Огоҳ бошед! Диверсантҳои ВКД Тоҷикистон ба Аврупо расиданд

Ислоҳ нет

Рамазон Раҳимзода, бо як фармони махсусе иддае аз кормандони варзидаи вазорати корҳои дохилиро ба кишварҳои Аврупо равон кардааст. Вазифаи онҳо ин будааст, ки  муҳоҷирони сиёсие, ки на он қадар дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаол ҳастанду шинохта нестанд, сӯҳбатҳо анҷом дода, розӣ ба бозгашт кунанд.

 

Дар ин бора, як манбаъ аз дохили кишвар бо шарти ифшо нашудани номаш ба сомонаи Ислоҳ хабар дода гуфт, ки ду нафар бо роҳнамоии Эраҷ Наимов ном бо эҳтимол як корманди шуъбаи шашуми шаҳри Душанбе аз муҳоҷират ба ватан баргаштаанд.

 

Эраҷ НаимовБино ба гуфти манбаъ қариб ду моҳ пеш Эраҷ Наимов бо ин нафарон дар яке аз кишварҳои Аврупо сӯҳбатҳо анҷом дода, онҳоро розӣ  кардааст то ба ватан баргарданд.

 

“Эраҷ гуфт, ки ба ҷуз иловаи моддаи 307 Кодекси ҷиноӣ, қарори махсуси ҷаноби олӣ ҳаст, ки бояд муҳоҷироне, ки аз амалҳои зиддиқонунӣ ва хиёнаткоронаи худ пушаймон шуда, ба ватан бар мегарданд, баъди додани баёнот, парвандаи ҷиноятие, ки нисбаташон боз шудааст, пушида мешавад, номи ингуна шахсон аз рӯихати шахсоне, ки дар кофтукоби  ҷиноӣ ҳастанд бардошта мешавад” – нақл кард манбаъ

 

Аз рӯи гуфти манбаъ,  худи Эраҷ Наимов лоф зада гуфтааст, ки дар муддати ин чанд моҳ аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва атрофи он қариб 80 нафарро гапзанон карда, барои баргаштанашон ба ватан мусоидат кардааст.

 

“Моро аз рӯи ваъдаи Эраҷ ду нафар дар фурӯдгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд ва бидуни ҳеҷ мушкилие аз фурӯдгоҳ баромадем. Дар дохили мошини сабукрав чашмонамонро баста,  ба ҷое бурданд ва се шабонарӯз дар як утоқе ҳабсамон карданд. Ростӣ, ягон гапи сахт нагуфтанд, аммо муддати се рӯз ҳаргуна кормандон омада, махсус худашон бо мо сӯҳбат карданд. Дигар кас меомад, боз ҳамон саволҳоро такрор мекард, ҷавобҳои моро менавишт. Дар охир мо имзо мекардем. Ниҳоят рӯзи сеюм як нафар омада бо меҳрубонӣ ҳардуи моро табрик кард ва моро бо мошинаш ба пеши Маркази савдои “Садбарг” оварда фароварду  гуфт, ки бемалол ба хонаи худ рафтан гирем, шиносномаҳоямонро баъди як ҳафта метавонем, ки аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияамон бигирем”- афзуд манбаъ.

 

Аммо дар давоми сӯҳбат ин шахси баргашта ба ватан афсусхурон гуфт, ки наздик ба як моҳ мешавад, ки натавонистаанд шиносномаҳои худро аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияашон бигиранд.

 

“Чандин бор шахсан худам ба ШКД ноҳия рафтам. Шиносномаамро намедиҳанд. Гуфтанд, ки дар ҳолати санҷишӣ қарор доред. Аз паи зиндагиатон шавед. Ҳар вақте аз боло фармони шиносномаҳоятонро додан шуд, худамон зангатон мезанем. Ин ҷо омада ин қадар сари моро вайрон накунед. Ҷаноб ҳамин қадар авфатон кард, хиёнатҳоятонро бахшид боз ношукрӣ мекунед. Аммо Эраҷ ваъда дода буд, ки ҳамагӣ дар як ҳафта ҳама ҳуҷатҳоямон дуруст мешавад ва мо метавонем дубора ба ҳар ҷое ки мехоҳем озод сафар кунем. Баъди мо ба ватан омадан дигар рақами вотсап ва ҳам вайбери Эраҷ дастнорас шуд”-  афсус мехурад манбаъ.

Эраҷ Наимов

Ин хабар дар ҳоле дастраси сомонаи Ислоҳ шуд, ки чанде пеш ба мо як нафар корманди мақомоти амниятӣ аз шаҳри Душанбе чор расми Эраҷ Наимовро фиристода, хабар дода буд, ки Наимов ба кишварҳои Аврупо махсус барои “шикори” муҳоҷирон рафтааст.

