Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт

Ислоҳ нет

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Абдураҳмон баргузор шуда гузашт.

 

Барои иштирок дар ин ҷаласа аз 9 кишвари ИДМ роҳбарону масъулони баландмақом ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

 

Мисли ҳар вақта,  ҷамъомади сарони давлатҳои ИДМ ҳамчун як нишасти ташрифотӣ ва рамзӣ баргузор шуд ва ҳеҷ як натиҷаи муҳиме, ки муҷиби баҳсу баррасӣ бошад, ба амал наомад.

 

Аз ҷаласаву нишастҳои сиёсӣ дида, шоми дӯстиву дастархони зиёфат, майдакӯҳҳои мевагӣ, боғу токзорҳои заминаш пластмасӣ, боздидҳои сарони кишварҳо аз чанд корхонаҳои муштарак ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар бозтоб шуданд.

 

М.ЭХуди пур кардани фазои иттилоотӣ бо сайру гашти сарони давлатҳои ИДМ дар корхонаву саҳроҳо нишонгари онаст, ки аҳамияти нишаст поёнтар аз он буд, ки сарони кишварҳо бо ҳамин баҳона, лаҳзае дами беғам зананд.

 

Чун медонистам, ки дар ин “театри сиёсӣ” наздик ба 30 сол ним зиёди “раққосаҳояш” дигар нашудаасту чеҳраи раққосаҳо такрорист, ман бештар чизҳоеро меҷустам, ки нав бошанд.

 

Саҳнаву чеҳраҳои такрорӣ, ҳатто ҳарфҳои такрорӣ кайҳост дилбеҳузур кардаанд.

Воқеан ҳам дар ин нишаст бештар аз ҳама шахсоне “гапҳои” нав гуфтанду корҳои нави оригиналӣ анҷом доданд, ки худ  шахсҳои нав дар ин доира буданд.

 

Дар ин нишаст, аввалин бор ҳамчун роҳбари як кишвар Никол Пашинян, сарвазири Арманистон иштирок мекард.  Тарзи рафтор, гуфтор, муносибат ва муколамаҳояш бисёр сода, оддӣ ва хоксорона буданд.

 

Пашинян ягона сарвари кишваре байни давлатҳои ИДМ, аз кишварҳои дар ин нишаст иштироккардае буд, ки баъди итмоми он ба таври мустақим, тариқи шабакаи иҷтимоъии фейсбук, аз саҳифаи шахсияш ба мардум гузориши видеоӣ дод. Дар гузоришаш ба мардум чанд чизҳоеро гуфт, ки дар ягон расона гуфта нашуд.

 

Пашинян гуфт, ки нишаст иборат аз ду қисм буд. Қисми якум дар ҳузури васоити ахбори умум ба таври кушода ва қисми дуюм пушти дарҳои баста, танҳо бо иштироки сарони давлатҳои ИДМ шуда гузашт, ки фазои гуфтушуниди ин ду нишаст аз ҳам тафовути зиёде доштанд.

 

“Нишасте, ки ба таври кушода, дар ҳузури ВАО сурат гирифту дар расонаҳо нишон дода шуд, тавре гузашт, ки гӯё ҳама  аз фаъолият ва муносибатҳо розӣ ҳастанд. Ҳама корҳо хуб асту фаолиятҳои анҷомдодашуда қобили таҳсин аст. Аммо, қисмати дуюми нишаст, ки пушти дарҳои баста сурат  гирифт, маро дар ҳолати шок қарор дод. Баҳсҳои тунду мухолифатҳои лафзӣ ба миён омаданд, ки тарзи гуфтору мубоҳисаҳои сарони давлатҳо ба куллӣ аз нишасти кушод фарқ мекард”. – гуфт Пашинян дар гузориши фейсбукияш.

