Мехоҳам мақоларо бо пурсише ҳусни ибтидо бахшам. Пурсиши ман танҳо ба хоҳароне ироа мегардад, ки имрӯз зеҳни онҳоро як савол хеле банд кардааст, ки пайваста аз занони боҳиҷоб мепурсанд: -Чаро ҳиҷоб мепӯшед? Пеш аз он ки хоҳарони ҳиҷобпӯш посух бигӯянд, худи саволдиҳандагон ба ҳуҷум дарафтода мегӯянд: – Ин моли бегона аст, ин аз мо нест, аслан ҳиҷоб вуҷуд надошт…
Саволи ман имрӯз, хосатан, ба ҳамон заноне, ки хоҳарони босатрро азият медиҳанд, пешниҳод гардидааст:
Хоҳарам, лутфан бигӯ, ки чаро либос мепӯшӣ? Чаро комилан урён намегардӣ? Чӣ туро водор кардааст, ки баъзе аз қисми баданатро бипӯшонӣ, дар ҳоле, ки аз модар урён таваллуд шудаӣ? Бигзор ба монанди аввалин рӯзи таваллудат бараҳна бош.
Хоҳарони азиз, ба ин савол бо як овоз ҷавоб хоҳед дод, ки намехоҳед, узвҳои ниҳонии худро ба намоиш гузоред. Мехоҳед ҷисматонро аз гармиву сардӣ ва ҳам нигоҳи мардум ҳифз кунед.
Бо ин ҷавобатон магар тарафдори пӯшиш нестед?
Вақте мепурсем, ки ба фармони кӣ чунин кардед, шояд аксари шумо бигӯед, ки ақламон ба мо чунин дастурро додааст.
Дар ин сурат фарқи шумо аз занони боҳиҷоб як чиз аст. Шумо бо дастури ақлатон либос мепӯшед ва онҳо ба дастури Худояшон. Барои шумо дастури ақл муқаддас аст, барои онҳо дастури Аллоҳ, ки бахшандаи ақл аст, азизу муқаддас аст.
Ҳамчуноне ки шумо дар тарзи либоспӯшӣ соҳибихтиёр будан мехоҳед ва намеписандед, ки касе ин ҳаққи ихтиёрро аз шумо салб кунад, пас ҳамзамон онҳо низ мехоҳанд озод бошанд. Касе ҳақ надорад ба хоҳари мусалмон бигӯяд, ки чӣ бипӯшад ва чӣ напӯшад ва чӣ зоҳире дошта бошад, ҷуз Худованди олимақом.
Ҳамчуноне ки шумо мехоҳед шимҳои танг ва либосҳое, ки бо мӯди ғарбиёна дӯхта шудаанд, бипӯшед, то шакли баданатро бештар намоён созед, то дилҳоро бубаред, онҳо низ мисли шумо ҳунари ороиш кардан ва либоси зебо пӯшиданро доранд, балки онҳо хубтар медонанд, ки чӣ пӯшанд, дар куҷо пӯшанд ва барои кӣ пӯшанд.
Ҳамсари боҳиҷобе барои шавҳар басо ҷолиб ишқашро баён карда мегӯяд:
“Бароят ҳиҷоб ба сар кардаам, то диле аз вуҷудам ба тапиш наояд, то ҷуз ту дили касеро набарам. Шояд ин таърифи дӯст доштан бошад”.
Шумо кафшҳои пошнабаланд мепӯшед, то ҳангоми роҳгардӣ ҷилваҳоятон ҷаззоб бошанд, онҳо хоксорона роҳгардиро нишонаи бандагӣ меҳисобанд.
Шумо ҳар рӯз симову лабонатро пуррангтар мекунед, то аз чеҳраатон мардон лаззат баранд, онҳо мехоҳанд ҷисмашон танҳо аз они худашон бошад.
