Қуръон ва бартариҳои нузулаш
Ҷибрил(а) бо Қуръон фурӯд омад.
Пас аз он Ҷибрил(а) аз беҳтарини малоик гашт.
Фурӯд омад Қуръон бар Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам)
Пас Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) беҳтарини оламиён гашт.
Фурӯд омад Қуръон бар уммати Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васаллам)
Пас уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз беҳтарини умматҳо гашт.
Фурӯд омад Қуръон дар моҳи рамазон.
Пас моҳи рамазон беҳтарини моҳи сол гашт.
Фурӯд омад Қуръон дар шаби қадр.
Пас шаби қадр беҳтарин шабҳои сол гашт.
Акнун худат бияндеш агар Қуръон дар дили ту ҷой гирад чӣ мешавад?
(аз суханони доктор Аҳмад Алмисровӣ)
Муҳаммадиқболи Садриддин