Дар Туркманистон фурӯши машруботи спиртӣ мамнуъ шуд

Ислоҳ нет

Дар шаҳри Ишқобод ва як қатор марказҳои маъмурию минтақавии Туркманистон манъи фурӯши машруботи спиртӣ ба амал омад.

 

Дар ин бора хабаргузории  «Azatlyk» бо ишора ба манбаъҳои худ хабар додааст.

 

Ин тадбир бар асоси татбиқи барномаи миллии пешгирии таъсири зараровари машруботи спиртӣ дар Туркманистон барои солҳои 2018-2024, ки санаи 5- уми июли соли ҷорӣ қабул шудааст, амалӣ гардидааст.

 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишҳои васеи мағозаҳои хусусии фурӯши машруботи спиртиро  аллакай аз ҳафтаи гузашта оғоз карда буд. Ҳамчунин, аз бастани даҳҳо мағозаҳои машруботи спиртӣ дар Ашқобод ва як қатор шаҳрҳои дигари ин  кишвар маълумотҳо расонаӣ шудаанд.

 

Share This Article