Шумо бараҳнагиро “озодӣ”-ву “озодандешӣ” мехонед ва нишонаи “бомаданиятӣ” медонед, аммо онҳо бо ин назаратон шуморо ҷонибдори “маданият”-и бегона мешуморанд, ки занро барои навозиши чашми мард, барои баҳрабарии номашрӯи мард мехоҳанд ба шакли хосе дар ҷомеа ҷилва диҳанд. Ин бузургтарин иҳонат ба зан аст. Озодии ҳақиқӣ назди занони боҳиҷоб ин озодии ҷисму рӯҳ аз рағбати ноҷои мардон аст. Беҳиҷобӣ, яъне таҳрики нобаҷо ва нохостаи дигарон ва ин хилофи озодӣ аст. Беҳиҷобӣ монанди шохае аст берун аз ҳисори боғ, ки тамаи ҳар раҳгузареро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамчуноне ки шоире фармуда:
Ҳар шоха, ки аз боғ бурун орад сар,
Дар меваи он тамаъ кунад роҳгузар.
Аз ин рӯ онҳо озодиро дар ҳиҷоб мебинанд. Тилло ҳам озод ва ҳамеша маҳфуз аст. Тиллоро ҳеҷ гоҳ арзон намефурӯшанд.
Ҳифзи истиқлоли зан бошад ҳиҷоб,
Кавкаби иқболи зан бошад ҳиҷоб.
Онҳо шиоре доранд, ки ба ҳиҷоб хитоб карда мегӯянд: “Ман аз он рӯз, ки дар банди туям, озодам”.
Агар бараҳнагӣ озодандешӣ ва маданиятнокӣ аст, пас ҳайвонҳо аз ҳама бомаданияттаранд. Дар миёни онҳо хук маданияти болотар дорад, чунки тани хук ҳатто мӯ надорад, комилан лахт аст.
Бонувони босатр чунон ҳастанд, ки чун ба назди оина барои ороиш мераванд, фарзандонашон аз шодӣ дод зада мегӯянд: -Урааа падарамон меоянд. Аммо шумо чун ороиш мекунед, ҷигарбандонатон хоҳанд пурсид: -Модар куҷо меравед?
Шумо даъво мекунед, ки дилатон пок аст ва покдилиро шарти асосии бандагӣ шинохтаед, аммо ба ақидаи онҳо дили пок дар аъмоли инсон зоҳир мешавад, зеро амалҳо панҷараи дил аст. Аз дили пок ҷуз нигоҳи пок барнамеояд:
Ҳоли мутакаллим аз каломаш пайдост,
Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст.
Оё дил пок бошад, кофӣ аст?
Агар тухми кадӯро бишканед ва мағзашро дар алоҳидагӣ бикоред, оё месабзад? Пӯсташро ҳам бикоред, оё месабзад? Мағзу пӯст бояд бо ҳам бошанд.
Хоҳарам! Он касе, ки туро халқ кардааст, агар фақат дили пок барои наҷоти ту аз дӯзах кофӣ мебуд, мегуфт: «آمنوا» “Имон оварданд”.
Аммо Аллоҳ дар канори «آمنوا» гуфтааст: « وَ عَمِلُوا الصَّالِحات», “ва амалҳои солеҳ намуданд”.
Яъне: «آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحات»: “Имон оварданд ва амалҳои солеҳ намуданд”.
Яъне, ҳам дилат пок бошад ва ҳам корат дуруст бошад.
Магар мешавад покии ҳазорон нигоҳро бидуздию дилат пок бимонад?!
Асолати зани мусалмон иффати ӯст, ки ҳиҷоб муҳимтарин рукни он аст. Ҳиҷоби зоҳирӣ реша дар иффати дарунӣ дорад. Касе, ки мехоҳад пок бошад, зоҳир ва ботинаш бояд ҳамсон гарданд.
-Гули иффат дар бӯстони ҳиҷоб мерӯяд, — гуфтаанд бузургон.
Ҳиҷоб ба занон иффат, ба мардон ғайрат ва ба ҷомеа иззат мебахшад.
Ҳиҷоб василае барои ҳимояи зан аст. Агар ба маънии оятҳое, ки ҳиҷобро воҷиб гардонидааст, бингарем, ба зудӣ дарк хоҳем кард, ки сабаби асосии ин фариза ҳифзи иффату номуси зан аст. Аз ин ҷиҳат ҳатто дар тамоми динҳои осмонӣ пӯшидани сари зан воҷиб мебошад. Мувофиқи дастури Инҷил барои зане, ки мӯи сарашро намепӯшонид, бо тарошидани он мӯй ҷазо дода мешуд. Ба қавли як донишманди масеҳӣ сад сол пеш бузургтарин таҳқир барои як марди рус шунидани таънае буд, ки ҳамсараш рӯсарӣ надорад.