 

Эраҷ Наимов

 

“Ин шахс саги вафодори Раҳимзода аст, чор моҳ қабл ба Аврупо равонаш карда буданд, ҳоло намедонам дар куҷост. Ӯ 28 сол дорад ва соли 2015 ДДМТ ро хатм намуда аст, аз солҳои донишҷӯйияш бо мақомот ҳамкорӣ менамуд. Ба дӯстон расмашро фиристед эҳтиёт кунанд. Ҳарчи амраш кунанд омода аст иҷро кунад,хело шахси хатарноке ҳам ҳаст. Машқҳои размӣ кардааст, ҷавони варзишӣ ва бозумандест. Хеле саги вафодораст. Номаш Наимов Эраҷ. Инҳо ширро сафед гӯянд бовар накунед. Мақсадҳои нопок доранд. Аввал ором ҳамаро ҷамъ мекунанд, баъд боз ҳамон зулмро аз нав сар мекунанд. Худо ҳифзатон кунад”.

 

Нахостем бидуни таҳқиқи амиқ ин хабарро нашр кунем. Чун гумон кардем ба мо расонидани ин хабар як бозии навбатии худи мақомоти Тоҷикистон аст. Вале имрӯз  ҳам як хабари ба ҳамин монанд ба сомонаи Ислоҳ аз вилояти Суғди кишвар дастрас шуд. Як корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд ба сомонаи Ислоҳ тамос гирифта, сараввал аз он, ки хеле мудири ин сомонаро эҳтиром мекунаду чандин китобҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро хондааст, нақл кард. Баъдан гуфт, ки як хабарро бо шарти ифшо нашудани номаш мехоҳад ба мо расонад:

 

 

“Айни ҳол дар вилояти Суғд байни коргарони амният мусобиқа рафта истодааст. Чандто коргарони амниятро медонам, ки дар баргардонидани муҳоҷирони наҳзатӣ ва бештар гурӯҳи 24 бо ҳам мусобиқа доранд. Ҳар кас ҳаракат мекунад ҳар чӣ зиёдтар сари аъзои группа 24-ро гаранг карда ба ватан баргардонад.

ФозилТо он ҷое, ки медонам як худи Фозил 68 нафар хурду калон аштиҳоро ба ватан баргардонида, онҳоро шахсан худаш аз фурӯдгоҳ пешвоз гирифт. Ҳуҷҷатҳояшонро ҳам худаш тахт карда дод. Ду сетои баргаштагиҳо бизнесменҳои калон буданд, хеле маблағи калонашонро зада гирифт. Онҳоро дар телевизион барнома карда нишон доданд.” – хабар дод корманди ҳукумати вилояти Суғд.

 

Кӯтоҳии масъули сомонаи Ислоҳ ин шудааст, ки ба ҷуз як расм аз Фозил, ки корманди амният ном бурда шудааст, дигар ҳеҷ маълумоте дастрас карда нашудааст ва бо сабабҳои номаълум дигар натавонистем бо ин шахси ҳукуматӣ дубора тамос бигирем.

Танҳо тахмини мо инаст, ки аз рӯи гуфтори ин корманди ҳукумати вилояти Суғд, бо эҳтимоли зиёд, Фозил зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Чун сухан дар бораи “хидмат” карданаш ба аштиҳо меравад.

 

Бояд гуфт, ки ҳақиқати ҳар дуи хабари дар боло зикршуда таъйид нашудааст. Дар ҳолати тасдиқи худро ёфтани ин ду хабар ҳатман сомонаи Ислоҳ ба тафсил дар ин бора хоҳад навишт.

 

Аммо муроҷиати мо ба онҳое, ки фирефтаи суханҳои “намакини” ингуна шахсон шуда, ба ватан баргаштан мехоҳанд, ин аст, ки ихтиёр дар дасти шумост, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт бошед ва дурандешона тасмим гиред.

 

ФирдавсМаврид ба зикр аст, чанде пеш расонаӣ шуда буд, ки мисли хабарҳои дар боло зикршуда, як нафар бо номи Фирдавс Холиқов низ, бо фармони махсуси роҳбарияти Кумитаи амнияти Тоҷикистон сараввал ба кишвари Миср баъдан ба Туркия сафар намуда, нисбати чандин муҳоҷирони тоҷик дар Миср ва Туркия “бузӣ” кардааст. Дар бораи “корнамоиҳои” Фирдавс Холиқов метавонед аз расонаҳои мустақили тоҷикӣ маълумот дастрас кунед.

