Дод аз дасти ду Шӯҳрат, яке УБОП дигари доруфурӯш

Ислоҳ нет

 

Дод аз дасти ду Шӯҳрат, яке УБОП дигари доруфурӯш

 

Бо нашри як матлаби мухтасар дар бораи як қисми хурде аз ғоратгариҳои Шӯҳрат Раҳимзода, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд ва ҷияни “радной”-и Рамазон Раҳимзода,вазири корҳои дохилӣ, мо итминон доштем, ки ҳатман як нафаре пайдо хоҳад шуд,ки ҷавоб менависад ва талош мекунад Шӯҳрати ҳомии ҳуқуқ ва қонун вале дар амал рэкетёри давлатӣ ва амӯи вай Рамазонро сафед созад ва навиштаи моро нодуруст маънидод намояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Нафаре бо номи Салимбой Ҳотамов,ки худро сокини шаҳри Хуҷанд муаррифӣ кардааст, дар як навиштаи пур аз хушомаду тамаллуқаш Шӯҳрат ва Рамазон Раҳимзодаҳоро ба осмони ҳафтум бароварда пайрави Пешвои миллат хонда моро иғвоангезу ниқорталаб хондааст.

 

Мо намедонем,ки бо ҳамин ному насаб дар шаҳри Хуҷанд нафаре зиндагӣ мекунад ё не? Вале мо дақиқан медонем,ки бале,Шӯҳрату Рамазон Раҳимзодаҳо пайравони воқеии Пешвои мегуфтаат ҳастанд. Дар ҳамин ғорату яғмову бедодгариҳои бар сари доруфурӯшони Хуҷанд овардаашон ва аз роҳи макру фиреб пулҳои иддае аз онҳоро кашида гирифтанашон ҳам аз Пешвояшон монданӣ надоранд. Агар пешвояшон молу мулки соҳибкорону сарватмандони серпулро бо ҳар роҳу васила ба нафъи худ ва аъзои хонаводааш мусодира кунад. Шӯҳрат ва амӯяш бошад пулу сарвати онҳоеро,ки мутаассифона, гоҳо иштибоҳҳои ночизе содир карда ва гоҳо бидуни кадом саҳву хато кашида мегиранд. Борҳо гуфтем,ки ин қавм ҳеҷ сершавӣ надоранд.

 

Салимбой Ҳотамови сокини Хуҷанд дар ҳамин ҷавобияаш мегӯяд,ки “ пайи бадном кардани Шӯҳрат Раҳимзода, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд шуда, онро ба вазир мепайвандад.

 

Пуштибонӣ аз ҳоҷӣ доруфурӯшҳое (доруфурӯшҳои боинсоф ба худ нагиред!) мекунад, ки бо бақайд гирифтани аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус нархи як қутти «арбидол»-и 50 сомонаро ба 250 ва як «парасетамол»-и як сумаро ба 3-5 сомонӣ расонидаанд. Ягон нафари чунин «ҳоҷиҳо» фикри он накард, ки коронавирус меравад, аммо маблағҳои дар ин рӯзи сиёҳ ҷамъ кардаашон онҳоро насиб мекарда бошад?! Чандин чунин дорухонаҳоро рейдҳои масъулону кормандони милиса ошкор кард. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро «манбаҳои» Муҳаммадиқболи Садриддин аз ин хусус ӯро огоҳ накардаанд, ки дар ин бора даҳон бастааст? Мақсад маълум, яъне ин танҳо сиёҳ кардани сарвари ин ниҳод ва бо ёдовар шудани солҳои навадум якбора коштани тухми низоъ миёни сокинони минтақаҳои кишвар мебошад”.

