Дар гузашта аз ончӣ метарсидед,мунтазираш бошед!

Ислоҳ нет

 

Чанд рӯз аст, ки ба аксари торнамоҳои марбут ба ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон вақте ворид мешавам ҳатман дида мешавад, ки нисбати эълом аз тазоҳурот дар Берлин чизе навишта шудааст. Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук бошад, чанд ҷамъиятҳои фейкӣ ҳам гӯё аз чанд гушаву канори олам нисбати баргузории тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо дар Берлин изҳорот додаанд. Як “ҷамъият” аз Туркияву яке аз Миср, вале матн фақат сарлавҳааш дигару халос. Аниқ аст, ки муаллифи ин изҳоротҳои “аз гушаву канори олам паҳншудаистода”, таки танҳо як нафар аст ва шоистаи тавзеҳу шарҳ ҳам нест. Аммо мехоҳам чизи дигареро инҷо изҳор намоям.

 

Ҳарчанд ҳама матлабҳо якхелаанду алайҳи мубтакирони  тазоҳурот дар Берлин, ки санаи 10.12.2018 баргузор шуданист, навишта шудаанд, мазмун ва муҳтавои он чанд чизро бароямон рӯшан мекунад:

 

1. Пеш аз ҳама дониста мешавад, ки ҳукумат аз тазоҳуроту таҷаммӯъи мардум сахт метарсад. Аз як ҷониб тарси ҳукумат аз таҷаммӯъи мардум баҷост. Чун дар ҳама гӯшаву канори олам дида истодаем, ҳар ҷо ки мардум бедор шуду сар бардошт, онҷо режими диктаторӣ нафастанг мешаваду билохира аз байн меравад ва ба ҷои он ҳукумати мардумӣ меояд. Ба ин  инқилоби рангаи Арманистон ва ба сари ҳукумат омадани рӯзноманигори бедиплом, Никол Пашинян метавонад мисол бошад.

 

2. Барои пешгирӣ аз таҷаммӯъи мардум ҳоло ҳам ҳукумат бо ҳамон наҳваи қадима сиёсат пеш бурда истодааст. Мардумро аз ҷангу хунрезӣ метарсонад. Ҳама ҷо фейкҳои ҳукуматӣ сару садо доранд, ки гӯё “мардум тазоҳурот кунанд, хунрезӣ мешаваду ҷангу ҷидол сар мезанад”. Дар тазоҳуроти осоишта, ки мардум танҳо барои гуфтани ҳарфи худ мебароянд ва ҳаққи худро талаб мекунанд, агар ҳукумат мардумӣ бошаду амнияти онҳоро таъмин кунад, чигуна хунрезӣ мешавад?

Хунрезӣ ҳамон замон мешавад, ки ҳукумат мардумӣ набошад ва алайҳи мардуми ҳақталаби ба майдонрехта тир кушояд.

Пас ҳаргоҳ, ки аз ҷониби ҳукумат хитобҳои “тазоҳуроту митинг карда боз ҷанг мехоҳед, боз мехоҳед хунрезӣ шавад, боз ҳамон солҳои навадумро мехоҳед” садо медиҳанд, маълум мешавад, ки ҳукумат мардумро дар ҳолати тарс нигоҳ доштан мехоҳад. Яъне, ҳаргоҳ, ки алайҳи режим садо баланд кардед, хунатон рехта мешавад! Магар ҳамингуна сиёсат, созгор ба низоми демократист? Ҳаргиз не!

Ин ҳарфи бандиту террористҳост. Аммо, мутаассифона аз ҷониби ҳукумати бо ном ҳуқуқбунёд ва демократӣ ин таҳдидҳо садо медиҳанд.

 

3. Чанде пеш дар Дортмунди Олмон муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо як Нишаст баргузор намуданд. Пеш аз баргузории ин Нишаст, вақте дар шабакаҳои иҷтимоъӣ эълон шуд, дарҳол ҳукумат таҳдидномае нашр намуд, ки дар он гуфта мешуд, ҳар ки дар ин Нишаст иштирок кунад, ӯ аз се то панҷ сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Аммо, бо вуҷуди ин таҳдид зиёда аз сесад нафар ширкат карданд ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.

 

Ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд. Ин дафъа тавассути бо ном коршиноси сиёсӣ, Баҳодур Саидов таҳдид мекунад, ҳар кӣ дар тазоҳурот ширкат мекунад, террор мешавад. Диққат кунед ба ин сухани Баҳодур Саидов: “Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд…”

Яъне ошкоро таҳдид карда истодааст,  ҳар ҷо ки садо баланд кардед, қазияи Умаралӣ Қувватов ба сари шумо низ меояд ва бо гунаҳкор кардани ҳукумат чизе аз дастатон намеояд. Ин ҳам дар Олмон, дар Аврупо. Ин амали нангин садҳо балое ба саратон хоҳад овард, ки вовайло… Чизи дигар касоне, ки барои ширкат дар тазоҳурот омодагӣ дида истодаанд, кайҳо ҳукумати Тоҷикистон бо зулму истибдодаш аз ҷонашон сер кардааст. Барои ширкаткунандагон, ки то имрӯз 230 нафар то онҷое, ки иттилоъ дорем омодагии худро изҳор намудаанд, гуфти русҳо “ничего терять”.

 

4. Тавассути чанд расонаи нимаҳукуматӣ эълон шуд, ки алайҳи тазоҳуроте, ки назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор мешавад, ҷавобан дар Душанбе, назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон низ наздик ба 500 нафар “ошӯб” барпо хоҳанд кард. ОШӮБ?

