Досияи сиёҳи мири Ҳисор Ш.Ҷумазода,шогирди Сарвазир

Ислоҳ нет

 

(бахши дуввум)

 

“ Ин буд,шаммае аз кирдорҳои ҷиноии Шариф Ҷумазодаи, мири ҳозири Ҳисор ва “одам”-и Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки хапу дам “кор” карда истодааст.

 

Мо медонем, ки аз ин вазъият ҳамаи роҳбарият огоҳ аст: то Ятимов, то Юсуф Раҳмон, то Раҳимзода то худи Раҳмонов. Аммо касе пеши роҳи ин ҷиноятҳо ва коррупсияро намегиранд.

 

Таҳқиқоти Ислоҳ дар ин қазия идома дорад ва дар рӯзҳои наздик аз ин ҳам маълумоти бештар тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем, бо мо бошед.”“Isloh.net” 18.02

 

Навиштаи пешини мо дар бораи аъмоли ҷиноии Шариф Ҷумазода,раиси ноҳияи Ҳисор бо ҳамин ҷумлаҳо ба анҷом расида буд. Ҳафтае ҳам нагузашт, ки дар дасти мо мадраку асноди тозае аз фаъолиятҳои ҷиноии ин мири Ҳисори Шодмон бирасид ва ҳоло шуморо ба онҳо ошно месозем. Дар оғоз аз он хоҳем гуфт, ки дар ҳақиқат Ҷумазода Шариф “одам”-и Қоҳир Расулзода мебошад ва барои мо рӯшан шуд, ки ӯ қабл аз таъиноташ ба мақоми раиси Ҳисор, мудири Котиботи Сарвазири Тоҷикистон будааст. Дар Суғд ӯ ҳамин вазифаро дар ҳукумати вилоят дар зери раёсати Қоҳир Расулзода иҷро ва адо мекард. Дар онҷо ӯ раис ё роҳбари Дастгоҳи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода буд. Расулзода сарвазир таъин шудан замон ӯро низ аз Хуҷанд оварда дар мақоми чуноне гуфтем мудири Котиботи Сарвазири Тоҷикистон таъйин мекунад, дуруст ҳамон вазифаеро,ки дар Суғд иҷро мекард, акнун дар Дастгоҳи Сарвазир ва дар Душанбе бар дӯшаш гузошта буданд. Ҳамин тавр дар соли 2016 Ҷумазода бо пуштибонии Қоҳир Расулзода ва бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов раиси ноҳияи Ҳисор таъйин мешавад. Яке аз калонтарин ноҳия ба дасти нафаре меафтад, ки қаблан ҳатто дар вазифаи муовин ё сардори шӯъба дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ кор накардааст.

 

Баъди камтар аз ним соли таҷлил аз 3000- солагии Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ба ҷойи Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор таъйин гардид. Дурусту дақиқ дар 2 феврали соли 2016. Дар ҳақиқат қарори раиси ноҳияи Ҳисор дар барои ба мардум тақсим намудани заминҳои ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Ризо ба ҳайси участкаи наздиҳавлигӣ содир шуда буд. Вале Ҷумазода ба ҷойи онки он қарорро, ки аз номи ҳукумат ва бо имзои раиси он содир шуда буд, тасдиқ кунад омадан замон онро бекор кард. Он вақт сардори Кумитаи заминсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҳисор дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо Нӯъмон Шарифов буд.Вай мехост,ки заминҳоро тақсим кунад,аммо Ҷумазода Шарифҷон иҷрои ин корро дидаву доиниста ба таъхир андохт. Гуфт тақсимот як каме баъдтар мешавад.Вай гуфт,ки ин заминҳоро бояд бифурӯшанд. Ва эълон кард,ки нафаре мехоҳад соҳиби замин шавад бояд пул бидиҳад ва вобаста ба ҷойгиршавӣ ва сотихи замин нарх гузоштанд: 1000 доллар, 2000 доллар.Баъзе нафарҳое буданд,ки то 5000 доллар ба онҳо доданд. Аммо бо ин вуҷуд ки ин қадар пулҳоро ҷамъоварӣ карда гирифтанд, боз тақсимоти заминро ба таъхир гузоштанд.

 

Дар соли 2015-16 заминҳои деҳаи Тӯдаи боло ва деҳаи Ноҷии боло дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризоро ба аҳолӣ тақсим карда доданд.Чаро ин заминҳоро доданд? Зеро дар Ноҷии боло Муродалӣ Алимардонов бар сар мебарад ва вай мардуми ин деҳаро ба қавли маъмули имрӯза “кришават” мекард. Ин мардум заминҳои наздиҳавлигии худро гирифта тавонистанд. Мардуми деҳаи Тӯдаи боло ҳам ба қавле соҳибдоранд. Аз ин деҳа дар ниҳодҳои гуногуни мақомоти давлатӣ нафарони зиёд кор мекунанд.Онҳо ҳам тавонистанд,ки заминҳои худро соҳиб шаванд.

