Хитоби Кабирӣ ба шаҳрвандон, наздикони зиндониён ва Прокуратура

Ислоҳ нет

 

Хитоби Кабирӣ ба шаҳрвандон,наздикони зиндониён ва Прокуратура

 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, дар як сӯҳбати онлайнии изтирорӣ ба дунболи эълони карантина дар дабистон ва кӯдакистонҳои пойтахт вобаста ба бемории оламгирӣ коронавирус мақомоти Тоҷикистон ва бахусус президенти Тоҷикистонро дар пеш омадани чунин ҳолат муқассир хонд ва аз вориди амал шудани Додситонии кулли Тоҷикистон дар иртибот ба ин қазия ва низ оид ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки эҳтимоли гунаҳкории онҳо зиёд аст,истиқбол кард. Ба хотири мутолиаи хонандаи сершумори “Ислоҳ.нет” мо тасмим гирифтем ин сӯҳбатро ба сурати катбӣ ва аммо бо ҳифзи суханронии раиси ПМТ пешкаш намоем.Раиси ПМТ гуфт,ки хабарҳое,ки мерасанд баёнгари онанд,ки вазъият дар кишвар хуб нест.ва новобаста аз эътироф кардан ва накардани мақомоти кишвар ин мусибат ба кишвари мо ворид шудааст. Матни тақрибан комили суханронии устод Муҳиддин Кабирӣ аз ин қарор аст:

 

Шояд,ки ҳафтаҳо пештар,моҳҳо қабл ворид шуда буд,аммо талош мешуд, ки аз будани коронавирус дар Тоҷикистон эълон нашавад ва масъулин тавре рафтор мекарданд,ки гӯё Тоҷикистон як давлати истисноӣ аст кишвари истисноӣ аст ки коронавирус бо ин ё он далел вориди он намешавад.

 

Аммо мутаассифона ин орзуву умед ва хушбиниҳои мо-мақомот ва ҳам мардум рост набаромад, баръакс он ҳушдорҳо ва огоҳиҳое,ки ҳам мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам маҳаллӣ,бахусус намояндагони фаъоли ҷомеа даъват мекарданд, ки бояд чораҳои пешгиришаванда ҷиддитар дида шавад, мутаассифона он ҳама огоҳиҳо ва ҳушдорҳо амалӣ шуданд ва имрӯз дида истодаем,ки дар кишвари мо шумораи касоне,ки аз бемориҳои гуногун мефавтанд ва агарчи то ба ҳол ҳеҷ касеро эътироф накардаанд, ки коронавирус аст аммо якбора бештар шудани шумори фавтидагон ва маризон баёнагри он аст ки мутаассифона чи мехоҳем чи намехоҳем ин беморӣ дар Тоҷикистони мо вуҷуд дорад. Ҳамон тавр,ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо раҳбарии сарвазири Тоҷикистон эълон карданд,ки тамоми мактабҳо,муассисаҳои таълимотии миёна ва ибтидоӣ ва боғчаҳои бачаҳо баста шуд ин баёнгари он аст ки аллакай вазъият дар мактабҳо ва таълимгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳадде ногувор ҳаст,ки маҷбур ба бастан шуданд. Аз он ҷумла марги чанде аз устодон ва муаллимон,ки боиси нигаронии падару модарон шуд. Аммо инҷо суолҳо пеш меояд, ки оё Тоҷикистон хуб кард,ки дер эълон кард ва даст ба чораҳои қатъӣ зад ё баракс мо як каме таъхир кардем?

 

