Ауксион: Раҳмонов “номусаш”-ро ба фурӯш мегузорад

Ислоҳ нет

 

Роғун ва Талко ду корхонаи бузурги саноати Тоҷикистон дар шумори корхонаҳое қарор гирифтанд, ки фурӯхта хоҳанд шуд. Раҳмонов бо як имзо шакли моликияти ин ду корхонаро иваз ва шароити хусусӣ ва ғайридавлатӣ сохтани онҳоро фароҳам кард. Ин дар ҳоле аст ки дуруст даҳ соли қабл, бар хилофи ончики шароит ва вазъияти кишвар тақозо мекард ва иддае аз сиёсатмадорон ва оянданигарони миллӣ ҳам пешниҳод дода буданд, бо як имзо ин ду корхонаро моликияти истисноии давлат эълон ва фурӯш ва ғайридавлатӣ кардани онро мамнуъ эълон карда буд.

 

Ҳоло бо гузашти ҳамагӣ даҳ сол Раҳмонов зери қавлу қарори худ зад ва дуруст бар сари ҳамон идея ва пешниҳоде омад,ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик дар соли 2010 матраҳ кард. Маълум мешавад, ки на танҳо Раҳмонов, тими иқтисодиаш ҳам наметавонанд манофеи миллатро ташхис бидиҳанд, таъйин ва ҳимоят кунанд. Бармеояд, ки барномаҳои роҳбурдӣ, ҳисобу китобҳо ва оянданигари -ҳояшон ҳам муҳкам ва муътамад нестанд, сарсарӣ ва тавакалианд. Воқеан ин амали Раҳмонов эътироф ва иқрори нокоромадӣ ва нотавонии ӯст. Ин нишона ва далели заъфи ӯ дар идораи давлат аст ва агарчанде ба ҳеҷ сурат ба гардан намегирад, маълум гардид,ки фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ ва ояндабаҳисобгирии бархе аз сиёсатмадороне,ки аз ҳукумат канор зад, бар фарзи мисол ҳамин ҷаноби Тураҷонзода воқеӣ ва бар манфиати халқу давлат аст.

 

Ин ҳама таблиғу ташвиқ, ки Раҳмонов фалон асту беҳмадон ва ё ба қавли худаш “вай-вай” аст, дар пайи ин имзо,ки бамаънои “туфи худро пас гирифтан аст”,ҳарфи хушку холие беш нест. Баракс , агар афроде мисли Тӯраҷонзодаро дар ҳукумат дошт, ӯ роҳи дуруст ва самараовар барои миллат ва давлатро машварат медод. Ҳамчуноне,ки бар алайҳи ҲНИТ бархи дигареро имкону шароит дод ва ҳатто дар телевизион барояшон минбар муқаррар кард, ҳушдор дод, ки иштибоҳи сангинеро дорад муртакиб мешавад. Ҳамагон шоҳидем, ки он пешниҳод ҳам холисона ва воқеӣ буд.

 

Ёдамон нарафтааст,ки дуруст даҳ соли пеш дар ҳамин шабурӯзҳо масъалаи фурӯши Талко ва ҷалби маблағи он барои бунёди сохтмони Роғун дар кишвар хеле гарм шуда буд. Он солҳо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пешниҳодеро матраҳ кард,ки Талкоро бифурӯшем ва аз пули он Роғун бисозем.Ин пешниҳоди воқеан холисон ва ва дурандешона буд. Зеро Тоҷикистон чандин сол боз тамоми фасли зимистон ва тирамоҳу аввали баҳор, хулоса беш аз ним сол ба торикистон табдил мешуд. Адами барқ ва рӯшаноӣ манозили мардумро матрук ва сард мекард.

 

Ҳазорҳо корхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, майишӣ, маориф ва ғайра бо мушкил мувоҷеҳ мешуданд. Дар он солҳо бар изофаи ҳазору як мушкилӣ иқтисодиёти кишвар миллионҳо, балки миллиардҳо доллар зарар медид. Аз инҷо пешниҳоди фурӯши Талко ва бунёди Роғун бо пули он воқеан ҳам дилсӯзона, оқилона ва бар манфаати миллат буд. Он замон Раҳмонов бо ниҳояти ҷоҳилӣ ва бемулоҳизагӣ ва бо сарфи назар кардани манфоеи миллат ва давлат фурӯши Талкоро мамнӯъ эълон кард, балки онро шараф ва номуси давлат унвон дод. Аммо имрӯз ба рағми ончики даҳ соли пеш мегуфт, баромадааст. Ҳоло мехоҳад ҳарчи зудтар барои хусусисозии Талко ва Роғун ауксион ва тендер эълон кунад. Монеаи қонуниро мисле, ки бо ворид кардан ба банди 9-и қонун “Дар бораи хусусигардонӣ” аз байн бурд. Метавонад роҳат “номус”-ашро ба савдои “кӣ зиёд” барорад.

