Ал-видоъ қайчӣ?

Ислоҳ нет

                       

     Раҳмон дар сафари Мастчоҳ аз қайчӣ истифода накард

 

           “Пешвойи муаззам омадай меҳмонӣ….

            Э,дар пеши қадамҳои азизшун ҷунам….

           Масчои  қадими мо қадамгоҳи шумо, …

           Фармудаи пешво ба ҷо меорем”   

 

   ва…. ҳамин тавр бо ҳавои ёр-ёри сурудҳои масчоӣ, рақсу покубиҳо, либосҳои соф масчоӣ, ҷомаҳои дӯхти клоссикии қадимӣ, пироҳанҳои қирдӯзи ҳамаҷомаҳкаму тананонамоёни остинвасеъ, рӯмолҳои калони пӯшонида, кафшу маҳсӣ дар пой душизагону ҷавонзанон дар майдони фурудгоҳи Мастчоҳи куҳӣ Раҳмон ва аҳли рикобашро истиқбол карданд. Шуморо намедонам, аммо маро чунин намуд,ки табъаш комилан хира шуд, зеро кадом рони урёнеро пайдо накард ба чеҳрааш таваҷҷуҳ кунед ҳангоми истиқбол онро барало ҳис мекунед. Ба тафовут аз бақия навоҳӣ, бар фарзи мисол Сангвору Рашти Қаротегин ва Балҷувони Хатлон инҷо духтарҳо ҳеҷ кадомеашон Худоро сад шукр, ки нимабараҳна набуданд.Метавон гуфт мардуми ҷасур ва шуҷоъи Мастчоҳ,ки ҳукумати Шуравиро ба зону нишонда буданду таслимаш нашуда буданд,барои ин фармондеҳи “Фронти Халқи” ҳам таслим намешаванд. Хуб, ки дигар зулми золим аст ва мардум дар истиқболи ин золим маҷбуранд. Дар даст гулдаста доштанд,ки инҷо ҳам аз дасти ҳеҷ кадоме аз онҳо гулҳоро  нагирифту гуфт бахшидам шумода.Инчунин бо ҳолати нофораму чеҳраи тираву қошҳои кашол миёни занҳои муҳаҷҷабаи Мастчоҳӣ бо дили нофарам чанд сония тоқат карда як чанд аксҳҳам гирифт.

 

 Аммо тибқи иттиллоъи манбаъи Ислоҳ аз Мастчоҳ, як масъули вилоятӣ ба як корманди ҳукумати куҳистони Мастчоҳ хеле бо дуду попеса гуфтааст, ки “ҳеҷ кас нафаҳмад,ки ин духтарҳоро мо аз Хуҷанд овардаем, обу хуроки онҳоро беҳтар таъмин кунед, бачаҳои мастчоҳӣ нисбаташон беодобӣ накунанд.”

 

   Ин бор ҳам дар ин сафари корӣ як қатор таъсисоти давлатӣ аз қабили бинои дуқабатаи шуъбаи милиса, сохтмони додгоҳ, идораи оташнишонӣ, бинои сеошёнаи КДАМ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

  Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияро ҳам ба истифода дод, ки гуфта мешавад аз тариқи ҳашар ва пулу нону оби халқи оддии Мастчоҳ сохта шудааст. Як нукта инҷо ошкор шуд,ки масъули ин ҳизб дар ноҳия гуфт, ки раиси муаззами ҳизб дар ҷаласаи охири ҳизб, ки 7 феврал дар Душанбе доир шуд, дастур додааст то интихоботи парлумонӣ дар ҳама навоҳӣ ҳизб бояд бинои хоси худро бисозад ва идомаи фаъолиятро дар он идома бидиҳад. Ҳоло маълум мешавад, ки чаро имсол дар ҳама навоҳӣ ҳизби дурӯғини Раҳмон ба сохтани бино дар саросари кишвар оғоз кардааст.  

 

   Сари замини картошкаи масчоиҳо ҳам рафт. Аз кони ангишти деҳаи Роғ ҳам дидан кард. Дастуру супоришҳои муфид дод. Гуфт истеҳсолотро зиёд кунед. Маошҳоро баланд бардоред, коргарҳоро ҳам бештар кунед. Бемористони марказии ноҳияро ҳам ба кор даровард. Гуфт, ки аз ҳама муҳим саломатӣ аст, саломатиро эҳтиёт кунед. Акнун масчоиҳо дигар ба ноҳияи Айнӣ табобат намераванд.  Як маркази хидматрасониро ҳам ифтитоҳ кард. Онҷо сартарошхона ҳам буду дукони таъмири пойафзол, доррухона ва дигар хадамоти иҷтимоӣ, аз ҷумла кошонаи ҳусн. Минбаъд духтарони масчоӣ аз Худгифи эшонову Камодону Виткону Ривомутку дашти Сабақу Оббурдану ….барои атру упо кошонаи ҳусн меоянд.

 

  Ва, ва, ва… э …аҷаб… ана … ана танҳо дар ҳаминҷо, дар расми ифтитоҳи кошонаи ҳусн  қайчиро ба дасташ доданд ва лентаро бурид. Қайчии азизашро дар ин сафар танҳо дар ҳаминҷо истифода кард. Дар расми ифтитоҳи бинои милиса, бинои кгб, бинои суд, бинои ҲХДТ  ин бор не қайчӣ буд ва на лентаву не лентабурӣ,танҳо болои як навиштаҷот матоъи сафедеро кашиданду ӯ онро бо дастаконаш гирифта ба Аҳмадбой Раҷабзода,ки ҳамеша дар пушташ омодаи қарсакзаниву дастҳо болои синааш гоҳ-гоҳ мехост рукуъҳам кунад қарор дошт. Танҳо аз рӯи лавҳаҳо як матои сафедеро боло мекарду мисли ҳукуматдории бе суботу ҳараҷу мараҷаш онро бо қавоқи гирифтааш қабза мекарду ба қафо медод.Аммо қайчиро ин навбат наоварданд ва ё инки надоданд, намедонем,ё онқадар аз қайчӣ гуфтем,ки имеджро иваз карда буд. Вале ин бор қайчиро танҳо як бор истифода кард. Шояд дигар аз қайчӣ безор шуда бошад? Шояд бо қайчӣ видоъ карда бошад?