П.Э

Аз худи ҳамин нишаст, шахсан аз фаолиятҳои худ мустақиман ба мардум гузориш додани Пашинян тавассути шабакаҳои  иҷтимоъӣ дар дигар роҳбарони кишварҳои ИДМ дида намешавад. Ҳатто ин иқдомаш дар тамоми ҷаҳон нодир аст. Аҷибаш ҳам инҷост, ки расонаҳои давлатии Арманистон ва ҳатто сухангӯи сарвазир аз аксарияти гуфтаҳои роҳбари кишварашон баробари мардум бохабар мешаванд. Ба ҳадди лозимӣ ба таври шаффоф ба мардум аз фаолияти худ гузориш медиҳад.  Лаҳзаҳои дар Душанбе буданаш дар саҳифаи фейсбукияш аз ҳар вохӯрӣ ва сӯҳбатҳояш бо сарони давлатҳои ИДМ шахсан бо таври мустақим гузориш дод. Дар бораи мулоқоташ дар Душанбе бо Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон навишт, ки аз натиҷаи мулоқот баъди бозгашташ ба Ереван ҳатман гузориши муфассал хоҳад дод.

 

“Як мулоқот байни ман ва президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Баъд аз бозгашт ба Ереван, ба шумо дар ин бора ҳатман иттилооте хоҳам дод”.-  навиштааст Пашинян бо муроҷиат ба мардум дар саҳифаи фейсбукии худ.

 

пашинянҚобили қайд аст, ки Никол Пашинян ба нишасти сарони давлатҳои ИДМ ба Душанбе аз Ню-йорк омад. Ӯ ба Ню-йорк барои ширкат дар Нишасти Ассамблеяи Генералии СММ рафта буд. Месазад, ки ҳар як шахси озодидӯст суханронии ӯро дар ин нишаст дарёфта ва гуш кунад, ки аз фоида холӣ нест. Аммо ин баҳси дигар аст. Ҳини бозгашт аз Ню-йорк Пашинян бо ҳавопаймои “Эконом-класс” то Париж парвоз кардааст.

Ин амали ӯ ба диктаторҳои аз мардумгурез ҳатто қобили тасаввур нест. Хусусан, диктаторе мисли Эмомалӣ Абдураҳмон на фақат ба сафари наздиктарин кишвар як ҳавопайморо банд мекунаду барои худ як экипаж муҳофиз мебарад, балки дар дохили худи Тоҷикистони  “тинҷу амону осоишта” ҳангоми сафари заминӣ ба ноҳияе ҳатто тамоми зироати норасидаи қади роҳро ба хотири таъмини амнияташ маҷбур ба даравидан мекунад.

 

Пашинян, ки дар натиҷаи инқилоби мардумӣ ва дар охир интихоботи шаффоф ба қудрат расидааст, дар нишасти сарони давлатҳои ИДМ ба карру фарри диктаторҳои узви ИДМ ҳамвора бо табассуми ба худ хос наззора мекард. Аксари вақт дар роҳравҳо ноаён буд. Ҳеҷ риёеву худнамоие дар рафторҳояш дида намешуд.

 

 

Ҳатто симои Пашинян аз мустақилияти уву истеъморзада набуданаш дарак медод. Дар ҳоле, ки сарони кишварҳои мусалмоннишин ба тамоми вуҷуду ҳастияшон кӯшиш мекунанд,  то дар  симои худу мардумашон нишоне аз ислом набошад, Пашиняни насронӣ алорағми ин истеъморзадагон бо риши зебои худ, байни онҳо мисли аз дигар сайёра афтодаро мемонд.

 

Чун ишора ба дин шуд, як чиз ҳамин ҷо ногуфта намонад, ки  60% кишварҳои узви ИДМ, кишварҳои мусалмоннишин ҳастанд ва президентҳои ин кишварҳо низ даъвои мусалмонӣ доранд. Аммо бо як овоз, бо тамоми қуввату қудрат ҳамеша зидди Ислом мубориза мебаранд ва бақои курсии хешро низ дар ҳамин саркубии диндорон медонанд. Маҳз агар хотири курсӣ намебуд, инҳо метавонистанд то андозае иззату каромати инсонии мусалмонон ва шаъну шарафи онҳоро дар чунин ҷаласаҳо баррасӣ ва муҳофизат кунанд.

 

Ҳирси чоҳу мансаб чунон чашми ин диктаторҳоро кур кардааст, ки ба ҷуз худашон барояшон ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад. Дину имон, миллату забон, марзу бум ин ҳама гарави бақои худкомагон дар курсӣ аст.