 

Ин бори дигар исбот кард, ки бар ивази пул ва барои ба даст овардани пул омодааст ҳар кореро, ҳар ғалатеро анҷом диҳад. Ин бори дигар далели он аст ки Раҳмонов қавлу аҳд надорад, сухани мардӣ надорад.Ҳоло онҳое, ки даҳон пур аз кафк карда воҳима мекарданд, ки Талко ифтихори мост, Талко номуси мост чи ҳол дошта бошанд. Онҳо беномус шуданд,чун дигар “номус”-и Раҳмонов моликияти истисноии давлат нест, дигар моликияти истисноии миллат нест ва ҳар касе ва ҳар созмоне метавонад ба он дастдарозӣ зӯрдастӣ кунад. Ҳар касе пули зиёд диҳад “номус” –Раҳмонов дар дастраси ӯ қарор мегирад. Гӯр бар сари ҳамин пул, ҳамин доллари сабилмонда аст,ки ҳама гап ва ҳама қарору ҳама “Номус” ва ҳама “Шараф” бар ӯ вобаста ва мутеъ аст. Чаро ин тавр мегӯям? Зеро дар ҳамон солҳое,ки Раҳмонов Талкоро моликияти истисноии давлат эълон кард ин корхона комилан барои ӯ ва суратҳисобҳои офшории ӯ хизмат мекард. Бо як қарор онро муассисаи пӯшида эълон кард. Тамоми дахлу харҷи он бар ихтиёри Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯсаш супорида шуд.

 

Корхона солона то 1 миллиарду 200 то 300 миллион доллар гардиши мол дошт, ки ҳамаи онро ҳам ашёи хом ва ҳам тавлидоти онро Ҳасан обу лой мекард. Қаблан “Ислоҳ.нет” навишта буд, ки Ҳанӯз, даҳ сол пеш, Ричард Ҳугленд, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон, ки номаи маҳрамонаи ӯ ба Департаменти давлатӣ дар соли 2008-ро сомонаи машҳури “Wikileaks” ба нашр расонд, Энавишта буд,ки “даромади бузургтарин корхонаи Тоҷикистон “Талко”, ки ба тавлиди алюмин машғул аст, ба дасти ширкати махфии оффшорие медарояд, ки аз тарафи президент назорат мешавад”.

 

Хулоса ин ҳама солҳо барои Талко нерӯи барқ пурра дастрас буд ва бо нархи ҳатто ду ё се баробар арзонтар аз аҳолӣ. Имрӯз Талко калонтарин ширкати қарздор дар назди “Барқи тоҷик” аст,ки ҳаҷми қарзи он болиғ аз аз миллиард сомонӣ гуфта мешавад. Афзун бар ин ширкат тавре истифода шуд, ки имрӯз дигар корношоям ва аз тавлид бозмондааст, дар ҳоле,ки то ба дасти Раҳмонов ва додарарӯсаш задани корхона 13 ҳазор коргар дошт. Ҳоло Раҳмонов ногузир ва ноилоҷ шуд онро ба Хитой бифурӯшад. Ба ҷамъияти саҳҳомӣ табил кардани он ва аз феҳристи моликияти истисноии давлат раҳонидани он бо ҳамин ҳадаф аст.Талко дигар моликияти истисноӣ нест, номус нест, он дигар моликияти Чин аст. Аммо ин муомилаи аз рӯи ночорӣ ва бар зиёни миллат ва давлат як санади бисёр ҳам муҳкам ва таъйидкунандаи ҷиноятҳои сангини ӯ дар ояндаи наздик хоҳад буд. Инҷо,ки фаҳмидем чаро Талкоро аз листи корхонаҳи истисноии давлат берун овард.

 

Чаро Роғунро мисли Талко кард?