Магар боре шунидаед, ки дар ягон кунҷи дунё мардум бо пуштибонӣ аз ҳукумати золим ва он ҳам бо сарварии модаре, ки фарзандашро ҳамин ҳукумат ба ҳабси абад маҳкум кардааст, алайҳи озодихоҳон ОШӮБ кунанд? Хеле хандаовар аст.

 

Ёдам ҳаст вақте Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ писари калонии Саидумар Ҳусайнӣ, ки дар чанд пикетҳои хориҷ аз кишвар ширкат карда буд, аз ҷониби ҳукумат тамос гирифта, гуфта буданд, ки зидди ҳукумат баромадкуниро бас кунад, то вазъияти падараш аз ин ҳам бадтар нашавад. Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ ба ин бовар буд, ки бо ҳукумат созиш кунад, падараш озод мешавад. Вале бо вуҷуди он ки мақомоти додситонӣ ва судӣ ягон ҷурми падарашро натавонистанд собит кунанд, бо тӯҳмату бӯҳтон ӯро ба ҳабси абад маҳкум карданд.  Дар ин байн фиреб хурдани Муҳаммадиқбол ба дилаш захми калон эҷод карду тамом. Дигар ҳеҷ чиз,созиш бо ин ҳукумат ҷуз фиребхурдан ва худро фиреб додан чизи дигаре нест.Ҳеҷ касе,то имрӯз ёфт намешавад,ки аз созиш бо ҳукумат фоида карда бошад.Алҳамдулиллоҳ бародар Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ бо нерӯ ва энержӣ вориди майдон ва корзор асту муборизаро бар алайҳи золимон идома дода истодааст.Бо ин сухан гуфтанӣ ҳастам,ки барои раҳоии зиндониёнатон созиш бо ин золимон иштибоҳ ва аблаҳист.

 

Акнун як кампири бечора, Шодмонова Гулчеҳра, модари ДОИШӣ- Ҳусейн Абдусамадов, ки худаш ба гуноҳаш иқрор шудааст, аз кори кардааш пушаймон ҳам несту ба ҳабси абад маҳкум гардидааст, модари бечораашро бовар кунонидаанд, ки ҳатман зидди мухолифин гап занад, ба фарзандаш “сабукӣ” медиҳанд. Ва ё ҳеҷ не дар дохили зиндон латту куб намешавад. Мақомоти Тоҷикистон медонад, ки модари бечора ба хотири фарзандаш ба ҳама чиз омода аст.  То ин ҳад бо эҳсоси модари бечора бозӣ кардан магар ваҳшигарӣ нест? Пушти домони кампирон пинҳон шудан магар ҷавонмардист? Шояд то ҷое ин мазҳака ба мақсади ҳукумат наздик бошад, аммо, аз ин шакл сиёсатронӣ ҳар касе дар бадан қатрае намӣ дорад, бояд шарм кунад.

 

5. Ҳама тазоҳуротҳое, ки дар олам роҳандозӣ мегарданд, мубтакир ё ташаббускороне доранд. Тазоҳуротро ба хотири норизоият барои чизе, ҳодисае, қонуне, ки  алайҳи мардум аст, дастаҷамъона бо ҳамсадоӣ эътироз мекунанд ва аз амалӣ шудани низомҳои зиддимардумӣ пешгирӣ менамоянд. Аммо Стратегҳои ҳукумат магар ҳаминқадар тавони таҳлили ин” Ошуб”-еки мехоҳанд дар назди сафорати Олмон роҳандозӣ кунанд. Ҳангомеки ташабускори онро пурсанд чӣ мегӯянд? Модари як ДОИШ-иеки писараш бо иртикоби қатли дучархасаворони хориҷӣ ба ҳукми абад маҳкум сурат мегирад. Савол дар зеҳни ҳар шахс хутур мекунад,ки оё ин модар мехоҳад бар зиди ҳукми додгоҳи олӣ ин корро анҷом бидиҳад? Пас чаро назди сафорати Олмон ин таҷаммуъро анҷом медиҳад? Бояд назди Додгоҳи олии кишвар ё қасри пешво ин корро кунад. Наход инқадар бесавод  бошед ҳой стратегҳои кишвар!

 

Ҳаминҷо як чизи дигар ҳам ногуфта намонад. Бояд ҳамагон, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ниҳоят аз хоби ғафлат бедор шаванду бо чашми ақл ба гирду атроф назар кунанд. Ин ҳукумату ҳукуматдори рақами яки кишвар, ки тули 26 сол аст, ки ҳамасола хун мерезаду хун меошомад, беҷурму гуноҳ ҳабс мекунаду мардумро сар ба гурез мекунад, қисми дигарро муҳоҷир мекунаду мусофиру беватан. Ва ниҳоят кай ин сарҳукуматдори мо ба ваъдаи худаш вафо кард, ки акнун шумо биёед аз ин золим пуштибонӣ кунед?

 

Дар охир бояд бигӯям, акнун, пас аз ин омода бошед, миллат дигар бедор шуда истодаасту ба ин бедоршавии онҳо худатон кумак доред кумак мекунед.

Аз ин роҳатон нагардед, ҳар рӯз ОШӮБ кунед, 500 кас кам аст 50 ҳазору 100 ҳазорро ба майдон бароред. Шумо метавонед. Таҷрибаатон дар ин ҷода калон аст.

“ОШӮБ кунед, то шаҳрвандон бубинанду аз он омӯзанд, ки чӣ гӯна онро бояд анҷом диҳанд. Ва  аз вуқуи он чи тули ин солҳо метарсиданд, онро дар ояндаи наздик дар пойтахти кишвар мунтазир бошед!  Он замон дигар пои Наҳзату мухолифинро накашед, муаллими ОШӮБҳо худатон!!! Намурем, мебинем!!!

 

 

Share This Article