Фестивали “шикамченкунӣ” бо иштироки Эмомалӣ дар Хуҷанд

Ислоҳ нет

Баъди ифтитоҳи гимназияи рақами 1 шаҳри Хуҷанд, Эмомалӣ Абдураҳмон фармон додааст, ки дурбинҳои сабти наворро хомӯш кунанд. Бидуни сабт ва ба наворгирӣ бо фаъолони вилояти Суғд сӯҳбати хоса анҷом додааст.

 

Дар ин бора, ба мо як манбаъи муътамаде, ки худи ӯ дар ин нишаст ширкат дошт, навишта гуфт, ки  хабар бидуни овардани номаш нашр шавад.

 

Эмомалӣ Абдураҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни сӯҳбаташ вазири тандурустиро аз ҷояш хезонда, нисбати зиёд шудани теъдоди нафарони шикамкалон изҳори таассуф намуда, таъкид кардааст, ки бояд пеши роҳи ин бемориро гирифт. Ӯ гуфтааст:

 

“Оё медонӣ ки дар Тоҷикистон як бемории нав пайдо шудааст. Ин фарбеҳӣ! Ба наздикӣ аз сафари Япония баргаштам, дидам, ки ба як вазири ман се вазири Япония рост меояд”.

 

Дар идомаи сӯҳбаташ президент Эмомалӣ аз ҳайф шудани вақти зиёд  ҳангоми ба танаффуси хуроки нисфирӯзӣ рафтани кормандони давлатӣ низ мутассиф шудааст.

 

“Ман хеле дунёро гаштам ва дар ягон кишвари дунё одати махсус хурдани хӯроки нисфирӯзӣ (обед) нест.  Ҳама ба ҷои кор ҳамроҳаш ягон хӯроки сабукро оварда, коркунон мехурад. Дар мо бошад, саҳар ба кор меоем, аввал дар фикри он мешавем, ки имрӯз дар куҷо обед мекунем. Дар Япония камтар моҳии хомро мехуранд, ки ба ду се руз иштиҳоро мебандад ва ҷопониҳо ба ҷои сарф кардани вақти худ барои хуроки нисфирӯзӣ,  вақти худро ба ягон кори фоидаовар сарф мекунанд. Мо миллати пурхур, фарбеҳ ва тамбал мебошем”. – гуфтааст президент Эмомалӣ.

 

Манбаъ нақл мекунад, ки ҳангоми садо додани ин суханони президент Эмомалӣ, раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар паҳлӯи президент нишаста будааст.

Раҷаббой Аҳммадзода, ки аз калонии шикам  тугмаи костюмаш бо зурӣ гузаронида шуда будааст, чанд бор ба шиками худ ва шиками президент назар кардааст.

 

“Шояд раиси вилоят шикамҳоро муқоиса мекард, ки аз они раиси вилоят калонтар аст ё шиками президент. Шиками президент, ки се баробари шиками зердасташ буд, дар муқоиса фикр мекунам, дили Раҷаббой таскин ёфт ”. – мегӯяд манбаъ.

 

Тасаввури ин ҳодиса як ҳаҷвияеро мемонад. Ингуна суханҳо далолат бар он мекунад, ки президент Эмомалӣ бар онаст, ки барояш ҳама чизу ҳама кор мумкин ва ӯ дар ҷомеъаи тоҷикӣ шахси истисноист. Бубинед, агар худашро шахси истисноӣ надонад, дар Тоҷикистон, аз даҳ нафари  шикамкалонтаринҳо шояд якеаш худи ҳамин президент Эмомалӣ бошад. Вагарна бо бағбағаҳои овезону шиками тағора, бидуни истиҳолае гап задан магар осон аст? Барои ин ҳатман ё беҳад беҳаё шудан даркор аст, ё ин ки тентак ва ё худро шахси истисноӣ шинохтан лозим аст.

