(фоидаи руҳӣ,иҷтимоӣ,тиббӣ,шартҳо,чӣ касоне бояд хуранд,ҳукми рӯзахӯрҳо)
Моҳи рамазон яке аз моҳҳоест,ки дар тақвими солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ нуҳумин моҳ ба ҳисоб меравад.Ин моҳ чунонеки дар Қуръони карим ба моҳи рӯза доштан ба бандагон, аз ҷониби Аллоҳ амр гардидааст маъруф аст.Инчунин дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад,ки ибодат дар он баробари ҳазор моҳ ё ҳаштоду ду сола ибодат баробар аст.Ин моҳ дар суннати набавиҳам хело тамҷид ва барояш фазоили бе шумореро қоил шудааст.Дар ин моҳ бузургтарин ҳодисоте сурат гирифтааст,ки онҳо тасодуфӣ нестанд ва аз бузургии ин моҳ шаҳодат медиҳанд.Нузули чор китоби осмонӣ дар ин моҳ сурат гирифтааст,инчунин Қуръони каримҳам дар 24-уми ин моҳи бузург нозил гардидааст.Аввалин пирӯзии мусалмонон бар алайҳи ҳукуматдорони терористи Макка чун Абуҷаҳлу,Утба ва Рабиъа дар 17 ин моҳи бузург сурат гирифта ва ба пирӯзии Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васалам) поён ёфта аст ва он ғазваи Бадр буд.Моҳи рамазон барои рӯза гирифтани мусалмонон бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) соли 2-юми ҳиҷрӣ дар моҳи шаъбон фарз гардид.Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нуҳ сол рӯза гирифтаанд.Зеро вафоти он ҳазрат соли 11 ҳиҷрӣ дар моҳи рабеъулаввал буд.
Рӯза доштан барои мусалмонон аз дамидани субҳ,то ғурӯби офтоб фарз аст.Мусалмон бояд дар ин моҳ дар рӯз аснои рӯза дорияш аз хурдан,нӯшидан,ҳамхоба гаштан бо ҳамсар, суханони бад,ҷанҷолу бугӯ магуҳо,дурӯғ гуфтан ва дигар аъмоли баду ношоиста комилан худдорӣ намоянд.Анҷомӣ ҳама амалҳои нек ва ибодат дар ин моҳ фазилати воло ва шоистае дорад.Ин моҳи маҳви гуноҳон ва касби ҳасаноту накуиҳост,фурсатро бояд ғанимат дорему ин лаҳзаҳои тезгузарро аз даст надиҳем.
Моҳи рамазон чӣ фоидаҳое метавонад дошта бошад?
Моҳи рамазон фоидаҳои руҳонӣ,иҷтимоӣ ва тиббии хубе дорад.Ин серо бароятон ба шакли мухтасар баён медорам, то аз онҳо огоҳӣ дошта бошед.
Фоидаҳои Руҳонии Рамазон:
Рамазон фоидаҳои бешумори руҳонӣ дорад,ки муҳимтарин он наздикшудан ба Аллоҳ бо рӯза доштан аст.Шахси рӯзадор бо доштани рӯза ҳасаноти зиёдеро касб менамояд,ки онҳо бешуморанд.Ин ҳасанот муҳимтарин сабаб ва захирае мебошанд барои мусалмон,ки тавассути онҳо вориди биҳишт мегардад.
-Дигар фоидаи руҳонии рӯза ин татбиқи шариъат дар нафси худ аст,ки шахси рӯзадор аз ҳама амалҳои баде,ки дар ғайри рӯза дорӣ онҳоро анҷом медод, аз онҳо дур мешавад,чун рӯзадорияш барояш иҷозат намедиҳад.Ин масала сабаб ё дарси хубе мегардад,ки инсон худро дар ин моҳ месозад,агар бо ин наҳва пас аз рамазонҳам амал кунад пас руҳу равони худро метавон гуфт сохтааст.
