Эмомалӣ Раҳмонов аз оғоз миллат ва озодандешонро бо машварати Ислом Каримов “Душмани халқ” эълон кард. Пас аз соли 2015 барои хиёнатҳои кардаашро рӯпуш намояд боридигар озодандешон ва мухолифони сиёсияшро “Хоинони миллат” эълон намуд ва худро Асосгузори сулҳу ваҳдат. Акнун фаҳмидед ин вожаҳоро кӣ ба Раҳмонов омӯзонида будааст?
2 уми декабри соли 1992
Дар ҳамин рӯз иҷлосияи Тоҷикистонсӯзи Шӯрои олӣ дар қасри Арбоби Хуҷанд ба кори худ поён дод.Эмомалӣ Раҳмонов, гумошта ва арӯсаки Русия ва Узбекистон,ки ба курсии раёсати Шӯрои олӣ нишонда шуд,ҷуръати вуруд ба дили Тоҷикистон, маҳди озодиву озодандешони Ватанро намекард.Вай дар иҳотаи мушовирону маслиҳатдиҳандаҳои узбакии худ, ки лаҳза ба лаҳза аз авзоъи Тоҷикистони маҷруҳ ва захмӣ ба Ислом Каримов ҳисобот медод, дар бинои Обкомпартияи Ленинобод утоқи корӣ дуруст кард. Мунтазир буд,ки сипоҳи махсуси “отааш” (Ислом Каримов) шароити вуруди ӯ ба Душанберо фароҳам бикунад.
Каримов барояш чанд шартеро гузошт ва исрор варзид,ки анҷом бидиҳад.Як шарти Каримов ин буд,ки барои саркӯб ва нобудсозии нерӯҳои милливу мардумӣ ба роҳбарияти СНГ муроҷиат кунад то артиш ворид кунад. Ин муроҷиатро Раҳмонов аз номи давлати Тоҷикистон қабул кард ва артиши Узбекистону Русия таҳти номи КМС (Нерӯҳои Посдори Сулҳ) вориди Тоҷикистон шуданд ва водии Қаротегинро ба хоку туроб бадал карданд.
Шарти дигари Каримов, рондани тоҷикони тарафдори нерӯҳои милливу мардумӣ ба қаламрави Афғонистонро ҳам пазируфт ва ҳанӯз, замоне,ки иҷлосия дар Хуҷанд идома дошт Сангаку Файзалӣ ва бақия ҷинояткирдорони ватанфурӯш ошкоро мардумро таҳти тири танку тӯп водор ва гурез ва муҳоҷират ба Афғонистон карданд. Дар ноябр-декабри он сол садҳо ҳазор аз ҳамватанонамон зану марду пиру кӯдак оби Омуро гузар карданд ва ҳазорҳо нафар тӯъмаи тири Фронти халқӣ, моҳиҳои рӯдхона ва сардии зимистон шуданд.Шоҳидони айнии ин ҳодисоти дилхарошҳам дорем,ки модар барои наҷоти худаш тифлашро ба дарё андохт.Инчунин ҳолатҳои бараксашроҳам дорем,ки модар барои наҷоти фарзандонаш худашро ба Омударё андохт,то фарзандонаш наҷот ёбанд ва ба соҳил расанд вале ҳадафи тири “Фронти халқӣ” қарор нагиранд.
Шарти дигари Каримов,ки дар ҳокимияти Тоҷикистон чанд нафар узбек ва узбекистонӣ бояд дар мақомҳо таъин шавандро ҳам иҷро кард.А.Шишлянников,сарҳанги Нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон вазири мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд ва вакили узбектабори қубодиёнӣ Хӯҷааҳмад Хидиралиев, муовини раиси Шӯрои олӣ,нафари сеюм дар иерархияи давлати Тоҷикистон интихоб шуд.
Шарти дигари Каримов ин буд,ки Эмомалӣ Раҳмонов шахсан худаш роҳбарияти оппозитсиони тоҷикро тавассути расонаҳо-радио ва телевизион “душмани халқ” эълон карда барои маҳви физикии онҳо аз ҳамаи имконот истифода барад. Раҳмонов,ончуноне шоҳидони он солҳо ҳикоя мекунанд,шахсан худаш ва низ дигар аъзои ҳукуматаш аз ҷумла Абдумаҷид Достиев,ки ҷонишини якуми ӯ буд борҳо тавассути телевизион ибораи “душмани халқ”-ро нисбати роҳбарияти оппозитсиони тоҷик истифода карда буданд.Ва бо тавсияи Каримов буд,ки Раҳмонов ҲНИТ,ҲДТ,Растохез, Лаъли Бадахшонро баст ва нашрияҳои озодандеши он замонро ҳам фаъолияташонро қатъ намуд. Баъди Раҳмонов даҳҳо нашрияҳои мустақил аз чоп боздошта шуданд.
Шахсиятҳои бузурги миллат Мӯъмин Қаноат, Лоиқ,Гулрухсор Давлат Худоназаров овораву гуреза шуда тарки Душанбе ва ҳатто Тоҷикистон карданд.Бозор Собир ба зиндон андохта шуд. Дуруст шароите,ки имрӯз боз такрор шуда истодааст. Сайтҳову сомонаҳоро бо қарори Суди олӣ баст ва аҳзоб ва созмонҳои мухолифро ҳаросафкан эълон карда боз ҳам фаъолияти онҳоро мамнӯъ эълон кард. Агар он солҳо “Душмани халқ” будем барои Раҳмонов ва “Фронти халқӣ” ҳоло шудем “Хоинони миллат” “Хоҷадорони хориҷӣ” “ТЭТ ҲНИТ” ва “ТЭТ ПМТ”.Дар ҳамон иҷлосияи Тоҷикистонсӯз гуфта будааст,ки то ором шудани вазъият кор мекунад ва сипас вазифаро месупорад.Аммо инак 28 сари сол аст ки мардуми тоҷик дар баробари як муздур ва арӯсаку гумоштаи аҷнабиҳо музтар ва ноилоҷ мондааст….ки ҳарфи дигар аст.
10 уми декабри соли 1992
Бинобар нақли шоҳидон аввал Ёқуб Салимов,ки вазири умури дохила ва Сайидамир Зуҳуров,раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳукумати Раҳмонов таъин шуда буданд,савор бар фарози тонку зиреҳпӯшҳои узбакӣ вориди Душанбе шуданд.Шоҳидон ҳикоят мекунанд,ки дар ин рӯз фазои пойтахт зери садои ваҳшатноки вертолетҳои ҷангии Узбакистон дар мотами худ борони дарду ғам меборид.Истиқлоли давлати навпои миллати тоҷик зери мӯзаҳои аскару афсари аҷнабӣ- узбакҳо, гарду ғубор мешуд.Аҷнабиҳо дубора тавонистанд,ки бо истифода аз гумошта ва арӯсаки худ пойтахтро забт ва истило кунанд.
Раҳмонов ҳам бо сару либоси ҷангӣ, Калашников дар китф ва савор дар тонки русисохти артиши Узбакистон,дар иҳотаи чанд афсари узбакистонӣ,ба дунболи Ёқуб Салимов вориди Душанбе шуд.Сохторҳои ҳокимияти Мусолаҳаи Миллӣ ва қувваҳои ҷонибдори нерӯҳои милливу мардумӣ бидуни кадом муқовамат Душанберо дар ихтиёри Раҳмонов гузоштанд ва дасти оштиву сулҳ дароз карданд. Аммо Раҳмонов,ки миссия адо мекард напазируфт ва дар пойтахт як барномаи сахти куштори аҳолӣ дар заминаи маҳал шурӯъ ва лаҳза ба лаҳза бештар фарогиртар мешуд.Ғармӣ, помирӣ ва нафароне,ки тоқии чоргул ва муйлаби борик доштанд,дар пойтахт шикор мешуданд. Генотсиди ошкоро оғоз шуда буд.Раҳмонов на ба унвони сулҳовару сулҳхоҳ,балки фотеҳу ғолиб ба Душанбе даромада даст ба истило зад ва бо шайкаи дуздону ёғиёни Фронти халқӣ дар пайи ҷамъу гир кардани ғаноими ҷангӣ шуд.Ва,ҳамин тавр то соли 1997 кишварро ба ҷанги бародаркуш кашонд. Узбекистон аз силоҳу муҳиммот таъминаш мекард, то ҳамватанон,бародарони хоҳарони тоҷикистонии худро,ки барои истиқлол ва номуси диниву милливу мазҳабиашон талош карда буданд маҳв бисозад. Аммо Аллоҳи меҳрубон сарнавишти дигаре барояш муайян кард. Ногузир шуд оштӣ шавад.
27 уми июни соли 1997….ва то ҳоло…..
Дигар ногузир шуд бо оппозитсион оштӣ карда ҳокимиятро бо онҳо ҳисса кунад. ҲНИТ,ҲДТ,Растохез, Лаъли Бадахшонро кушод.Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раиси КОМ-ниҳоди муштараки оппозитсион бо ҳукумат баргузида шуданд. Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода муовини аввали раиси Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуданд. Ва,ҳамин тавр мамлакат рӯ ба оромиш ниҳод.Аммо дер давом накард.Нафаре,ки дӯғу ширро бо фатири чаҳчарм омехта мекарда, нони серӣ нахӯрда буд, бо онки қавлу ваъда дода буд,шурӯъ кард ба ғиром ва номардӣ.Чанд бор Қонуни асосиро иваз кард ва дар ниҳоят барои худ иҷозаи то мурдан дар сари қудратро ба даст овард ва дигарбора мухолифини худро душман эълон ва водор ба тарки кишвар кард ва онҳое,ки имкон ва шароити фирор наёфтанро ба зиндон кашонд.Ҳоло қасд дорад,ки ҳокимиятро хонаводагӣ ва меросӣ кунад,писарашро ба ҷойи худаш оварад.Ва,гаҳ,гоҳе ҷаласаҳоеро мисли намоишномаҳои “Лаҳзаҳои гуворо” ташкил кардаву ба тамошои мардум мегузорад ва тавре нақшбозӣ мекунад, ки худаш тамоман бегуноҳ аст ва дар ғами мардуми бечора мебошад.
Иқтибос аз суханони Раҳмонов
“Ман ҳамаи шуморо медонам. Як маротиба фикр кунед,ки пеш кӣ будеду ҳозир чӣ шудед,пеш чи доштеду ҳозир чи доред”? Ин гапҳое ҳастанд,ки борҳо аз забони вай садо додааст. Аммо воқеият дигар аст. Воқеият ин аст ки ҷомеаи кишвар рӯзбарӯз фақир ва қашшоқ мешавад. Аммо худаш бошад соат ба соат бойтару бойтар.Як бор худашро фикр намекунад,ки кӣ буду кӣ шуд,чӣ дошту чӣ дорад? Гузаштаи худашро фаромуш кардааст.
Ду соли пеш аз манзили зисти кормандони баландпояи Агентии зидди фасод чи қадр доллару еврову тангаву тиллову мошинҳои гаронбаҳо ошкор шуд? Ҳамаи онҳо аз куҷо ва дар як рӯз ба даст омадааст? Ё ҳамон Шаҳбоз Раҷабави бойфренди Озода чӣ?
Аммо бо ин вуҷуд салоҳият ва ваколатҳои кормандони мақомоти интизомиву тафтишотиву судӣ ба ҳадде бузург ва калону васеъ аст ки новобаста аз маоши кам соҳиби қасру кӯшку миллионҳо доллар мешаванд.Фикр мекунед,ки Раҳмонов намедонад. 100% медонад. Онҳоро барои он чунин имтиёзҳо додааст,ки аз вай ва ҳокимияти вай ҳам шарманда бошанд ва ҳам муҳофизат намоянд, на танҳо барои худ, барои хонаводаи Раҳмонов ҳам бояд сипар бишаванд.Ҳамин Давлатбек Хайрзода,ҷонишини Абдуфаттоҳи Ғоиб,ки аз зери курсии хонааш 33 миллион доллар мусодира шуд ва 10,5 сол гирифт,чаро баъди 2 солу шашмоҳ ба озодӣ баромад?
Дақиқан,ки он пулҳо ба дасти хонаводаи Раҳмон расид ва вай розӣ шуд,ки ӯро озод кунад. Вагарна ӯ шомили афв нагардида буд. Насли калонсоли он солҳо ёд доранд,ки дар ҳамон иҷлосияи Тоҷикистонсӯз,дар аввалин суханрониаш гуфта буд дар авлодам як худам диплом дорам, як ман маълумоти олӣ дорам. Ҳоло аз ин ҳарфҳо тамоман ёд намеоварад.Баракс он қадар дар вазорату кумитаҳои ҳукумат ҳаммаҳаллу ҳамшаҳриҳояшро ҷамъ оварда,ки дар гузашта ҳеҷ гоҳ чунин набуд.Як ҳукумат ва ҳокимиятеро сохтаву сохта истодааст,ки аксарияташро хешовандонаш гирифтааст. Ҳамин охирин нафареро,ки бо фармонаш ноиби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин кард низ зода ва парвардаи Данғара аст.
Аммо ҳоло ҳатто барнома аз ин ҳам жарфтар ва шӯрангезтар шуда истодааст.Дигар бачаҳову духтарҳоро ба дастархони ҳокимият ҷалб ва ҷазб кардааст. Бидуни кадом шарму ҳаё.Намегӯяд,ки мардум чи мегуфта бошанд,чи тавр қабул мекарда бошанд? Нафаре,ки як худаш маълумоти олӣ ва диплом дошт,дигар ба инкубатор бадал шуда ҳамарӯза яке паси дигаре берун овардаву чавкиҳои рӯғании ҳукуматро дар ихтиёрашон медиҳад.Як раҳ фикр намекунад,ки чаро бояд духтару писари ман ҳатман соҳиби мансабҳои баландтарин дар давлат бишаванд? Мане,ки як вақтҳо ширро бо дӯғ омехта карда мехӯрдам чаро ба ин ҳад аз ҳадду марзи инсонӣ ва инсоф баромадаам? Магар дар Тоҷикистон дигар кадр нест,ки бояд домодҳову додарарӯсҳои ман ҳамаро тасоҳуб шаванд.Чаро ман ин ҳама имтиёҳои зиёдеро ба онҳо арзонӣ медорам?
Ҳамин ду-се рӯзи пеш бо имзои як қарор ба ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов,яке аз домодҳои сершумораш чандин гектар заминро дар ду ноҳия барои бунёди автостансия-терминалҳо вогузошт. 30 августи соли ҷорӣ,чанд рӯзи қабл аз эъломи худбарҳамдиҳии “Фароз” дар чанд навоҳии кишвар садҳо гектар заминро ба ин ширкат айнан барои сохтмони терминал дода буд.Савол ин аст ки чаро барои мисол маҳз Фарозу Шамсулло, чаро маҳз IRS у Ҷамолиддин ва ҳамин тавр Маҳмадзойир то Ашрафу Зарифбек ва Рамз,шӯҳои духтарҳои Раҳмон сарватманду тоҷирони комёбу комгор. Имтиёзҳои дар ягон ҷойи олам назир надошта, тиҷоратҳои пурравнақ, бонкҳои хусусӣ. Ҳатто ниҳодҳои давлатиро ба “частний сектор”-бахши хусусӣ ва ғайридавлатӣ табдил дода аз даромаде,ки ба бюҷет мерафт бебаркаш истифода карда истодаанд.Ҳамин як права ва номери мошинҳоро,ки пештар БДА медод ба ҳисоб гирем, миллионҳои мардум ба тороҷи аъзои ин хонавода рафтааст.
Ҳасани бародари зани Раҳмонов Талкоро ба ҳадде хӯрду истисмор кард,ки дигар тамом шуд, аз фаъолият бозмонд. Ба хитоиҳо супурданд. Пахтаи Тоҷикистонро ҳам асосан ширкати Исмоил Сомонӣ асри 21-и Ҳасан обу лой мекунад. Ин гуфтаҳо мушт намуна аз хирвор аст. Ҳисобу омори дуздиву ғорати ин хонавода дар чандин ҷилди парванда гирдоварӣ шуда истодааст, ки фурсате дигар хоҳем гуфт.Аммо ин яқин шуда,ки Раҳмонов президенти мардумӣ набуд ва нест вай президенти хонаводааш аст. Воқеият ин аст ки Раҳмонов аз ҳазорон якеро,ки тӯли ин ҳама солҳо ба хонаводааш кардааст, барои мардуми тоҷик накардааст. Ҳоло тамоман баракс. Мардум ширу дӯғро омехта карда мехӯранду Раҳмонову бачаҳояш ғизоҳоеро,ки солҳои пеш,масалан 27 соли пеш ҳатто дар шаби хобашон ҳам орзуяшро надоштандро. Раҳмонови қишлоқӣ шаҳри шуду шаҳриҳо овораву дарбадар дар Урупову Русия, ҳамаҷо пароканда.
2 уми декабри соли 2019
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аст.Фардо пасфардо имкон дорад Президенти Тоҷикистон ҳам шавад.Маълум мешавад,ки барои ӯ боз чи алқобу ановини пуртумтароқеро мечаспонанд. Аммо ҳоло ин ҳам по ба пои падараш нузоштааст.Фонди раиси Душанберо ташкил карда аз бюҷҷети пойтахт ҳиссаеро барои ин Фонд гузошт.Дар қисми ҳарбии Суҳроб –камандири мурдагӣ дар Қулписта саисхонаи калон (аспхона) ташкил кардааст. Сайисхонаи шахсӣ. Албатта Рустам ширу дӯғро омехта намекунад. Вале чашмаш гушна будааст.Ҳатто ҳамин контораҳои букмекерии писарони шоир Доро Наҷоти фалғариро,дар пойтахт, ки гӯё зери сарпарастии худаш фаъолият дошт,баъд аз он фаҳмид,ки пулдор шудааст, хомталош кард. Ба зиндон кашид ва молу мулкашро мусодира кард.
Куллия биноҳои навсохт онҳо ё бо сармояи Рустам ва хоҳаронаш сохта мешаванд ва ё онҳо дар он саҳм доранд. Барои мисол бинои қасри Миллат,бинои масҷиди туҳфаи давлати Қатар, бинои Китобхонаи миллӣ ва чандин биноҳои дигарро фирмаҳои сохтмонии Раҳмонову духтаронаш сохтаанд,ки маълум аст миллионҳо- миллионҳо доллари мардумро дар ин сохтмонҳо обу лой кардаанд. Рустам ҳам дар ҳамон пайроҳаи падараш қадам зад. Ҳар касеро,ки пулдор шавад сарбанест карда дороиҳояшро Раҳмонов аз худ мекард:- Маъруф Орифов ва сети фурушгоҳҳои вай- Орима,Ҷӯрабек Охунов ва ширкати сохтмонии ӯ- Мовароуннаҳр, Зайд Саид ва фабрикаи “Гулистон”-у даҳҳо корхона ва биноҳои сохтаи ӯ, Рустам,Раҷабалӣ Одинаеви “Умед-88” ва чандин нафарони дигарро,ки бо сад азоб бизнес ташкил карда буданд,сармояашонро ғасб карда худи онҳоро ба зиндон шинониданд. Ҳоли Душанбеи имрӯз ҳамин аст. Пас, аз соли 2020 бо ин шароите,ки вуҷуд дорад, бадтар мешаваду беҳтар не. Ин яқин аст.