 

Лозим ба зикр аст ки ончи дар бораи Шӯҳрат Раҳимзодаи ҷияни Рамазон Раҳимзода навишта шуд, дар асоси маълумоти шахсони воқеӣ рӯи чоп омад. Дигар ҳам ин аст ки мо на аз кадом ҳоҷии доруфурӯше огоҳ ҳастему на аз рейдҳои баргузормекардаи сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд. Солисан агар навиштаи мо дурӯғ ва ғайриҳақиқат буд,чаро Салимбой радд накард.Аммо ба тавҳину таҳқири мо пардохт.Мо,як расона ҳастем,ки масъулият ва рисолати худро дар назди халқу миллатамон иҷро мекунем. Ва,бардошт аз кору бори мо ба виҷдону инсофи ҳар як хонанда ва бинанда ҳавола мешавад.

 

Дар бораи Шӯҳрат Раҳимзода, ҳаминро гуфтанием,ки дар он навишта мо аз сад якро гуфтем. Ҳоло дар дасти мо маълумоти зиёде дар бораи ӯ ва кирдорҳои ғайриқонуниаш ҷамъ шуд. Дигар бо навбат ва пушти ҳам интишор хоҳем дод.То мардум бихонанду бибинанд,ки ӯ ва амсоли ӯ ва аз ҷумла амӯи вазираш ба чи корҳо машғуланд ва симои воқеии онҳо дар асл чи шаклӣ ва чи гуна аст?

 

Дар инҷо аз як нафар соҳибкор,тоҷири дору сӯҳбат мекунем. Ҳоло хоҳед фаҳмид,ки чаро Шӯҳрат Раҳимзода,сардори УБОП-и Хуҷанд ин қадар ба доруфурӯшиҳо часпидааст.Ин ҳам дар ҳоле,ки пандемияи коронавирус шаҳру навоҳии вилояти Суғд,беш аз ҳама Истаравшан ва Хуҷандро ба майдони тохтутоз табдил додааст ва Шӯҳрат ҳам бо истифода аз фурсати пешомада бо зӯриву фишор аз аптеакчиҳо фақат “канда” истодааст.

 

Ин нафари мавриди назар Шӯҳрат Сайидалихонов,зодаи Истаравшан,мудири ширкати тиҷоратӣ бо номи ҶДММ-и “Саховат” аст. Соҳиби беш 40 аптека ё дорухона дар вилояти Суғд ва Душанбеву навоҳии атрофи он. Шӯҳрати доруфурӯш таҳти сарпарастии Шӯҳрат Раҳимзода,сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ш.Хуҷанд аз тариқи қочоқ аз Бишкек доруҳои гуногун аз ҷумла анаферон,эргаферон арбидолро бидуни санаду ҳуҷҷати расмӣ,на аз гумрук, на аз марзбонӣ ва на аз Тоҷикстандарт вориди Тоҷикистон карда, тавассути сети доруфурӯшиҳои худ ба савдо мезанад. Касе ӯро контрол намекунад. Зеро “криша”-и ӯ Шӯҳрат Раҳимзода,ҷияни вазир мебошад. Агар касе аз мақомоти дигар барои тафтишу санҷиши амбор ва ё доруфурӯшиҳои ӯ омаданӣ шавад, Шӯҳрат занг мезанад ва аз номи вазир “салом” ва ё ягон аломати дигар дода мешавад,ки бо ҳамин тафтиш оғоз нашуда поён меёбад.

 

Метавон гуфт,ки ҳарду Шӯҳратҳо,яке бизнесмен ва дигари сардори УБОП тиҷорати муштаракро гардон кардаанд. Албатта,то омадани ҷияни вазир ҳам Шӯҳрати доруфурӯш кори худро пеш мебурд.Вале ин милисаи ҷияни вазир,кадом камбуд ва ҷиноятҳои мудири ҶДММ “Саховат”-ро ошкор карда ва бо ҳамин ӯро тамоман муттаҳам ва ҳатто ба “буз” табдил кардааст. Ӯ аз кору фаъолият ва асрори тиҷорати дигар дорухонаҳо ба УБОП бузӣ мекардааст. Барои мисол Сайидалихонов ҳар аптекаеро, ки доруҳои ҷадид ва ё бе ҳуҷҷат ва ё арзон ворид кардаст, зуд ба Шӯҳрат Раҳимзода хабар мекунад ва Шӯҳрат ҳам “шонс”-ро истифода карда дар раъси УБОП мерасад. Рейд мегузаронаду ҳама доруҳоро гирифта мусодира мекунад.

