28.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

СММ: Бояд раҳбарони Миёнмор ба иттиҳоми наслкушӣ муҳокима шаванд

Cозмони  Милали Муттаҳид дар як гузориши худ эълом кардааст, ки бояд раҳбарони низомии Миёнмор ба иттиҳоми наслкушӣ муҳокима шаванд.

 

 

Ин гузориш, ки бар асоси садҳо мусоҳиба ва шоҳидони дигар таҳия шудааст, хушунат алайҳи мусулмонони Роҳинро ба шиддат маҳкум карда, аз шаш раҳбари аршади низомии  Миёнмор ном бурдааст, ки бояд ба иттиҳоми наслкушӣ таҳти муҳокима қарор гиранд.

 

Дар ин бора хабаргузории ВВС иттилоъ дода мегӯяд, Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ башиддат аз Мушовири олии давлатии Миёнмор, хонум Аун Сан Суҷӣ, ки олитарин вазифаи давлатиро бар дӯш дорад, интиқод кардааст.

 

Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид хонум Аун Сан Суҷӣ барои поён додан ба хушунат алайҳи мусулмонони Роҳин дахолате накардааст.

 

СММ ҳамчунин дар ин гузориш хостори ирсоли парвандаи раҳбарони низомии Миёнмор ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шудааст.

 

 

Давлати Миёнмор борҳо гуфтааст, ки алайҳи шӯришиён ва шибҳинизомиён дар минтақа даст ба иқдомоти низомӣ мезанад, аммо дар гузориши СММ навишта шудааст: “Иқдоми низомии Миёнмор дарбаргирандаи куштори мардум, таҷовузи дастаҷамъӣ ба занон, озори кӯдакон ва оташ задани деҳкадаҳо аст.”

 

Таҳлилгарон мегӯянд,  иттиҳом ба наслкушӣ алайҳи як давлат, иттиҳоми бисёр ҷиддӣ аст, ки аз сӯи СММ тавсия мешавад, вале дархости муҳокимаи раҳбарони низомии Миёнмор нишондиҳандаи ҷиддӣ будан шавоҳиде аст, ки алайҳи онҳо ёфт шудааст.

 

Аммо ирсоли парвандаи давлатдорони Миёнмор ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ имконпазир нахоҳад буд, зеро ин кишвар асоснома барои ташкили ин додгоҳро имзо накардааст. Ба ҳамин далел ирсоли парвандаи раҳбарони низомии Миёнмор ба Додгоҳи ҷиноии байналмилалиро лозим аст, ки панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ аз тарҳи он дар ин додгоҳ ҳимоят кунанд. Аммо кишвари Чин, ки ҳомии давлати Миёнмор аст, онро вето хоҳад кард.

 

Маврид ба зикр аст, ки мудирияти шабакаи иҷтимоъии Фейсбук саҳифаи даҳҳо шахсиятҳои низомии аршади Миёнморро ба унвони эътироз ба озору куштори мусалмонон дар Роҳин  маҳв кардааст.

 

Роҳиниён яке аз ақаллиятҳои қавми мутааддиди Миёнмор буда, бузургтарин дарсади мусулмононро дар ин кишвар ташкил медиҳад.

 

 

Аммо давлати Миёнмор онҳоро муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Бангладеш медонад ва ҳаққи шаҳрвандӣ барои онҳо қоил нест. Онҳо ба таври густурда аз сӯи мардуми Миёнмор мавриди озору таҳқир қарор мегиранд.

 

 

Пеш аз бӯҳрон, ҳудуди як миллион нафар мардуми Роҳин дар Миёнмор зиндагӣ мекарданд, ки макони зиндагии онҳо дар Аёлати Роҳин буд.

***

Зайналибиддин Бин Алӣ мехоҳад ба Тунис баргардад

Зайналибиддин Бин Алӣ, президенти собиқи Тунис, ки баъди суқути режими диктаторияш дар соли 2011 ба Арабистони Саъудӣ паноҳ бурдааст, хостори баргашт ба Тунис шудааст.

 

Бин Алӣ ба расонаҳои арабӣ гуфтааст, ки аз мушкилоти иқтисодӣ ранҷ мебарад ва дар айни ҳол аз ҳисоби ёриҳои башардӯстона ва закоти сарватмандон зиндагӣ мекунад.

