Агар КДАМ намегуфт О.Гиляев аз куҷо медонист?

Ислоҳ нет

 

раддия ба “навишта”и охири Оятулло Гиляев

 

Ростӣ, аз чандин вақт аст ки ба навиштаҳои “фермаи ҷавоб” аҳамият намедодам, чун дар онҳо  ба ҷуз аз ҳақорату дашному таҳқиру тӯҳмату бӯҳтон чизе наметавон пайдо кард. Дуруст аст,ки сарсарӣ ва чашмдавак як назар меандозам. Вале,аз тарафи дигар,сидқан мегӯям,ки  агар хомуш бошанду чизе нанависанд ҳам як каме мушавваш мешавам,чун онҳо дар шумори муштариён ва мухлисони собит дохил шудаанд. Аммо ин навбат Оятулло Гиляеви асир ,ки баъди гумугӯршавӣ дубора пайдо шудааст,чизеро чоп кард,ки натавонистам дар баробараш сокит бошам.

 

   Манзурам таъна ва таҳдидномаи Гиляев нисбати хоҳари азизи мо Нилуфар Раҷабова, духтари устод Раҳматуллои Раҷаби зиндонӣ ва хоҳари рӯзноманигори шинохта Шӯҳрати Раҳматулло аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидааст. Шармат бод, хиҷолат бикаш Оятулло Гиляев. Воқиан ҳам мард нестед,номардед, ноҷавонмардед. Бояд шумо бар саратон сатр ва бар поятон поҷома бипӯшед. Наход бо як зан,бо як хоҳар ва бо як модар ин ҳама муносибату муомилаи дурушту дағали ғайриинсонӣ ва дур аз ҳама ахлоқу инсофро анҷом дода, ӯро кашол-кашол  милисахона бурда, таҳдиду таҳқиру озор дода ва боз бо найрангу макру фиреб ҳамин тавр кашола карда ба суд оварда ҷарима бандеду боз имрӯз алайҳаш дар расонаҳо бинависед. Охир, инки мо менависем, инки фиғону дарди мо ба фалак мепечад, барои он аст ки шумо ноҷавонмардҳо, номардҳо, беинсофҳо аз тамоми ҳадду марзи имону инсофу мусалмонӣ гузаштед.Шумо озор додед,шумо азият додед, шумо рафтори як даррандаи бадхӯ ба як инсонро ба намоиш бигзоштед, шумо номус ва шарафи як мусалмонро  ва он ҳам як занро ва он ҳам барои муроот кардан аз  фарзи илоҳиро таҳқир ва хадшадор кардед ва мо ҷуз аз навиштан ва садо баланд кардан ва эътироз кардан, коре накардем ва мусаллам аст ки ҳамин корро,ки ҳоло аз дастамон бармеояд, дар идома хоҳем кард. Аммо дар асоси кадом қоида ва нормаи ахлоқи инсонӣ, дар пояи кадом меъёр Шумо алайҳи ин хоҳари мазлум ва заиф нашармида дар матбуот ҳам менависед ва таънаву миннату маломат мекунед. Ин хоҳар магар аз санг аст, магар аз чӯб аст,магар аз оҳан аст,ҷон надорад, ҷонаш ба дард намеояд? Падараш бегуноҳ дар зиндон аст, бастагонаш, аз ҷумла бародараш дур аз ватан, овора, паноҳанда аст, фарзандони маълул дар тарбият дорад, бори гарони зиндагӣ якҷо бо ин ҳама азобу азият зӯраш овардааст, бар замми ин шумо аз гӯшаи рӯмолаш мекашед,ки сатратро бигир? Раҳму шафқати инсониатон куҷост? Шумо тоҷик ҳастед? Бо ҳаммиллати худ чаро ин ҳама озору шиканҷаро раво медоред?  Чи коре бад кардааст?

 

Э,Оятулло Гиляеви худозада. Худо туро бигирад,ки то ҳамин ҳоло ки дар зелло мегӯйи бо номи ту амниятиҳо менависанд ва худат хуб медони ман кадом мавридро дар назар дорам.Аз месенҷери ту менависанд ва ман охир туро ва саводу донишу малакаи туро хуб медонам,ки ту чӣ мегӯйи ва чихел гап мезанӣ.То баргаштан ё дар сарат халта кашида аз Қирғизистон рабуданат,  дар зелло Раҳмоновро ту кофир,муртад ва доду фиғон мебардошти,ки ман меравам э…ҳамсари Раҳмоновро дар сараш мекашаму ӯро гирди ҳайкали Сомонӣ давр мезанонам.Суханҳое ту мегуфтӣ,ки кам мухолифи давлат онро мегуфтанд.Охир то ин ҳад дину имону виҷдонатро нафурӯш. Охир мо дигар намедонем,ки ту мардӣ,занӣ, муханнасӣ,тармашаӣ? Кийӣ ту? Вале дақиқан ин навишта аз ту нест ва онро навиштаанду ҳатто ту хабар наёфта аз номи ту онро дар саҳифаат нашр намудаанд. Вагарна ту аз куҷо маълумот медоштӣ, ки Нилуфар барои фарзандони маълулаш 500 сомонӣ нафақа мегирад:

 

  “Дар ҳоле,ки ду фарзанди маъюб дорад ва аз ҷониби Ҳукумат бо нафақа ба миқдори 500 сомонӣ(хусусан аз ҷониби Агентии суғурутаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъмин шудааст,илова бар ин аз тарафи аҳли ҷамоатчигӣ ва аз инсонҳои хайрхоҳ,ба хусус соҳибкорони ватандӯст кумакҳои молию пулӣ мегирад.”

 

 Хуб,ки барои кӯдакҳои дардмандаш нафақапулӣ дарёфт бикунад, баъд чӣ? Дарёфти нафақапулӣ,магар як зани отифаи афифаи мусалмонро аз иҷро ва риояти фарз ва ҳукми илоҳӣ мунсариф бояд бикунад? Дар ҳамон қонуни нафақа ҳамчунин шарт ва талабот гузошта шудааст,ки нафақапулӣ барои афроди маълул, дар он ҳолате дода мешавад,ки сатр напӯшад ва аз иҷрои фароизи илоҳӣ даст бикашад? Ва,ё инки магар Нилуфар Раҷабова мисли бақия модарони тоҷик, ки табааи комилҳуқуқи давлатаст ва давлат ҳамчунин ҳақ ва ҳуқуқро таъмин ва замонат додааст, нафақаи фарзандонашро нагирад? Бар чӣ асосе,миёни шаҳрвандони кишвар тафриқа ва тафовут ворид карда ва базри нифоқу душманӣ мекорӣ? Магар бар пояи қонун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз дину мазҳабу ҷинсу нажоду забону пӯст ҳуқуқи баробар надоранд? Ту кийӣ,ки миннат мегузорӣ? Ту пули киро ба кӣ миннат мегузорӣ? Ин пуле,ки нафақаи маълулин ва маъюбин ва ё ҳар нафари мустаҳақи дарёфт мешавад, пули кӣ аст? Аз кисаи ту меояд, аз кисаи фермаи ҷавоб, мудири ферма ва подабони пир меояд? Ин пул аз ҷайби Раҳмону Рустаму Озода меояд? На,ҳазорон бор на.

 

Ту номаъқул кардӣ, сад бор номаъқул кардӣ, кӯр хондӣ, номарди ноодам. Ин пул,пули халқи тоҷик аст, ин пул пули миллионҳо муҳоҷир аст,ки дар васати онҳо бародару хешу табори Нилуфар ҳам ҳаст, ин пули аз арақи ҷабин ба давлат супоридаи хешу табори Нилуфар дар Тоҷикистон ва хешу табори шавҳари Нилуфар дар Русия ва дар Тоҷикистон аст ки зарра,зарра ҷамъ шудаву нафақа мешавад, маош мешавад, маблағи бюҷети давлат мешавад. Ва, новобаста аз он ки ин давлат дар дасти Эмомалӣ Раҳмонов аст ва агар пагоҳ ба дасти Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаркаси дигареҳам  омад, вазифа ва рисолат ва масъулияти давлат аст ки ин қишрро таъмин бикунад вале ҳеҷ аҳаде,такрор мекунам, ҳеҷ аҳаде, ҳақ надорад,ки онро миннат бигузорад. Чун он пули аҳаде, чун он пули давлате нест.Ин пули халқ аст. Давлат пул надорад. Ба давлат халқ пул медиҳад ва онгоҳ давлат пулдор мешавад. Ин давлат давлати Амрико бошад, ин давлат давлати Арабистони Саудӣ бошад, ин давлат давлати Тоҷикистон бошад, бо пули додаи халқ, бо пули аз нӯги маоши халқ гирифтааш давлат ва пулдор мешавад.

 

Ту Гиляеви аз Худо баргаштаи худозада акнун шарт мегузорӣ ва миннат мениҳӣ?!Магар нафақаи кудакони Нилуфар аз ҷайби ту аст? Ту ба ҳадде аблаҳ ва аҳмақ ҳастӣ, ту ба ҳадде бефаросат ва беназокат ҳастӣ,ки кӯмаки соҳибкорон ба Нилуфарро ҳам навиштаву эълон кардаву аз тани онҳо миннат кардаӣ? Э, умуман ту мардӣ? О,туро чи кор,ки як соҳибкор ба як нафари дигар кӯмак кардааст?

