Ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво юлларӣ” – и Ӯзбекистон барои мизоҷонаш эълон кардаст, ки аз шаҳрҳои ин кишвар ба шаҳри Маскави Русия метавонанд бо маблағи 100 евро ба як самт ва 175 евро рафтуомад билет харидорӣ кунанд.
Дар ин бора Хабаргузории Podrobno.uz бо истинод аз дафтари матбуотии Ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво юлларӣ” иттилоъ додааст.
“Аз 29 ноябри соли 2018 то 15-уми январи соли 2019 арзиши парвоз аз шаҳрҳои Ӯзбекистон, то Маскав ба як самт 100 евро ва 175 евро барои рафтуомад хоҳад буд”.- омадааст дар хабар.
Хотиррасон мекунем, ки 100 евро баробари тақрибан 1080 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки парвоз аз Душанбе ба Маскав 1800 то 2000 сомонӣ ва аз Хуҷанд ба Маскав низ тақрибан нарх ҳамин аст.
Гаронии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя тули чанд сол аст, ки мавриди баҳсу мунозираҳо қарор мегирад. Аммо то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Ахиран эълон шуд, ки нархи хидматрасонии фурудгоҳҳои Тоҷикистон то 30 дар сад поин оварда мешавад. Поин овардани нархи хидматрасонии фурӯдгоҳҳоро низ ба ”боз шудани роҳҳо ба тарафи Ӯзбекистон ва фароҳам омадани имконияти парвоз тариқи ширкати ҳавопаймоии ин кишвар” дониста шудааст. Бо вуҷуди эълони поин овардани нархи хидматрасонии фурӯдгоҳҳо дар Тоҷикистон арзон шудани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ дар ин кишвар эҳсос нашудааст.
Ба ҳар ҳол дониста мешавад, кушода шудани сарҳад байни кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, рақобати иқтисодии ин ду кишварро тезонидааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба сабаби кушодашавии сарҳадҳои Ӯзбекистон кам шудани мизоҷонашонро пинҳон намедоранд ва мегӯянд, бинобар арзон будани нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Русия ва ҳатто Туркия, шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз аз ин кишварро авло медонанд.
Коршиносони ин соҳа гаронии нархи билетҳои ҳавопаймоии ширкатҳои тоҷикӣ нисбат ба кишварҳои ҳамсояро ба адами рақобати дохилӣ ва инҳисори ин намуди тиҷорат аз ҷониби пайвандони сарҳукуматдори Тоҷикистон рабт медиҳанд.