Раҳмонов бо пешниҳоди Озода раиси порлумонро муайян кард

Ислоҳ нет

 

Исми раиси ҷадиди Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон маълум шуд. Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон. Номзад аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12. Номзадии ӯро дар конфаронси ягонаи созмонҳои ҲХДТ аз навоҳии минтақаи шарқи кишвар- Рашт,Лахш,Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод муаррифӣ ва пешниҳод карданд.

 

Асрор Латипов, муовини раиси ҲХДТ дар конфаронси пешбарии номзадии муовини Сарвазири Тоҷикистон барои иштирок дар сабқати интихоботи Маҷлиси намояндагон ширкат ва суханронӣ кард. Дуруст аст ки дар ин интихобот кадом сабқатеву кадом муборизае нахоҳад буд, ҳама саҳнасозӣ, назарфиребӣ ва як спектакли дилгиркунанда ва ҳайфи вақту маблағу ҳайфи овоздиҳии мардум аст. Аммо ончики дорем ва ончики мебинем ин аст ки давлат ва давлатдорон зоҳиран бошад ҳам ин ҳама сол чору ночор атрибут ва аркони низоми демократиро иҷро мекунанд, наметавонанд аз баҳраш бигзаранд, агарчанде бисёр мехоҳанд, ки ҷумҳуриятро салтанат ва як маҷҳулуннасаби бараҳнапои қабилатафаккурро султон эълон кунанд. Ба тафовут аз султони Уммон, ки дар як покети сарбамӯҳр исми валиаҳди худро мусаббат мекардааст, ин маҷҳулуннасаб пардаи исмати қавонини кишварро дарида ва бо таҷовузу торумору тохтутози чингизӣ ба шарафу номуси миллат худро раиси модомулумр ва бачаашро ҷойгузини худаш хондааст. Ва,ин ҳамаро боз ҳам дар парда ва либоси гӯиё қонун ва бо мурооти гӯиё талаботи демократӣ.

 

Ҳамин ҳоло ва ҳаминҷо ҳам ҳамин корро мекунад. Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон, яке дигар аз раисони тақаллубӣ ва дурӯғӣ ва дастисохти худи Раҳмонов дар парлумон хоҳад буд ва ҳар аз гоҳе, онгуна ки ҳар мансабдорро бихоҳад аз обрӯяш бикоҳад, таъна ва тавҳин мекунад,ки “кӣ будӣ, фаромуш кардӣ, аз куҷо овардамат, ба куҷоҳо расондамат”, муттаҳамвор дар зери итоат медароварад, агарчанде бар тибқи Қонуни асосӣ ҳокимияти муқаннана-органи олии қонунбарор яке аз се шохаи мустақил дар низоми давлатдорӣ маҳсуб мешавад.Аммо.ин ҳама ҳарфу ҳиҷо дурӯғӣ ва зоҳирӣ аст. Зокирзодаро аз ҳавзаи якмандатӣ ҲХДТ-и водии Рашт пешбарӣ кардааст. Хуб,ки ҲХДТ,ки шуд, дигар маълум аст ки чи хоҳад шуд.

 

Беш аз ин Саймурод Фаттоҳзода, муовини аввали собиқи раиси ҲХДТ,муовини раиси Маҷлиси намояндагони зери риёсати Маҳмадтоир Зокирзода хоҳад буд. Амалан идораи парлумонро ҳамин Фаттоҳзода бар дӯш хоҳад дошт. Вай чашму гӯши Раҳмонов дар парлумон хоҳад буд. Ҳарчанд ҳама вакилон аз ҳаллоҷӣ ва озмоиш мегузаранд, аммо Фаттоҳзода ба ҳайси намояндаи ҳамон маҳалли барои ҳама ошно, номашро нагирем ҳам медонед, амсоли котибони дуввуми ЦК ва ё горкомҳо, ки рус буданд ва кадри Кремлин дар курсии қоиммақоми Маҷлис хоҳад нишаст. Дар махзани ахбори интернет дар бораи тарҷумаи ҳоли раиси ҷадиди парлумони ҷадид маълумот тақрибан,ки мавҷуд нест. Агар бовар накунед марҳмат ворид шавед номи ӯро нависед аслан тарҷумаи ҳолаш миёни аъзои ҳукумат аслан оварда нашудааст.Чунин афроди номаълум барои Раҳмонов писанданд.