Гурӯҳе даъво доранд, ки ин воҷиби илоҳӣ нишони паст кардани шаъни зан ва иҳонат нисбати ӯст. Пас ба худ ҳатмӣ медонам, ки барои радди ин андешаи нодуруст чанд нуктаро дар сатрҳои зерин тақдим кунам.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шароити кунунӣ яке аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад, аз рӯи омор бештарин таҷовуз низ ба номуси духтарон дар ин кишвар сурат гирифтааст. Амрико дар ин мушкилот нокомтарин давлат ба ҳисоб меравад. Дар соли 1990 дар ин кишвар ба ҳар як рӯз 1785 ҳолати таҷовуз ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи омори Вазорати адлияи Амрико дар соли 1996 ба ҳар як рӯз 2713 ҳолати таҷовуз ба мушоҳида мерасад. Агар ин ададро ба гунаи дигар баён кунем, дар ҳар 32 сония як духтари амрикоӣ таҷовуз мешавад.
Ин маълумот исбот месозад, ки амрикоиҳо сол ба сол нисбати чунин хиёнаткорӣ боҷуръаттар мешаванд.
Аз бими ин падида ҷавондухтарон дар Нюёрк шабонгоҳ бо хавф роҳ мегарданд.
Ҳатто гоҳо рӯзи равшан духтарон мавриди таҷовуз қарор мегиранд, вале касе ба дифои онҳо намешитобад, ҳатто чун баъзеҳо аз наздашон мегузаранд, ба ҷои дифоъ баҳона оварда мегӯянд: -Шояд ӯ лаззат бурда истодааст.
Ҳоло эҳсосоти хоҳари ҳиҷобпӯшро бихонед ва хулоса бароред, ки сирри ин ҳама гирифторӣ ба таҷовузи номус дар чӣ будааст:
“Намедонед чӣ қадар лаззатбахш аст вақте ки вориди мағозае мешавам ва мепурсам: -Ако нархи инҳо чанд аст? Фурӯшанда ҷавобамро намедиҳад. Дубора мепурсам: -Ако лутфан нархи инҳо чанд аст? Фурӯшанда маҳви мӯйҳои зани дигаре аст ва ёдаш парешон аст, аслан маро намебинад. Боз ҳам суолам беҷавоб мемонад ва ман хушҳолона аз мағоза берун меоям…Хушҳол аз онам, ки мавриди нигоҳҳои нопоки ӯ қарор нагирифтаам.
Чӣ лаззате дорад вақте мардҳое, ки ба хиёбон меоянд, то бо чашмчаронӣ лаззат баранд, вале заррае ба сӯи ман назар карда наметавонанд.
Чӣ лаззате дорад вақте мебинам, ки метавонам итоати Худоямро кунам, на ҳавоямро.
Намедонед! Воқеан намедонед чӣ лаззате дорад ин ҳиҷоб.
Худоё! Лаззатам бардавом бод!”.
Дар Фаронса низ шабҳангом духтарон аз тарси гирифтор шудан ба таҷовуз хеле боэҳтиёт роҳ мегарданд. Шоире беҳуда қайд накардааст:
То шаҳвати нафс дар ниҳоди башар аст,
Дар кашфи ҳиҷоб сад ҳазорон хатар аст.
Соли 2005 мақолае дар маҷаллаи Таймз ба нашр расида, исбот карда буд, ки 26 дарсади британиҳо бар он ақидаанд, ки пӯшидани либоси шаҳватангез омили ҷузъӣ ва куллӣ барои таҷовуз ба номуси духтарон аст. Натиҷаи он баҳс чунин буд, ки ҳар қадар пӯшиши зан бештар риоя шавад, ҳамон қадар эҳтироми бештар хоҳад дид.
Бинобар ин, дар адабиёти исломӣ ҳиҷобро “посбони зан”, “чатри амният”, “қалъае дар баробари васвасаҳои шайтонӣ” номидаанд. Назар тире аз тирҳои иблис ва дар муқобилаш ҳиҷоб чун сипар аст. Ҳиҷоб танҳо силоҳе аст, ки ҳар ду шахс ҳам зану ҳам мардро муҳофизат мекунад.