Дар аксари кишварҳои ҷаҳон аллакай шиддати фарогирии вируси корона рӯ ба пасравӣ дорад. Дар Олмон ва Аврупо, онҷое,ки мо ҳастем билофосила ҳукуматҳо ҳолати карантинӣ эълон карданд, мактабҳо, фурушгоҳҳоро бастанд. Дар нақлиёт маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд ва аз мардумашон ҳеҷ чизро пинҳон накарданд. Худи роҳбарони давлатҳо аз мулоқотҳо, аз чорабиниҳои умумӣ даст кашиданд ва ин боис шуд,ки тавонистанд равандро контрол кунанд ва имрӯз шумораи мубталошудагон ба ин беморӣ дар Урупо ва умуман дар сатҳи ҷаҳон ба поён рафта истодааст ва баракс ҳаёт бармегардад ба ҳолати маъмулии худ. Аз он ҷумла дар минтақаи мо ҳам Қазоқистон,дар Узбекистон,дар Қирғизистон, дар он кишварҳое,ки билофосила раҳбарияташ ҷасорат нишон дод, эълон карданд ва чораҳои лозимиро диданд ва имрӯзҳо вазъият мӯътадил мешавад. Хабаре буд,ки дар Алмаато раванди ибтило ба коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Дар сурате,ки дар Тоҷикистони мо дар он рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ дар Осиёи Марказӣ имконияти пешгирӣ аз он хеле зиёд буд. Мо имконияти зиёд доштем,чун шумораи мубталошудагон ё кам буданд ё аслан набуданд ва бо иҷро кардани тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ва риояти қоидаҳои беҳдошт ва бахусус аз тарафи раҳбарияти кишвар ва аз тарафи масъулин мо метавонистем сатҳи ин мусибат ва фоҷиаро поинтар барем. Аммо мутаассифона бар хилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи дигарро пеш гирифт.

 

Дақиқан мисли роҳбарони Туркманистону Кореяи Шимолӣ ва чанд кишвари диктотурии дигар,мисли Белорус, ки дар аввал нахостанд эълон ва эътироф кунанд, аммо маҷбур мешаванд, дер ё зуд инро эътироф кунанд. Аммо дар ин байн шояд даҳҳо ва шояд садҳо ҷонро мо аз даст хоҳем ва шояд, ки даҳҳо ҳазор ҳамватани мо гирифтор ба ин беморӣ шаванд. Касе то ба имрӯз гуфта наметавонад, ки адади мубталошудагон дар Тоҷикистон чи қадар аст. Аммо он чизе, ки аз расонаҳо маълум аст, он чизе, ки аз каналҳои ғайрирасмӣ меояд, аз мардум меояд, маълум мешавад,ки мутаассифона шумора бамаротиб бештар аз он аст ки мо тасаввураш карда метавонем. Фақат агар як оморро мо нигоҳ кунем, ки тибқи гуфтаи мутахассисон ҳамагӣ 3% мубталошудагон аз коронавирус ҳалок мешаванд. Агар инро бубинем,ки то имрӯз дар Тоҷикистон чанд нафар фавтид, ва агар ин 3% бошад, пас тақрибан метавон мушаххас кард,ки шумораи умумии мубталошудагон чи қадар аст. Ман дар инҷо мехостам аз ҳама касон,ки аз рӯзи аввал бонги хатар заданд, талош карданд ва ҳушдор доданд, ки бояд иқдомҳои ҷиддӣ гирифта шавад, миннатдории худ ва тамоми мардуми муҳоҷир дар хориҷро баён кунам. Чун агар талошу заҳмати ин фарзандони миллат намебуд, бо вуҷуди онки зарбаҳои аввалро ба худ қабул карданд.

 

Чун ёдатон бошад,вақте аввалин маротиба пешниҳод карда шуд ва ҷиддӣ гирифта шуд,ки ин коронавирус ба ҳеҷ кас раҳм нахоҳад кард, бояд,ки ҳукумати Тоҷикистон чораҳои лозимиро биандешад,як гурӯҳ аз одамоне,ки одат кардаанд,муҳоҷирини мо ва ҷомеаи шаҳрвандиро ва бахусус оппозитсияро муттаҳам ба хиёнат, муттаҳам ба ватанфурӯшӣ ва ҳатто муттаҳам ба он кунанд, ки гӯё касе дар берун орзу дошта бошад, мехоста бошад,ки дар Тоҷикистон коронавирус биёяд ва онҳо худашонро ватандору патриот эълон карданду ин ҳамватанони мову шуморо,ки як каме огоҳонатар рафтор мекарданд,инҳоро хоин ва муттаҳам ба ҷиноятҳои дигар карданд. Аммо ин гурӯҳ ин зарбаҳоро ба худ қабул кард, ақибнишинӣ накарданд, чӣ намояндаҳои расонаҳо, намояндаҳои расонаҳои мустақил албатта, ман пеш аз ҳама мехостам инҷо миннатдории тамоми мардуми тоҷикро ба расонаҳое мисли “Озодӣ”, мисли “Ахбор”, мисли “Азия Плюс”,ки бо вуҷуди онки дар дохили кишвар ҳастанд,аммо рисолати иттилоърасонии худро ҳамчун журналист ва ҳамчун расона дуруст анҷом доданд, баён кунем. Зеро агар ин огоҳ кардани онҳо намебуд, агар маҷбур кардани масъулин намебуд, масъулини Тоҷикистон ҳеҷ вақт ин чораҳоро намеандешиданд. Албатта,ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ ҳам дар ин масир саҳми худро гузоштанд. Мо мебинем,ки коршиносон ва фаъолони иҷтимоӣ чи дар шабакаҳо ва чи бо номанигорӣ ба созмонҳои байналмилалӣ, бо шаклҳои гуногун таъсири худро гузоштанд. Таъсир расониданд,то инки ҳукумати Тоҷикистон як миқдор ҳам бошад ҳаркат кунад.

