Хитобаи масчоиён ба Э.Раҳмонов:

Ислоҳ нет

 

Хитобаи масчоиён ба Э.Раҳмонов:

мо зидди баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияамон ҳастем!

Ҳамдиёрони азиз! Кишвари азизи мову шумо гирифтори вабои оламгиру одамкуши COVID-19 шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон,маълумоти маргу мири аҳолии кишвар аз ин бемориро пинҳон карда бо пӯшида нигоҳ доштани шуйуъ ва ривоҷи он вазъияти беҳдоштиро аз будаш ҳам бадтар карда истодааст. Вазъият дар вилояти Суғд ва махсусан ноҳияҳои Истаравшан (Уротеппаи собиқ) Ҷаббор Расулов (Пролетари собиқ) ва Зафаробод хеле ҳам нигаронкунанда аст.

 

Даҳҳо нафар аз сокинони ин ноҳияҳоро вируси короно қурбон кард ва ҳоло садҳо нафар дар бемористон ва шифохонаҳо бо ин беморӣ дар часпу талошанд.Аз тарзи муносибат ва бархӯрди Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳайати ҳукумати вай маълум шуда истодааст,ки кадом масъулиятеро дар баробари халқи Тоҷикистон бар дӯш нагирифтааст ва гирифтанӣ ҳам нест. Чи хеле,ки медонем тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдоштро сарфи назар карда омад ва дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо ҳузури ҳазорҳо ҳазор ҷашни Наврӯз доир кард. Агар ба замони оммафаҳм бигӯем фақат барои ҳавову ҳавас ва хушгузаронии лаҳзаӣ ҷони ин ҳама мардумро таҳти хатар гузошт. Натиҷаашро ҳоло дида истодаем,ки вируси короно дар миқёси вилоят паҳн гашта то рафт афзоиш ёфта истодааст.

 

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам чандин нафар бо ин беморӣ кушта шуданд. Аксарияти бемористонҳоро барои беморони эҳтимолӣ аз дигар беморон холӣ карда беш аз пеш изтиробу ваҳму воҳимаро дар дили халқ ҷо карда истодаанд. Аммо бо вуҷуди дар як чунин вазъияти фавқуллода қарор доштани аҳолии вилоят Эмомалӣ Раҳмонов ҷашни имсолаи Ваҳдатро,ки рӯзи 27-июн доир мешавад,нақша кашидааст,ки дар ноҳияи Масчо доир намояд. Ба муносибати баргузории ин ҷашн,ки Раҳмонов иштирок мекунад ҳукумати Тоҷикистон ва вилоят тамоми участкаҳо ва маҳалҳои ноҳияро вазифадор кардаанд,ки барои ба таври бошукӯҳ баргузор шудани он “саҳм” бигузоранд. Ҳоло тавассути чанд далла ва далламизоҷ тамоми муассиса ва участкаҳо,нафарони ба истилоҳ пулдор,то мағоза, дорухонаву нуқтаҳои бензинфурӯшӣ ва ҳатто беморхонаҳоро барои гузоштани “саҳм” водор карда истодаанд.

 

Мо, аслан зидди баргузории ҷашне бо номи Ваҳдати миллӣ ҳастем.Чун ин ҷашн, бо онки тарафи дигари онро аз кишвар ронданд, дар зиндон карданд ва фаъолияташонро мамнӯъ эълон карданд,аҳамияти худро комилан гум кардааст. Ин дигар ҷашни Ваҳдати миллӣ нест. Ҳоло бигӯ,ки сулҳу ваҳдатро бо кӣ кардӣ? Дар он тарафи санади сулҳ имзои кӣ истодааст? Тарафи дигаре,ки зери санади сулҳ имзо гузошт,ку? Чаро зану фарзанду хонаводаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳоли паноҳандагиву оварагиву дарбадарӣ қарор дошта бошаду зану фарзанди Эмомалӣ Раҳмонов дар ватан озодона бигарданд. Шумо онҳоро фиреб додед, сулҳу ваҳдати миллатро аз байн бурдед! Чи фарқ дорад,ки дар соли 1992 мухолифинро бо ёриву дастгирии танку тӯпи узбакҳо ба Афғонистон рондед ҳоло ба Аврупо.Онҳо ҳам зиндагӣ дар ватанро мехостанду мехоҳанд.Барои зиндагӣ дар ватан бозгаштанду сулҳ карданд.Ку, он сулҳ?

 

Гузашта аз ин аксарияти мақомоти давлатӣ то раёсати Маҷлиси Миллиро фарзандони Раҳмонов,тарафи дигаре,ки зери Санади сулҳ даст мондааст, дар даст бигиранд.Вақте Масчо барои баргузории ҷашни Ваҳдат меоед, аз Мӯсо-паҳлавон(Мусо Исоев, актёри тоҷик ва Қаҳрамони гуштӣ) ёд оваред,ки чи тавр Файзалӣ Сайид,қумандони Фронти халқӣ ва боевикҳои вай ӯро бо сарфи як ҷаъба тири АКМ ба қатл расониданд.Аммо Мӯсо зону назад ва бо виқору азамати як ҷавонмарди масчоӣ ҷоми шаҳодатро аз дасти нафаре,ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба сари қудрат овард, нӯш кард.

 

Мо,мардуми Масчо,ки ҳоло шарики ғаму дарди мардуми Уротеппа,Ҷаббор Расулову Зафаробод ва тамоми мусибатзадагони ин вабо дар ватани азизамон ва тамоми ҷаҳон ҳастем, намехоҳем ,ки ин ҷашн дар ноҳияи мо баргузор шавад. Мо наметавонем,ки мурдая монда тутхӯрӣ кунем. Ҳамагон бо чашми сар дида истодаем,ки авзоъ чи гуна аст. Танҳо онҳое,ки бо ин миллат нестанд,дар ғаму дарди ин миллат шарик нестанд, дар ҳаваси баргузории ҷашну иданд. Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад ва ният дорад,ки дар Масчо иди ваҳдат доир кунаду занону хоҳарону модарони боиффату мусалмони масчоӣ дар ҳузури чашмони ҳариси вай рақс кунанд? Ӯ мехоҳад обрӯ ва ҳайсияти мардуми ғаюру мутадаййини масчоиро ҳам аз байн бубарад?

 

Мо,мардуми Масчо қатъан зидди баргузории ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ,як ҷашни нозарур ва беарзиш ҳастем ва дар хитоб ба Раҳмонов гуфтанием:

 

Гӯш кун Раҳмонов,чаро назди мо меоӣ? мо безорем аз қадами ту.Мо намехоҳем,ки ту ба мо вирус оварӣ. Набиё инҷо!Ту ба он се-чор даллаи бенангу беномус такя накун. Аксарияти кулли халқи Масчо аз рӯи ту безоранд. Қасам ба Худо рост мегӯям. На бо худат ҳастем ва на бо ҷашнат! Нао! Тамом!

Ps: Пойгоҳи Ислоҳ ҳеҷ тасарруф ва тасҳуҳу таҳрире ин хитобаро накардааст.Чунонеки ирсол шудааст дақиқан нашр намудем.Умед дорем “пешво” ин хитобаро мехонад ва амал мекунад!

Share This Article