 

Ҳаракатҳои баргардонидани мухолифони сиёсӣ бо ваъдаи афви “гуноҳонашон” дар ҳолест, ки моҳи майи соли ҷорӣ як гурӯҳи кории Созмони Милали Мутаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, ба ин хулоса расидааст, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит, як узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ будааст ва аз ин рӯ, ӯ бояд озод карда шавад.

 

“Маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаитов, аз озодӣ бар хилофи чанд банди Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи инсон ва чанд банди Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Иҷтимоӣ ва Сиёсӣ аст.” – омадааст дар гузориш.

 

Дар ин хулосаи 13 саҳифаии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки зимни боздошт, бозпурсӣ ва муҳокимаи Маҳмадалӣ Ҳаитов, мақомоти интизомии Тоҷикистон бо қонуншиканиҳои зиёде роҳ додаанд.

 

Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи боздошт “вакилони ӯро аз тамоми иттиҳомот огаҳ накардаанд, ба вакилонаш барои таҳқиқи парванда фақат ду ҳафта мӯҳлат додаанд, ба Маҳмадалӣ Ҳаитов, иҷоза надодаанд, ки худаш шоҳидонро ба муҳокима даъват кунад, ӯро зимни боздошт ва бозпурсӣ латукӯб кардаанд, матбуоти давлатӣ қабл аз судури ҳукм ба гунаҳкор будани ӯ таъкид кардааст, ӯро ба додгоҳ бо завлона овардаанд”.

 

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид барои таҳқиқи боздоштҳои худсарона, аз 5 коршиноси ҳуқуқи инсон аз кишварҳои мухталиф иборат мебошад.

 

СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Онҳо аз ҳукумат хостаанд, ки “боздошти худсарона ва маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаит аз озодиро таҳқиқ кунад ва нисбати онҳое, ки ҳуқуқи ӯро поймол кардаанд, чораҳои муносиб биандешад.

 

Гурӯҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар муддати ним сол ба онҳо ҷавоб бигӯянд, ки то куҷо тавсияҳои онҳо аз ҷумла тақозо барои озодии Маҳмадалӣ Ҳаитро иҷро кардаанд.

 

Пештар аз ин, Бонки милли Тоҷикистон Феҳристи “шахсони алоқаманд бо терроризм ва экстремизм” тартиб дода, ба FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул пешниҳод карда буд. Дар ин рӯихат номи 1372 нафар Тоҷикистонӣ сабт шуда буд. Аммо дар як муддати кӯтоҳ баъди вокуниши ҷиддии чандин Созмонҳои байналмилалии бонуфуз, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳол ақибнишинӣ карда, ин феҳристро ба ду тақсим кард ва номи 16 нафар рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ  аз ин феҳрист ҳазф шуданд. Бино ба баъзе маълумотҳо айни ҳол Созмонҳои байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар ҷониби Тоҷикистонро водор ба он кардаанд, ки бидуни ҳеҷ мулоҳизае ин рӯихати худро бозбинӣ кунад ва номи шахсоне, ки ба ҳеҷ хушунате даст назадаанд ва ё бо ҷурми муносибатҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста намешаванд аз ин рӯихат ҳазф карда шаванд.

 

Ҳамчунин пулиси байналмилалии ИНТЕРПОЛ аксарияти онҳое, ки Тоҷикистон бо талаби  боздошташон рӯихаташонро ба ин ниҳоди байналмилалӣ дода буд, ба хотири набудани далели собиткунандаи гуноҳ, номи онҳоро аз торнамои расмиаш ҳазф кард. Аз он ҷумла, пулиси байналмилалии ИНТЕРПОЛ номи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро аз рӯихати торнамои расмияш ҳазф намуда, ҷиноятҳои ба ӯ нисбатдодаро  беасос ва маълумотҳои айбдоркуниро нокифоя хонд.

 

Тахмин зада мешавад, айни ҳол бо  мамнӯъ ва ҳизби экстремистиву террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва ҳабси садҳо аъзои он бо тӯҳматҳои бардурӯғ, обрӯи бе ин ҳам набудаи худро Тоҷикистон ҳатто дар назди Созмони Милали Муттаҳид, ки худ узви он мебошад, аз даст додааст. Бинобар, мехоҳад ҳама он хиёнатҳоро бо ингуна “афвбозиҳо” рӯйпӯш кунаду то андозае назди Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст худро сафед кунад, ки коре ношуданист. Дигар замоне нест, ки ҳамаро мисли худ тиҳимағз дониста фиреб карда шавад.  

Share This Article