Зодрӯзи ҳоҷихонуми юбкапӯш Озода Раҳмонова

Ислоҳ нет

 

Рости ба масоили муҳимтаре машғул будам ва дар фикри навиштани ин “табрикнома” набудам. Ончунон зиёд ҳастед шумо,ки агар ҳар рӯз дар мавриди афроди оилаи кабири Раҳмонов нависем ҳатто 366 рӯз ками мекунад.Чун дар як рӯз чунин тасодуфотеҳам ҳаст,ки чанднафаратон ба дунё омадаед,то дунёи ин мардумро сиёҳу тиракунед.Шумо мисли решаи аҷриқ барин ҳастед вале ҳамаатон аз як шаҷараи хабиса ҳастед. Аммо табрикоти маддоҳонро дидам илҳомам омад ва ногузир компро кушодаму шурӯъ намудам бидуни омодагие ба навиштан.

 

“Яке аз беҳтарин занҳои рӯи дунё……яке аз беҳтарин сиёсатмадорони дунё…, Зани боиффату Модари панҷфарзанд ….. Зеҳни закию худодод…… Духтари зебои сарвари давлатамон ва Кадбонуи хонадону Сиёсатмадори пурсалиқа”… чанде аз сифоту ситоишҳои бахшида ба рӯзи таваллуди Раҳмон Озода Эмомалӣ аст,ки дар фазои маҷозӣ пароканда шудаанд. Ҳангоми хондани насаби шумо гоҳо таъаҷҷуб мекунам,ки дар оғоз номи пияндари падаратон ва дар миёна исми шумо ва дар охир номи шахсе,ки ин миллат ӯро на камтар аз Чингизу муғул меҳисобанд қарор доред. Боре ин фикр ба ёдатон наомадааст,ки чи гуна аз як шаҷараи хабисае ба дунё омадаед? Мусалламан ин ҳама ҳарфҳое,ки моломоли тамаллуқу хушомаданд аз тарафи Мардихудо Давлатов аз “Авангард” ва амсоли ӯянд, ки бо ин васила саъй доранд, садоқат ва вафодорӣ ва омода ба побӯсии худро ба намоиш бигзоранд.

 

Инки Озода духтари зебои сарвари давлатамон аст,ки ҳоло шудааст “яке аз беҳтарин занҳои рӯи дунё……яке аз беҳтарин сиёсатмадорони дунё…”, вагарна не Мардихудо аз иффати ӯ ва теъдоди фарзандони ӯ дарак меёфту не аҳади дигарро парво буд, ки ӯ кӣ асту чи кора,як зани ҳайкалҷуссаи деҳотӣ? Бале,ҳамин Падар буд,ки имрӯз бидуни кадом шарму хиҷолат мансабҳои давлатиро ба писару духтару домодҳояш тақсим карда ва хушомадгӯёну тамаъҷӯёни ягон мансабаке интизорро ба таҳрик овардааст,ки маҳз дар ҳамин рӯзи таваллуди “Кадбонуи хонадону Сиёсатмадори пурсалиқа” як чизакое бигӯянд ва номи худро шомили листи Озода кунанд,то дар фурсате муносиб як устухоне-мансабаке ба самташон партояд.

 

Ин ша Аллоҳ,ки мо дар ин гурӯҳ нестем ва низ аз иффати як зани бегона ва он ҳам дар мала ва мазҳари ом ҳеҷ гоҳ намегӯем, ҳато агар зебоиаш дар озмуни “Чакомаи гесу” исбот шуда бошад ҳам аз он намегӯем,ӯ як зани бародари мусалмон аст, чи ҳақ дорем,ки ба таври оммавӣ сифати зебоии ӯро бикунем, дар манзили зисташ ҳам ягон маротиба набудем,ки кадбонуи хонадон будани ӯро ва оши угрову аз оталапазӣ ва қурутовтайёркунии ӯ ҳам хабар надорем.

