Ятимовҳои наркобарон чаро беҷазо мемонанд?

Ислоҳ нет

 

Қисса аз он ҷо шурӯъ шуд, ки сомонаи радиои “Озодӣ” санаи 26/08/2018 хабар дод, ки “ҳамла ба 3 сокини Фархор дар наздикии марз” ду кушта ва як маҷрӯҳ бар ҷо гузоштааст.

 

Радиои “Озодӣ”, ки ин хабарро тайи ду се рӯзи баъди ҳамла ҳам пайгирӣ кард, дар гузоришҳои худ чанд факту рақамҳоеро зикр кард, ки барои хонанда гумроҳкунанда ва шубҳаофар буданд.

 

Барои  мисол, аз забони раиси ноҳия Сулаймон Вализода нақли қавл кард: “Кормандони хоҷагии ҷангал ва кормандони хоҷагии зотпарварии Ҳисор тариқи ДУ МОШИН барои алафдаравӣ рафта буданд. Онҳо ИҶОЗАТИ РАСМӢ доштанд. Ин ҳодиса шуд ва ду нафар ба ҳалокат расид. Ноҳия тинҷу ором аст. Мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.”

Ҳамзамон дар ҷои дигаре дар ҳамин гузоришаш зикр мекунад. “Як манбаъ аз Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҶАНГАЛБОНҲОЕ, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд,

ИҶОЗАИ РАСМИИ ФАЪОЛИЯТ ДОШТАНД ва барои ҷамъоварии алафу хошок рафта буданд, “вале аз ҷониби Толибон бо як амали иғвоангезӣ, мавриди оташкушоӣ қарор гирифтаанд”.

 

Чаро ин манбаъашон аз мақомот пеш аз анҷоми таҳқиқот фавран Толибонро гунаҳкори ин ҳамла эълон кард?

 

Мисоли дувум: Манбаи Радиои Озодӣ шоми 26-уми август гуфт, таҳқиқи ибтидоӣ нишон додааст, ки “ин афрод бо пулемёти Калашников ҳадаф қарор гирифтаанд”.

 

Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, тоза дар бораи ҳамла иттилоъ гирифтаанд.

 

“Ҳанӯз таҳқиқ ниҳоӣ нашудааст ва мақомот тамоми фарзияҳоро баррасӣ доранд. Ин ҷасадҳо ба бемористон оварда шуданд, то аввал пурра ташхис шуда, баъдан ба наздиконашон супурда шаванд”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, пизишкони бемористони ноҳияи Фархор ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз нафари захмӣ ба бемористон оварда нашудааст.”

 

Бо мутолеаи инҳо чанд суолҳое пайдо мешаванд. Барои мисол, маҷрӯҳе,  ки ба гуфти худаш соати 15:30 омада ба сарҳадбонон хабар расонд, ки ду ҳамраҳашро куштанд, то нимашаб куҷо буд? Чаро сари вақт ӯро ба бемористон интиқол надоданд ё худаш барои табобат ба духтур муроҷиъат накард?

 

Толибон ин ҳодисаро ҳамон рӯзи аввал кори дасти қочоқбарон эълом карда, гуфта буданд, ки “нерӯҳои онҳо ҳаққи ҳамла ба кишварҳои ҳамсояро надоранд.”

 

Аммо акнун ҳикояи чандтан аз Фархориҳоро гӯш кунед, ки чӣ мегӯянд?

 

Ҷамшед Ятимов, бародари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дасти калон дораду дар байни “наркобарон”-ҳо хеле маъруф аст, аз қочоқчиҳои афғон бо маблағи хеле калон маводи мухаддир гирифта, пули онҳоро сари вақт бар намегардонад.

 

Санаи 26/08/2018 охирин фурсати баргардонидани маблағи қочоқчиёни маводи мухаддир буда, ҳар ду ҷониб қарор мегузоранд, ки вохӯрда, қазияро ҳаллу фасл намоянд.