 

Дар инҷо монд деҳаҳои Хоҷачилдиёри боло ва Хоҷачилдиёри поён ва деҳаи Нуробод.Сокинони Нуробод заминҳояшонро гирифтаанд ё не, маълумоти дақиқ дар даст надорам.Аммо мебоист ба сокинони деҳаҳои Хоҷачилдиёри боло ва Хоҷачилдиёри поёни ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо заминҳо тақсим карда мешуданд. Чанд рӯз пештар ҳамроҳи модарам тамос гирифтам, чунки мо ҳам аз ҷумлаи ҷабрдидаҳо ҳастем. Зеро ба онҳо 2000 доллар маблағи нақд бароварда дода будем.

 

Вақте раиси Кумитаи заминсозии ҳукумати ноҳияи Ҳисор Нуъмон Шарифзода маблағро гирифт, гарантия дод ,ки замин ба ниёзмандон дода мешавад. Аммо ин заминҳо то ҳоло дода нашуд. Мисли мо садҳо нафар бечораҳо дар онҷо доду вой доранд. Ҳеҷ кас ба доду войи онҳо намерасад. Як нафаре бо номи Миров Таваккал аз болои Нӯъмон Шарифов ба дастгоҳи иҷроияи президент навишт. Дастгоҳи президент коррупсияро равон кард ба ҷамоати мо ва НӯъмонШарифов ба дасти онҳо афтид. Аммо баъди дастгир шудан ва дело кушодану тафтишот бурдан, як моҳ ё ду моҳ нагузашта буд, ки ӯро оварданду раиси ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо таъин карданд. Ба мақоми болотар интихоб шуд.Шумо тасаввур кунед, ки дар ин ҳол мо ба ин ҳукумату ба ин давлат чи хел бовар кунем,ки –ҳақ ба ҳақдор мерасад- бовар дорам,дер ҳам бошад мерасад, аммо ин ҳукумати мо аз раиси ҷумҳур сар карда то раисони ҷамоа, то раисони шаҳру ноҳия дузд ҳастанд. Пас аз чанд вақти дигар ин нафар боз ба дасти коррупсия афтид. Ин дафъа бошад боз болотар рафт. Ба раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Ҳисор таъин карданд. Аммо дар инҷо ҳоли мардум чи мешавад, касе парво надорад, аҳамият намедиҳад. Дар инҷо садҳо нафар ҳастанд, ки маблағҳои калон додаанд, ба хотири онки соҳиби замин мешаванд. Аммо як ваҷаб замин барои мардуми камбағал дода нашуд. Пули мардуми камбағал сӯхт.

 

Модарам,ки барои талон-санаде, ки баъди гирифтани пул барои замин медоданд ба Кумитаи замин рафт. Гуфт дар онҷо чанд ҷавонписарону ҷавондухтарони муҷаррад, оила барпо накардаанд, зану шавҳар надоранд,муҷаррад ҳастанд, дар дасти онҳо талон дода шудааст.Онҳо ақди никоҳ надоранд ва оила барпо накардаанд,аммо талон барои гирифтани замин ба онҳо дода шудааст. Ҳамчунин барои онҳое талон додаанд, ки онҳо яккаписаранд ва ҳуқуқи гирифтани замини наздиҳавлигиро надоранд. Оилаҳое,ки аз се нафар иборатанд, барои 9 нафар замин гирифтаанд. Акнун худ қазоват кунед, ки ҳақиқат дар куҷо аст. Онҳо амалан пули мардумро дуздиданд. Бо роҳи фанду фиреб пулҳои одамонро гирифтанд аммо имрӯз ҳеҷ кас аз аҳволи мардуми мо намепурсад.Ин аст яке аз ҷиноятҳои Ҷумазода Шарифҷон, раиси ноҳияи Ҳисор.