 

Бахудо, намефаҳмам,ки ту одам ҳастӣ ё не? Шумо рӯи чи арзише,рӯи чи меъёре зиндагӣ доред, Шумо бо ин мардум ва бо ин миллат чи кор карданиед. Бояд тамоми Тоҷикистон тибқи майлу иродаи шумо зиндагӣ кунанд? Магар он соҳибкоронро мешиносӣ? Магар тамоми зиндагониии ин хоҳар таҳти назорати КГБ аст? КГБ дигар кор надорад? Магар дар дару девори манзили зисти ин хоҳар камера насб карда дарову баро,кӣ омад ва чӣ овардро назорат мекунед? Наход як нафар ба як модари дорои фарзанди дардманд, агар кумаке кард онро ҳам сабт куниву зери назорат бигирӣ ва имрӯз эълон дорӣ? Охир, бигирем, ки ин кори оператививу хуфия аст ва Нилуфар бо онки падараш дар зиндон ва бародараш дар хориҷа аст, таҳти муоина ва мушоҳидаи хос  қарор дорад, пас, чи зӯр омад ва зӯр овард,ки ин ҳамаро фош бисозӣ?Дақиқан агар далел доштӣ ва мадраке дигар буд кайҳо корҳои зишттареро анҷом медодед. Вале дар ҳар сурат магар як ниҳоди давлатӣ ва як идорае,ки раисаш мегӯяд масъули амнияти 9 миллион аст ҳамин тавр амну амониро таъмин мекунад. Амниятро таъмин карда мефаҳмед,ки амали хайр аст ва шахсони хайрхоҳ хайр кардаанд ва ҳоло мебарояду карнай менавозед,ки ба духтари Раҳматуллои Раҷаб хайр карда буданд, мо медонистем, пеши роҳашонро набастем,аммо ин духтар боз ҳам сатр бастааст.Некии мо ва раисамонро намефаҳмад,кӯрнамак. Ба намакдон туф кард.

 

Аҷаб. Шумо ҳам   мезанед ва ҳам ба даҳон скоч мепечед,ки дам назан? Магар соли 37 аст? Магар Сталин зинда шудааст. Ҳамин хоҳар мехоҳад, ки сару танашро бо либос мастур кунад. Ба шумо чӣ? Чи дахле дорад ҳаёти хусусӣ,ҳарими шахсии як кас ба ту ва давлат? Бубин, ҳамин ҳоло,ки инҷо ҳастам як нафар бо палто, аммо поҳояш бараҳна, чи зан ва чи мард, як нафареи дигар саропо андаруни либос мисли корду ғилоф, “человек в футляре”, як каси дигар бараҳна ё нимбараҳна,шояд мисли як ҳамватани дигар ё духтари раисат. Аммо касе ба касе кор надорад. Охир, душманӣ бо либос чи маъно дорад? Тааҷҷубам ин аст ки ту аз куҷо медонӣ,ки шахсони хайрхоҳ ба ин хоҳар кӯмак мекунанд? Он афроди хайрхоҳ,ки ба ту ё идорае,ки ту фаъолият мебарӣ хабар медиҳанд,ки кӯмак карданд? Хуб, амали хайрхоҳонаи онҳо рабте ба ту  чи дорад?Рабте“ба сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти давалти тоҷикон”  чи дорад? Кадом сиёсати инсондӯстона?Сиёсати инсондӯстона,ки дар ватани худаш осудаву ором зиста наметавонад? Ва ё гуфтаӣ,ки “нодида гирифтани ин ҳама дастгириҳои ҳукмати Тоҷикистон”.

 

Аз кадом дастгирӣ сухан меронӣ? Аз ҳамон дастгирие,ки  барои рӯмоли калонтар бастан,барои пӯшонидани сару гардан аз чашми номаҳрам 550 сомонӣ ҷарима-муҷозот кардан? Вақте як хонум назди шумо ин ҳама ҳақорату дашномро шунавид ва барои холи кардани қалби ҷароҳатбардоштааш ҳарфе бизад, додхоҳӣ кард, шумо омода бо фиреб суд бурда муҷозоташ мекунед,ҳамин аст сиёсати инсондӯстона ва ҳамин аст дастгириҳои ҳукмати Тоҷикистон?