 

Мо-Паймони миллии Тоҷикистон билофосила пешниҳодоти даҳгонаи худро ба ҳукумат пешниҳод кардем. Ва ба мардум ҳам муроҷиат кардем. Аз ҷумла рӯзи 20ум бо як номаи расмӣ ба Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ муроҷиат кардем. Ва инро бояд бигӯям,ки агарчи ин нома ба унвони раиси СБҶ буд, нусхаашро мо бо Галина Пер-намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон ҳам равон кардем. Зеро,ки дар он нома як шикояти сабуке аз рафтор ва мавқеъгириҳои ин хонум дар Тоҷикистон ҳам буд. Ва мо даъват кардем,ки як каме баёнияҳои масъулиятшиносона бояд ин созмон ба хусус намояндааш дар Тоҷикистон ба мардум бирасонад. Зеро,ки ин як созмони ҷаҳонии хеле мӯътабар аст мардум ба он эътимод доранд ва агар ҳамон гуфтаҳои ҳукумати Тоҷикистонро такрор кунад,ин боиси оромиш ва бетафовутии мардум мешавад. Мардум коронавирусро ҷиддӣ намегиранд, эҳтиёт намекунанд.Чунки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гуфта истодааст,ки дар Тоҷикистон нест. Вақте ки тамоми ҷаҳон мегӯяд, ки ҳаст, вақте ки нишонаҳои он ҳаст вале вақте намояндаи як созмони байналмилалӣ нест мегӯяд, ин боиси фориғболӣ ва беаҳамиятии мардум мешавад,ки мутаассифона ҳамин тавр ҳам шуд. Ва ман барои ҳамин як қисми масъулиятро,шояд алъон,ки шумораи мубатлошудагон дар Тоҷикистон зиёд бошад, ба намояндагони ҳукумат, ба раҳбарияти кишвар вомегузорам ва дуюм ба намояндаи СБҶ-ро.Ва баъдан як қисме аз расонаҳову касоне,ки ҳамеша тарафи оппозитсия ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳам мекард ва мардумро бо ин шиорҳои як каме соддалавҳона, ки мо миллати тоҷдор ҳастему ин коронавируси тоҷдор моро мубтало нахоҳад кард,ва бо ин ором карданҳои беасос онҳо боиси он гаштанд, ки имрӯз мутаассифона дар ҷомеаи мо ин бало ворид шуд. Дар сурате,ки дар тамоми ҷаҳон рӯ ба оромиш,рӯ ба хайрухуш бо ин вирус рафта истодааст,кишвари мо акнун вориди ин марҳала шуд. Ҳоло онки мо як моҳ пеш-ду моҳ пеш метавонистем,ки пеши роҳи ин бемориро гирем.