Бузургворе ин матлабро ба гунае баён карда мегӯяд: “Ҳар чи бештар ба шоху барги гул назора мекунем, бештар маҳви зебоияш мешавем. Чун ба гул даст дароз мекунем, то дар ихтиёр гирем, хорҳои он мазаи дардро ба мо хоҳанд чашонд. Пас бояд донем, ки агар ҳимоятгаре барои гул намебуд, чунин ботароват ва зебо намемонд. Ҳамин гуна, ҳиҷоб низ барои зан ҳамчун ҳимоятгаре аст”
Худованди меҳрубон ҳамчуноне ки дар ояти 31-уми сураи Нур ҳиҷобро фарз гардонид, дар худи ҳамин оят дар лафзи “фа ло юъзайна” (то озор набинанд) иллати воҷибияти ҳиҷобро баён доштааст, ки ба сабаби риояти он занон аз ҳуҷуми шаҳватпарастон эмин хоҳанд монд. Инчунин ислом ба ҳар нафаре, ки ба номуси зане таҷовуз кунад, воҷиб гардонидааст, ки ба он таҷовузкор талхии марг бояд чашонида шавад. Вақте ки ин ҷазои исломиро ғайримусалмонон мешунаванд, ангушти ҳайрат газида мегӯянд: Шиканҷаи марг!!! Дар асри 21…. Шариати исломӣ нисбати инсонҳо раҳму шафқат надорад…
Вақте ки аз худи ҳамин мухолифони қонуни илоҳӣ суол кунем, ки агар касе ба номуси модар ё ҳамсар ё хоҳарат таҷовуз намояд ва ту барои ин ҷанояткор кадом ҷазоро муносиб медонӣ?
Яқин дорем, ки ҳамаи онҳо шиканҷаи маргро алайҳи ӯ интихоб хоҳанд кард ё мегӯянд, ки бояд бадтарин ҷазо пешбинӣ шавад, то дар зери он бимирад.
Ҳангоме ки касе ба модар ё ҳамсар ё хоҳарат таҷовуз кард, ҷазои маргро ба ӯ раво мебинӣ ва чаро касе ба модар ё ҳамсар ё хоҳари каси дигар чунин ҷазоро муносиб донист, мухолиф мебароӣ ва чунин қонунро қабул надорӣ? Чаро ба ин масъала якҷониба менигарӣ ва фақат манфиати худро ба инобат мегирӣ?
Беҳуда нест, ки шариати исломӣ мардони мусалмонро ҳатто аз назари боқасд ба занони номаҳрам барҳазар медорад ва ба занон низ пӯшиши комилеро, ки имрӯз ҳиҷоб ном гирифтааст, воҷиб гардонидааст. Худованд ҳатто аз шухиҳои ноҷо занонро манъ карда мегӯяд:
“Чунон ҳарф назанед, ки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд”. (сураи Аҳзоб, ояти 32)
Вақте ки дар бораи эмин мондани занони боҳиҷоб аз таҷовузи мардони бешараф гап мезанем, маънии онро надорад, ки ҳар як бонуи нимбараҳна эҳтимоли гирифтор шудан ба таҷовузи бешарафонро дорад. Хеле занони беҳиҷобро низ дар ҷомеа мебинем, ки аз чунин бешарафии мардон эминанд. Ҳадафи мо баёни муқоисаи ин ду гурӯҳ аст, ки кадоме бештар ба ҳамлаи ғаразноки мардони зинокор гирифтор мешаванд. Ин таҳлил на танҳо аз ҷониби муҳаққиқони мусалмон сурат гирифтааст, балки натиҷаи таҳқиқи ғайримусалмонҳо низ тасдиқгари ҳамин гуфтаҳост, ки нисбати занони ҳиҷобпӯш занони беҳиҷоб бештар ба таҷовуз дучор меоянд. Оддитарин санҷиш гузаронидан мумкин аст, ки агар аз назди як ҷавони шаҳватпарасте, ки бо нияти шикори номуси духтаре дар хиёбон мунтазири сайд аст ва дар ҳамин ҳолат ду зебочеҳра дар кӯча пайдо мешаванд. Яке ҳиҷоб пӯшидааст ва дигаре нимбараҳна ва худро хеле ороиш ҳам додааст. Пас худ қазоват кунед, хонандагони мӯҳтарам, ки ин ҷавони беномус барои гап партофтан ба кадомаш боҷуръаттар аст?