 

Дар ин миён, Ҷамшед аз бародараш Абдулмумин Ятимов хоҳиш мекунад, ки рафта бо қочоқчиён гуфтугӯ кунад ва муҳлати додани пулашонро тамдид намояд.

 

Абдулмумин Ятимов, расман ба корҳои хоҷагидорӣ машғул асту хеле аз заминҳояш дар минтақаи назди сарҳадӣ ҷойгир мебошанд. Ӯ амалан интиқол ва доду гирифти маводи мухаддирро дар ин ноҳияи сарҳадӣ  “контрол” мекунад.

 

Аммо он рӯз, Абдулмумин Ятимов то сарҳад рафта, аз идомаи сафар худдорӣ мекунад. Зоҳиран, метарсад, ки агар худаш он ҷо равад, қочоқбарон тибқи расми маъмулашон ё ӯро гаравгон мегиранд ва ё ин, ки бар ивази пулашон ба қатл мерасонанд.

 

Биноан, худи Абдулмумин Ятимов дар дидбонгоҳи сарҳадӣ, назди сардори он меистад ва се тан аз “кормандонаш”-ро дар “Нива” барои “переговор” ба назди қочоқчиён мефиристад. Вақте онҳо мебинанд, ки дар мошин на Ҷамшед асту ва не ягон тан аз наздиконаш пулро набурдааст, ба ғазаб омада, дар ҳол оташ мекушоянд ва мошинро тирборон мекунанд. Дар натиҷа ду каси “переговор”-чиҳо кушта ва як нафарашон захмӣ мегардад…

 

Сипас, вақте маҷрӯҳ ба назди сарҳадбонон фирор карда, мерасаду хабар медиҳад, ки ду тан аз ҳамроҳонаш кушта шуданд, хабари марги онҳо байни аскарону афсарон фавран овоза мешавад. Баъд аз он Абдулмумин Ятимов, ки он ҷо ҳузур дошт, дарҳол ба бародараш Саймумин Ятимов занг зада қазияро мефаҳмонад.

 

Ҷаноби Саймумин Ятимов, ки дар рӯпӯш кардани чунин ҷиноятҳо хеле маҳорат дорад, қазияро чапа тоб дода, ба хотири гул задани мардум ва ҷомеа, дарҳол тавассути “Озодӣ” ва дигар думравонаш гуноҳи онҳоро ба гардани Толибон бор мекунад.

 

Радиои “Озодӣ”, ки амалан тайи чанд соли ахир дар ихтиёри КДАМ қарор дорад, дар ин бозӣ “фиреб” хӯрда, тавре Саймумин Ятимов хост, ҳамон тавр қазияро печонд ва то охир барои ошкор кардани қазия пеш нарафт.

 

Ва аммо ин, ки чаро он маҷрӯҳ сари вақт ба бемористон нарафт, посухаш кӯтоҳакак аст. Маҷрӯҳро кормандони КДАМ боздошта, аввал хуб гӯшмолаш карда, қиссаи дурӯғини ба “алафдаравӣ” рафтанро ба ӯ ёд доданд ва сипас ба муолиҷа фиристоданд. Радиои “Озодӣ” ҳам рисолаташро бо бозгӯ кардани ин қиссаи дурӯғин аз забони маҷрӯҳ ба анҷом расонид…

 

Агар дӯстон, суҳбати ахири президент дар Хорӯғро гӯш карда бошанд, он ҷо ҳам Эмомалӣ Раҳмон расман кормандони воломақоми КДАМ ва ВКД-ро ба интиқоли маводи мухаддир муттаҳам мекунад. Саймумин Ятимов дар раъси он муттаҳамшудаҳо қарор дошт. Ба назар мерасад, ҳоло ҳукумат мехоҳад, кафшҳои Ятимовро дар пеши пояш гузошта, беҷазо, оромона ба истироҳат фиристонад.

 

Амруллоҳи Низом

Share This Article