-Рӯза дар нафси инсон малакаи тақво ва Худотарсиро эҷод мекунад,ки тақво тоҷи сари дигар амалҳост,ки ин малака дар умум танҳо дар ин моҳ пайдо мегардад.
-Рӯза ба инсон сабрро меомӯзонад,ки дар ин моҳ беҳтарин фурсатест,то нафси саркашро дар ин моҳ адаб дод.Масалан аз шаҳват,хурдан,суханони носазо,ғайбату,буҳтон ва дигар рағбатҳои бадеки инсон дар ғайри рамазон дошт.Ба рӯзадор меомӯзонад,ки тӯ метавонӣ аз ин амалҳо дасткашӣ ва дигар ба онҳо барнагардӣ.
-Рӯза, дар ин моҳ бештар мегардонад ба инсон рӯй овардан ба амалҳои неку савобро мисли зикр,дуъо,қироъати Қуръон, истиғфор аз гуноҳон.Ҳангомеки амалҳои рӯзмарраи инсони рӯза дор ин амалҳои нек мегарданд, ба шакли нохудогоҳ инсон аз шаҳватҳои ва рағбатҳои шаҳвонӣ ва баду номатлуб, дур мегардад.Ин амр худ бидуни шак инсонро ба Аллоҳ наздик мегардонад,ки худ ҳатто ноогоҳ мемонад.Инҳо ҷанбаҳои рӯҳонии рӯза буданд.
Фоидаҳои иҷтимоии рамазон:
Фоидаҳои иҷтимоии рамазон ин иртиботи оилаҳо ба ҳамдигар,ҳатто гоҳо оилаҳое вуҷуд доранд,ки танҳо онҳоро ба ҳам ин моҳ наздик менамояд.Албатта ба шаклҳои гуногӯн мебошад масалан сари суфраи ифтор,иртиботҳои зиёди дигареҳам вуҷуд доранд.Ин иртиботҳо муҳаббату рафту омадҳоро миёни ҳамдигар бештар мекунад,ки асари он,то чанд моҳ пас аз рамазон боқӣ мемонад.
-Дар ин моҳ шуур ва пиндорҳои мусалмонони рӯза дор, барои кумак кардани муҳтоҷон ва ниёзмандон бештар мегардад, назар ба дигар моҳҳои сол.Дар ин моҳ садақот ва додани закотҳои мол бештар мегардад назар ба дигар моҳҳо,ин бузургтарин фоидаи иҷтимоист.
-Дар ин моҳ барои шахси рӯзадор як ҷадвали муайяне нохудогоҳ ба вуҷуд меояд,ки шахси рӯзадор бо он амал мекунад,ки он хело муҳим аст барои мусалмон дар дигар моҳҳои сол.Масалан ман бояд қуръон хонам,ман бояд зикр кунам,ман бояд хоб равам,то барои намози таровеҳ сарҳол бошам,ман бояд дар ифтори фалон бародарам ҳозир гардам чун даъват шудаам,ман бояд ба аёдати фалон бемор,падар, модар, рафиқам равам,ба масҷид дар фалон соат ҳозир шавам ва дигар ҷадвалҳоеки шахси рӯза дор барои худаш ба нақша мекашад.Ин илтизом ва пунктуалӣ буданро барои мусалмон меомӯзонад.Агар бо ин ҷадвали дар ин моҳ худ ба худ ба вуҷӯд омада, дар дигар моҳҳо амал кунад бе шак як инсони намунавӣ мегардад.
-Миёни мардум чунин шууре падид меояд,ки сармоядору фақир ҳарду баробаранд ва сармоядор ниёзи фақирро мефаҳмад ва мехоҳад бароварда кунад.Фақирҳам медонад бо ӯ бародари имониаяш истодааст ва ҳеҷ эҳсоси танҳогӣ намекунад.Инчунн шахсонеки дар рӯз се маротиба мехурданд якум дуюм сеюм, аммо фақире,ки ду бор мехурд ё не ҳолати ӯро ҳатман ин шахс дар пеши назараш дар оянда таҷассум менамояд. Дар оянда вақте мебинаду мешунавад дар ҳол ҳолаташро бе шарҳу тафсир мефаҳмад.Агар воқеан муъмини содиқ ва мухлис бошад хело мушкилоти мусибатзадагонро дар ҷомеа бароварда менамояд.