 

Аммо чаро Роғунро? Гап дар инҷо аст,ки сохтмони Роғун то ҳамин имрӯз аз тарафи ширкати “Роғун ГЭСстрой”, ки як корхонаи хусусии Ҳасан Асадуллозода аст, пеш бурда мешавад. Маблағгузории он аз тарафи бюҷети давлатӣ сурат мегирад, ки дар даҳ соли ахир соле то 230 миллион доллар масраф шудаааст. Дар маҷмӯъ, бо фурӯши сангҳои қимматбаҳо, евробондҳо, ҷалби маблағи аҳолӣ дар ҳаҷми ҳудуди 200 миллион доллар, пули аз сияҳсозии шишаимошинҳо, номерҳои крутой ба даст омада то январи соли ҷорӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ва ё севуниммиллиард доллар барои бунёди ин иншоот масраф шудааст. Дар соли ҷорӣ низ ду миллиарду 200 миллион сомонӣ аз бюҷети давлатӣ барои идомаи корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Аммо чаро боз ҳам Раҳмонов онро мехоҳад хусусӣ ва ё ғайридавлатӣ бисозад? Ин сару садоҳо, ки Раҳмонов мехоҳад Роғунро ҳам ба Хитой бифурӯшад то куҷо воқеият доранд? Бале,чуноне ба мушоҳида мерасад, ин сару садоҳо аз воқеият дур нестанд. Раҳмонов ҳамчунин қасду ниятро дорад. Аммо як воқеияти дигар ин аст ки бо ин сармоягузории 200 миллиондолларии солона аз бюҷет баъид аст ки кори Роғун дар ин даҳсолаҳо ба итмом бирасад. Маблағҳои бештар даркор аст. Тақозои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ҳам ин аст ки дар ҳоле омода барои сармоягузории ин тарҳ хоҳанд буд, ки он ғайридавлатӣ карда шавад ва онҳо ба як корхонае, ки моликияти давлат аст сармоя намегузоранд.

 

Аз инҷост,ки Раҳмонов шармандавор маҷбур шуд, ки туфу кардаи худро баъди даҳ сол бихурад ва фармону қарорҳои моликияти истисноии давлат будани ин корхонаро ҳам бекор кунад.Дуруст аст,ки то ҳамин имрӯз ҳам аз Роғун ва Ҳасан Асадуллозода миллионҳо доллар дуздӣ кардаанд ва оянда ҳам ин корро хоҳанд кард, аммо имрӯз дигар сангҳои қимматбаҳо ва евробондҳо боқӣ намонд ва фурӯхта нахоҳад шуд. Барои Роғун пул ҳам барои сохтмон даркор аст ва ҳам ҳатман, ки барои дуздиҳои калон. Зеро, тамоми хариду фурӯш, таъминоти ашёву таҷҳизоти Роғун ба воситаи Ҳасан Асадуллозода ва зери контроли ӯ мегузарад. Барои ду чархаи Роғун беш аз севвуниммиллиард доллар сарф шудааст. Ҳоло чаҳор чархаи дигар бояд насб бишавад. Пули хеле зиёд даркор аст. Пули зиёд, дуздии зиёд дорад. Танҳо дар тафтишоти соли 204 180 миллион сомонӣ аз тарафи Оҷонсии зидди фасод пули дуздӣ аз Роғун ошкор карда шуд.Аммо на касе ба ҷавобгарӣ кашида шуд ва на касе дигар ин хабарро пайгирӣ кард, ки ин миқдори пулро кӣ дуздидааст.

 

Орзу Аҳмадзода,муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вақте лоиҳаи тағйирот дар қонун “Дар бораи хусусисозӣ”-ро дар парлумон тавзеҳ мекард, гуфтааст,ки мақсади тағйирот баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҶСК “Ширкати алюминийи Тоҷик ва танзими саҳмияҳои НБО “Роғун” мебошад.”

 

Аммо ин тавзеҳ як дурғӯи маҳз ва як дурӯғи фач аст.Аз кадом самаранокии Талко мегӯед, вақте ки он дигар ба моликияти Хитой бадал шуд ва инки агар бароятон саҳмияҳои фурӯхташудаи Роғун муҳим буд, магар баҳои нерӯи барқро ба ҳамин аҳолӣ, ки ду миллиард сомонӣ саҳмия харидааст,ду-се баробар боло мебардоштед? Воқиан ҳам коршиносон дуруст қайд кардаанд, ки дер ё зуд аъзои хонаводаи Раҳмон, онгуна ки тамоми тиҷоратҳои асосии кишварро ғасб кардаанд, Роғунро ба ҳоли худаш бигзоранд.