 

Дар ҷое дигари навиштааш чунин гуфтааст:

 

 “ Нилуфар амали мақомоти ноҳияи Сино-2-ро дар самти пӯшидани либоси бегона шантаж карду дубора ба бадгӯйиҳо сухан орост.Чаро дар рӯзи тангдастӣ ва ё дар рӯзи зиллат(хорӣ) фурӯтанӣ карда, барои беҳбудии фарзандони маъюбат талош кардию имрӯз чеҳра сиёҳ карда лофи носипосӣ мезанӣ?”

 

Ин ҷумла на мубтадо дорад на хабар.Ин ҷумла на сар дорад на нӯг.”Дар самти либоси бегона шантаж кард…”? Ин яъне чӣ? Нилуфар сарулибос ба бар карда пайи кору бори рӯзгораш буд,ки Шумо иҷборан барои пӯшидани сатр ба милиса овардед.Магар зӯран ба милисахона овардани ин хоҳар чи тавр шантаж мешавад? О,ин шумо ӯро шантажу таҳдид карда шӯъба овардед,ку?Аз тарафи дигар агар хонуме сатр пӯшад ин барои милиса шантаж ҳисоб мешавад? Боз ҳам ҳамон фикру андешае,ки танҳо ба сари нафарони аблаҳ ва аҳмақ меояд-“дар рӯзи зиллат(хорӣ) фурӯтанӣ карда, барои беҳбудии фарзандони маъюбат талош кардию”….. Воқиан ин ҳарф чӣ маънову чи мазмун дорад? Ҳатто наметавон онро таънаи занона ҳисобид.Манзури Гиляев чи бошад? Яъне талоши Нилуфар барои дарёфти пули нафақа бошад ё чӣ? Ин як гапу ҳарфи номаълум аст. Вале аз тарафи дигар тавре ҳарф мезанад,ки тамоми қадами Нилуфарро, тамоми зиндагии ӯро медонад. Вагарна аз куҷо медонад,ки Нилуфар”барои беҳбуди фарзандони маъюбаш” коре кардааст. Хуб,ки дигар ҳар падару модар ва бахусус модар барои камтар шудани озору ранҷи фарзандонаш талош мекунад. Пас, ин чи ҷойи навиштану таъна задан аст. Вале ин нукта тааҷҷубовар ва ҳаросангез аст ки Гиляев ин қадар аз сарнавишти Нилуфар огоҳӣ дорад? Чаро?

 

Мегӯӣ Нилуфар шантаж кардааст бо либосаш.Охир кадом шантаж? Шантажро як одами зӯр мекунад. Ин хонум  ҷонаш ба лаб омадааст, маҷбур шудааст ба бутта даст диҳад, аз хаси рӯи об имдод ҷуста истодааст. Э,номард ту зану модару хоҳар дорӣ?Агар ҳамин кор бо онҳо анҷом бишавад,чи бо духтари ту бишавад, чи бо келинат- зани писарат шавад чи кор мекардӣ? Чор- панҷ мард як хоҳар, як зани муштипарро таҳдиду тааддӣ кунад ва ҳоло боз баргардиву бигӯӣ, ки шантаж мекунӣ? Ҳаё дорӣ? Имон дорӣ? Дурӯғ торикии имон аст, бузургтарин гуноҳ аст:

 

 “Агар дар қалби Нилуфар заррае аз нури имондорӣ дида шавад,ҳеҷ гоҳ ба некиҳо бадӣ пеш намеорад”.Нилуфар Раҷабова кӯрнамакӣ намуда,фазои озодӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардуми тоҷик, хусусан сомонаҳои иҷтимоиро ноором месозад”.

 

Туро бо имондории нафари дигар чи кор? Ту ки аслан бӯе аз имон набурдаӣ, як беимони даюс. Ҳаросати ту ва ҳароси “фермаи ҷавоб”ат ин аст ки сомонаҳои иҷтимоӣ ноором мешаванд. Оре ин сомонаҳо аз кору кирдори шумо,аз онки халқро тохтутоз ва торумор доред ноором аст ва нооромтар мешавад.Вақте шумо бо муқаддасоти мардмуи тоҷик дастдарозӣ мекунед, вақте фарзу ҳукми илоҳиро таҳқир мекунед ин сомонаҳои иҷтимоӣ ноором мешаванд, ба сангар табдил мешаванд ва аз ин сангарҳо ҳазорон ҳазор ба по мехезанд ва баҳору хазони шуморо яксону якранг мекунанд. Ин сомонаҳо иншоаллоҳ,ки кори худашонро хоҳанд кард. Сарнавишти талхи Нилуфарҳо ин сомонаҳоро ноором мекунад …сарнавишти талхе,ки шумо барояшон  муқаррар кардаед….

 

 

Share This Article