ОМОН дар водии Язғулом чӣ меҷӯяд?

Ислоҳ нет

Тибқи хабарҳои расида, дар водӣ ё ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ рӯзи шашум аст, ки чил нафар низомиёни ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар қишлоқи Жамаг урду задаанд.

 

Як манбаъи муътамад ба сомонаи Ислоҳ хабар дода гуфт, ки дар кунҷи кӯҳе низомиён хайма задаанд ва мошинҳои ҳарбӣ низ бо худ доранд.

 

“Мардуми ҷамоати Язғулом ҳама дар изтироб ҳастанд, ки чаро ин қувваҳои низомӣ маҳз дар ин минтақаи онҳо хайма задаанд”. мегӯяд манбаъ.

 

Як манбаъи дигар аз ҷамоати Язғулом ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки чун фасли гармо аст, рафту омади зодагони ин водӣ аз дигар шаҳру вилоятҳои кишвар ба Язғулом, барои дидорбинии хешу табор ва истироҳати тобистонӣ вақтҳои охир хеле зиёд ба чашм мехурад.  

 

“Аз Русия ҷавонон ба ватан баргашта, барои истироҳат ба ин водӣ омаданашон ҳукуматро ба изтироб оварда аст. Ҳукумат намехоҳад таҷаммӯъи мардуми дигар минтақаҳоро  маҳз дар ин водӣ бубинанд. Чун ғаюрии ин мардумро ҳукумат низ хуб дар ёд дорад ва медонад, ки то ба ҳол пеши ҳукумати Эмомалӣ сар хам накардаанд”.- шарҳ дод манбаъ

 

Манбаъ ба дархости мо, ки қазияро муфассалтар шарҳ диҳад, нақл кард, ки дар қазияи Ҳоҷи Ҳалим қумандоне аз ин водӣ ба номи Маҳмадалӣ боздошт шуда, аммо  пас аз 15 рӯз раҳо ёфта буд. Ҳоло мефаҳмем, ки ҳадаф аз он раҳо кардани 3 сол пешашон чӣ будааст. Феълан Маҳмадалиро бо худашон ОМОН-и ВКД ба ин водӣ оварда, аз ӯ хостаанд, то ҷавонони язғуломиро ҷамъ оварад ва як қисми ҳарбӣ ташкил намояд. Маҳмадалӣ иҷборан кӯшиш дорад, ин тарҳи ҳукуматро амалӣ созад.

Барои пайвастан ба қисми низомӣ аз 2500 сомонӣ то 3000 сомонӣ ВКД моҳона ваъда кардааст. Мардуми ҷамоати Язғулом  аксарият аз ин тарҳи ҳукумат ва ҳузури низомиён дар ин водӣ норозӣ мебошанд ва ҳузури онҳоро як дасисаи нав алайҳи худашон меҳисобанд. Эҳтимоли он аст, ки мехоҳанд ҷавонони боқимондаи ин водиро бо тарҳи махуфе нобуд намоянд. Масалан ҷавононро мехоҳанд бо фиреб дар ин қисми ҳарбии ҷадид ҷамъоварӣ намоянд ва бо як ҳамлаҳои дурӯғине, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ташкили чунин ҷангҳо таҷрибаи хубе дорад, ҳамаро бикушанд ва дигар ҳеҷ хатаре дар оянда барои бақои ҳукумат надошта бошанд.

 

Бояд гуфт, ки шарҳи манбаъ ҳарчанд сатҳӣ ба назар мерасад, вале ба воқеъият наздик метобад. Масалан, тарҳи кушта шудани 25 низомӣ дар водии Рашт, қазияи сохтаи Алии Бедакӣ, Қазияи  сохтаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар Ромит ва кушта шудани Рустам Амакиев, қумандони гурӯҳи Алфаи КДАМ ,ки аз пушт ба ӯ тир зада буданд, вале гуфтанд, ки ӯро Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кушта аст.

 

Маврид ба қайд аст, ки ҷиҳати ба ин мақом баргузида шудани Рустам Амакиев чанд нафаре даст доштанд, ки онҳоро Саймумин Ятимов бад медид ва дигар роҳи аз байн бурдани Амакиев ҷуз ин спектали сохта вуҷуд надошт. Бинобар, аз рӯи ин таҷрибаҳо метавон гуфт, ки тахмини мардуми Язғулом ба ҳақиқат наздик аст. Вагарна, чаро мехоҳанд, ин қисмӣ низомӣ бояд танҳо аз 200 нафар ҷавони Язғуломӣ иборат бошад?

 

Гуфта мешавад, дар рустои Жамаг тақрибан 200 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд ва шашум қишлоқи бузурги Язғулом мебошад, ки дар охирон минтақаи ин водӣ қарор дорад. Агарчӣ пас аз Жамаг як қишлоқи дигаре бо номи Зайч вуҷуд дорад,  вале аҳолиии он кам буда, ҳамагӣ 15 хоҷагӣ дар он сукунат доранд.