Албатта посух хоҳед дод, ки ба духтари нимбараҳна.
Худованд мефармояд:
“Ва занон зинатҳои худро ошкор насозанд, магар барои шавҳаронашон…”. (сураи Нур, ояти 31)
Пӯшида маҳфуз доштани зан мояи осоиши бештар ва давоми зебоии ӯст.
Ғунча то ғунча аст дар ҳиҷоб аст ва ҳеҷ кас ҳаваси чидани онро намекунад, ҳамин, ки ҳиҷоби сабзи худро канор ниҳод ва боз шуд, онро хоҳанд чид. Аммо вақте ки чиданд, чанд рӯзе мумкин аст дар ҷои муносибаш қарор диҳанд, аммо дере нагузашта, пажмурда мешавад ва онро ба сатили зубола меандозанд.
Бонуи гиромӣ! Ту низ мисли ғунча ҳамеша паси пардаҳои ҳиҷоб бош. Зеро ту дорои арзиш ва каромате ҳастӣ, ки бояд бо риояти ҳиҷоб маҳфуз бимонад. Худро дар бозори савдогарони шаҳват ба баҳои чанд номаву нигоҳ ва лабханд нафурӯш. Ту ҷавҳари арзишманде ҳастӣ. Ҳар чизи гаронарзишеро дастраси ҳама қарор намедиҳанд. Ёқут буданатро бишнос!
Рӯй фурӯ пӯш чу дурри садаф,
То нашавӣ тири бало дар ҳадаф.
Ҷавондухтаре мегӯяд: -Бо донишҷӯи сатрпӯше дугона шуда будам. Ман, ки нисбати ҳиҷоб бепарво будаму гоҳ-гоҳ онро мекашидам, ба устувории дугонаам дар сатрпӯшӣ ҳавас мекардам. Рӯзе ӯ барои ҳамҷоя омода кардани дарс ба хонаи мо омад ва ҳамроҳ чанд дона шакалот оварда буд. Шакалотҳо бисёр зебо қоғазпеч шуда буданд. Ӯ ба ман ду то шакалот тақдим кард ва яктои дигарро боз карда, миёни мизи корӣ гузошт.
Чанд лаҳзае аз дарс хонданамон нагузашта буд, ки ду магас пайдо шуда, рост ба самти шакалоте рафтанд, ки бидуни қоғазпеч буд. Ман талош кардам магасҳоро дур созам, вале дугонаам оромона гуфт: “Айби худаш аст. То рӯяшро напӯшонад, магасҳо озодаш намегузоранд”.
Зуд фаҳмидам, ки дугонаам ба ман ғайри мустақим дарси ҳиҷоб медиҳад. Ин гуна бо зебоӣ ва ҳикмат насиҳате нашунида будам. Баъди чунин панди хотирмон дигар нисбати ҳиҷобам бепарвоӣ намекардам.
Ғунчае то ҳаст пинҳон дар ҳиҷоб,
Мекунад аз ӯ хазон ҳам иҷтиноб.