 

Аммо ба унвони як мансабдори сатҳи болои давлатамон ин ҳақро бар худ ҷойиз мешуморем,ки аз Озода

 

Раҳмонова, роҳбари Маъмурияти Раёсати ҷумҳурӣ ба баҳонаи рӯзи таваллудаш,ки 42 соли қабл дар оилаи котиби директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ба дунё омада буд,як ду ҳарфе бигӯем.

 

Оре, Озода,ки имрӯз дар ҳукумати Падараш ба навиштаи хабаргузории Sputnik-tj.com “дасти рост”-и ӯст, чор даҳа пештар дар хонаи котиби директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара,ки он вақтҳо ҳоло ҳатто диплом ҳам надошт, дар курси чаҳор ё панҷи шӯъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии УДТ таҳсил мекард, ба дунё омад. Вай то синфи 7 ум дар ҳаминҷо дар мактаби миёна хонд. Падараш дар ин муддат УДТ ба номи Ленинро “заочний” бо пиставу бодому ҷурғоту қуруту гоҳе тухм ва худи мурғ тамом кард, директори совхоз ва депутати Шӯрои олӣ таъину интихоб шуд. Дар ин миён дар мамлакат ҷанг сарзаду бо амри тамоман тасодуфӣ падари ӯ раиси Шӯрои олӣ шуд ва онҳо шуданд пойтахтнишин ва ҳамин тавр дигар ӯ бо пахтачинӣ ва аз оғилтозакунӣ халос шуд.

 

Ҳабдаҳсолаш буд, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ шуд ва то соли 2000 номаш дар журналҳои факултет сабт буд. Сипас ин “ҳоҷибибӣ,модар серфарзанд ва дасти рости падар” ба шавҳар баромад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ,шавҳари муҳтарами Озодаи Раҳмон шуданд. Азбаски падари Ҷамолиддин як коргари ДЭУ-и Данғара буд ва дар сатҳи ин хонадон мувофиқат намекард падари Озода бо як фармон ӯро муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин кард ва чандин сол дар ин мақом кор кард. Мисле,ки дар як сонеҳаи автомобилӣ кушта шудааст. Озода ва Ҷамолиддин идомаи кору таҳсилро дар Амрико муносиб донистанд, албатта ин хости онҳоро падари Озода бо ҷону дил пазируфт.Чанд муддате,ки Озода ингор дар донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Амрико таҳсил мекард,Ҷамолиддин ҳам дар онҷо буд ва рафъи хароҷти ин ду дар Амрикоро ҳам бюҷети Тоҷикистон бар дӯш дошт.Зеро Озода дар сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ва Ҷамолиддин ба ҳайси намояндаиТоҷикистон дар МВФ ва ВБ-Сандуқи байналмилали пул ва Бонки ҷаҳонӣ кор карданд.

 

Ин ҷуфти муносиб ва оилаи ҷавон бо итмоми донишҷӯии Озода дар Амрико ҳарду баргаштанд ва яке “сразу” сардори Идораи консулгарии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҷамоллидин бошад муовини вазири молия таъин шуданд. Бубин тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷо? Ин гуна карера ва парвози суудии дар мансаб,ки ҳоло боиси авсофу мадеҳаи болобаланди “Сиёсатмадори пурсалиқа” ба номаш шудааст, ҳамин тавр шурӯъ шуд.Озода яке пайи дигаре мансабҳоро тай накард, ҳатто масалан мисли Рустам,ки дорад тай мекунаду тай мекунад.Дафъатан аз курсии консулӣ муовин, муовини аввали вазорати хориҷӣ ва ҳоло роҳбари Маъмурияти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳоло сол басол 5 сол мешавад, ки дар ин мақом фаъолият мекунад ва амалан нафари Дуввум дар ҳукумати падараш аст. Дигар тамоми мансабдорони ҳукумати марказӣ, вилоятҳо ва навоҳӣ пеши ӯ ҳисобот медиҳанд. Тамоми асноди давлат аз зери назар ва дасти ӯ гузашата сипас ба мизи кории раиси ҷумҳурӣ меравад.

