Роҳи наҷоти ин миллат дар чӣ аст ?

Ислоҳ нет

   

 Меравӣ дар хонаи торику пурваҳми лаҳад,

Аз барои тўшаи он гўша ин ҷо фурсат аст.

 

Аллоҳ дар сураи Моида ояти 35 мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед тақво дошта бошед, ба василаи тақво ба сўйи Худо биравед ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунед»   

Дар қуръони карим чунин зикр шудааст: «ҳар касе худашро ислоҳ кунад ба таҳқиқ растагор мешавад»,  яъне  муъминон растагор  ҳастанд.

Тақворо метавон ба гурўҳҳои зер ҷудо намуд: тақвои сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, ибодӣ ва амсоли ин.  Тақво ба маънои қудрати парҳез аст, тақво василаест, на ҳадаф, яъне тақво нерўе аст, ки заминаи корҳои хайрро фароҳам мекунад мисли муҳофиз, муҳофиз дар шаҳр ҳадаф нест, васила аст, зеро муҳофиз барои тамошо кардан нест, балки кори муҳофиз эҷоди назму субот дар шаҳр,то пешгирӣ аз хилофкориҳоро бигирад. Пас ҳадафи муҳофиз назм аст. Тақво як омили боздоранда ва барангезанда аст.Ҳадаф ин аст,ки пеши роҳи сиёсатмадор, иқтисодчӣ,корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,олим,донишҷӯй, сардор,роҳбар,деҳқон ҳар инсонеро бигирад ва бозаш дорад, аз даст задан ба ончӣ ғалат ва мамнуъ аст.

Вижагии инсон ин аст, ки ба думболи суд аст ва аз зарар кардан ҳамеша  безор аст.Инсони оқил ҳамеша дар андеша аст,ки зараре набинад ва ҳамеша суд кунад.Аммо судҳое дар ин дунё ба даст меоянд,дарди сарҳоеро низ ба дунбол доранд. Тақво ба инсон мегўяд, ки ба думболи чизҳои муфид бирав ва асло аз думболи корҳои беманфаат нагард.

Гуфта шудааст, ки тақво яъне ҳар ҷо, ки амри Худо аст, онҷо ҳозир бошед ва ҳар ҷоеки Худо наҳй кардааст дар онҷо набошед. Худованд чунин фармудааст: «Беҳтарин зод ва тўшаи шумо дар қиёмат тақво аст». Як тақвои ибтидоӣ ва як тақвои интиҳоӣ дорем. «Мо касеро пазириш мекунем, ки заминае дошта бошад», яъне фард тақвои ибтидоӣ дорад ва бо хондани қуръон, ин тақво тақвият меёбад.  Қуръон барои мардум аст, тақвои ниҳоӣ ҳамон рўза ва намоз ва… аст, ки тақворо афзоиш медиҳанд.

Ҳар чиқадар мо дар ҷиҳод бештар талош кунем, Худо бештар ба мо кўмак мекунад, Худованддар қуръон муҷоҳидонро тарҷеҳ додааст. Ҷиҳод бо нафс хеле муҳим аст ва ҳеҷ вақт тамом намешавад, инсон бояд ҳамеша бо нафси худ дар мубориза бошад,қабл аз инки хоҳони дигаргӯнӣ барои дигаронро хоҳад.Агар тақворо дар худ пайдо кардед,онгоҳ бидонед шумо ислоҳшуда ҳастед ва метавонед дигаронро ислоҳ кунед.Агар худро ва атрофиёни худро ислоҳшуда наёфтед,онгоҳ аввалин коре бояд кунед ин ислоҳи онҳоро фароҳам кунед.

Худованд дар қуръон чунин мефармояд: «ҳар касе дар роҳи Худо кўшиш кунад мо қатъан роҳҳои мухталифро ба ў нишон медиҳем.» Яке аз роҳҳои тарки гуноҳ, тақво аст». Мо бояд муҳофизгари дарунамонро тақво кунем, тақво яъне парҳез аст. Касе, ки моро мебинад, тақво яъне илм ба инки касе моро мебинад, агар мо бидонем, ки касе корҳои моро сабт мекунад, тамоми  мушкилот  ҳал  мешавад.

Чунин гуфтаанд: Ончунон аз Аллоҳ битарс, ки гӯё Аллоҳро мебинӣ, агар ту Ӯро набиниҳам Ӯ туро мебинад, олам маҳзари Аллоҳаст, дар маҳзари Аллоҳ гуноҳ накунед ин аст тақво. Қаҳрамонон дар мусобиқаҳо корҳои сахтро таҳаммул мекунанд,то ғолиби он мусобиқа гарданд.Тақво дар мусибат орому сабур  ва дар ибодат  сарҳол будан аст.

Эй мардум ба василае ба сӯйи Худо биравед,  ба василаи ҳар чизе, ки моро ба Худо наздик мекунад чанг бизанед. Мегўянд: Асҳоби Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ва амалкарди ин тарбият ёфтагони мадарсаи Муҳаммадӣ беҳтарин василае мебошанд,то ба тақвои ҳақиқӣ шарафёб гардем.

Аҳли суннат ба ашёи мисли қуръон  ва аъмоли мисли намоз ва афроди мисли Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) василаи итлоқ мешаванд. Аз чизҳое, ки мардум метавонанд  мутавассил бишаванд ба сўйи Аллоҳ боризашон инҳоянд.

Имон ба Худо, истиқомат дар роҳи Худо, калимаи ихлос, намозҳои фарзӣ ва нафли, рўзаи моҳи рамазон, закот, ҳаҷ, садақа ва… Сипас инсон метавонад  бо ин амалҳо тақворо пеша намояд.Агарчи ҳамаи ин аркони аслии ислом дар кишвар мунҳасир ва дар ҳолати таъарруз қарор доранд.Мо мусалмонон набояд аз ин мамониъоти ин динситезони бехирад пайравӣ намоем.Сабаби асосии ба мусибатҳо гирифтор гаштани миллати мо дур будан аз инҳо мебошад.

Муҳаммадиқболи Садриддин

                                                               

                               

Share This Article