 

Вақте дар мактаби 47-и Хоҷачилдиёри поён маҷлис баргузор шуд, хостанд аз раис бипурсанд,ки тақдири заминҳо ва маблағҳои супоридаи онҳо чи мешавад. Ин раиси мутакаббири мағрури худписанд гуфтааст, ҳоло ҳеҷ кас ба шумо ҳуқуқи сухан гуфтан надодааст. Ҳоло саволи ман ба мақомдорон ин аст ки агар давлати мо демократӣ аст, чаро шаҳрванд аз раиси ноҳия суол пурсидан наметавонистааст. Мо аз шумо хоҳишамон ин аст ки ин ҳама гуфтаҳо моро ҳам навор карда ба самъи ҷомеа расонед. Канали Шуморо ҳоло мо ҳама тамошо мекунем,аз шумо хоҳишамон ин аст ки нишон диҳед, то ҳамаи мардум бинад,ки пулҳои онҳо дуздида мешавад ва пули супоридаи онҳо ба оффшорҳо бурда мешавад. Як замини онҳоро ба 5-6 нафар мефурӯшанд. Ва ин маблағи кам нест. На сарбозе аз онҳо замин гирифта тавониста не як ниёзманд. Як мавриде буд, эълон карданд,ки касе аскарӣ равад замин медиҳанд. Ва чандин нафарҳоро фанду фиреб карда бурданд. Худи ман шоҳиди ҳол ҳастам,ки се нафар ҳамсинфи ман аскарӣ рафтанд. Онҳо аз оилаҳои камбағал буданд ба хотири гирифтани замин рафта буданд, аммо онҳоро ҳам фанд карда замин надоданд.

 

Ҷумазода садҳо гектар заминҳои деҳаҳои Хоҷачилдиёри боло ва Хоҷачилдиёри поён ҷамоати деҳоти Мирзо Ризоро фурӯхт. Мардуми ин деҳа асосан як қавму хешу таборанд. Гӯристонашон ҳам ягона аст.Заминҳои онҳо обӣ аст барои ҳамин аз заминҳои онҳо фурӯхта шуд. Аз заминҳои Хоҷачилдиёри боло раиси ноҳияи Ҳисор Ҷумазода ба чандин нафар сокинони деҳоти дигар замин фурухтааст. Вақте бо сокинони ин деҳа маҷлис мекунад аз ӯ мепурсанд,ки чаро ба сокинони дигар деҳаҳо аз заминҳои деҳаи мо додӣ, ҳол онки вақте аз Тӯда замин тақсим кардед, ба мардуми мо замин дода нашуд, мардуми мо ҳам ба замин эҳтиёҷ доранд ниёзманданд. Ё аз заминҳои деҳаи Ноҷӣ вақте замин тақсим карданд ба мардуми мо ягон ваҷаб дода нашуд. Инҷо ин раиси мутакаббир ба хотири гӯл задани мардум мегӯяд,ки ҳамаи мо як мардум ва як қавм ҳастем, набояд шумо байни худ иғвоангезӣ кунед, байни мардум ҳар хел дасиса кунед, тафриқа ва ихтилоф андозед. Раис ва муовинҳои вай ба мардум ҳамин гуна гапҳо зада ба гӯшашон лапша кашол мекунанд. Ҳатто мардумро тарс ҳам медиҳанд,ки шумо муқобили сиёсати сулҳдӯстонаи Пешво гап мезанед. Аммо дар асл маънои ин гапҳо ин аст ки бимонед, ман заминҳоро якто –якто фурӯхта хӯрда гардам,шумо ба ин заминҳо кор нагиред, шумо мисли ғулом ҳастед ва бояд ба мо пул ҷамъ карда супоридан гиред.

 

Чандин нафар бевазанҳо,ки саробон надоранд, ба назди раиси Кумитаи замини Ҳисор Шарифов Нуъмон барои қитъаи замин мераванд,то бесарпаноҳ набошанд, то кулбае сохта ҳамроҳи фарзандҳояшон зиндагӣ кунанд. Аммо ин бадбахти касифи Нӯъмон Шарифов ба онҳо мегӯяд, ки шумо бева ҳастед, оилаи мустаҳкам надоред, ба шумо замин дода намешавад, чунки шумо оилаи дар назди давлат оилаи ноустувор ба ҳисоб меравед, ба ин гуна оилаҳо замин дода намешавад. Шумо айни ҳол худ медонед,ки Раҳмонови касиф ва ҳукумати касифу бадбахти он хел аз падарҳову бародарҳои тоҷикро, вақте ягон гапи ҳақро мегӯянд ва ё ба ягон кори ҳақ амал мекунанд шуморо Ихвонӣ, салафӣ, шиа ё наҳзатӣ ё аъзои Гурӯҳи 24 гуфта зиндон мекунанд. Як гурӯҳи ин духтарону модарон пайвандони ҳаминҳоанд.