-Сарватмандон чун худашон дар ҳолати гурӯснагӣ қарор мегиранд,ҳатман шукрашон дар назли Аллоҳ бештар мегардад.Шукр намудани онҳо сабаби фарох гаштани ризқи онҳо ва ин амр боис мегардад,ки чандин ниёзманду камбағал аз сарвати онҳо баҳраманд гарданд.Инчунин ин сармоядорон ба хайр ва аъмоли садақот бар фақирон машғул мегарданд. Инҳо фоидаҳои иҷтимоии рамазон буданд.
Фоидаҳои тиббии рӯза:
-Рӯза доштан барои ҷисми инсон фоидаҳои бешумор дорад.Ҷисми инсон,ки дар муддати ёздаҳ моҳ ҳамвора мехурд ва менӯшид ва аз ҳеҷ чизе боз намеистод,дар дохили инсон газҳои заҳрогине ҷамъ мегарданд,ки онҳо хело зараровар ва кушандаанд.Ҳангомеки аз хурдану нӯшидан инсон чандин соат боз меистад кореструл (холестерин)-и изофии бадан об шуда бо роҳи пешоб аз бадан хориҷ мегарданд.Инчунин рудаҳои инсон,ки аз тагшинҳои хурокҳои хурдаи собиқ ва халоёи он боқӣ монда аст пок мегарданд.Гозҳои зарарнок ба кулли аз ҷисми инсон хориҷ мегарданд.
-Ҷиҳози ҳозима,ки ба ҳазми хурокҳои хурдаи инсон машғӯл аст,ҳамеша қодир ба ҳазми онҳама хурдаҳои инсон нест. Нахурдани чандин соатаи мо дар ин моҳ сабаб мегард,ки он ба шакли хубтаре ба кор дарояду фаолияти худро дар бадан беҳтар анҷом бидиҳад.
– Кам шавии вазни инсон,ки дар моҳҳои дигар бароямон мушкил буд.Дар ин моҳ сабаб мегардад,то панҷ килограм вазни худро кам кунем.Ба шаҳодати табибон ашхоси рӯзадор аз бемориҳое,ки қаблан аз табобаташон оҷиз будем пас аз рӯза дорӣ ташхис намудем вазъашон комилан тағйир намудааст.Хоссатан беморони фишори хун(давлени) ва захми меъда,ки барои табобаташон холигии меъда барои он захм хуб аст,танҳо дар аснои рӯза дорӣ онро дарёфтем.
– Рӯза доштан, равони инсонро ором мекунад,чун холӣ будани меъда аз таъом ин оромиши аҷиберо ба инсон мебахшад.Агарчи барои тамоми бадан муфид аст, табибони асаб рӯза доштанро ба беморони худ тавсия менамоянд,ки ин яке аз муҳимтарин услуби табобати руҳ ва равони инсон ба шумор меравад.Инчунин амалҳоеки дар ин моҳ анҷом мепазиранд мисли қироъати Қуръон,намозҳои панҷгона дар масҷид ва дар вақти муайян ва боз намози таровеҳ пас аз ифтор тақвият кунандаи ин тамриноти тиббиҳам ба шумор мераванд.
