А.Бутафлеқа:Бори панҷум мехоҳам президент шавам

Ислоҳ нет

 

 

Шабоҳати аҷибу ғариби Алҷазойр бо Тоҷикистон

Дар давлати Алҷазойр,рӯзи дуввум аст,ки роҳпаймоиҳои густурда идома доранд.Абдулазиз Бутафлеқаи 82 сола,ки нуҳумин президенти ин кишвар буда,чор давра аст президенти Алҷазойр аст. Мехоҳад бозҳам дар давраи панҷумҳам дар интихобот иштирок намояд ва президенти ин кишвар “интихоб” гардад.А.Бутфлеқа аз соли 1999 то имрӯз президенти ин кишвар буд ва ду давраро дар аробача сипарӣ намуда аст,аз сабаби бузургсол буданаш роҳ рафта наметавонад.Ӯ аз 31 сентябри соли 2005 бемор аст ва тамоман худаш роҳ рафта наметавонад.

Дар давраи дуввуми президентияш А. Бутафлеқа аз як сӯйқасд ҷони солим бадар бурд,ки дар 400 километрии пойтахти ин кишвар сурат гирифта буд.Дар ин ҳодисаи сӯйқасд 15 шаҳрванди Алҷазойр кушта ва 71 нафар захмӣ шуданд.Ин сӯйқасдро як шахси номаълумеки аз тарафи пулис тафтиш шуда буд анҷом ёфта аст,ки пас аз ин ҳодиса беш аз 600 нафар зиндонӣ гаштанд.

Ҳукумат дар дасти ду бародараш Саъид ва Носир мебошад

Ҳама медонанд,ки ӯ тамоман ин ду давраи сеюм ва чорумро худаш қодир ба идораи давлат набудааст.Давлатро ду бародаронаш Саъид ва Носир Бутафлеқа дар даст доштанд. Ин ду бародаронаш ва фарзандону наздикони ин ду ба монанди як мафия мебошанд,ки  идораи ҳама умури кишварро дар дасташон доранд.Ҳама соҳа инҳисор ё монополия мебошад ва ҳар коре Саъид ва Носир хоҳанд мекунанд ва то имрӯз карданд. Бародараш Саъид Бутафлеқа бо фасоди молӣ дар давраи сеюми раёсатҷумҳурияш маъруф шуда буд,ки ба ғорати миллардҳо долар иттиҳом шуда буд.

Дар давраи чорумаш дар Алҷазойр шаҳрвандони ин кишвар роҳпаймоиҳо намуданд,ки ӯ бемор аст ва наметавонад президенти ин кишвар бошад.Аммо вазорати Адлияи ин кишвар дар 23.02.2014 барои ӯ иҷозат ва ҳаққи иштирок дар “интихобот”-ро содир намуд ва дар ин интихобот аз 81,53 % овозҳо тавонист 51,3% овозҳороҳам соҳиб  ва бозҳам президент шавад.Мардум ин даврароҳам сабр карданд вале ин пири сархур он давраро ба поён расонид ва боз мехоҳад дар даври панҷумҳам номзад шавад ва боз панҷ соли дигар президенти Алҷазойр бошад.

Аз беморхона эълом намуд,ки дар интихобот иштирок мекунад!

Абдулазиз Бутфлеқа бемории музмини мағзӣ дорад ва ӯро дар моҳи январ ба Фаронса барои табобат бурданд.Ӯро дар беморхонаи ҳарбӣ ворид намуданд ва мардум гуфтанд акнун дигар вафот мекунад.Аммо аҷибаш инҷост,ки пас аз панҷ рӯз аз беморхона эълон намуд,ки саломатияш  хуб аст ва дар интихоботи давраи панҷуми раёсатҷумҳурии кишвар иштирок мекунад.Ин эълон мардумро хело ба хашм овард ва пас аз баргаштанаш ба Алҷазойр дар рӯзи ҷумъа 22.02.2019 ба хиёбонҳо ба эътироз баромаданд.

Пулиси ин кишвар,то имрӯз беш аз 41 шаҳрванди норозиро боздошт намудааст,ки чаро норозӣ ҳастанд.

Дар назар аст 18.04.2019 интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор гардад ва Абдулазиз Бутафлеқаи 82 сола бозҳам президенти Алҷазойр интихоб гардад.

Мухолифони сиёсии давлат, рӯзи якшанбе 24.02.2019 ба эътирозоти густурдае дар кишварро эълон намудаанд,агар бозҳам дар интихоботи моҳи апрел мартабаи панҷум иштирок намояд.

Раҷаб Тайб Эрдугон гуфт: Бутафлеқа қодир ба раёсатҷумҳурии Алҷазойрро надорад ва ӯ фикр накунад,ки Алҷазойр Миср аст ва он кореки дар Миср гузашт, дар Алҷазойр шуданист.

