Эҳёи кулоҳи миллӣ-исломии занона дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон, анъанаи пӯшидани ҳиҷоби миллӣ эҳё мешавад. Ҳиҷоби Элeҷек – турбан ин рамзи модари хонадон буда, мақоми занро дар оила нишон медиҳад.
Бо мақсади эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар Қирғизистон лоиҳа бо номи “Дунёи эҳсос” ба роҳ монда шудааст, ки тибқи ин лоиҳа ҷавондухтарон духтану печонидани ҳиҷоби Элeҷек – турбанро меомӯзанд. Ин ҳиҷоб мисли кулоҳ буда, барои он аз 15 то 40 метр матоъ сарф мешавад.
Дастандаркорони ин лоиҳа мегӯянд, мо бояд анъанаҳои аҷдодиро эҳё кунем, аммо тарзе бояд анъанаҳоро эҳё намуд, ки ба талаботи замон мувофиқ бошад.
“Эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ мусоидат мекунад. Имрӯзҳо мо шоҳиди таҳоҷуми фарҳангӣ ҳастем. Бинобар, бояд барномаҳоеро пиёда сохт, ки анъанаҳои аҷдодӣ ҳифз шаванд. Ислом қалби фарҳанги мо аст ва мо бояд мисли гавҳараки чашми худ онро муҳофизат намоем ва ба насли оянда интиқол диҳем”. – мегӯяд роҳбари лоиҳаи “Дунёи эҳсос”
Ҳиҷоби Элeҷек – турбан кулоҳи миллии занона буда, дар он талаботи пӯшиши шариати исломӣ барои занон низ ба назар гирифта шудааст. Ин кулоҳ баробари либоси миллӣ буданаш, ҳамзамон ҳиҷоби исломӣ низ ба шумор меравад.
Коршиносони қирғиз мегӯянд, мо бояд тарзе аз фарҳанги аҷдодӣ пайравӣ кунем, ки дар он талаботҳои исломӣ сарфи назар нашавад. Зеро сарфи назар кардани фарҳанги исломӣ метавонад латмаи бузурге ба хазинаи фарҳангӣ занад.
***
Қазоқистон: Курсҳои омӯзиши исломӣ дар таътили тобистона
Дар масҷидҳои ҷомеъи Қазоқистон муфтиёти ин кишвар баҳри баланд бардоштани савияи дониши динии наврасон курсҳои омӯзишӣ- истироҳатӣ ташкил карда буданд, ки дар ҳоли анҷомёбист.
Тавре расонаҳои қазоқӣ хабар медиҳанд, дар ин курсҳои тобистона, наврасон дарсҳои хондани Қуръони карим, худошиносӣ, тарзи таҳорату намоз ва одоби муоширатро меомӯзанд.
“Илм дар хурдӣ нақш бар санг аст. Агар дар хурдсолӣ таълимоти зарурии динӣ фаро гирифта шавад, барои дар оянда гумроҳ нашудан ва ба ҳаргуна равияҳои тундрав напайвастани ин наврасон мусоидат мекунад”. – гуфтааст Еркинбек Қорӣ Каримбекқулӣ, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Алма-атои Қазоқистон.
***
Дар Туркманистон равғани растанӣ камёб шуд
Тули чанд рӯз аст дар пойтахти Туркманистон шаҳрвандон барои харидани равғани растанӣ бинобар камёфт шудани он соатҳо навбат мепоянд.
Пулис бошад, навбати харидоронро назорат мекунад, то касе ин анбӯҳи навбатпоиро аксбардорӣ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн накунад.
Сабаби камчин шудани равғани пахта дар Ишқободро сокинон ба қатъ шудани фаъолияти як корхонаи равғанбарорӣ дар пойтахти Туркманистон рабт медиҳанд.
**
Дар мактабҳои Ҳиндустон дарси хушбахтӣ меомӯзанд
Дар мактабҳои Ҳиндустон, фанни “хушбахтӣ”-ро ба роҳ мондаанд, ки ҳамарӯза аз 30 то 45 дақиқа давом мекунад.
Дар ин бора, Манишин Сисодия, муовини Вазири маориф дар Деҳлӣ хабар дода гуфтааст, ки дарси “хушбахтӣ”, барои хонандагон мувофиқ ба синну сол табақабандӣ карда мешаванд: кӯдакон аз синну соли томактабӣ то синфи се ба як гурӯҳ дохил мешаванд, дар гурӯҳи дигар аз синфи се то ба синфи панҷум ва дар гурӯҳи сеюм хонандагон аз синфи шаш то ҳаштум мебошанд.
“Пешрафт баҳогузорӣ намешавад, ин дарс санҷиш надорад ва ҳам корҳои хонагӣ талаб карда намешаванд. Мақсад аз ин дарсҳо – инкишоф додани огоҳӣ ва ҳушёрӣ, баланд бардоштани малакаҳои тафаккур ва тарбияи коммуникатсионӣ, ҳавасмандгардонӣ, кӯмак ба кӯдакон барои мубориза бо фишори равонӣ ва таҳаммулу устуворӣ дар баробари мушкилиҳои пешомада мебошад”- гуфтааст Манишин Сисодия.
Ӯ афзудааст, дарсҳои “хушбахтӣ” барои тарбияи фарзандон ҷиҳати мубориза бо стресс, депрессия ва ташвишҳо равона шудааст. Ин дарс барои фаҳмидани арзишҳо, касби хушмуомилагӣ, таҳаммулпазирӣ, муносибати ҳасана бо мардум, аз байн бурдани худкамбинӣ (комплекс) мусоидат мекунад.
Ҳамчунин бино ба бовари Манишин Сисодия, омӯзиши дарси “хушбахтӣ” метавонад яке аз омилҳои пешгирии худкушии наврасон бошад ва ва ҳисси эътимоду боварӣ ба худро дар замири наврасон зиёд кунад.
***
Чин шумораи бурсияҳоро барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд кард
Таҳоҷуми фарҳангии Чин ба Тоҷикистон бо номи рушди ҳамкориҳо рӯз ба рӯз, беш аз пеш авҷ мегирад.
Тавре расонаҳои маҳаллии тоҷикӣ хабар медиҳанд, дар мулоқоти муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Сайфиддин Хайриддин ва муовини раиси Котиботи бурсиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин Петер Ванг Шенганг масъалаҳои рушди маориф санаи 23 июл баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 3000 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Агар соли таҳсили 2017-2018 Ҷумҳурии Мардумии Чин барои донишҷӯёни тоҷик 300 бурсия ҷудо карда бошад, барои соли таҳсили 2018-2019 шумораи онҳоро ба 350 адад расонидааст.
Ин равандро мақомоти Тоҷикистон рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф унвон кардаанд. «Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмӣ-фарҳангии Конфутсий фаъолият менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик ба омӯхтани забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чин машғул мебошанд», — гуфтааст С. Хайриддин.
Маврид ба зикр аст, ки таъсири фарҳанги сиёсии ҳукумати Чин ва низоми давлатдории ин кишвар баръало дар фарҳанги сиёсӣ ва низоми давлатдории Тоҷикистон ҳис мешавад.