Сухтор дар Перм ва фидокории ду мусалмон барои наҷоти мардум

Ислоҳ нет

Ду нафар мусулмонон дар хомӯш кардани сӯхтор, ки дар яке аз марказҳои тиҷоратии Перм рӯх дод, фаъолона иштирок карданд.

Дар ин бора, расонаҳои маҳаллии устони Перм хабар додаанд.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин ду нафар марди мусалмон барои аз оташ берун кашидани одамон кӯмак намуданд, алалхусус, ба зани ҳомиладори 37-сола.

Элдар ва Алишер,  ду корманди ширкати ҳуқуқӣ, ки ба хурдани хӯроки нисфирӯзӣ мерафтанд, тасодуфан дуди бинои сухтаистодаро мушоҳида карда, дарҳол барои ёрӣ шитофтанд.  

“Вақте ки мо расида омадем, бисёриҳо аллакай аз бино берун шуда буданд.Занеро дидем, ки дар лаби тиреза истодааст. Ба сӯяш фарёд задем, то худашро партояд, вале ӯ метарсид. Баъдтар мо фаҳмидем, ки ӯ ҳомиладор аст. Дарҳол тасмим гирифтем, ки ба хотири наҷоти он зан ба боло бароем. Ман, ки лоғар ва сабуктар будам, наҷоти зан ба дӯши ман афтид, – гуфт Элдар.

Барои наҷоти он зан якчанд нафари дигар иштирок карданд. Дӯсти ӯ, Алишер гуфт, ки онҳо аввал ба он зан фарёд заданд, то худашро партояд. Баъдтар касе ба ин ҷавонон нардбон дод ва он занро ба замин фуроварданд.

 

“Дар ин амалиёт барои фикр кардан вақти зиёд надоштем. Вақте ки  он занро ба замин фуровардем, дидем, ки ӯ дар ҳолати шок қарор дорад ва худро бад ҳис мекунад. Ҳама ҷойро бӯи ғализи плостикӣ фаро гирифта буд” – афзуд Алишер.

Баъди наҷот, он зан ба духтурон супурда шуд ва ҷавонони мусулмон фавран барои кӯмак  ба одамони дигар ба он тарафи бино шитофтанд.

“Мо ба кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ кӯмак кардем, то ки онҳо ба бино даромада, одамони дар он ҷой мондаро берун бароранд”, – гуфтанд онҳо.

 

Элдар ва Алишер ба хабарнигорон гуфтаанд,онҳо ин амалро ба хотири шунидани таҳсину офарин накардаанд. Балки, танҳо вазифаи инсонии худро иҷро кардаанду халос.

Ёдовар мешавем, дар сухтори Маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Перми Федератсияи Русия, ки санаи 17 январ рух дод, шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар байни онҳо як зани 37 солаи ҳомиладор низ буд, ки айни ҳол алакай сиҳат ва саломат таваллуд кардааст ва кӯдакаш низ сиҳат мебошад. 

Share This Article