Ҳиҷоб василаест то нишон диҳӣ, ки васила нестӣ. Ислом ягон касро маҷбур намекунад, ки ҳиҷоб гирад. Худованд дар сураи Бақара ояти 256 мефармояд: «Дар дин маҷбур кардан нест». Вале агар баъзе занҳо пӯшидани ҳиҷобро ба хотири эҳсоси оромиши бештар ва фармонбардории Офаридгор ихтиёр намоянд, набояд боқии занҳо ин амалро инкор кунанд. Чи гунае ки занони беҳиҷоб мехоҳанд озод бошанд, магар занони боҳиҷоб чунин ҳақро надоранд? Имрӯзҳо дар Британия, Олмон, Фаронса ва дигар мамлакатҳои ғарбӣ ҳазорон занони аврупоиро дидан мумкин аст, ки аз ҳикмату фалсафа ва покии дини ислом бохабар шуда, бо шавқ мусалмон мешаванд ва бо баробари исломро қабул кардан ҳиҷоби комил ба сар мекунанд. Мутаассифона акси ҳол бисёр занони мусалмонро мушоҳида мекунем, ки ба хотири бесаводию тангназарӣ ба маданияти фалокатзадаи ғарб тақлид мекунанд ва бараҳнагиро интихоб менамоянд. Чи дилписанд буд, ки онҳо ба илму тараққиёти ғарб тақлид мекарданд, аммо афсӯс…Ин падидаро хеле барвақт Аллома Иқболи Лоҳурӣ ҳис карда буд ва чунин сурудааст:
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.
Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст.
Ҷавондухтаре бо номи Нозанин нақл карда мегӯяд:
“Чаро бояд ҳиҷоб пӯшам. Вақте ки ҳиҷоб мегирам, нафасам танг мешавад, хаста мегардам ва гарм мешавам”. Ин суханони дугонаам буд, ки дар гӯшам замзама мекард. Ман ҳиҷоб мепӯшидам, вале бо ин суханон меҳри ҳиҷоб кам-кам аз дилам мерафт. Дар ин хусус гоҳо ғарқи хаёлот мешудам…
Боре дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш доштам ва ба баҳси чанднафарае оиди мавзӯи ҳиҷоб рӯ ба рӯ шудам. Ҷавонписаронро дидам, ки аксаран мухолифи ҳиҷоб баромад мекарданд ва хоҳарони боҳиҷобро масхара менамуданд… Аз беғайратии ҷавонон ҳайрон мондам. Аҷиб аст, ки ҷавондухтарон низ бараҳнагиро тарафдорӣ мекарданд. Дар аснои баҳс ҷавоне аз хоҳари сатрпӯше иллати сатр гирифтанашро пурсон шуд. Дар паси саволаш ишораи ришханде ҳам дида мешуд. Ҷавоби духтар маънои хеле баланд дошт, ки чунин гуфт:
“Дидам, ки шайтонсифатон барои қалби маъсуми хоҳарон нақшаҳо кашидаанд.
Дидам, ки палидии гуноҳ ва беҳаёиро интишор мекунанд.
Дидам, ки ба номи “озодӣ” ҷисму рӯҳи занро ба асорат мекашанд, то ҳайвон бисозанд.
Дидам, ки умқи нигоҳҳоро кӯтоҳ мекунанд, то Худоро дар умқи қалбамон набинем.
Дидам, ки “дин”-и бидуни таклифро таблиғ мекунанд, то бо дидани акси ларзони моҳ дар об иктифо кунем.
Дидам, ки ҳиҷобро нишона гирифтаанд.
Он гаҳ ҳиҷоб гирифтам”.
… Ман бо ин ҷумлаҳо сахт зери таъсир қарор гирифтам.
Писарҳо он хоҳарро масхара мекарданд: -Ҳоло мо дар дарси адабиёт қарор надорем, хоҳар!
Аз шунидани масхараи онҳо ҳолам бад шуд. Он гаҳ боҷуръат ба баҳс шарик шуда, назарамро чунин навиштам: -Агар ин ҳама чашми нопок мухолиф ва душмани ҳиҷоб ҳастанд, пас ман як ҳиҷобпӯш боқӣ хоҳам монд ва ҳиҷобамро дӯст хоҳам дошт.
Нафаре низ навишт: -Бо ту мувофиқам. Ҳиҷоб маънои онро дорад, ки шарму ҳаёи як зан монеаи худнамоияш дар баробари чашмҳои нопок шавад, худашро дар маърази диди нигоҳҳои бад нагузорад. Эй духтароне, ки мухолифи ҳиҷоб ҳастед, хушатон меояд, ки як мард бо чашму дили ҳавасбозаш аз дидани тану баданатон лаззат барад. Ба ин нигоҳҳо аслан одат кардаед. Агар як рӯз худнамоӣ накунед ва нигоҳҳои шаҳватангез ба тану баданатон нарасад, устухонатонро дард мегирад.