 

Ман инчунин мехостам ба мардуми азизи Тоҷикистон,бахусус ба он падару модароне,ки аз рӯзи аввал дар фикри фарзандони худ шуданд ва бачаҳои худро ба мактаб нафиристоданд, агарчи ба онҳо ҷарима таҳдид мекард,фишори директори мактабҳо раисони ҷамоатҳо ва даигар масъулони давлатӣ буд, онҳо ин ҳамаро таҳаммул карданд ва дар аввал оҳиста -оҳиста шурӯъ шуд ин раванд, чанд падару модар нафиристод, баъдан вақте мардум эҳсос карданд, ки ҳукумат ҳақиқатро намегӯяду рост намегӯяд, шумори зиёде аз падару модарон эътироз карданд ва фарзандони худро иҷозат надоданд, ки ба мактаб бираванд. Ва ин боиси он гашт,ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки мактабҳоро бибандад. Барои онки тибқи хабарҳое,ки ба мо расид,шумора ё ки дарсадии талабаҳое,ки ба мактаб мерафтанд,хеле кам буд. Бе ин ҳам дарсҳо таътил шуда буданд.Чун ҳеҷ падару модар намехоҳад,ки фарзандаш ба ин беморӣ мубтало шавад. Ва ин як намуди эътирози шаҳрвандӣ, як намуди эътирози маданӣ буд,ки маҷбур кард ҳукуматро,ки чунин як тасмимро бигирад. Вақте мо мегӯем,ки миллати мо ниёз ба як қиёми миллӣ дорад,ба ҷуз қиёми миллӣ роҳи дигари тағйири вазъият нест,ин эътирози падару модарон, эътирози ҷомеа ва аҳамият надодан ба мавқеи ҳукумат, ин худаш, ин худаш як намуди эътироз аст ва ин қадами аввал барои қиёми миллӣ ҳаст. Ин нишон медиҳад,ки миллати мо воқеан ҳам қудрати мубориза ва муқобаларо дорад,агарчи баъзе аз ҳамватанҳо мегӯянд,ки он қадар ғайрату ҷасорати миллатро шикастаанд ва миллатро ба ғуломӣ ва тарсуӣ одат кунонидаанд,ки дигар умед ба қиём бастан нашояд. Аммо мебинем,ки чун корд ба устухон расид,мардум худаш эътироз хоҳад кард.

 

Ва таббист,ки миннатдори худро ба он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ,ки дар расонаҳо ва шабакаҳо хеле хуб кор карданд ва ин ҳама боиси он гашт,ки ҳукумат маҷбур шавад ба ин ақибнишинӣ. Аммо ман умед дорам,ки он қисмат аз ҳамватанони мо,онҳое,ки ҳанӯз виҷдон, нангу номусро дар худ нигоҳ доштаанд дар дохили кишвар,агарчи тарафдори ҳукумат ҳам бошанд,аз ин ба баъд ҳамватанони худашонро,ки дар хориҷ ҳастанд ва масъаларо як каме дигар мебинанд, муттаҳам ба бетафовутӣ, ба бепарвоӣ,ба хиёнат накунанд. Аз он ҷумла дар дунё касе дар орзуи он бошад, ки дар Тоҷикистон короновирус пайдо шавад. Мо бо таассуф мегӯем,ки он ворид шуд. Ва кошки зудтар иқдомҳои лозимӣ анҷом мешуд,ки ин ҳаҷмро мо имрӯз намедоштем.Кош падару модарони хуҷандии мо, мардуми ҷасури Хуҷанд ҳам дар моҳи март, дар он маросимҳои наврӯзӣ,ки мардумро маҷбур карданд,ки ба варзишгоҳ биёянд, фарзандони худро иҷозат намедоданд. Донишҷӯёнро иҷозат намедоданд, мисли онки имрӯз дар Душанбе падару модарон фарзандони худро иҷозат надоданд. Агар иҷозат намедоданд,ман мутмаинам,он чорабинӣ боиси паҳншавии ин беморӣ дар вилояти Суғд намегашт. Агар он чорабинии наврӯзиро президент намегузаронд,агар мардум ҷасорат мекарданд,ки фарзандони худро иҷозат намедоданд, имрӯз мо Фарзонаи бемор, Озарахши беморро дар ҳолати карантина намедидем. Имрӯз нависандаи 80-солаи тоҷикро дар ҳолати душвор намедоштем.

