51. Кори имрӯзро ба фардо магузор!
52. Бо бузургтар аз худ мазоҳ макун!
53.Бо бузургон сухан тӯлонӣ макун!
54.Коре макун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд.
55.Муҳтоҷонро аз моли худ маҳрум макун!
56.Даъвову душмании гузаштаро дубора зинда макун!
57.Кори хуби дигаронро кори худ нишон мадеҳ!
58.Молу сарвати худро ба дӯсту душман нишон мадеҳ!
59. Бо хешовандон қатъи хешовандӣ макун!
60.Ҳеҷ гоҳ покону парҳезкоронро ғайбат макун!
61.Худхоҳу мутаккаббир мабош!
62.Дар ҳузури истодагон манишин!
63.Дар ҳузури дигарон дандон пок макун!
64.Бо садои баланд оби даҳон ва биниро пок макун!
65.Ба ҳангоми хамёза даст бар даҳони хеш бигзор!
66.Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир макун!
67.Дар маҷолис ангушт дар бинӣ маяндоз!
68.Каломи ҷиддиро бо мазоҳ омехта макун!
69.Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷилу расво макун!
70.Бо чашму абрӯ бо дигарон сухан макун!
71.Суханро гуфтӣ садоро такрор макун!
72.Аз шухиву мазоҳи худ камтар кун!
73.Аз худу хешовандон назди дигарон таъриф макун!
74.Аз пӯшидани либосу ороиши занон парҳез кун!
75.Аз хостаҳои ноҷои зану фарзандон пайравӣ макун!
76.Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
77.Дар бадкорӣ бо ақвому дӯстон ҳамкорӣ макун!
78.Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
79.Аз хусумату ҷангафрӯзӣ ҷиддан парҳез кун!
80.Бо чашми эҳтиром ба кори дигарон нигоҳ кун!
81.Нони худро бар суфраи дигарон махӯр!
82.Дар ҳеҷ кор шитоб макун!
83.Барои ҷамъоварии беш аз ҳадди молу сарват ҳирс махӯр!
84. Ба ҳангоми хашм шикебо бош ва сухан санҷида бигӯ!
85. Аз пеши дигарон ғазову мева бар мадор!
86. Дар роҳ рафтан аз бузургон пеша магир!
87. Сухану калимаи дигаронро қатъ макун!
88.Ба ҳангоми роҳ рафтан ҷуз ба зарурат чапу рости худро нигоҳ макун!
89.Дар ҳузури меҳмонон бар касе хашм магир!
90.Меҳмонро ба ҳеҷ кор дастур мадеҳ!
91. Бо девонаву маст сухан магӯ!
92.Барои касби суду дӯрӣ аз зиён обурӯйи худро марез!
93.Дар кори дигарон кунҷковиву ҷосусӣ макун!
94.Дар ислоҳ миёни мардум ҳеҷ гоҳ кӯтоҳӣ макун!
95.Адабу тавозӯъро ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун!
96.Бо Худованд содиқу бо мардум боинсоф бош!
97.Бар орзӯҳову хостаҳои худ ғолиб бош!
98.Ҳамкории бузургону ҳамкорӣ бо мустамандонро фаромӯш макун!
99.Бо бузургон боадабу бо кӯдакон меҳрубон бош!
100.Бо душманон мадоро кун ва дар муқобили ҷоҳилон хомӯш бош!
101.Дар молу мақоми дигарон тамаъ макун!
102.Аз рафтуомад, молу маром ва маслаки хеш камтар бигӯ!
103.Ба ҷуз Худованд ҳеҷ касро фармонравову фарёдраси хеш машмор!
104.Умру рӯзӣ бо ҳисобу китоб аст, матарс ва тамаъ макун!
105.Умрро барои амалу ибодат ва покиву парҳезкорӣ ғанимат бидон!
106.Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
107.Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастиву мастӣ ва нодонӣ бидон!
108.Ба ҷуз ҳақу ростӣ бандагони худоро бандагиву фармонбарӣ макун!
109.Худро бо ситами салотин шарик магардон!
110.Дунёи дигаронро ба дасти фаромӯшӣ маспор!
Поёни ҳикматҳои Луқмони Ҳаким(а) ба фарзандаш.
Таҳияи Муҳаммадиқболи Садриддин