Қатли оми мусалмонон дар Зеландияи Нав

Ислоҳ нет

 

Қатли оми мусалмонон дар ду масҷиди Зеландияи Нав 49 кушта ба ҷо гузошт.

Рӯзи ҷумъаи 15 уми март дар давлати Зеландияи нав  дар ду масҷид ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин қатли ом 49 нафар ба шаҳодат расиданд. Ин қатли ом дар шаҳри Крайстчерч дар ду масҷиди ҷомеъи он сурат гирифт, ки ба қавли пулиси ин давлат қатли бераҳмонаи ҷамоъиро чор нафар анҷом додаанд. Дар як масҷид, ки худи қотил наворбардорӣ кардааст, дида мешавад, бераҳмона ба сӯйи намозгузорон оташ мекушояд ва ҳатто рафта, аз болои маҷруҳон ва ҷасадҳо тири контролӣ холӣ мекунад.

Қабл аз оғози ин куштор як марди қотил, ки ӯро шаҳрванди Австралия эълом карданд, ӯ низ худро наворбардорӣ кардааст. Қотил пас аз қатл дар мошинаш мешинад ва ба осонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Мусиқие, ки дар мошинаш гузошта буд, “таҳқири инсон” унвон карданд.

Исми қотили Австралиягӣ  

Бринтовн Торонт 28 сол доштааст. Ӯ дар як оилаи оддӣ ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ шомил нашудааст. Ба хондан ва таҳсили илм ҳеҷ шавқу рағбате надоштааст. Касбу кори ягона надошта, шуғли Бринтовн гуногун будааст.  Чанд сафарҳое ҳам анҷом дода, пас аз бозгашташ дар интернет ба “пухтани кабоб” ин як истилоҳе будааст ба мафҳуми худи онҳо,ки ба муқобилаи ислом ва мусалмонон равона шудааст.Ӯро ҷанг бо ислому мусалмонон дар аврупоҳам мегуфтаанд.

Таҳқиқи қазияи ин қатли ом

Пулис дар таҳқиқи ин қазия гуфтааст, ин қотил қаблан дар 74 сафҳа аз мақсад ва нияташ навишта, огоҳ карда будааст. Мақсадаш ин будааст, ки муҳоҷирони мусалмон дар Аврупо набояд бошанд. Ба бовари ин қотил муҳоҷирони мусалмон мехоҳанд, Аврупоро тасхир кунанд. Сабаби анҷоми ин амалиётро дар масҷид анҷом доданаш дар он будааст, ки  мусалмони бештарро танҳо дар масҷид кушта мешавад. Ӯ амали худашро як амали оддӣ гуфтааст ва баён доштааст, ки ман тасхиркунандагони ватанамро ба қатл расонидам.

Бринтовн Торонт  дар ин навиштаҳои худаш изҳор доштааст, ки ду сол ин ҷониб чунин ниятро доштааст. Тақрибан се ҳафта пеш нақшаи ин амалиётро худаш кашида, омодагӣ дидааст ва онро амалӣ кардааст. Ӯ баён доштааст, ки узви ҳеҷ гурӯҳ ва созмони терористӣ нест ва ин ташабуси шахсияш аст. Аммо пулис феълан се нафарро боздошт намуданд ва шахси  чорум, ки дар ин қатли омми ду масҷид ширкат дошт боздошт накардаанд.

Яке аз шоҳидони ин ҳодисаи мудҳиш ба хабарнигори Франс-пресc, ки онро Алҷазираи арабӣ нашр намуд чунин гуфт: Ман дар дохили масҷид будам, вақте имом ба хутбаи ҷумъа оғоз намуд ман дар толори калони ибодатгоҳ қарор надоштам ва дар утоқи дигари  масҷид будам. Дидам, ки дар атрофам одамони зиёде меафтанд. Ман қотилро надидам ва имкони дидан ҳам надоштам, чун худро ба замин андохтам, то тир ба ман нарасад. Воқеан чунин ҳодисаи мудҳишро бори аввал дидам.

