25.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Ҳушдори ВКХ Русия ба Амрико

 

Вазорати хориҷаи Русия дар хусуси ҳаргуна иқдоми моҷароҷӯёнаи Амрико дар Сурия ба Вашингтон ва муттаҳидонаш ҳушдор додааст.

 

Ин ҳушдори вазорати хориҷаи Русия пас аз он содир мешавад, ки вазорати дифоъи ин кишвар низ, аз барномарезии террористҳои Сурия барои як ҳамлаи кимиёвӣ бо ҳадафи эҷоди баҳона, ҷиҳати ҳамлаи низомӣ ба Сурия хабар дод.

 

Охирин бор, бомдоди 14 апрели соли 2018 нерӯҳои амрикоӣ, фаронсавӣ ва англисӣ бо беш аз сад мушак ба якчанд шаҳрҳои Сурия ҳамла карданд. Артиши Сурия ҳудуди 70 дарсади ин мушакҳоро раҳгирӣ ва нобуд кард.

Маврид ба зикр аст, ки тӯли чанд соли охир, аз паи танишҳо байни мухолифони озодихоҳ ва  режими ҳукумати Сурия сараввал тазоҳуроту таҷаммӯъҳои густарда ба миён омада, баъдан ин танишҳо ба як ҷанги хонумонсӯз табдил ёфт. Беҳтарин шаҳрҳои ободи ин кишвар, ки мавзеъҳои сайёҳӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба вайрона мубаддал шуданд.

 

Коршиносон ин ҳамаро ба он рабт медиҳанд, ки президенти худкомаи ин кишвар Башор Асад нахост доди мардумро шунавад. Баҳри бақои курсии худ даст ба муборизаи беамони низомӣ алайҳи мардуми осоиштаи худ зад. Барои саркӯби мухолифон аз кишварҳо кӯмак хост. Дар натиҷа, Сурия ба майдони манфиатҷӯии абарқудратҳо мубаддал шуд ва то ба ҳол дар ин майдон Амрико, Эрон, Русия, Туркия ва чанд кишварҳои дигар аз паи ҷустуҷӯи манфиатҳои худ,  бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм амалиётҳои низомӣ мегузаронанд. Гоҳо ин кишварҳо зидди ҳамдигар болои сари мардуми осоиштаи Сурия мушакзанӣ мекунанд.

 

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ин задухӯрдҳо садҳо ҳазор шаҳрванди Сурия ба шаҳодат расида, миллионҳо бехонумон ва сар ба гурез шудаанд.

***

 

Сохтмони масҷиди калонтарин дар Урал

 Мақомоти вилояти Свердлови Федератсияи Русия муроҷиати мусулмонони шаҳри Екатеринбург дар бораи сохтмони масҷиди бузурги ҷомеъро қонеъ кардааст. Тавре муовини раиси муҳтасиботи минтақаи Урал, Урай Шаймондов гуфтааст, бинои масҷиди ҷомеъ дар назди кӯли Иссетскии боло, кӯчаи Стройтелей, дар ҳудуди аз 7 то 10 гектар замин сохта хоҳад шуд.

 

“Дар атрофи масҷид сохтмони биноҳои истиқоматӣ, кӯдакистон, мактаб ва боғи истироҳатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷудо кардани замин барои сохтмонҳо аз моҳи ноябри соли ҷорӣ сурат мегирад, ки пас аз он марҳилаи ҳамоҳангсозии лоиҳа ва коркарди ҳуҷҷатҳо оғоз меёбад”. – гуфтааст Урай Шаймондов.

 

Сохтмони масҷид тибқи тахминҳои пешакӣ дар давоми шаш моҳ то як сол оғоз меёбад. Сарпарастии сохтмони масҷидро Идораи марказии мусулмонони Русия ба ӯҳда гирифтааст. Ҳаҷми хароҷоти сохтмон ҳанӯз маълум нест. Аммо гуфта мешавад, ин масҷид калонтарин масҷиди ҷомеъ дар минтақаи Урал хоҳад буд.

***

 

Амалҳои хайриявии Кумитаи кор бо занони Ӯзбекистон дар иди Қурбон

Дар давоми се рӯзи ҷашни иди Қурбон, Кумитаи занони Ӯзбекистон дар саросари ин кишвар чорабинии хайриявӣ баргузор намудааст.

Тавре расонаҳои ӯзбекӣ хабар додаанд, ба одамони гирифтори маълулият ва эҳтиёҷманд ба ғамхорӣ, ветеранҳои меҳнат ва оилаҳои камбизоат кӯмакҳои хайриявӣ аз ҷониби ин кумита расонида шудааст.