 

Дар пеши ӯ ба ҷуз аз Рустами Эмомалӣ, дигар тамоми соҳибмансабҳо ба зону мезананд, дуқат мешаванд, даст пеши бар таъзим мекунанд. Раҳмонов ҳам ба ӯ комилан итминон дорад ва бовар мекунад. Ӯ дар муҳити хонаводаи падар ҳам дигар аз ҳамаи хоҳарон мақоми болотарро касб кардааст. Ҳоло, онҳо, ки ӯро тавсифу тамҷид кардаанд, ки як сиёсатмадори беҳтарини дунё аст, биандешанд, ки агар фарз кардем Раҳмонов Президент набуд Озода ин вақт чи вазифаву мақому мансабу амалу ҷойгоҳ дошт? Ҳадди ақал душанбегӣ мешуд ё хайр? Аммо дигар гуфт, гуфти Шумост. Ӯ ҳамине ҳаст,ки ҳаст.

 

Сиёсатмадор,одами дуввуми ҳукумати Тоҷикистон.Вале на он тавре,ки тасвираш кардаед. Ӯ ҳам нусхаи падараш аст. Яке аз охирин асноде, ки имзо кард, исбот намуд,ки ин “ҳоҷибибӣ” юбкаро бар шалвор тарҷеҳ додааст. Ва,ҳоҷихонум будани ӯву ҳоҷибобо будани падараш ҳарду ба як маъност, фиреби назар ва худнамоӣ. Озода ҳам даст ба иқдомоте мезанад,ки номи ӯро сари забонҳо мекунад вале на аз тараф ва паҳлуи мусбат. Аз охирин гирдбоди сару садоҳо,ки Озода Раҳмонова бо он печид ва танҳо гузашти вақт сабаб шуд,ки раҳо ёбад, ин буд,ки ӯ қарор дар бораи манъи ворид кардани сарулибос ва матоъҳоеро занони мӯъмина ва мусалмон ба бар мекарданд ба тасвиб расонд. Ин қарори вай бо вокунишҳои бисёр ҳам хашин ва манфӣ рӯбарӯ шуд. Ин қарорро қарори “ҳоҷихонуми юбкапӯш” ном ниҳоданд. Аммо қабл аз ин қарор, ҳанӯз дар моҳи май замоне,ки Эмомалӣ Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода,масъули терминали гумруки Душанберо бо таҳқиру таҳдид ва аз толори маҷлис берун андохт,исми Озода барои муддатҳо вирди забонҳо афтод. Дар фазои маҷозӣ дар ин бора ин қадар навиштанду гуфтанд,ки то ҳамин имрӯз ҳам идома дорад. Як навори мо дар ин бораро ҳоло 1 миллион тамошобин дидан кардааст. Зеро, тавре маълум шуд Шаҳбоз як нафари одӣ набудааст. Дар якуним сол аз лейтенанти хурд то полковникӣ рутбаҳоро тай кардааст, ки бо ин суръат ҳатто дар замони ҷанг имконнопазир аст, чунин карйера. Гап дар инки дар пушти Шаҳбоз Озода меистодааст.

 