 

Ин дар ҳолест, ки Пойгоҳи байналмилалии зидди фасоди  Transparency International  дороии Бин Алӣ ва оилаашро, ки аз ҳисоби ғасби тиҷорати мардуми Тунис ва моликияту боигариҳои давлатии ин кишвар ба даст овардаанд, 13 млрд доллар ва дороии шахсии худи ӯро 5 млрд доллар эълом карда буд.

 

Бин Алӣ гуфтааст, ки омода аст ба ватанаш баргашта, дар назди суде, ки тавони барқарории адолатро мустақилона орӣ аз таъсири сиёсии мақомот дорад, пушти трибунал истода, ҷавоб гуяд.

 

Бин АлиИн даъвои Бен Алӣ бори аввал нест. Ду моҳ пеш Собир Ҳамрунӣ,  раҳбари пешини ҷунбиши Ан-наҳдаи Тунис ва айни ҳол сардори Асотсиатсияи ҳуқуқи инсони Барика дар саҳифаи фейсбукияш чанд аксеро, ки бо ҳамроҳии Бин Алӣ дар дар шаҳри Ҷидда аккосӣ шудааст, нашр карда, гуфта буд, ки  президенти собиқи Тунис хостори бозгашт ба Тунис мебошад ва дар Арабистони Саъудӣ мувоҷеҳ ба мушкилоти иқтисодӣ аст.

 

Ҳамрунӣ гуфтааст, ки бо Бен Алӣ як маротиба моҳи январ ва бори дуюм моҳи апрели соли 2018 мулоқот кардааст.

Дар мулоқот Бин Алӣ, президенти собиқи Тунис, ки бо режими диктатории худ машҳур шуда буд, иқрор шудааст, ки ҳақиқатан дар муддати 23 соли ҳукмронияш ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода буд. Аз ҷумла, ба ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва таъқиби сиёсатмадорони мухолифандеш даст задааст.

 

Бино ба навиштаи Ҳамрунӣ, президенти собиқи Тунис, Бин Алӣ эътироф кардааст, ки хешовандони ӯ дар давоми ҳукмронияш ба қонуншиканиҳо роҳ дода, ҷиноятҳои вазнинро содир кардаанд. Илова бар ин ба иқтисодиёти Тунис зарар расонида, боиси аз байн рафтани режим шудаанд.

 

“Бин Алӣ ба ман гуфт, ки соли 2011, вақте ки ислоҳот дар Тунис оғоз ёфт, ба хато роҳ додааст. Аз ҷиноятҳои вазнини хешовандонаш чашм пӯшида, ба мардуми оддӣ зулм кардааст”, – нақл кардааст Собир Ҳамрунӣ.

***

Тарҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштии “Ҳалол” дар Ӯзбекистон

Ӯзбекистон истеҳсоли хӯрокаи гӯштиро бо тамғаи “Ҳалол” ба роҳ мемонад. Ҷиҳати ташкили истеҳсоли хурокаи гӯштӣ бо тамғаи “Ҳалол” дар Ӯзбекистон, намояндагони Агентии Узстандарт барои омӯзиш ба Малайзия сафар кардаанд.

 

Тавре дафтари матбуотии Агентии Узстандарти ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар додааст, гурӯҳи корӣ зимни сафари худ, назокатҳои истеҳсоли хӯрокаи гӯштӣ бо тамғаи “Ҳалол”-ро дар кишвари Малайзия омӯхтаанд ва дар наздиктарин муддат ин системаро дар Ӯзбекистон ҷорӣ хоҳанд кард.

 

“Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ дар охири гуфтушунидҳо созишномаи ҳамкорӣ оид ба татбиқи амалии системаи сертификатсиякунонии маводи хӯрокаи гӯштӣ бо тамғаи “Ҳалол” ба имзо расид”. – омадааст дар хабар.

Бино ба иттилои агентӣ, тибқи созишномаҳое, ки дар Малайзия  имзо шудаанд, ба маҳсулоти Ӯзбекистон имконият медиҳад, ки ба бозори Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дохил шаванд.

 

Ин дар ҳолест, ки президенти собиқи Ӯзбекистон, Ислом Каримов бо тамғаи “Ҳалол” ба фурӯш баровардани маҳсулоти гӯштиро манъ карда буд.