 

Дар ҳар ҳол набуди қайчӣ ва набуди расми лентабурон аз муҳимтарин таҳаввул ва тағйирот ва навоварӣ дар сафари Раҳмон дар куҳистони Мастчоҳ  аст. Метавон ин сафарро сафаре унвон кард,ки дар он бо қайчӣ видоъу падруд гуфт .Ин таҳаввули ҷадид маҳз дар Мастчоҳ рухдод ва ин аз бузургии мардони шуҷоъи ин сарзамини бовиқор шаҳодат медиҳад. Аммо як нуктаи дигари фарқкунанда ин буд,ки бале, дар назди нардбони чархбол ва биноҳои тоза ба истифода додашуда қолини қирмиз густарданд, аммо ба фарқ аз Балҷувону Сангвор дар сари замини картошка зери пойи Пешво фақат хоки сияҳ буд.  Инҷо ҳарф аз соҳибкорону тоҷирон ҳам набуд. Инҷо ҳарф аз  намоиши маҳсул ё дастранҷи ҳосили кишоварзони Мастчоҳ ҳам набуд. На растаи ангур буд, на бодиринг ва не шафтолуву амруду помидор, ончуноне дар Сангвор саҳначаҳои бардурӯғро сохта буданд:- ҳатто растае бо қаранфули булғорӣ.Инҷо не аз  растаи тавақи қурутов, не аз тавлаку думраву тешаву потеша ва не аз чакан дарак буд.Худоро шукр дар ин маворид гуфтем ва дар ин сафар аз инҳо сарфи назар кард.Акнун бовар кардед,ки гуфтанҳо чихел фоида дорад ва ҷони мардумҳам халос мешаваду,ин тоғии саркаш ночор тарки одатҳои бадаш мекунад.

 

   Аксҳои бузурги ӯ ҳам дар девори бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳам шуъбаи милиса ва ҲХДТ ва Суд кашол ва насб карда буданд. Аҷиб инҷо- дар куҳистони Мастчоҳ -аз сохтмони бинои мактаб, қасри фарҳанг, майдони варзишӣ, китобхона хабаре нест . Аммо бинои КГБ, бинои милиса, бинои суд ва бинои..ҳхдт сохт. Аз чи бошад,ки бинои КГБ сеошёна буд, дар ҳоле, ки барои милисаҳо дуошёна.  Барои кормандони кгб хобгоҳҳои оилавӣ ҳам сохта будааст, ки тибқи ахбори дарҷшуда ба бархе аз кегебешникҳо калиди манзил ҳам ҳадя кардааст. Аз аксҳои чопшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд,ки Рамазон Раҳимзода, вазири милисаро ҳамроҳаш наовардааст, аммо С. Ятимов Раҳмонро ҳамроҳӣ  кардааст,инҷо ҳатман ягон бугу магуе ва ё зери коса нимкосае ҳаст.

 

Маълум шуд,ки дар ноҳияи Мастчоҳ идораи оташнишонӣ ду адад “сухторхомушкунак” доштааст.

Бар тибқи ахбори мунташира фармоишгари асосии таъсисоти тозасохт Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Хуб, дигар маълум аст, ки ҳар ҷо ки маблағи буҷҷа бошад онҷо бояд “одамон”-и худи Пешво  бошанд ва пулҳоро обу лой бикунанд,бозҳам Озода ва….

 

То онҷо ки хабарҳо мерасанд, хадамоти махсуси муҳофизони Раҳмон як ҳафта қабл аз сафари ӯ вориди Мастчоҳ шудаанд ва тамоми харҷи хӯрду хуроки онҳо тайи ин муддат бори дӯши ин мардум будааст.

 

 Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафаҳоти интернетӣ матолибе ҳам ба нашр расида буданд, ки барои ин сафар аз аҳолӣ андози “шоҳ омад” ситонидаанд: як килоӣ руғану ғулингу биринҷу гушту пиёзу .. шакару қанду шоколаду… хулоса, ҳар навъе аз хурданӣ, то ки Раҳмону аҳли рикобашро як руз меистад-ду руз меистад, сер кунанд.

 

  Раҳмон аз шарму изояш ба он дачае,ки се соли пеш барои сафари пешинааш дар деҳаи Валғунд сохта ва барои ин сафараш онро канда дар деҳаи Роғ рост карда будаанд, нарафтааст.

 

   Ин сафар, ки ҳама масрафоташ бар дӯши мардуми бечораи Мастчоҳ буд, ба охир бирасид ва масчоиҳо ҳам шукр мекунанд,ки акнун як каме дами беғам мезананд ва ҷонашон халос хурдааст.

 

Аммо аз онки баъди сафари Раҳмонов ба Сангвор ва ҳам Рашт сел омада ва ба мардум зарар расонида буд, дар бим ҳастанд,ки бо наҳси ва шумпайиқадам ва пойи номубораки Раҳмонов,ки ба дарё расад дуд барояд, кадом харобие пеш наояд.

 

Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед ва аз ҳама интишороти нави мо огоҳӣ пайдо намоед.

https://t.me/islohnet

 

Share This Article