 

Масъулин бо хӯрокворӣ, дастгоҳҳои маишӣ, аробаҳо барои маъюбон, кӯмаки молиявӣ ва ғайра ба шаҳрвандони ниёзманд кӯмак расониданд. Илова бар ин, бисёр заноне, ки дар вазъияти душвор зиндагӣ мекарданд, ба онҳо хонаҳои нав дода шуда, ҳамчунин онҳо ба ҷойҳои корӣ таъмин шудаанд. Ба чанде аз камбизоатон коргоҳҳои дӯзандагӣ бо тамоми таҷҳизот тӯҳфа шудааст.

 

“Дар мақоли халқӣ, аз моҳӣ додан моҳигириро омӯзонидан хубтар аст, гуфтаанд. Барои ҳамин мо тасмим гирифтем, камбизоатонро на фақат бо кӯмаки молӣ дастгирӣ кунем, балки кӯшиш кардем ба онҳо ҷои кор эҷод намоем. Дар оянда барои камбизоатон семинарҳои махсус ташкил намуда, барояшон ангезаҳои мустақилона эҷод намудани ҷои корӣ ва тиҷоратро  ба вуҷуд хоҳем овард.” – гуфтааст Диловар Қабулова, ҷонишини раиси Кумитаи кор бо занони ҷумҳурии Ӯзбекистон.

***

Дар Тоҷикистон 30 нафар сайёҳон дар баландии 4000 метр банд шудаанд

Дар Тоҷикистон 30 нафар сайёҳони хориҷӣ, тули 12 рӯз мешавад, ки дар лагери баландии 4000 метр банд шудаанд.

Дар ин бора, хабаргузории REGNUM бо иқтибос аз  гурӯҳи телеграммии Mash хабар додааст.

 

Тибқи хабар баъзе аз сайёҳон аллакай вазъи саломатияшон ниҳоят вахим шуда, ба бемориҳои дизентерия, гулӯдард ва сармозадагӣ гирифтор шудаанд.

Манбаъҳои ин хабар мегӯянд, ки сабаби тули ин 12 рӯз наҷот наёфтани онҳо номусоидии обу ҳаво набуда, балки сабаби саркашии ширкати сайёҳӣ аз ирсоли чархбол  ба хотири гарон афтодани масрафи наҷоти сайёҳон будааст.

“Ширкати сайёҳӣ аз фиристодани як чархбол ба хотири ба зарар мувоҷеҳ шудан, худдорӣ кардааст. Аммо дар натиҷаи фишорҳо ширкат розӣ шудааст, имрӯз 25 август як чархболро бо харҷи 2500 доллари амрикоӣ ба наҷоти сайёҳон фиристад”.- гуфта шудааст дар хабар.

 

Ёдовар мешавем, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш, чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик бегоҳи 12-уми август дар поёноби пиряхи Фортамбек ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд.

 

Коршиносон  рӯ ба рӯ шудани сайёҳони хориҷӣ ба садамаҳои пай дар пай дар Тоҷикистонро адами омодагии мақомоти ин кишвар ба соҳаи туризм унвон мекунанд.

***

Вокуниши ширкатҳои бузурги амрикоӣ алайҳи сиёсати саркӯби муҳоҷирон

Даҳҳо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Амрико, аз ҷумла, президенти ширкати JPMorgan Chase & Co. Ҷеймсон Димон, роҳбари ширкати Apple Тима Кук,  роҳбари American Airlines Дуга Паркера бо ирсоли номае аз сиёсати саркуби муҳоҷирон аз ҷониби президенти Амрико, Доналд Трамп интиқод кардаанд. Ин номаи онҳо ба вазири амнияти миллии ин кишвар Кирстен Нилсен таслим шудааст.

 

Нома, ки сани 22-юми август ирсол шудааст, дар он 59  имзои роҳбарони ширкатҳои бузургтарини амрикоӣ гузошта шудааст.

 

Дар нома роҳбарони ширкатҳо бо “нигаронии ҷиддӣ” изҳор намудаанд, ки пеши роҳи сиёсати хатои Доналд Трамп нисбати муҳоҷирон дар Амрико гирифта шавад.

 

Ба бовари шикартҳои бузурги амрикоӣ “саркӯби муҳоҷирон дар Амрико сабаби норасоии қувваи корӣ мешавад ва ба иқтисодиёти амрико латмаи бузург хоҳад зад”.

 

Share This Article