 

Маълумоти кутоҳе аз Алҷазойр

 

Алҷазойр яке аз бузургтарин давлатҳои шимоли Африқоӣ мебошад ва масоҳати ин давлат 2,381 (ду миллиону сесаду ҳаштоду як км) аст. Аҳолии ин давлат тақрибан 40 миллион мебошад.Ин давлат дар кишварҳои даҳгонаи дорои масоҳати бузург дохил мешавад,дар миён кишварҳои исломӣ аз нигоҳи масоҳат пас аз Қазоқистон аст.Алҷазойр тақрибан 344 ҳазор километр кучактар аз Қазоқистон аст.Даромади фард аз Қазоқистон якбаробар поёнтар аст.Дорои 48 вилоят ва 541 ноҳия мебошад.Алҷазойр дар тули таърих тақрибан ҳама имперяҳое дар олам гузаштаанд бар ин давлат ҳокимият намудаанд,инчунин пас аз исломҳам зери тасарруфи хилофатҳои исломиҳам қарор доштааст. Охирон хилофати исломеки бар ин давлат ҳоким буда ин хилофати Усмонӣ мебошад.Пас аз шикасти Усмониҳои турк соли 1827 ва аз Алҷазойр хориҷ шуданд,соли 1830 Фаронсавиҳо онро ишғол намуданд ва 132 сол зери тасарруфи Фаронсавиҳо қарор дошт.Дар таърихи 3 уми июли 1962 мустақил гаштанд вале ин таърихро ба 5 уми июл гузоштанд,чун 5 уми июл Фаронсавиҳо ин кишварро ишғол намуда буданд ва тасмим гирифтанд рӯзи истиқлолияти худро ба он рӯзе,ки Фаронсавиҳо ворид шуда буданд тағйр диҳанд. Забони ин давлат арабӣ аст вале аслашон барбар ва тақрибан аксари сокинони ин давлат Фаронсавиро медонанд.

 

Алҷазойр як шабоҳати хело наздик бо Тоҷикистон дорад

Дар таърихи Алҷазойр бо номи  “даҳсоли сиёҳи давлат” маъруф аст,манзур солҳои 1988 то 1999.Аммо танишҳои аслӣ аз солҳои 1991 то 1999 мебошад.Чун оғози қатл ва зулми ҳукумат аз соли 1988 оғоз ёфта аст,аз ин хотир онро чунин мегӯянд.