***

Фаронса зидди шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар заминҳои Фаластин

Кишвари Фаронса тарҳҳои ҷадиди шаҳраксозии режими саҳюнистиии Исроилро дар заминҳои ишғолии Фаластин маҳкум кард.

 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса дар баёнияе эълом кард, ки тарҳҳои ҷадиди режими саҳюнистӣ барои сохти ҳазорон воҳиди маскунӣ дар каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ, дар баробари ин тахриби хонаҳои Фаластинён дар ин минтақаҳо  таҳдиде мустақим барои ояндаи кишвар Фаластин хоҳад буд.

 

Фаронса хостори бознигарии режими саҳюнистӣ дар ин тарҳҳо ва таваққуфи шаҳраксозӣ дар заминҳои ишғолии Фаластин шудааст.

 

Дар охири баёния  Фаронса бори дигар бар пойбандии худ ба роҳи мусолиҳатомез ва ҷавобгӯ ба санадҳои байналмилалӣ  ҳал кардани қазияи ин сарзамин таъкид кардааст.

***

Ҷангҷӯёни қотили ду шаҳрванди Тоҷикистон ёфт нашуданд

Ҷустуҷӯи ҷангиёне, ки се рӯз пеш ду шаҳрванди  Тоҷикистонро кушта буданд, се рӯз инҷониб идома дорад, аммо натиҷае намедиҳад.

 

Тавре аз КДАМ ҶТ ба  РИА Новости хабар додаанд, гуфта мешавад, аъзои гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон, ки 26 август ба Тоҷикистон ворид шуда буданд, то ҳол пайдо нашудаанд, шояд ба Афғонистон баргашта бошанд.

 

“Пас аз тирборон кардани мошине, ки дар он се ҷангалбон қарор дошта, яке аз онҳо тавонист аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуда, марзбононро ҳушдор диҳад,  қонуншиканони мусаллаҳ аз вақти қулай ва шароити мушкил идорашавандаи сарҳад, шояд истифода карда, дар марзи Афғонистон пинҳон шуданд, бо ҳамин далел кофтуков се рӯз идома дошта, натиҷае намедиҳад”, — гуфтааст намояндаи КДАМ.

 

Пештар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод, ки гурӯҳи мазкури ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва “гранатамёт” сӯи “Нива”-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.

 

Ёдовар мешавем, ки ду сокини  ноҳияи Фархор Амирхон Саидов аз деҳаи   1-уми майи ҷамоати 20 -солагии Истиқлолият  ва Давлат Сангаков аз деҳаи Марғзори ҷамоати Ғалабаи ноҳия, 26 августи соли равон дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар наздикии марз ба ҳалокат расиданд..

 

Тавре оҷонсии давлатии иттилоърасонии Ховар хабар додааст, раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода ба хонаводаҳои қурбоншудагон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, гуфтааст, ки  “ҳоло вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти ин гурӯҳи мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд”.

 

Аммо тибқи гуфтаи як афсари мустаъфии тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, худи мақомоти Тоҷикистон дар нақшаи ба таври кӯтоҳмуддат ноором сохтани вазъияти амниятӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон аст.

 

“Дар ҳоле, ки Тоҷикистон эълом кардааст, сарҳадаш бо Афғонистон ба таври бояду шояд муҳофизат мешавад, гузашта омадани 10-12 нафар ҷангҷӯ ба хоки Тоҷикистон ва тирборон карда, тарконидани як мошин бо гранатомет бештар ба мазҳака монанд аст. Сарҳадро, ки КДАМ муҳофизат мекунад, ба андешаи ман аз паи пиёда кардани нақшае мисли ҳодисаи Данғара барои исботи дурустии даъвояш дар гунаҳкор донистани Наҳзат аст, аммо мазҳакаи сохтаи ин дафъинааш хомтар аз пештара буд. Бинобар, ё ба гардани кадом бечораи тоҷик “ту ҳамроҳи афғонҳо будӣ гуфта” бор мекунанд ва ё муҷримони ин ҳодиса тамоман ёфт намешавад”. – изҳор намуд афсари мустаъфӣ.

Share This Article