Аввалин қишлоқи сераҳолии ин ҷамоат қишлоқи Мотравн мебошад, ки дар он 230 хоҷагӣ сукунат доранд. Ҷамоати Язғулом тибқи хабари манбаъ дорои беш аз ҳафт ҳазор аҳолӣ буда, ҳашт деҳаро дар бар мегирад, ки онҳо Дашти Язғулом, Мотравн, Шавуд, Будун, Вишхарв, Андарбаг, Жамаг, Зайч мебошанд.

 

Кинаи қадим ё тарси Эмомалӣ аз Язғуломиҳо

Дақиқан санаи 9 апрели соли 1995 қувваҳои фронти халқӣ хостанд, ки Язғуломро иҳота намоянд ва ин заду хурд се шабона рӯз идома кард. Аммо ба қувваҳои фронти халқӣ муяссар нашуд, то Язғуломро ба тасарруфи худ дароваранд.Ҷавонони ғаюри ин водӣ 27 нафар ҷоми шаҳодат нӯшиданд вале нагузоштанд пойи наҳси ин қувваҳои тоҷиккуш вориди водӣ шаванд. Аз тарафи фронти халқӣ бошад 200 нафар кушта шуданд ва шармандавор ақибнишинӣ карданд. Тақрибан 15 танк ва 8 БТР ва  дигар мошинҳои фронти халқӣ торумор ва нобуд шуданд. Пас аз гузашти 23 сол ин кина аз ёди Эмомалӣ нарафтааст, акнун ҳини тазалзули пояҳои ҳукуматронияш мехоҳад қасдашро бигирад.

 

Вақте мо шарҳи ин қазияро аз манбаъи худ дар КДАМ пурсидем, таҷаммӯъи низомиёнро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар кумита ҳар рӯзи сешанбе маҷлис мешавад ва раёсати кумита бо исрор фармон медиҳанд, то назорати ҷиддиро нисбати мардуми Язғулом пурзур намоем ва нагузорем ягон Язғуломӣ сарбаланд кунад.

 

“Пас аз қазияи сохтаи Ҳоҷи Ҳалим  40 ҷавони язғуломӣ зиндонӣ шуданд. Ин ҷавононро аз Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Озорбойҷон, Қирғизистон ва аз дигар манотиқи худи Тоҷикистон боздошт намуда, ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд. Омодагӣ дар водии Язғулом барои пиёда кардани як амалиёти низомӣ  ҳақиқат  дорад. Аммо бар зидди кӣ ва чаро бояд ин амалиёт суръат бигирад намедонам”- гуфт манбаъи мо дар КДАМ.

 

Бинобар далелҳои боло бо боварии комил метавон гуфт, ки қазия комилан равшан аст ва ВКД бо КДАМ тарҳи шум ва махуффе бар алайҳи ин мардуми ақалият ва мазлуму далери кишвар доранд.

 

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам аз боздошти чор ҷавон Муҳаммад Наврӯзов, Парвиз Назрибеков, Маҳмуд Раҳматхудоев ва Абдуҷаббор Сайдалов дар Афғонистон хабар дода будем ва пас аз чанде расонаӣ шуда буд. Баъдтар маълум шуд, ки кумандон Вадуди Султон Ишкошимӣ ба маблағи 800 ҳазор долар ин ҷавононро ба раиси КДАМ Саймумин Ятимов  фурӯхта будааст. Чаро бо ин нархи гарон ин чор ҷавон хариду фурӯш шудаанд, як муаммои дигар аст.

 

Хитоб ба ҷавонони ғаюри Язғулом

Ҷавонони ғаюр ва бо имони Язғулом имрӯзҳо ҳукумати хуношоми Эмомалӣ кинаҳои қадими худро мехоҳад аз шумо биситонад. Ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳед ва ба ҳеҷ қисми низомие, ки мехоҳад ташкил намояд пайваст нашавед ва худро ба доми фиреби ин деви шайтонсурат надиҳед. Шумо аслан оромӣ ва хунсардии худро ҳифз кунед, ҳеҷ амале анҷом надиҳед, ки он баҳонае барои ин номард шавад ва шуморо ба ҳалокат расонад.Умед аст ин пайёмро мехонед ва дарк мекунед!

 

Хитоб ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ

Ба ҳама кишварҳои бо нуфӯзи минтақа ҳушдор медиҳем, то пеши роҳи генотсид ва наслкушии Эмомалиро бигиранд. Нагузоранд, ин мардуми ақалияти кишварро ин марди саффок ба хоку хун кашад. Мо ҳама ҳилаҳояшро хуб медонем ва ҳамеша қабл аз пиёда кардани амалиётҳои низомияш дақиқан чунин корҳоеро мекунад .Агар ӯро боз надоред мардуми ин минтақаро мекушад ва боз эълон мекунад, ки инҳо мехостанд дар ин дара инқилобе кунанд. Ӯ аз ҳар фарди огоҳи ин миллат барои бақои ҳукмаш ҳарос дорад ва омодааст бидуни истисно ҳамаро бикушад.

Share This Article