 

Аммо, Пашинян бошад,  маҳз бо дастгирии мардумаш барои аз байн бурдани ин худкомагиҳо ва сарнагунии фасодкорон ба сари қудрат омадааст. Ин аст, ки на фақат арманиҳо, балки тамоми озодидӯстону адолатпарастони рӯи замин имрӯзҳо Пашинянро ҳамчун инқилобгари бидуни силоҳ, роҳбари мардумии огоҳ аз хоставу ормони худ медонанд. Агар муҳаббати курсиву мансаб Пашинянро “вайрон” накунад, воқеъан улгуи беҳтарин аст. Дуо мекунем, ки Худованд ба мо низ ҳамчун президент ҷавоне шуҷоъу баномус ва мардумӣ  насиб гардонад.

 

Чеҳраи дигари нисбатан нав дар Нишасти сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев буд.  Шавкат Мирзиёев, ки баъди салтанати диктатории Ислом Каримов ва марги ӯ ба қудрат расид, хусусан ду соли охир ислоҳотҳое дар кишвараш ба миён овард, ки ҳамагӣ се сол пеш тасаввурашро надоштем.

 

Шавкат Мирзиёев дар ин сафараш аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан кард. Ҳатто ба ду деҳқони пешқадами Тоҷикистон мошини сабукрав ҳадя намуд. Ин амали Мирзиёев чанд ишорае ба ҳамтои тоҷикияш метавонад ҳамчун як паём ибрати дарсомӯз бошад.

моиш

Эмомалӣ Абдураҳмон, ки тамоми умраш ба деҳқон як дирам кӯмак накардааст, барояш бояд ин дарси ибрат бошад. Дар Тоҷикистон асосан деҳқон аз тарафи ҳукумат ягон ғамхорие намебинад. Баръакс, ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша, хуни деҳқон мемакад. Бар ивази ин созмонҳои ғайридавлатие, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ грант ва барномаҳои сармоягузорӣ доштанд, бо ҳар баҳона онҳоро ҳукумати Тоҷикистон аз байн бурд. Ҳатто бонкҳои тоҷикӣ барои дастгирии деҳқон барномаи назаррасе надоранд. Аксари бонкҳо ба хотири бо нархи пасттарин аз худ кардани ҳосили деҳқонон, дар аввали баҳор бо фоизҳои баланд ба деҳқонони тоҷик, “кӯмак” мекунанд. Дар вақти ҳосил аксари деҳқонон маблағи аз ҳосил ба даст овардаи худро бо ду дасти адаб ба қарзҳои худ медиҳанду зимистонро бо чи як азобе пушти сар карда, боз интизори барномаҳо ва аксияҳои нави ширкатҳои қарзӣ мешаванд.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Ӯзбекистон ҳамасола, барои дастгирии соҳаи кишварзӣ ва соҳибкории хурду миёна, садҳо миллон доллар ҷудо мекунад. Ҳатто ёдатон бошад, ба соҳибкорони тоҷике, ки ба хариду фурӯши молу колоҳои узбекӣ машғул мешаванд, қарзи имтиёзнок ҷудо карда буд.

 

Пеш аз ҳама туҳфаи мошини сабукрав ба деҳқонони пешқадами тоҷик аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, як шаппотии обдор ба рӯи Эмомалӣ Абдураҳмон буд. Минбаъд, бояд ба ӯ ин рафтори ҳамтои ӯзбекаш ибрати фаромӯшнашаванда бошад. Агар заррае нангу номус дар Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд дошта бошад, минбаъд ба ҷои макидани хуни деҳқон, ақалан дастгирӣ карда натавонад, мошин тӯҳфа карда натавонад ва ҳатто як досу каланд дода натавонад ҳам, аз талаву тороҷи ин қишри осебпазири ҷомеъа даст бикашад.

 

Барои Эмомалӣ Абдураҳмон, ки ғасби моликият ва сарватҳои миллӣ кори рӯзмарра шудааст, метавонад ин амали Мирзиёев намунаи хуби давлатдорӣ ва роҳбари мардумӣ шудан бошад.

 

Чун чашму ҳушу гуш ва диққати роҳбари Тоҷикистон фаротар аз як маҳалу як авлод нест, ин амали роҳбари кишвари Ӯзбекистон як тенбеҳест, то ҳамтои тоҷикаш аз хобу нози подабонӣ ва тасаввуроти роҳбари як совхоз будан бедор шуда, худро ҳамчун як президент ва ё роҳбар ва масъули як кишвари 9 миллион нафара эҳсос кунад.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article