-Ман худам бемори қанд дараҷаи ду мебошам ва қандам,то 28, 25,18 боло меравад ва 15 -12 – 10 ин қанди оддии ман аст.Дар рӯз се укол ва шабона як уколи инсулин истифода мекунам,албатта бо истифодаи ду таблетка.Табибон аз рӯза доштан маро манъ намуданд.Ҳатто як табиби мусалмон,ки диабетологи маърӯф аст гуфт ҳолати қандат хуб нест рӯза нагир.Аммо ман чун ҳамеша дар ин моҳ ва дигар моҳҳоҳам рӯза мегирифтам.Барояш гуфтам ман рӯза мегирам бароят ҳар рӯза қандамро месанҷам ва меорам,бо ман мувофиқат кард. Дар чор рӯз қандам аз 8 боло нашуд ва саломатиамро аз пеш беҳтар эҳсос мекунам.Ман дар рӯз беш аз 5 литр об менӯшам,ҳатто онроҳам эҳсос намекунам.Инҳам таҷрибаи худам ва он чӣ бо ман гузаштааст, бароятон навиштам.
Рӯза доштани моҳи рамазон барои кӣ фарз аст?
Рӯза доштан барои он мусалмононеки зери ин шартҳо бошанд фарз аст:
1.) Ислом: Аввалин шартҳои рӯза доштани моҳи рамазон ин мусалмон будан аст.Рӯзаи шахсе мусалмон набуда пазируфта ва мақбул нест.Рӯза яке аз рукнҳои ислом буда ва шахс бояд мусалмон бошад,ки фаризаи рӯза аз ӯ пазируфта гардад.
2.) Балоғат: Зарур аст,инки шахсе рӯза мегирад ӯ ба синни балоғат расида бошад.Таклифҳои шаръӣ ба онҳое амалӣ мегарданд,ки қодир ва тавоноии онро дошта бошанд. Синни балоғати писарҳо гуногун аст, аммо бештари фуқаҳо онро аз синни 15 солагӣ медонанд,ё инки манӣ аз ӯ хориҷ шуда бошад, ё мӯйи зери ноф бароварда бошад. Инҳо аломатҳои ба балоғат расидани писарон буд. Синни булӯғи духтаронро аз 9 солагӣ ва муҳим аз он ҳангомки ҳайз ё одати моҳиёнаро диданд. Аммо барои одат кунонидани кудакони аз 10 сола боло мустаҳаб аст,ки онҳоро ба доштани рӯза одат кунонем.
3.) Оқил будан: Рӯза доштан ба шахсонеки бемории руҳӣ доранд яъне девонаанд, хубро аз бад ташхис карда наметавонанд иҷозат нест.Инчунин беморони руҳӣ,то он ҳангомки ақлашон ба онҳо барнагашт ва худро нашинохтанд фарз нест,агар ҳолашон тағйир хурд он вақт рӯза мегиранд.Дар ин гурӯҳ баъзе фуқаҳо шахсонеки умрашон рафта ё солхурдагонеки ҳарза мегуяндроҳам шомил намудаанд.Аммо онро худи он ашхос бояд ташхис кунанд.Медонам пирамардонеки умрашон 90 аст вале оқил ва Алҳамдудиллоҳ ҳофизаи хубҳам доранд.Ин ҳолатро вараса ва наздикони он солхурдагон мушххас бояд намоянд.Албатта санади девонагиеки ҳоло вазорати тандурустии мо ба ашхосеки мухолифи сиёсияшон ҳастанд,дар ҳоли ғиёбӣ медиҳанд. Зери ин ҳукм дохил намешаванд ва он санад қобили қабулҳам нест.
4.) Тавоноӣ ба рӯза доштан: Фарз нест рӯза доштан бар беморонеки воқеан тавоноии рӯза доштанро надоранд.Инчунин он ашхосеки воқеан беҳол ва бе мадореки дар умум ва ҳеҷ қудрати рӯза доштанро надоранд.Ба монанди мардон ва занони солхурдаеки оҷизу нотавонанд аз рӯза доштан.Беморонеки аз он беморияшон шифо ёфтан дар гумон аст.Барои занони ҳомилаеки тавонӣ рӯза доштанро надоранд ва хавфи вафоти тифлашон вуҷуд дорад ва занони ширдеҳеки шири кам доранд ва хавфи ҳалоки тифлашон мегарданд. (Ин ду зан пас аз таваллуд ва пас аз хурок хур шудани тифлонашон қазо бояд доранд)Аммо барои ашхоси дигари нотавони дар боло зикр шуда барои ҳар рӯзи хурдаи моҳи рамазонашон як фақирро хурок диҳанд. Миқдори он дар ҳар давлат фарқ мекунад онро аз марокизи исломии он ватанеки ҳастед бояд пурсед.