 

Имрӯз он ҳолати нимкарантиниро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бузургтарин деҳаи Тоҷикистон Хистеварз намедоштем. Ҷойи ташаккур ва миннатдорӣ аз мардуми ҷасури ин деҳаи бузург ҳам ҳаст,ки худашон мунтазири ҳукумат нашуданд ва омаданд як карантини мардумиро дар деҳаашон ҷорӣ карданд. Чун онҳо эҳсос карданд ҳукумат омода аст ба хотири исботи он дурӯғи раҳбарияти кишвар ҷони садҳо ва ҳазорҳо мардумро қурбонӣ кунад. Худашон омаданду посгоҳҳо монданду карантини мардуми эълон карданд ва воқеан ҳам кори хубе карданд. Мардуми тоҷик бояд ҳамин гуна огоҳ ва далер бошад. Вақте мебинад,ки ҳукумат бемасъулиятӣ нишон медиҳад,миллат худаш масъулияташро ба дӯш бигирад,то ин гуна дастаҷамъона амал кунад.

 

Ҳамватанони гиромӣ!

 

Хабарҳое,ки аз зиндонҳо мерасад хеле нигаронкунанда ҳастанд.Ва ман даъват мекунам аз ҳама падару модарон,аз ҳама фарзандон, аз ҳама ҳамсароне, ки наздиконашон дар зиндонҳо ҳастанд, ҳамон тавре,ки падару модарон иҷозат надоданд,фишор оварданд болои мақомот,ки мактабҳо баста шавад, ман хоҳиш мекунам аз шумо,даъват мекунам,то ки дар масъалаи расонидани иттилоъ аз вазъияти зиндонҳо,ки як каме фаъол ва ҷасур бошед.

 

Хабарҳое ба мо мерасад ҳикоят аз он доранд, ки шумораи зиёде аз зиндониён ҳам, мутаассифона гирифтори ин маризӣ шудаанд. Хабарҳо дар бораи боло рафтани зиндониҳо мерасад. Зиндониҳо ин хабарро ба наздиконашон расонидаанд. Аз расонаҳо хоҳиш мекунем,ки мавзӯи вазъи зиндониҳоро бо хешу таборҳо бештар пайгирӣ кунанд. Чун то агар мо бонги хатар эълон накунем ва мардум вориди ин кор нашаванд, ҳамон тавре ки ҳукмати Тоҷикистон пештар рафтор карда буд боз нисбати зиндониён ҳамон тавр рафтор хоҳад кард. Мо дидем,ки марги даҳҳо нафар аз зиндониҳоро бо баҳонаи онки кадом як нон,хлеби заҳролуд будаст,нишон доданд. Ё дигар ҳолатҳои маргу мири дастаҷамъии зиндониҳоро,бо баҳонаҳои дигар нишон доданд. Нашавад,ки падарони мову шумо ва фарзандони мову шумо ба ин бемасъулиятии ҳукумат ва бепарвоии мову шумо боз ҳам эълон кунанд,ки касе аз бемории дил,касе аз илтиҳоб шуш ё бемориҳои дигар даргузашт.

 

Аммо инҷо масъулияти мо ҳаст,ки як каме сару садоро бештар кунем,фишорро бештар кунем,то инки зиндониҳо вазъи беҳтар дошта бошанд. Мо дар пешниҳоди худамон ба ҳукумат дар рӯзи аавал гуфта будем, ки мисле,ки дар тамоми дунё зиндонҳоро сабук карданд, зиндониҳоро ҷавоб доданд,ба хусус касонеро синнашон аз 60 боло ҳаст, аз ҳукумат талаб кардем, ки ин кор дар Тоҷикистон низ бояд анҷом дода шавад. Зиндонҳои Тоҷикистон пур аст. Вохӯрии онҳоро бо хешу табор мамнӯъ карданд, қабули хӯрок аз хешу таборро ҳам манъ карданд. Мо медонем,ки вазъи хурок дар зиндонҳои Тоҷикистон чи гуна аст. Агар бигӯем,ки ин беморӣ барои нафароне,ки аз 60 сола боло хатари бештар дорад, барои онки иммунитети онҳо заиф аст,як зиндонии тоҷик,ки агар синаш 40 ё 50 ҳам бошад, бидонед,ки именитети бадани ӯ монанд ба имунитети як нафари 60-70 сола аст. Барои онки на хӯроки хуб дорад, на гармони хуб дорад ва на офтоб мегирад. Маҷмӯи ин омилҳо боис мегардад, ки имунитети онҳо заиф шавад. Бинобар ин агар мо мехоҳем,ки дар зиндонҳо ин беморӣ ривоҷ наёбад ва ҷомеаро таъсир нарасонад, вақти он расидааст,ки ҳам аз лиҳози инсонӣ,ҳам аз лиҳози тиббӣ ва ҳам бо талабу дархости ҷомеаи байналмилалӣ, аз он ҷумла СММ, ки борҳо шуд аз Тоҷикистон талаб мекунад, зиндониҳои сиёсиро раҳо кунад,вақти он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ин талабро иҷро кунад. Ва ин зиндониҳои сиёсиро пеш аз ҳама раҳо кунад. Баъдан ҳамаи он зиндониҳое,ки дар маърази хатар қарор доранд ва синашон аз 50 болост онҳоро ҳам ҷавоб диҳад. Ва шумори дигари зиндониҳоро, ки ҷинояти онҳо вазнин нест, баргардонад ба пеши падару модарашон. Ин таҷрибаро ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.