Мардуми тоҷик аҷаб президенте дорем, ки на худаш, на гапаш ,на кирдору рафтораш ба ҳеҷ қолаб намеғунҷад.

Ин ки Тоҷикистонро бо Япония муқоиса ва ё баробар карданаш магар аблаҳӣ нест? Оё мо мисли Япония мардумро бо ҷои кор таъмин кардаем? Оё мо мисли ҷопониҳо мутахассисе дорем, ки дар сатҳи ҷаҳон ҳамарӯза навоварие ихтироъ кунанд?

 

Вақте дар бораи фарбеҳ шудани шаҳрвандони кишвар ҳарф мезанӣ, кай бори охир ба ойина нигоҳ карда будӣ? Оё худат фарбеҳ нестӣ? Ин фарбеҳӣ аз чи ва аз куҷо? Як ба акси соли 1992-и худат нигоҳ кун ва хулоса барор, ки фарбеҳ шудаӣ ё хароб?  

 

Чизи дигар фарбеҳшавии мардуми камбағал аз фарбеҳии шумобаринҳо фарқ мекунад.

Аз руи илми тиб якумин омили фарбеҳшавии қишри камбағали ҷомеъа, ин истеъмоли хуроки носолим ва беғизо мебошад. Яъне, мардуми тоҷик шиками худро хоҳ бо кунҷора, хоҳ бо нон пур мекунанд, фарбе мешаванд,  чун ки ғизои солимро истеъмол намекунанд. Гуфти русҳо “полнота из за не правильной питании”.


Хонандаи Ислоҳ илова кардааст, ки дар асри 21 агар кишварҳои тараққикарда ба кайҳону Моҳу Миррих роҳ кушодаанд, дар мо бошад, имрӯз президент дар фестивали оши палов, асал, шириниҳо, помидору бодирингу каду иштирок карда, байни ошпазҳо шикам чаронида мегардад.

 

“Ин  Ошпазҳову хоҷагидорон ва атласпӯшон, ки  дар васфи кордониву беҳамтоии президент ва серию пурии Тоҷикистон суруд хонданд, харбузаашон аз Ӯзбекистон, помидор аз Қирғизистон ва асалҳояшон аз замбурҳои ноҳияи лайлаки Қирғизистон буд. Ҳатто ҳамон духтароне, ба тан куртаи атласу адрас ба бар карда, ба пешвози президент баромаданд, матои либосворияшон истеҳсоли Ӯзбекистон буд. Аз ин мебарояд, пирамидаҳои кадуву, харбузаву тарбуз ва ғайра гумон намекунам, ки ҳамааш истеҳсоли боғу токзорҳои Тоҷикистон бошад”. – менависад манбаъ.

 

Ӯ афзудааст: “Фестивали атласу адрасро бинед. Атласи Ӯзбекистонро ҳамчун моли Тоҷикистон муаррифӣ карда, духтарҳои ҷавонро рангу бор намуда ба президент пешниҳод карданд. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки суруди миллии Тоҷикистонро ҳам тағйир дода хонданд.

 

Пешвои арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

 

“Пешво”-яшон  аз хурсандӣ аз ҷой хеста, ба синааш мезад. Дар охир, вақте, ки ба ӯ гулдаста туҳфа карданд, аз хурсандиаш гуфт, ки духтарони атласпуши Суғд аз ин гулдаста зеботаранд ва чи лозим аст ҳиҷоб пӯшанд, ки фарҳанги бегона мебошад”.

 

Ранг бину ҳол пурс гуфтаанд. Бо ҳамин аҳвол, бо ҳамингуна худро дар маҳзари хосу ом шармандакуниҳо дорем куҷо меравем? Магар ҳамин аблаҳиҳои президент Эмомалӣ сазовори танқид нестанд?. Магар шахсе ба ин аблаҳиҳо розӣ набошад, терористу экстремист аст? Дил месӯзаду ҷигар кабоб мешавад, вале ҳайҳот…

 

Share This Article