Хонум Ҷосиндо Ардирн, Сарвазири Зеландияи Нав дар конфронси хабарӣ гуфт: Воқеан ин як ҳодисаи мудҳишест, ки дар таърихи давлати мо бори нахуст сурат мегирад. Инро як амали терористӣ медонем ва ҳамин қадар мегӯям, ки ин амалиёт хело моҳирона ва бо нақша сурат гирифтааст. Ин амали вазшиёнаро бо шиддат маҳкум мекунем.

“Феълан мо чор нафарро дар ин амали терористӣ гунаҳкор меҳисобем. Се нафар боздошт шудаанд ва як нафарашон шаҳрванди Австралия мебошад. Ин чор нафар афкори ростгаро доштаанд. Зеландияи Нав ҷойи ин гӯна афрод нест, барои чунин ашхос дар ҳеҷ давлати олам  ҷойи зиндагонӣ набояд бошад”. – гуфт Ҷосиндо Ардирн.

 

Скут Моресун, Сарвазири Австралия низ ин амали терористиро маҳкум кард. Ӯ гуфт:  “Ҳукумати Австралия ин амали терористие, ки дар Зеландияи Нав сурат гирифт,  шадидан маҳкум мекунад.

Ӯ афзуд: “Ин амали хашин моро огоҳ мекунад, ки дар ҷомеъаи мо ингуна ваҳшатафканон зиндагонӣ мекунанд ва моро дар ҳолатҳои ваҳшату ҳарос қарор медиҳанд. Ваҳшатафканон ҳеҷ алоқае ба ҳувият ва фарҳанги мо надоранд”.

“Аз ҳама шаҳрвандони огоҳи кишвар хоҳиш мекунам, ки барои дастгир  кардани чунин ашхос бо мақомоти кишвар ҳамкорӣ кунанд ва дар ҳолати мушоҳидаи онҳо дар кучаву хиёбонҳо дарҳол  бо мақомоти зидахл тамос барқарор кунанд, то пеши роҳи чунин ҷинояткориро бигирем. Зеро тероризм дар ҳар давлате метавонад пайдо шавад ва  ҳар инсоне қурбонӣ шавад. Ин амалиёти терористиро ман як амали хашин ва ғайри инсоние медонам, ки аз гурӯҳи ростгарои радикалӣ сурат гирифтааст ва ман хело аз ин ҷиноят эҳсоси дард мекунам. Алами шадид вуҷудамро фаро гирифтааст.  Ба анҷом диҳандагони он нафрат дорам”. – изҳор намуд Скут Моресун.

 

Барқияҳои таъзия аз руасои давлатҳои олам

 

Доналд Трамп, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Амири Қатар, Абдуфатоҳ Сисӣ, Подшоҳи Урдун Малик Абдуллоҳ, Владимир Путин расман изҳори ҳамдардӣ баён намуда,  ин амали терористиро маҳкум намуданд.

Чораҳои амнӣ

 

Пулиси Зеландияи Нав эълон доштааст, ки дарвозаҳои масоҷид баста шаванд. Ба мусалмонон тавсия шуд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Инчунин дар аксари давлатҳои аврупоӣ  назди масҷиду калисоҳо чораҳои амниятӣ андешида шудааст, то аз чунин амалҳои нангин ҷилавгирӣ намоянд.

 

Таъзияи Пойгоҳи Ислоҳ

Мо аз Аллоҳ ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозхоҳем гашт. Ин амали ваҳшиёнаи қатли омро дар ибодатгоҳҳои Зеландияи Нав шадидан маҳкум мекунем. Аз мақоқоти ин кишвар талаб мекунем, ки ба таври комил ба ин қазия расидагӣ кунад.

Таъзияи амиқи худро ба ҳама бозмондагони ин шаҳидон мерасонем. Ин кушташудагон дар моҳи ҳароми Раҷаб ва дар рӯзи ҷумъа ба шаҳодат расидаанд ва бо худ дараҷоти волоеро бурданд. Агарчӣ аз даст додани наздикон хеле сангин аст, вале чорае ҷуз сабр надорем. Умед дорем чунин қотилони ваҳширо маҳкамаи одилона ба  ҷазои сазовор маҳкум мекунад ва онро татбиқ менамояд.

 

Share This Article