Аз инҷо буд, ки Шаҳбоз бо вуҷуди ин ҳама таҳдиду дафъшавгӯиҳо дубора дар вазифаи давлат кор карда истодааст. Онҳое,ки “досйе”-и Шаҳбозро ба Раҳмонов додаанд, аз як сӯ бозиҳои пуштипардаи дарбориро тавассути худи Раҳмонов берун карда бошанд аз сӯи дигар фисқу фуҷури оилаи Раҳмоновро ба берун оварданд ва бо ин васила нишон доданд, ки дар ин дарбор бозиҳо хеле пуршиддат дар ҳоли таҳаввул ва танаввуъ аст. Аммо як чиз айён шуд, ки Озода барои падараш чи қадар аҳамият дорад ва муҳим аст ва нуфуз дорад. Бидуни шакк ҳифзи Шаҳбоз Раҷабзода бо ҳама сарусадоҳояш баёнгари он аст ки Озода дигар ба як фигураи муҳим ва ҷиддӣ табдил шудааст. Озода ва ҳарфи ӯ ба ҳадде муассир ва ба сони корди буррост, ки сухани роҳбари давлат муаллақ монд. Шаҳбоз на танҳо ҷуброну зиёни расонидааш ба давлатро барнагардонд ва барқарор накард, балки боз як масъулити дигареро дар Вазорати хориҷа гирифт. Вафо ва меҳру муҳаббати инсонии Озода барои Шаҳбоз сипар шуд ва ҷонашро харид.

 

Ба ҳар навъ “Зани боиффату Модари панҷфарзанд ,Духтари зебои сарвари давлатамон” инҷо бо қалби пур аз меҳру вафо ба қазия бархурд карданд. Вале тарзи бархурди эшон бори дигар мақомдорон ва мансабдоронро дар барои он кас заҳртарак кард,ки то куҷо болои Роҳбари давлат нуфуз кардааст,ки ӯро на танҳо дар назди ҳукуматдорон, ҳатто дар назди халқ забонкӯтоҳ кард. Мунтаҳо Озода қавли падарашро ва дастури Раиси давлатро тавре кард, ки як гапи хушку холӣ шуд.Ин гуна нуфуз ва ҷойгоҳи ӯро бархеҳо бар он рабт медиҳанд, ки Озода тамоми дуздиҳо ва суратҳисобҳои оффшории падараш дар хориҷаро тавассути шавҳараш медонад.

 

Аз ҳамин сабаб аст ки он ҷойгоҳе, ки Раҳмонов ба Озода ва Ҷамолиддин қоил аст онро ба дигар духтарҳо ва домодҳо наметавонад бидиҳад. Ҳатто ҳамин ду се моҳи пеш суратҳисобҳои ширкати “Газпром” ва “Фароз”-ро,ки дар бонки домод ва духтари дигараш будааст маҷбур кардаанд,ки дар Спитамебонки Озода ва Ҷамолиддин бикшоянд. Спитменбонк,ки чанд соли ахир ба яке аз бонкҳои муҳимм дар кишвар мубаддал шудааст, бо пули ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба фаъолият пардохтааст. Ин ширкат аз соли 2009 ба ин тараф солона аз ин роҳ то 80 миллион доллар даромад дорад. Санади фаъолияти ин ширкатро Раҳмонов ба унвони раиси ҳукумати Тоҷикистон ва аз тарафи дигар ширкати оффшории сабтшуда дар ҷазоири Вирҷинияи Бритониё баимзо расонидаанд, ки гуфта мешавад то ҳамин ҳоло ин санадро ҳатто вакилони Маҷлиси намояндагон надидаанд.Аммо молики ин ширкат Озода ва Ҷамолиддин гуфта мешаванд.

 

Ҳамчунон,ки Озода ва Ҷамолиддин дигар соҳиби бонки хусусӣ-Спитаменбонк ҳам ҳастанд. Нуктаи дигаре,ки мешавад инҷо тазаккур дод ва аз таъсири муассири Озода болои ҳокмияти Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии он гуфт ин ҳамин тасмими ахири Бонки миллӣ дар бораи ташкили равзанаи ягона ва ё таҳти назорати комил даровардани маболиғи муҳоҷирон бо номи Маркази миллии протссесингӣ ва аз ин ҳисоб солона ба даст овардани миллионҳо доллар кор кардани “ин сиёсатмадори беҳтарини дунё” аст. Гуфта мешавад аз ин ҳисоб солона беш аз 30 миллион доллар Озода даромад мекунад. Аммо агар ки таъсири Озода болои падараш набуд ба як чунин қароре,ки то ҳамин ҳоло боиси сарсонӣ ва саргардонии садҳоҳазор нафар шудааст, чунин тағйирот дар низоми интиқолу таҳвили пул сурат намегирифт.