Дақиқан Алҷазойр шабоҳати аҷибе бо кишвари мо дорад ва барои инки аз он огоҳӣ дошта бошед онро кутоҳ менависам. Ҳизби ҳокимеки дар кишвар,то имрӯз ҳукумат дорад бо номи “Ҷабҳаи таҳрири ватанӣ” ва ин Бутафлейқаеки, то имрӯз намехоҳад равад. Аз соли 1988 ҳукумат як шабеҳи протоколи 32-20 ,ки Пешво соли 2011 амалӣ намуда буд,ки соли 2015 онро амалӣ намуд.Дақиқан ин амалро он сол карда буданд,ки беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар ба қатл расид ва беш аз 3500 нафар аз аъзои ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” зиндонӣ гардиданд. Пас аз он вазъият дар кишвар бад гашт ва мардум ҷонибдори ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” буданд.Ҳукумат ваъда намуд,ки роҳро барои интихоботи шаффоф мекушояд.Аммо қабл аз ин ду раисони ин ҳизбро боздошт ва зиндонӣ намуд.Ин ҳодиса дар 5 уми июни 1991 сурат гирифт ва ин ду лидери ҳизби исломӣ: Аббос Маданӣ ва Алӣ Билҳоҷ буданд.Бозҳам аъзои ҳизби исломӣ аз сабр кор гирифтанд ва хостанд бо роҳи қонуни вориди ҳукумат гарданд.Чун дар моҳи сентябри он сол интихоботи порлумонӣ буд ва барои он омодагии хуб диданд.Дар интихоботи моҳи сентябр иштирок намуданд ва аз 232 курсии порлумон 188 курсии онро соҳиб гаштанду дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварданд.Ин пирӯзӣ барои низомиён нохушоянд буд ва ба президенти он вақта Шозилиро маҷбур карданд,то натиҷаи интихоботро ботил ва бекор эълон намояд.Аммо президент ин корро накард ва гуфт ман ба мардумам интихоботи шаффофро ваъда намудам.Муҳим ин баҳс то моҳи январи соли 1992 идома пайдо намуд ва билохира дар 11 уми моҳи январ Шозилӣ истеъфо намуд.Роҳбари маънавии ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” дар Мағриб қарор дошт ва мунтазир буд,ки баргардад ва ҳамчун пирӯз ё баранда раиси порлумони кишвар гардад.Инҷо шурӯъ шуд ба марҳалаи аз байн бурдани аъзои ҳизби пирӯз гашта. Танҳо 5000 ҳазор узви нухба ва олиму донишмандонро дар як шаб боздошт намуда зиндонӣ намуданд.Дар ҳафтаҳои баъди беш аз 30 ҳазор аъзои оддии дигари ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот”ро дар зиндонҳои “Саҳрои Кубро” зиндонӣ намуданд.Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҳатто СММ  ва кишварҳои олам ин амалӣ ҳукумати Алҷазойрро маҳкум намуданд.Ҳеҷ тағироте дар амалкарди ҳукумат дида намешуд.Пас аз ин вазорати адлияи кишвар дар 4 уми марти соли 1992 ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” ро мамнуъ эълон намуда ва ҳизби терористӣ эълонаш намуд.То моҳи июни он сол сабр намуданд ва охир ду раисони қабл боздошт шудаи ҳизби исломӣ Аббос Маданӣ ва Алӣ Билҳоҷро ба 12 соли маҳкум ба зиндон намуданд.Муҳаммад Бузиёфро яке аз муҳофизонаш дар 29 уми июл ба қатл расонид. Ӯ аз генералҳое буд,ки дар артиш  ба ӯ каме эътимод доштанд,ки вазъро ором менамояд ва аз ин ҳолат кишварро хориҷ менамояд.Кор ба ин ба охир нарасида буд ва боз дар 26 уми августи 1992 дар фурӯдгоҳи пойтахт инфиҷоре сурат гирифт,ки дар он чандин шахсиятҳои сиёсӣ кушта шуданд. Ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” ,ки ҳама роҳбаронаш дар зиндонҳо буданд ин амалро маҳкум карданд вале ин инфиҷорро ба онҳо рабт доданд.Пас аз ин ҳама вақте диданд бо роҳи қонуни нашуд инҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар зуҳур карданд ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шурӯъ гашт.Ҷойи исломиёни орому муътадилро гурӯҳҳои мусаллаҳ гирифтанд. Он гурӯҳҳо чунин ном доштанд “Ҳаракати исломии мусаллаҳ” “Ҷабҳаи исломии мусаллаҳ” “ Ҷамоъати такфир вал ҳиҷра” ( ин гурӯҳ аз Миср омада буданд барои ҷанг ба Алҷазойр ва аз дигар кишварҳои арабӣ) Аз соли 1992 дақиқан то соли 1999  садҳо ҳазор шаҳрванд кушта шуданд,ин ҳама аз сиёсати ғалате сарчашма мегирад,ки  сиёсатмадорон мегиранд ва мусибатҳоро бар кишвару шаҳрвандони худ меоранд. Дар як мақолаи таҳлилие аз вазъи Алҷазойр хондам,ки Абдулазиз Бутафлеқа мардумро аз солҳои 1992 ва 1999 метарсонад,ки ман ҳастам,ки ҷанг нест агар набошам ҷанг мешавад.Зеро ӯ чанд аъзои ҳизби “Ҷабҳаи исломӣ барои наҷот” ро соли 2002 мисли Аббос Маданӣ ва Алӣ Билҳоҷро аз зиндон озод намуда буд. Раисони ҳизб,ки соли 1992 барои пирӯз шудан дар интихоботи порлумонӣ зиндонӣ шуда буданд Агарчӣ аз ҳукми зиндонашон ду сол боқӣ монда буд вале худро ба гӯнае хост нишон диҳад. Метавон гуфт дар оғози сари ҳукм омаданаш тағйроте ва мусолиҳаҳоеро бо исломиҳо анҷом дода буд ва ин сабаб гашт,ки дар ҳукм тулонӣ боқӣ монад. Ин буд таърихи кутоҳе аз давлати Алҷазойр.

Алҷазойр дар олами ислом ба ватани якуниммиллон шаҳид маъруф аст.Танҳо садҳазор ҳофизони қуръони карим шаҳидгаштаанд.

Дақиқан ончӣ дар Алҷазойр гузашта аст бо ҳолати кишвари мо шабоҳати хело зиёде дорад.Мақола тулонӣ мешуд вагарна ҳар ҳолаташро шарҳ медодам ба ончӣ дар мо гузашта аст рабташ медодам бо тақдими далелҳоеки ҳама аз он огоҳед.Ҳатто ин таҳлилро аз Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ(раҳ) ва падарам дар мавриди Алҷазойр шунида будам,ки аз шабоҳатҳо,то солҳои 1993 ро мегуфтанду шабоҳат медоданд.Аммо пас аз онҳам боз монанд аст ба ҳолати давлати мо.Метавонем бигӯем Бутафлеқа+Эмомалӣ ва Алҷазойр ин Тоҷикистон аст,дар ончӣ гузашт ва идома дорад.

Вой бар мо!

 

Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз ин моҷароҳо,агар чунин фикр кунем ва ба кишвари худамон қиёс кунем.”Пешво”и мо тоза 67 сола аст ва то 82 солагияш 15 соли дигар барои мо лозим аст.Ду давраи 7 соларо агар ҳисоб кунем ин мешавад 2034 ва агар боз як давраи дигар интихоб шавад,чунонеки Бутафлеқа ният дорад, мешавад 2041 ва дар он сол умрамон мерасад ба 63 ва умри пешво ба 89 солагӣ,ки тоза тақрибан мерасад ба умри Абдулазиз Бутафлеқаи президент шав!

Муборизаро бештар кардан лозим ва то соли 2041 сабр накунем, ҳамватанони гиромӣ.Дар он сол Рустам 52 сола мешавад ва ним аср ё 49 сол ғуломи як оила будан хело мушкилу сахт аст.Агар Сомонро фикр кунем,дигар онтарафашро намехоҳам чизе нависам,худатон хулоса кунед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article