 

Моликони ин доруфурӯшиҳои пулҳои калон дода аз ифтитоҳи парванда пешгирӣ мекунанд. Дар ин миён Шӯҳрат Раҳимзода доруҳои мусодирашударо ба аптекаҳои ҶДММ “Саховат”-и Истаравшан ва ба раиси он Шӯҳрат Сайидалихонов барои фурӯш месупорад. Бо ин тариқ монополисти дору дар минтақаи Суғд ба куллӣ ва ҳатто то Душанбе “соя”-и Шӯҳрат Раҳимзода барало маълум аст ва Шӯҳрат Саидалихонов онҳоро ба савдо мезанад. Нафарони огоҳ аз авзоъ гуфтанд,ки феълан бештари доруҳоро ин ширкат бо ҳамин васила ба даст оварда мефурӯшад. Воқеият ҳам ҳамин аст ки чуноне дар навиштаи гузашта гуфта будем,ки ин афсари милиса- сардори УБОП ба ҷойи онки мардумро ором созад, кумак расонад, пеши роҳи дуздиву қонуншиканиҳоро бигирад, худ омили бесуботӣ ва ғорати ошкоро шуда ва фасоду фасодкориро ба дараҷаи аъло расонидааст.

 

Аммо манбае,ки бароямон ин маълумотҳоро дастрас кард гуфт баъд аз матлаби аввал хело нафаси тозае дар доруфурӯшҳои Хуҷанд дамидааст. Манбаъҳои мо мегӯянд,ки пас аз нашри он дигар рейд ва вуҷуди Шӯҳрат Раҳимзодаро надидаанд, мисле,ки сахт дар изтироб будааст. Аз чанд муаллимони донишгоҳи Хуҷанд огоҳ шудем,ки Шӯҳрат Раҳимзода ба онҳо фармудааст,ки ба фесбук ворид шаванд ва бар зидди Муҳамммадиқболи Садриддин ва “Ислоҳ” нависанду аз сардори УБОП ҳимоят кунанд. Боз огоҳ гаштем,ки амакаш вазир сахт гӯшмолаш кардааст. Мардум тоза мефаҳманд,ки бо ошкорбаёнӣ мешавад, решаи корупсия ва зулмро гирифту садди роҳи он шуд.

 

Хонандаи азиз,мо баромад ва ё посухи худи Шӯҳрат Сайидалихонов ба ин навишатро баъид намедонем. Пас аз нашри ин навиштаи мо Сайдалихонов бар алайҳи “Ислоҳ”- ҳам ба таври катбӣ ва ҳам дар навор суханрониҳо хоҳад кард. Хоҳиши мо ин аст ки дар ҷавоб бар ин нукта мутаваҷҷеҳ бишавед,ки далелҳои оварда рад бишаванд. Афзун бар ин гуфтанӣ ҳастем,ки аз ин ду Шӯҳрат хелеҳо безор ва ҷондарлаб шудаанд. Чунки инҳо бозори фурӯши доруро ба монополия табдил додаанд. Аммо Шӯҳрати доруфурӯш аз он огоҳ нест,ки дар пушти ин ҳам дасисаҳое барномарезӣ шуда истодаанд, ки ҳадафашон ин аст тамоми доруфурӯшиҳои Тоҷикистон тавасстуи “Сифат-фарма”,ки моли духтари Эмомалӣ Раҳмон ва сардори яке аз раёсатҳои вазорати тандурустӣ-Парвина Раҳмонов аст бо дору таъмин бишаванд. Аз инҷост,ки ба гумони ғолиб сарнавишти дигар соҳибкорони тоҷик бар сари молики ҶДММ “Саховат” хоҳад омад.

 

Дар ҳаминҷо “конец” навишта итминон медиҳем,ки сериал дар бораи Шӯҳрати ҷияни Рамазон Раҳимзода идома хоҳад дошт.

TAGGED:
Share This Article