Ҳукми ашхосеки тавонӣ рӯзаи моҳи рамазонро доштанд аммо бо баҳонаи сохтае онро нагирифтанд:
Шахсонеки қодир ба доштани рӯзаи моҳи рамазон буданд,аммо бо баҳонае мисли корам мушкил буд,ман ҳоло ҷавонам,ман студентам,ман одат накардаам,манро механданд ва дигар баҳонаҳои беарзишро кардаанд пазируфта намешавад.Ин афрод муртакиби гуноҳи кабира гаштаанд.Иқоби онҳо дар назди Аллоҳ хело бузург аст.Дар ҳадисе ҳолати ашхосеро,ки қабл аз расидани вақти ифтор хурдаанд хело вахим гуфтааст,куҷо расад ба ҳоли рӯзахурҳои солим. Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) чунин фармудааст: “Ман хоб будам ва ду марде ба назди ман омаданд ва аз зери бағалам гирифтанду ба назди як куҳе оварданд,ки хело мушкил гузар буд. (баромадан ба он имкон надошт) Бароям гуфтанд боло рав.Гуфтам: наметавонам ба он куҳ боло рафта.Гуфтанд: мо осон мекунем баромаданатонро (кумакатон мекунем). Пас боло шудам ва ҳангомеки расидам ба болои он куҳ,онҷо садоҳои ва доду фиғонҳоеро шунидам. Гуфтам: ин садоҳои чӣ касоне ҳаст?Гуфтанд: ин садоҳои дузахиён аст.Сипас равон шудем ё маро бурданд,то инки мардумонеро дидам,ки овезон буданд ва аз атрофи даҳонашон хун равон буд.Гуфтам: инҳо чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: инҳо шахсоне мебошанд,ки қабл аз расидани вақти ифтор (яъне ғуруби офтоб ) рӯзаҳояшонро кушоданд ё хурданд” (Ҳадисро Ибни Хузайма ва Ибни Ҳиббон аз Абуумомаи Боҳилӣ ривоят намудаанд.Дар китоби Саҳеҳи Маворидуз-замонҳам омадааст)
Муҳаддисин дар шарҳи ин ҳадис гуфтаанд: ин азобу мушаққати ашхосе буд,ки рӯза гирифтаанд вале қасдан қабл аз расидани вақти ифтор ё ғурӯби офтоб хурданд. Ба Аллоҳ паноҳ мебарем ба ҳоли онҳоеки аслан рӯза намегиранд.Саломату эмин будан аз чунин ҳолати вахиму дарднокро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло таманно дорем.
Шахсонеки дар моҳи мубораки рамазон бидуни узр мехуранд,онҳо нахуст тавбаи насуҳ бояд кунанд.Сипас он рӯзҳоеро хурдаанд қазо доранд.Сахттарин уқубат ё каффораи муғлиза дар дунё барои он ашхосе мебошад, ки дар рӯзи рамазон рӯзаашро бо сабаби ҳамхоба шудан бо ҳамсараш, бекор кардааст.Агар барои ин шахс имкон бошад як зиндониеро аз зиндон озод намояд.Агар чунин имконе барояш пайдо нашуд, пас ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад.Дар ҳолате инҳам барояш имконпазир набошад,пас бояд шаст мискинро таъом бидиҳад.
Аллоҳ рӯзаҳои моро ба ваҷҳи некӯ аз мо бипазир ва моро аз бахшудашудагони ин моҳи фазил қарор бидеҳ омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин