Дар ҳоле ӯ “ражденний лидер” “одаренний политик” аст
Зиёрати қабри Ислом Каримов дар Самарқанд аз тарафи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ва писари раиси ҷумҳурӣ ва аз кондидҳои асосии интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳуриро метавон аз лаҳзаҳои пурҳангома,пурвоҳима ва пуршӯру пурҳаяҷони сафари хориҷии нахустини ӯ маънидод кард.Дар асл ин “сафари корӣ” кадом масъала ва ҳамкориҳои хосеро миёни ин ҳамсоякишвар дунбол намекард ва ба худии худ як воҳимаву ҳангомаи барномарезишудае беш набуд.Мешавад гуфт,ки ин як маневр, як пиар,як рекламаи интихоботӣ барои Рустам аст,ки маълум мекунад, Раҳмонов бо тамоми талош қасд дорад, ҷойгузин ва вориси худро барои идораи кишвар омода бисозад. Ба як ҳисоб ин сафар ба ҷуз аз шурӯъи маъракаи таблиғи пешазинтихоботии Рустам ҳадаф ва паёме надошт.Бахусус,ки шаҳрдори Душанберо худи Шавкат Мирзиёев,раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта мақому манзалати сафари ӯро хеле ҳам боло бурд. Миёни Рустами Эмомалӣ ва раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон кадом масоил мавриди мубодила ва мубоҳаса қарор гирифт ва шаҳрдори Душанбе чиҳо гуфту чиҳо шунид, муҳим нест.Чун наметавонад ҳеҷ чизе муҳим дар ин миён бошад.
Муҳим ва асосӣ ин дар сатҳи раиси ҷумҳурӣ қабул шудани номзади интихоботи ояндаи Тоҷикистон аст.Ногуфта пайдост,ки мақсади тамоми ин сафар ҳам мушарраф шудан ба дидори Шавкат Мирзиёев буд ва муаллифони барномаи ин сафар ҳам ҳамин масъаларо дар сархатти аввал ва асосӣ мусаббат карда буданд. То Раҳмонов ба Путин бигӯяд,ки “Рустамро дасти кам нагир”,бо президентҳо дидору мулоқот карда истодааст. Аммо то инки ин “дидор” таҳаққуқ пайдо кунад, ба эҳтимоли зиёд борҳо аз Мирзиёев илтимос ва илтиҷо кард,ки “дастгирӣ” кунад, то шарманда нашавад.Зеро маҳз барои ҷойгузинии Рустам Қонуни асосии Тоҷикистонро иваз кард ва синни номзад ба мақоми президентиро аз 35 ба 30 поин овард. Хеле заҳматҳо кашид, аммо мисле,ки Путин розӣ ба таҳвили курсӣ бо варианти озарӣ дар Тоҷикистон розӣ нест. Чун дар ҳар сурат Ҳайдар Алиев,президенти Озарбойҷон 28 сол дар сари қудрат набуд,ба ҷони мардумаш назада буд,шароити ҷаҳон ва замон дар он вақт комилан фарқ мекард ва муҳимтар аз ҳама хатаротеро ,ки аз марзҳои Тоҷикистон-марзҳои ҷанубии СНГ омаданист,надошт. Аммо Раҳмонов ҳамоно саъй дорад ва ноумед ҳам нест, худро ба ин бару он бар мезанад, то инки барномаи ворисро ба иҷро дароварад. Шоядам ба наздикиҳо сафари Рустам ба Минск ва низ Боку ташкил бишавад, аммо баъид аст, ки назари Путин тағйир ёбад.Вагарна Дариға Назарбоева ҳоло дар курсии падараш нишаста буд. Хуб, бубинем, ки чи балоҳоеро болои ин миллат оварданист. Аммо мо баргардем ба нахустин сафари Рустами Эмомалӣ,раиси шаҳри Душанбе ба хориҷ аз кишвар, ба ҳамон лаҳзаи ҳаяҷонӣ ва ҳангомаиӣ он.
Рустам аз Тошканд то Самарқанд бо Боинги Сомонайр- мурғи фӯлодини ширкати тағояш-Ҳасан Асадуллозода омад,ки дар хидмати худи Ҷаноби Олӣ,э…э… Пешвои миллат қарор дорад.
Агар дар соли 1992 роҳи Эмомалӣ Раҳмонов ба арикаи қудрат ба воситаи Термез буд ҳоло дар соли 2019 барои Рустами Эмомалӣ таййи ин роҳ тавассути Тошканд сурат мегирад.Агар дар он замон Эмомалӣ Раҳмонов аз Кулоб ба Термез рафта пуштибонии роҳбарияти Узбакистонро касб карда буд ҳоло Рустам аз Душанбе ба Тошканд рафта барои роҳбарияти Узбакистон адои эҳтиром мегузорад. Ислом Каримов,ки падари Рустамро ба рағми тамоми мардуми озодандеш ва истиқлолталаби Тоҷикистон ва бар муқобили нерӯҳои милливу мардумӣ сари кор оварда ва дуову фотиҳа дода Тоҷикистон ва халқи онро ба хоку хун нишонда буд,ҳоло мурдааш ва лаҳадаш барои писари Раҳмонов маҳалли зиёрат мешавад. Рустам ҳамон пайроҳоеро,ки падараш тай карда буд, сипарӣ мекунад.
Бухоро сари гӯри амир Исмоили Сомонӣ,поягузори давлатдории тоҷикон нарафт. Чун Ислом Каримов барояш боаҳамияттар, бартар ва муҳимтар буд, ба зиёрати гӯри ӯ рафт.Кӣ медонад,шояд ин васияти момаи Майрам, бибии бузургвораш бошад,ки ҳар гоҳе сару сурати Ислом Каримовро медидааст, “ота”-и Эмомалӣ пеши чашмонаш намудор мешудааст. Рустам метавонист ба хона -музеи домулло Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон биравад,ки нарафт. Мусаллам аст барои ин сафар аз чандин вақт қабл омода шуданд, зарбу тақсим ва ҷамъу тарҳ карданд, ки аз ин сафар манфиати зиёд,дивидентҳои бисёр ба даст оваранд. Сафаре бишавад, ки нишон диҳад Рустам барои раёсати ҷумҳурӣ таппа тайёр аст. Шоядам Шоҳ Исмоили Сомониро зиёрат мекард президент неву якбора ШОҲ мешуд. Аммо…Путин… Путин…
Ба касе пӯшида ҳам нест,ки Ислом Каримов дар 27 соли қабл,дуруст дар ин ҳамин шабу рӯзҳо буд,ки отаи Рустам Эмомалӣ Раҳмоновро савори тонку зиреҳпӯшҳояш карда Тоҷикистонро ба хоку хун кашида,садҳо ҳазорро ба куштан ва овораву дарбадар шудан дода ҳокимияти Тоҷикистонро ба дасташ дода ва вориди Душанбе карда буд. Ислом Каримов,ки Раҳмонов Эмомалиро аз як совхози музофотии гумноме оварда ба курсии қудрат нишонида буд, ҳоло ҳамчунин фотиҳа ва дуоро аз зери гӯр ба писари Эмомалӣ медиҳад.Ислом Каримове,ки баътар ба душман ва рақиби сарсахти Раҳмонов табдил шуда ва ба хотири сарнагунии Раҳмонов муқобили сохтмони Роғун буд, роҳҳои заминиву оҳанро баст,газ ва барқро барои Тоҷикистон қатъ кард, то намурд, ҳамарӯза ҳоли Раҳмонро бад ва хафақонаш мекард.Аммо, дар ҳар сурат Рустам дар пайроҳаи падараш қадам мезанад ва сари гӯри Ислом Каримов рафтани ӯ ба ин маъно аст,ки некии ӯро Рустам ва падараш ва махсусан момааш Майрам фаромуш накардаанд ва бо ин ҳама вуҷуд қибла ва каъбаи Раҳмону Рустам ҳатман Ӯзбакистон аст. Ислом Каримов ҳатто агар,ки мурда бошад ҳам барои Рустаму падараш ҳурмату эҳтироми вай ҳамоно болотар ва зиёдтар аз Шариф ё Раҳмони бобояш ҳаст.
Вагарна барои Рустам чи зарурат дошт,ки сари гӯри Ислом Каримов биравад? Аз устухонҳои як диктотур, аз хоки гӯри як диктотур чи мехост? Барои як раиси шаҳр рафтан ба мавзалейи Каримов чи маъно дорад? Миёни як шаҳрдор ва як ҷасад ва як қабр чи метавонад бошад? Чи рабт дорад? Рустам,ки калонсол набошад ,қаблан бо Каримов нишасту хез надошта бошанд,чи ҳоҷат барои ӯ зиёрати гӯри Каримов?Ин гӯри ягон шайх,ягон, авлиё, ягон олими бузург набошад, албатта ба пиндорӣ гурпарастонҳам бингарем созгор ва мунросиб нест,ягон макони таърихӣ нест,чи зарурате дорад? Раиси ҷумҳурии феълии Ӯзбаикстон пазируфт, ку? Магар дидани гӯри Каримов барои Рустам имиҷ месозад? Ин роҳбари “пухтакор”, “ражденний лидер” “одаренний политик”,ки чандин донишгоҳҳоро дар ақсои олам бо “дипломи сурх” тамом кадагӣ,чандин забонҳои хориҷиро озодона балад аст ва дар як муддати кутоҳ симои пойтахтро тамоман дигар кардагӣ,аввалин эстакати сохтагӣ аз гӯри Ислом Каримов чи таваққӯъ дошт? Бале,агар сад бор раиси шаҳр буд вале агар писари Эмомалӣ Раҳмон набуд,ҳеҷ гоҳ на Мирзиёев қабул мекарду на зиёрати ӯ аз қабри Каримов кирои гуфтан. Ҳамаи карру фар, кибру такаббур, манманӣ ва дағдағаву валвалаи Рустам ин аст ки писари Эмомалӣ аст. Эмомалиеро,ки Ислом Каримов “из грязы в князы” боло бурдаш.
Хуб,ки ҳоло маълум нест,ки мазори Каримов барои Рустам шафоат кардааст ё не. Аммо бар фарзе,агарки шафоат карду Рустам дар соли оянда,дар 33 солагӣ президент шавад,яъне 7 сол ҷавонтар аз синне,ки отааш сардори давлат шуда буд ва агар ду навбати 7 солӣ дар ин мақом боқӣ бимонад ба 47 медарояд. Эмомалӣ Раҳмон,ки агар то он муддат зинда буд ба 81 ва такя зада дар курсии Асосгузори сулҳу ваҳдат. Пас,ҳоли ин миллат ва ҳоли ин давлат чӣ хоҳад шуд? Барои халқи тоҷик,барои рӯшанфикрон, зиёиён, мардум ва миллат,ки аз ин ҳама шароит то пойи ҷон сер шудаанд, чи рӯзҳое баде дар пеш бошад? Аз рӯҳу арвоҳи наводаи Чингиз ва Темур мадад ҷустан чи паёмад дошта метавонад? Дар соли 1994 Раҳмонов бо диктаи Ислом Каримов вожаи форисро дар Қонуни асосӣ ҷой надод ва аз Қонуни забон берун кард, ҳоло бошад як сиёсати форсӣ ваэронзудоиро ба шиддат пеш бурда истодаст. Аммо аз онки бо лашкари узбакӣ халқи худро таҷовуз кард, на танҳо изҳори пушаймонӣ намекунад, ба назар мерасад онро дигарбора идома доданист. Шояд ин шабу саҳар шоҳиди сафари кории Озода Раҳмон ба Қирғизистон бишавем,чун Ҷеенбеков ҷавонтар аст.
Дар ҳар сурат беш аз пеш яқин шуда истодааст, ки Раҳмонов барои онки аз курсии қудрат поин нашавад фарзандҳояшро ҳам ба миёнаи майдон дароварда аз вуҷуди онҳо баҳракашӣ дорад.Дар фикри бознишастагӣ,давраи пирӣ рондан,тоату ибодат кардан, бо намозу рӯза аз даргоҳи Илоҳӣ тавбаву надомат хостан нест. Бубинед, Рустамеро,ки ягон бор ба зиёрати гӯри бибиву бобои худаш нарафтааст, водор кардааст,ки ҳатман аз гӯри Ислом Каримов зиёрат кунад. Мефаҳмед?
Ин ҳолати Рустам маро ба ҳодисаи Сталин бо ҷасади Темури Лангро ба ёдам меовард.Барои пирӯз шудан бар алайҳи Олмони нозӣ ҷасади ӯро бо ҳавопаймо гирди москов давр дода буданд,ки наъузубиллоҳ москворо аз вуруди душманонаш ҳимоят кунанд .Дар ҳоле Темур сипаҳсолор ва фотеҳи нисфи олам буд ва ӯро таърих ёд дорад. Аммо Каримовро чӣ? Ӯро танҳо падари Рустам дар ёду хотир дорад ва шахсеки бо кумаки ӯ ба қудрат расид ва як ғазаби Аллоҳ бар ин миллат гардид.
Мисле,ки ин сафар ва бахусус зиёрати қабри Ислом Каримов нерӯ ва тавон бахшидааст,ки Рустам дар хиёбонҳои пойтахт барои ниҳолшинонӣ ин бор тоқа, бидуни ҳузур ва ҳамроҳии падараш баромадааст. Шояд Шавкат-ако машварат дода бошад,ки агар ҷойи падаратро мехоҳӣ аз зери сояи отаат, баро,мустақилона қадам бардор. Ҳамчуноне,ки Ислом Каримов ба Раҳмонов гуфта буд,ки натарс : “мен ёрдам бераман”.