 

Ҳамин қадар маълум аст ки Маҳмадтоир Зокирзода аз соли 2008 то ба имрӯз дар вазифаҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Директори Оҷонси заминсозӣ геодезӣ, Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, вазири кишоварзӣ ва муовини Сарвазир кор кардааст. Як бародараш бо номи Абдулқодир ҳоло бознишаста аст.Чандин сол лесхоз-мудири хоҷагии ҷангали ноҳия будааст. Як писараш дар шӯъбаи Бонки миллии Рашт ба ҳайси ноиби раиси кор мекунад. Вале бедушман ҳам набудааст. Махсусан Лоиқзода Қаноатшо- раиси собиқи Рашт ӯро бисёр ҳам бад мебинад ва ӯҳам Лоиқзодаро хело бад мебинад ва нафрат дорад.

 

Аммо огоҳон мегӯянд, ки Зокирзода таҷриба ва малакаи кофии кор дар гурӯҳ ва ҳайати яғмогаронро дорад. Аз Навободи Ғарм аст. Вақте раиси Кумитаи замин ва геодезӣ буд,, хеле аз заминҳои водии Қаротегинро мисли ауксион-кӣ бештар медиҳад, фурӯхтааст. Ба мансабҳои болотар шояд мерафт аммо кадоме аз бастагони наздикаш бародар ва ё ҷиянаш дар гузашта разманда ва ё муҷоҳид будааст.Чанде аз ҳасудхӯрон ва ҷабрдидагон аз худи ӯ ва ё ҳамон ҷиянаш ба болои боло навиштанд. Шояд аз атрофиёни Лоиқзода Қаноатшо бошанд. Ин ду клани навхез барои рақобати курсӣ ва тақарруб бо Раҳмон рақобати сахт доранд. Лоиқзода, ки ҳоло канор зада шудааст, чуноне гуфтем Зокирзодаро сахт бад мебинад, мутанаффир аст. Чунки Лоиқзода сабаби аз масъулиятҳо ронда шуданашро аз Зокирзода мебинад. Мисле,ки арзу шикоёти аҳолиро бар зидди Лоиқзода маҳз Зокирзода ба Озода расонидааст. Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,ҳам завотдели кадр, ҳам посредник барои таъин ва аз коргирӣ ва ҳам ҳамаи чизи Раҳмонов аст. Ҳоло бе Озода ҳеҷ коре пеш намеравад, аз ҷумла интихоботи Маҷлиси намояндагон ҳам зери назорат ва майлу иродаи ӯ ҷараён мегирад. Дар хабар омадааст, ки Озода гуфтааст, ки аз аъмол ва ҷароими Лоиқзода огоҳии комил доранд вале ба гуфти Озода “барои мо чунин кадрҳо,ки ҳам барои худашон ва ҳам барои мо кор мекунанд ва махсусан ғармиҳои саркашу нофармонро азобу шиканҷа медиҳанд, бисёр боаҳамият ва заруранд”. Озода гӯиё гуфта бошад,ки “ба Лоиқзода кордор набошед, мо медонем, ки ӯ чи гуна инсон аст, барои мо ҳамин хел инсонҳо лозим аст”.

 

Дар ҳар ҳол Зокирзода бо додани 200 ҳазор доллари нақд ба Озода тавонист, ки курсии муовини Сарвазирро ба даст оварад ва бо ҳамин дар симои Озода пуштибон ва “криша”-и қавӣ пайдо кунад.Аз инҷо аст ки тавассути шавҳари Озода,ки ноиби аввали раиси Бонки миллӣ аст тавонист писарашро дар баахши ин бонк дар ноҳия ҷонишин таъйин кунанд,ки ин намунаи боризи дигар аст.

 

Гуфтем ку,ки Маҳмадтоир илми “додан” ва “гирифтан”-ро, ки сифат ва хасисаи асоси кадрҳои имрӯзӣ арзёбӣ мешаввад, хуб аз бар кардааст, вазир буд, раиси Кумита буд,муовини сарвазир буд… “додан” ва “гирифтан”-ро ва “якчи нимчӣ” кор кардан ба худро низ хуб аз бар кардааст. Аммо онҷо ки меравад аз ин ҳарфҳо чизе ба гӯш шояд ки нарасад. “Додан” шояд бисёр бошад, додани имтиёзҳои беҳадду андоза ба домодҳои тоҷири Раҳмонов аз ҳисоби бюҷети ҷумҳурӣ, аммо“гирифтан”-ро баъид аст ки бубинад. Маоши қоқ асту халос. Вале як нуктаи нав дар мақоми нави Зокирзода ин хоҳад буд, ки ӯ ва ноибонаш дар Маҷлис “новичок” хоҳанд буд. Ҳайати риёсати Маҷлиси Намояндагони нав одамони нав ҳастанд. Ҳеҷ кадоме собиқаи кор дар ниҳоди қонунгузории кишварро надоранд. На Зокирзода, на Саймурод Фаттоҳзода ва на Раънои Бобоҷониён, ки муовинони ӯ хоҳанд буд, қаблан ҳатто депутати қаторӣ набуданд. Барои мисол марҳум Сафаралӣ Раҷабов, раиси Маҷлиси Олӣ дар солҳои 1995-2000, ки он маҷлисро “парлумони боевикҳо”, боевикҳои Фронти Халқӣ меномиданд, баъдан Сайдулло Хайруллоев, ки ду навбат дар солҳои 2000-2005-2010 ва сипас Шукурҷон Зуҳуров, ки солҳои 2010-2015-2020 раёсати парлумони касбиро бар ӯҳда доштанд, собиқи кор дар Маҷлисро доштанд. Ҳамчунон ки муовинони онҳо Абдумаҷид Достиев, Амиршо Миралиев ва Абдуҷаббор Азизов низ.

