин мефаҳмед.Аллоҳ ин амали моро барои ризо ва хушнудии худ бипазир ва аз Усмон ибни Аффон (раз) ва ҳама Асҳоби киром (р) хушнуд бош.Моро бо онҳо маҳшур намо ва бо роҳеки онҳо паймудаанд роҳнамунамон гардон ва минналлоҳи тавфиқ.Ва саллаллоҳу ало сайидино Муҳаммад ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.

 

Сарчашмаҳои истифодашуда


[i] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1 / 378). Алмуснад ( 6/ 250 – 261). Албидоя ванниҳоя (7 / 219).

[ii]. Фитнату мақтали Усмон   (1 / 391). Таърихи Халифа, с. 176.

[iii] . Таърихи Табарӣ (5/473).

[iv] . Даврул – маръатис – сиёсийи фи аҳдин – набийи вал – хулафоир- рошидин, 352.

[v]. Ниг: Ассиддиқату бинтис – Сиддиқ, Уқод, с. 116 – 124.

[vi] . Даврул – маръатус – сиёсийи, с. 370.

[vii] . Даврул – маръатус – сиёсийи, с. 370.

[viii] . Даврул – маръатус – сиёсийи с. 371.

[ix] . Саҳиҳул – Бухорӣ ( китобу фазоилис – саҳобати,  ҳадиси 3700).

[x] . Саҳиҳи Муслим ( китобу фазоилис – саҳобати, ҳадиси 2401).

[xi]. Алъақидату фи аҳлил – байти байнал – ифроти ват – тафрити, с. 227.

[xii] . Ассуннат, Муҳаммад Алхалал ( 1 / 325).

[xiii] . Алъақидату фи  аҳлил – байти байнал – ифроти ват – тафрити, с. 227.

[xiv]. Алъақидату фи аҳлил – байти байнал – ифроти ват – тафрити, с. 227.

[xv]. Сунани Байҳақӣ (2 / 42).

[xvi]. Алъақидату фи аҳлил – байти байнал – ифроти ват – тафрити, с. 229. Ҳаққул – яқин,  Абдуллоҳ Шибр, с.189.

[xvii] . Албидоя ванниҳоя (7 / 202).

[xviii] . Алмустадрак (3 / 103).

[xix] . Минҳоҷус – суннати (4 /406).

[xx] . Алмустадрак (3 / 95).

[xxi] . Фазоилус – саҳобати (1 / 55).

[xxii] . Табақоти  Ибни Саъд ( 3 / 82). Албидоя ванниҳоя (7 / 202).

[xxiii]. Арриёзун – назрати с. 543.

[xxiv]. Сифатус – сафвати (1 / 306).

[xxv]. Фазоилус – саҳобати (1 / 580) санади ин ривоят саҳиҳ аст.

[xxvi] . Фазоилус – саҳобати (1 / 506).

[xxvii] . Фазоилус – саҳобати (1/508).

[xxviii] . Алмунтазам фи торихил – мулуки вал – умами (5 / 61).

[xxix] . Албидоя ванниҳоя (7/ 193).

[xxx] . Фазоилус – саҳобати (1/ 563).

[xxxi] . Алъақидату фи аҳлил – байти с. 234. Таҳзибу ториху Димишқа (3/ 64).

[xxxii] . Алъақидату фи аҳлил – байти с. 235. Таҳзибу ториху Димишқа (6/ 12).

 

Share This Article