 

Зимнан Озодаро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ барои дарёфти курсии президентӣ ҳам мегӯянд ва шояд хеле аз мансабдорон дар атрофи вай ва шавҳараш ҳамин чизро бисёр мехоҳанд. Аммо гумон аст ки Раҳмонов Рустамро барои Озода қурбон кунад. Озода,ҳамеша як “варианти запас”и Раҳмонов меистад. Ҳоло вай на танҳо ҳокимияти иҷроия ҳокимияти қонунгузорро ҳам контрол мекунад. Зеро вай ҳамзамон бо роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон будан раёсати Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро низ бар ӯҳда дорад. Номзади улуми ҳуқуқ шиносӣ ҳам ҳаст. Нашрияие дар Тоҷикистон дар шумори даҳгонаи афроди машҳури Тоҷикистон шомилаш кардааст ва яке аз бист сиёсатмадори таъсиргузори Осиёи марказӣ ҳам дониста шудааст. Як ширкати хайриявӣ ҳам дорад ва ба афроди муҳтоҷ ва ниёзманд кӯмак мекардааст.Хуб, дигар маълум аст ки ин хайрияҳо аз пулҳои ҷамъоваришуда аз роҳи Душанбе -Чаноқ аст, ки ронандаҳо бо ҳазор дуъову дашном барояш медиҳанд.

 

Набояд Озода инро фаромӯш кунад, ки миёни мазлум ва Аллоҳ пардае нест ва бидуни шакку тардид дуъоҳои ин мардуми мазлумеки дар ҳаққи ӯ ва панҷ фарзандаш менамоянд дар ҳолати истиҷобат қарор доранд,аммо шакли истиҷобати он ҳама оҳу нолаи мардум ба шумо чигуна аз ҷониби Аллоҳ татабиқ мегардад онро Аллоҳ медонад ва агар намурем онҳоро мебинем,агар мурдем мардум мебинанд. Озода аз ин киссаи мардум мегираду бо киссаи мардум мениҳад. Аммо миллион мегираду дирҳамаке медиҳад гумон кардааст мешавад бо ин ҳелла мардумро фиребкард.Охир мардумро фиреб мекунед вале Аллоҳро чихел фиреб мекунед,инро бореҳам андеша кардаед? Вале, бо инки хонаву кошонаашон бо пули IRS сохтанду сомон доданд, роҳи бепули халқро пулакӣ карданд, инак ҳамин шабурӯзҳо ҳазорҳо нафар дар даруни тарма дар ин роҳ банд мондаанд, ҳатто бархеҳо дар даруни худи нақби Истиқлол руст мондаанд.

 

Медонед онҳо ба шумо ва панҷ ҷигарбанди шумо чӣ дуъоҳое менамоянд? Он мардум пул дода чанд шабурӯз аст ки дар сардиву сармои ағбаи Анзоб азоби сагро мекашанд,ин “Яке аз беҳтарин занҳои рӯи дунё……яке аз беҳтарин сиёсатмадорони дунё…, Зани боиффату Модари панҷфарзанд ….. Зеҳни закию худодод…… Духтари зебои сарвари давлатамон ва Кадбонуи хонадону Сиёсатмадори пурсалиқа”… дорад чашни мавлид таҷлил мекунад, дар қасри гарму рӯйи рахти нарм вале мардуми кишвар дар сахтарин рӯзу рӯзгор зиндагонӣ менамоянду солҳост дар чорсӯйи зиндагонӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Ба рӯзи мавлудаш метавон ӯро табрик кунам ё танқид? Шумо чи мегӯед?

 

Share This Article