 

Зокирзода дуруст аз ҳамон ҳавзае интихоб мешавад, ки Сайдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳуров интихоб шудабуданд. Аммо бо ин вуҷуд ки Зокирзода рутбаи генералӣ ҳам дорад, ба назар мерасад, он мақому он ҷойгоҳеро, ки Шукурҷон Зуҳуров дошт барояш қоил нахоҳанд шуд. Зуҳуров коркушта ва бособиқа аст. Аз оғози ҳукумати Раҳмонов дар канораш буд. Дар музокироти байни тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ду ду даври аввал ҳайати ҳукуматиро раисӣ мекард. Дар Шӯрои олӣ, ки Раҳмоновро сари кор овард депутат ва раиси Кумита буд. Дар ҳарду навбати пешбарии ӯ дар кори конфаронси интихоботӣ муовинони аввали Раҳмонов номзадиашро пешбарӣ карда буданд. Аммо Зокирзодаро муовини дуюми Раҳмонов аз ҲХДТ пешбарӣ кард. Дар ҳар сурат дар муҳит ва саҳнаи сиёсати Тоҷикистон як шахсияти ношинохта ва ғайриматраҳ аст. Бо ин вуҷуд ки Саймурод Фаттоҳзода, ноиби аввали ӯ,ки тайи чанд соли ахир аз канори Раҳмонов тард ва парт шудааст ва барои ӯ воқиан ҳам парлумон як маҳалли кор барои “пенсионерҳо” аст аз сиёсат ва бозиҳои сиёсӣ хеле воқиф аст ва як бозингари соҳибмалака мебошад. Зокирзода дар сояи ӯ хоҳад монд, дар ҳоле ки на Зуҳуров ва на Хайруллоев таҳти сояи муовинон набуданд ва мустақил бо худи Раҳмонов ва аз номи Раҳмонов мудирият мекарданд.

 

Аммо Зокирзода ҳоло ва минбаъд ҳам ба Раҳмонов тавассути Озода иртибот хоҳад дошт, ки ин навъи кор аз ҳамин ҳоло маълум ва рӯшан мекунад, ки парлумони оянда карахттар ва камарзиштар аз феълӣ хоҳад буд. Ҳоло ҳадди ақал худи Зуҳуров гоҳ-гоҳе як ҳарфу ҳиҷоҳое мегуфт ва гоҳе ҳам бархе аз вазирони дандонғӯтро саволпеч мекарду нишон медод, ки Маҷлис ҳамингуна салоҳият ҳам дорад. Аммо аз Зокирзода ҳамчунин сӯҳбатҳои нисбатан “гарм” ва “барои мардум”-ро яқинан, ки нахоҳем шунид. Хуб, дигар чи ҳам метавон гуфт. Парлумони як ҳизба,парлумоне,ки ҳама вакилонаш дар шӯъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ санҷиш ва имтиҳон супорида вакилони “қарордодӣ”-договорной мешаванд, чи коре аз дасташон сохта аст? Ин ҳам дар ҳоле,ки соле аз корашон нагузашта кишвар “де-факто” салтанатӣ мешавад ва аз 6 ноябр ба пас Пешво ба фаъолият мепардозад,ки Президентро ҳам мудирият хоҳад кард ва Зокирзода ночор аст на танҳо дар баробари Фаттоҳзода боодоб ва хушахлоқ бошад,ҳамчунин ба салосаи қудрат:-Пешво-Раҳмонов, Президент-Рустам ва роҳбари Дастгоҳи иҷроия-Озода даст пеши бар бигирад…..м

 

Share This Article