 

Дар Амрико, дар Русия, дар Эрон,дар Аврупо ва соири кишварҳо шумори зиндониҳоро кам карданд, то пешгирӣ шавад аз ин беморӣ дар зиндонҳо. ПМТ,ҳам тасмим гирифтааст, ҳамон тавре,ки як номаи иловагӣ ба СБҶ ирсол доштем дар бораи фаъолияти намояндагии он дар Тоҷикистон, як номаи дигар дар бораи вазъи зиндониҳо бинависем, то инки ин созмон водор кунад, фишор орад,то ки зиндониҳо раҳо карда шаванд. Ба дигар созмон ва СММ ҳам ҳамчунин номаҳо фиристода хоҳанд шуд.

 

Ҳамватанони азиз!

 

Хабарҳои ба мо расид,ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тафтиши нақзи ҳолатҳои карантин ва ҷазо додани баъзе аз масъулин, ки рафтори онҳо боиси паҳншавӣ дар кишвар шуд, шурӯъ кардааст. Ман фикр мекунам,ки як кори бисёр ҳам саривақтӣ аст,агарчи прокуратура хеле дер кард. Прокуратураи генералии Тоҷикистон бояд,ки аз рӯзи аввал ворид кор мешуд ва тамоми масъулинеро,ки саҳлангорӣ ва маълумотро пинҳон карданд, ё амали нодуруст ва ё беамалӣ нишон доданд, онҳоро ба тафтишот мекашонд. Дер шуда бошад ҳам кори хуб аст. Аммо ман аз як чиз нигарон ҳастам. Ҳоло нашавад,ки Прокуратура чанде аз духтурони раддаи поёниро,ки бе ин ҳам дар саффи аввали мубориза бо коронавирус ҳастанд, онҳоро гунаҳгор бидонад.Чанд расонаи давлатиро,ки онҳо хабарро саривақт нарасониданд ё чанде аз масъулини он бемористонҳое,ки онҷо карантин шудааст, танҳо онҳоро гунаҳгор биҳисобад ва тамоми ин гуноҳро, айбро бар дӯши чанд нафар бизананд. Ҳамон тавре ки дар мубориза бо коррупсия мебинем,ки чанд муаллиму чанд духтур ва инсонҳои оддиро, раисони ҷамоатҳоро дастгир мекунанд. Ҳеҷ гоҳ надидем вазиреро, раиси кумитаеро, раиси вилояту ноҳияеро ҳабс карда бошанд. Ман метарсам,ки Прокуратураи генералӣ дар мубориза бо коронавирус ҳам чанд инсони оддиро гунаҳкор пайдо хоҳад кард. Аммо Прокуратураи генералӣ бояд аз рӯзи аввал бубинад, масъулини Тоҷикистон аз президент шурӯъ карда,то вазирҳо то раисони шаҳру вилоятҳо чи гуна рафтор карданд. Савол диҳад,ки оё президенти Тоҷикистон аз рӯзи аввали пайдоиши коронавирус хабар дошт,ки дар Тоҷикистон ин вирус ҳаст?