 

Дирӯз вақте модари ман рафт, ба модари ман талон дода намешавад. Мегӯяд, ки дар номи шумо замин нест.Аммо мегӯяд модарам онҷо духтарҳои ҷавоне буданд ки дар даст талон доштанд, онҳо фарзандони шахсҳои сарватнманд, аммо бешавҳару муҷаррад ва ба онҳо замин дода шуд, аммо ба модарҳои соҳиби фарзанд оилаи ноустувор гуфта замини надоданд. Ин номаи бо дарду алами сокини ин ноҳия буд,ки сабки навишташро,ки хело тунд буд мулоим кардам. Ин навишта,чуноне ҳам худ огоҳ шудед факт ва мадраки инкорнопазир аз фаъолият ва амалҳои хилофи қонун ва ҷиноятии раиси ноҳияи Ҳисор аст. Афроде аз қабили Ҷумазода,ки хуб медонанд, вазифа ва мансаб барои онҳо як васила ва манбаи бойшавӣ ва сарватандӯзӣ аст, дуруст бо ҳамон шиори Ҷамолиддин Мансуров, раси пешин ва “пир”-и маънавии раисони феълии ин ноҳия,”99”% барои худ ва 1% барои давлат кору зиндагӣ карда истодаанд.

 

Мо,мутмаинем,ки аз ин ҳама мардумфиребӣ ва ғорати халқ, мақомоти болоӣ ва бахусус ниҳодҳои ба истилоҳ танобкаш, назири КДМ, ВКД ва бахусус Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза зидди коррупсия огоҳӣ доранд ва ҳатто Оҷонсии коррупсия ду маротиба Ҷумазодаро бар сари ҷиноят дастгир ва дафъатан раҳо кардааст. Пас, бо баврии комил метавонем хулоса намоем, ки ҳоло шурӯъ аз Раҳмонов то як мансабдори сатҳи ҷамоат зиндагӣ ва рӯзгори худро танҳо ва танҳо бо ҳамин услуб ва усул пеш бурда истодаанд ва онҳоро метавон танҳо як ном гузошт: Гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ. Бубинед, бо онки аз ин ҳама разолат ва қабоҳати Ҷумазода дар боло огоҳанд, ҷойи онки вай ба курсии ҷиноят бинишинад, ӯ муддаи курсии вакили халқи ноҳияи Ҳисор шудааст ва номзадии ӯро барои дарёфти ваколат аз Ҳизби ХД пешбарӣ кардаанд,ҳизбе,ки раёсаташро Эмомалӣ Раҳмонов бар уҳда дорад. Аз тарафи дигар бар рағми ончики воқеият аст, “булбулак”-оне ва моямолаконе ,ки номашонро ҳам нагирем, ҳеҷ чизе иваз намешавад, ба чашми мардум хок задан мехоҳанд ва як авангардӣ,ки сару каллаааш зуд,зуд дар шабакаҳои маҷозӣ намудор мешавад, даст ба тамҷиду тавсифи Шарифҷон Ҷумазода зада ӯро “реставратор” ва “перестройшик”-и Ҳисор ба қалам дода аст. Нафареро,ки агар ними Ҳисорро об бибарад, нимашро шамол, мижааш хам нахоҳад хурд ва танҳо ва танҳо дар фикри кисса ва шикам асту бас:

 

“Шарифҷон Ҷумазода Раиси шаҳри Ҳисори бостон аз зумраи чунин ҷавонмардоне, аст ки бисёр як ҳисси баланди ватандусти дорад, дар сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии диёри азизамон хизмат намуда истодааст. …… Дар ҳақиқат ин марди шариф дар як муддати кутоҳ куллан симои шаҳри Ҳисорро дигаргун сохат ва дар қалби мардум ҷой гирифт. Имруз ҳар як инсон вақто қадри дигареро мешиносад, ки он нафар заминиву хоксор бо мардум бошад.

 

Зеро дар ҷамъият ҳастан бархе инсонҳое, ки бо кибру такабури худро ким ки мешуморанд, аз ҳисоби мардум ҳақхури мекунанд, лек чунин инсонҳо шахсан дар назди ман ягон қадру қиммате надоранд”.

 

Бубинед,ки дар тавсиф ва таърифи як ҳақимардумхӯр чи ҳарфу ҳиҷоеро ба кор мебаранд. Хуб, дигар ин марди сарсону саргардони ҳисорӣ дуруст мегӯяд, ки ин ҳукумат аз Раҳмонов гирифта то шариф ҷумазода ва нуъмоншарифзодаҳо ҳамагӣ дузд ҳастанд ва ба онҳо чи гуна мешавад бовар кард?

Дар ҳар сурат хонанда ва бинанди Ислоҳ.нет мо боз ҳам аз шумо даъват мекунем, ки ҳар маълумоту иттиллое дар бораи ин мири Ҳисор дар ихтиёр доред ба мо ироа бидиҳед, то сурат ва чеҳраи ҳақиқиии онҳоро ба мардум ошкор намоем. Мо барои ҳамин мегӯем,ки

Идома дорад…!

Share This Article