Ҳамин лаҳза ман бо исрори модарам барои хобидан аз сайт хориҷ шудам ва нафаҳмидам, ки охири баҳс чи шуд. Вале охирин назарро дидам, ки шеъри зерин буд:
Ин ҳама бода магар аз сари роҳ овардӣ,
Ки ҳар он кас, ки расад бода кунӣ ҷомашро.
Моҳ аз аввали хилқат ба сараш чодар дошт,
Кас надидаст ба ғайри рухаш андомашро.
Духтари ҳиҷобпӯше ба модараш нома навишта мегӯяд:
“Модарҷонам! Медонам хеле дӯстам медорӣ. Мехоҳӣ маро ороиш намуда, ба ҳама нишон диҳӣ. Модарҷонам! Ман арӯс нестам, ки ҳар тавре хоҳӣ, либос бар танам кунӣ, ороишам кунӣ, миёни ҳама бирақсам ва бағали ҳар касе қарор гирам. Маро бо худат ба ороишгоҳ набар! Ту ба ман шарму ҳаё ва дифоъ аз худамро омӯз. Касоне, ки ба ман беиффатӣ ёд медиҳанд, зиёданд”.
Ҷавони шаҳиде низ ба модараш чунин васиятнома навиштааст:
“Модарам! Замоне, ки хабари шаҳодатамро шунидӣ, гиря макун. Ҳангоми ҷанозаву дафни ман гиря макун. Замони хондани васиятномаам гиря макун. Фақат замоне гиря кун, ки мардони мо ғайратро фаромӯш мекунанд ва занони мо иффатро… Вақте ки ҷомеаи моро беғайратӣ ва беҳиҷобӣ ҳукмфармо шуд, модарам гиря бикун, ки ислом дар хатар аст”.
Хоҳарам! Худо туро инсон офарид. Бузург офарид. Боифтихор офарид. Он қадар бузург, ки шарифтарини махлуқот шудӣ, ҳатто болотар аз фариштаҳо. Вале ту худатро кӯчак дидӣ. Он қадар кӯчак, ки мӯҳтоҷи нигоҳ шудӣ, нигоҳи нопок. Ту як инсони хеле бузургтар аз онӣ, ки худатро барои дигарон намоиш диҳӣ. Ҳеҷ чиз арзиши инро надорад, ки ба хотираш мӯйҳоятро берун бирезӣ, бо либосҳои танг, бо қадамҳои пуришва чашмҳои пурҳавасро ба сӯи худ моил созӣ.
-Ба зулфонат биёмуз, ки берун арзиши дидан надорад,-иброз намудааст соҳибдиле ба ҳамсараш.
Дар абёти шеърӣ низ омадааст:
Падарам гуфт: эй духти накӯбунёдам,
Зулф бар бод надеҳ, то надиҳӣ барбодам.
Онҳое, ки зебоиро андеша доранд, андоми зебои худро ба намоиш намегузоранд. Бузургиву зебоии худатро ҳифз кун. Дари васвасаро бубанд. Бигзор дар бикӯбанд. Бигзор бигӯянд, ки меҳмоннавоз нестӣ.
Аз гурӯҳи қаҳрамонзаноне бош, ки бӯи атрашон мардонро маст намекунад, ғурури духтаронаашонро барои дилбарии писарон зери по намегузоранд, Худояшонро бо тамоми дунё иваз намекунанд, ҷумлаи “дӯстат дорам”-ро фақат барои ҳамсарашон баён мекунанд. Инҳо на кафши пошнабаланд мепӯшанду на нозу карашмаи беҷо доранд. Дунёи онҳо бо Худо будан ва шавҳарро хушнуд кардан аст.
Бо абёти шоираи қаҳрамоне ин мақолагунаро ҳусни хотима мебахшем:
Муддаӣ гӯяд, ки сатрат як нишони фонӣ аст,
Ман вале гӯям, ки бо сатрам танам исломӣ аст.
Муддаӣ гӯяд, ки бо сатр дарсҳоят ботил аст,
Ман вале гӯям, ки имонам зи сатрам комил аст.
Муддаӣ хоҳад маро бедин кунад бо лафзи дӯст,
Пӯшиши ман ҳамчу тири заҳргин бар чашми ӯст.