 

”Ҳоло нерӯгоҳи Роғун ба овардани фоида шурӯъ кардааст ва аз ин пас танҳо ва танҳо фоида хоҳад дод. Албатта шояд як-ду соли дигар сабр кунанд, то чархаҳои дигарро ҳам аз ҳисоби буҷаву қарзи давлатӣ насб кунанд ва корҳои боқимондаро ба анҷом расонанд. Он замон, мутмаъин бошед, ки НОБ Роғун моли хусусии яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон ё Рустами Эмомалӣ хоҳад шуд изҳори ақида кардааст яке аз огоҳони умур.”

 

Вай бо ин ҳама навмедие,ки дорад афзудааст:

“Фоҷеъа чандон бузург нест, агар Роғун моли оилаи Раҳмон шавад, чунки рӯзе фаро мерасад, ки миллат онро бармегардонад. Метарсам, ки ба ивази қарзҳои бепоён, Раҳмон Роғунро ба Чин надиҳад.” Воқеан ҳам ин тавр шудани кор ҳам баъид ба назар намерасад. Чуноне гуфтем, сабил монад, ин доллар аст,ки Раҳмоновро водор кардааст, даст ба фурӯши “номус” бизанад, номусе, ки даҳ соли пеш ҳатто дар мақоми “номуси миллӣ” ва “номуси давлатӣ” ҷой дода шуда ва ҳар каси муқобили онро душман эълон карда будаанд. Имрӯз Раҳмонов ҳам номусро ба музояда гузоштааст ва ҳам аз мавқеи “душман” ҳарф мезанад…..

 

Ҳоло ҳар нафаре аз масъулин ба шумули Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ҳам,ки ночор шудааст қарори хусусисозии ин ду корхонаи саноатиро шрҳ бидиҳад, муваффақ нашудааст.Зеро ончики дар моддаи 9и он қонун омадааст фурӯш ва хусусисозии Талко ва Роғунро дар назар дорад. Ва,агарки як шаҳрванд ва ё созмони хориҷӣ, бар фарзе беш аз 70 ва ё 80 дар сади саҳмияҳои индуро бихарад,магар молики онҳо нахоҳад шуд? Дар ҳоле,ки ҳамчунин маҳдудият барои хариди саҳомро таъкид накардаед. Инки мегӯед, буҷҷа ба душворӣ таъмин мешавад ва сохтмони Роғун барои он фишор овардааст, ин воқеият аст. Аммо чаро коре намекнед,ки бюҷҷет ба таври табиъӣ ва дуруст такмил бишавад. Зеро тиҷорат ва муассисаҳои бузурги кишварро аъзои хонавода дар даст доранд, ки аз пардохти гумрук ва андозҳо озоданд ва имтиёзҳо доранд. Агар домодҳои Раҳмонов ҳам мисли бақия бидуни имтиёз ҳама андозҳо ва аворизи гумрукиро бисупоранд, бюҷет чанд баробар пурр мешавад. Раҳимзода ва дигар нафарон,хеле бечора ва ночоранд,ки барои Раҳмонов ва оилааш ба сифати дурӯғросткунак ва обсофкунак кор кунанд.

PS.

Нуктаи ҷолиб инҷост ки дар зимистони соли 2010, ки Раҳмонов ва ҳизбаш ба интихоботи парлумонӣ бо баровардани мардум ба хиёбонҳо ва хариди саҳмияҳову шиору транспорантҳои “ҲХДТ-сарпарсати Роғун”,”Талко шарафу номуси мо” , ”Роғун моли давлат” омодагӣ медид, ҳоло мисли муш дар ин мавзӯъ сар даруни хафол кардааст. Имрӯз чӣ мегуфта бошад ва чи шиор мебардошта бошад. Шояд: “Номусро ауксион кардем”, ”Талко фурухта шуд”, “Роғун-номуси давлат нест” мегуфта бошад?.Онҷо мебудем ҳамин гуна маслиҳат медодем….

 

Share This Article