Тибқи маълумоте, ки ба мо расид аллакай анбӯҳи зиёди муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин вамъ омадаанд.
Тибқи манбаъ ширкаткунандагон бо чанд забон қатъномае қабул намуда, дар тазоҳурот қироат ва баъдан ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон ин қатънома супорида хоҳад шуд.
Маҳмудҷони Файзраҳмон, фаъоли сиёсӣ дар саҳифаи фейсбукии худ қайд намуд, ки дар ин тазоҳурот аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда хоҳад шуд, ки зиндониёни сиёсиро озод намуда, ба тазйиқу фишори мухолифони сиёсӣ ва пайвандони нон хотима бахшад.
Ҳамчунин дар ин тазоҳурот талаб карда хоҳад шуд, ки тибқи дархости СММ бояд Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров бидуни чуну чаро аз зиндон озод карда шаванд.