 

Оё президенти Тоҷикистон хабар дошт,ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба президент нома навиштааст, барои онки Наврӯзро доир накунад. Агар хабар дошт аз ин нома ва аз ин огоҳӣ ва Наврӯзро доир кард, пас,фаъолияти Президенти Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералӣ тафтиш карда шавад. Агар таркиби ҷиноят ҳаст, бо он иттиҳом даъват шавад. Агар вазири тандурустӣ маълумотро аз президет пинҳон кард, бояд,ки вазири тандурустӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.Агар раиси вилояти Суғд ин ҷиноят ё камбудро содир кард, бояд ӯ кашида шавад ба ҷавобгарӣ. Мо бояд тамоми масъулини давлатиро, боз ҳам такрор мекунам, аз президент шурӯъ карда,то вазоратҳои қудратӣ,то расонаҳои хабарӣ ва ҳатто худи Прокуратураи генералӣ мавриди тафтиш қарор бидиҳем.

 

Оё Прокуратураи генералӣ ягон маротиба фаъолияти вазоратҳо, фаъолияти худи президентро дар ин маврид аз лиҳози қонунгузории Тоҷикистон тафтиш кард? Чун вақте мо ин қонунгузориро таҳлил кардем дар қолаби эпидемия, нарасонидани хабари саривақтӣ, пинҳон кардани хабар ва бахусус дар ҳолатҳои он ки ба амнияти мардум ва миллат таъсир мерасонад, ин як амале ҳаст,ки метавонад ҳатто хиёнати миллӣ ва давлатӣ эътироф шавад.

 

Бояд Прокуратураи генералӣ, алъон вақте ки шурӯъ кардааст, аз президент оғоз кунад баъд тамоми вазоратҳоро тафтиш намояд, ки дар рафтори кадоме аз инҳо хиёнат ба миллат аст, хиёнат ба кишвар ҳаст, қонуншиканӣ ҳаст. Он вақт миллат бовар мекунад,ки воқеан прокуратура кор карда истодааст. Аммо агар чанд нафарро ба хотири нақзи қонуни карантин дар бемористонҳо нақз кардааст, ё инки кадом духтуреро гунаҳкор кунанд,ки маълумотро дар бораи бемор саривақт надод,ман фикр мекунам ҷавобгарии пинҳон кардани ҷинояткорони воқеӣ ҳаст ва худи Прокуратура дар ин сурат ҷиноят содир мекунад.

 

Ман дар фароварди сухани худ аз мардуми азиз даъват мекунам,ки худашон хонаводаи худашонро карантин кунанд,ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд, мунтазир набошанд,ки кай ҳукумат ин корро мекунад. Ва аз тарафи дигар фишорро болои масъулин бояд бештар кард,то онҳо вазифаи худро,ҳамон тавре,ки мебояд анҷом диҳанд ва миллатро, кишварро дар хатар қарор надиҳанд.То имрӯз бо ҷони миллат,бо ҷони ҳазорҳо, бо амнияти миллат бозӣ карданд ва нашавад,ки аз ин ба баъд ҳам ин рафтори худро давом бидиҳанд. Ман бори дигар аз Худованди маннон дар ин соатҳо,дар ин лаҳзаҳое,ки лаҳзаҳои кушодани рӯза ҳаст ва ҳамаи мову шумо дар рӯза ҳастем, Худованди маннонро дуо мекунам,ки пеши роҳи ин бемориро ҳарчи зудтар дар ватани мо бигирад, беморони моро шифо диҳад ва касоне,ки то имрӯз фавтиданд парвардигор онҳоро дар қатори шуҳадо қарор дода бошад ва ба масъулини мо Парвардигор инсофу виҷдонро дар ин моҳи шарифи Рамазон ато кунад,ки масъулияти худро анҷом диҳанд ва аз ҳамагон аз ҳамаи миллат,рӯзадорон хоҳиш мекунам,ки дар ҳаққи миллат,дар ҳаққи кишвар ва дар ҳаққи мо муҳоҷирин ҳам дуо кунанд. Инша Аллоҳ,ки миллати мо, кишвари азизи мо ҳарчи зудтар аз ин мусибат ва аз ин вабо халос хоҳад шуд.

 

Якояки шуморо ба Парвардигори азимушшаън месупорам,То сӯҳбатҳои баъдӣ,Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу.

 

Share This Article