Бо интишори як матлаб дар сафҳаи Фейсбук ва оростани мусоҳиба бо хабаргузории Спутник Абдулло Роҳнамо доди тамаллуқу хушомад ба Раҳмонови авлодмеҳварро ба фалак печонидааст.
Хеле кӯшиш ба харҷ додааст, ки худро дар радифи рӯ ба раҳмоновҳо, шоядам дар тими ӯ нишон бидиҳад. Хуб, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурӣ мушовир аст, бояд ҳамин тавр бошад. Аммо ман ки мешиносам…. Барои ҳамин сахт дар тааҷҷубам, аз як тараф, аз тарафи дигар нигаронам, ки майна ва мағзи сари ӯ оқибат дошт надиҳад. Рӯзе шаваду ба асли худ бозгардад.Чун дар як сар ва дар як тан ва дар як ҷисм дуто будан ва ду палла шудан ва ин дуро таҳаммул кардан аз ҳад сахт аст. Рӯзҳоро, ки дар канору ба ҳамроҳии дигарҳо мешавад гузаронд, вале шаб, ки меёзиву мехобӣ ба худат чи фикр мекарда бошӣ Раҳнамо? Ба оина менигариву киро медида бошӣ? Дар як Роҳнамо ду Роҳнаморо чи тавр мегунҷонда бошӣ?
Аҷиб, на танҳо “ориентатсия”-и сиёсиат, ҳатто устодонат ҳам иваз шудаанд: “устод Муҳаммад Ғоиб”(?) вале ҳамту қоқу сарду хушк: Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва ҳамин тавр “устод Муҳаммадалии Аҷамӣ” ва боз ҳам базӯру бо дили нохоҳам: С.А. Нурӣ мегӯӣ. Аҷамӣ,ки ба ҷивори ҳақ пайваст. Вагарна агар зинда буд, барои чунин “подстава”-и амдӣ, шояд аз солҳои зиндагонӣ дар Теҳрон ёдоварӣ мекард ва аз он мегуфт,ки чи тавр ахбори мувассақ ба иттилоот мебурдед? Тафсилу тафсир намедиҳам.
Аммо ҳоло фикрам ин аст ки шояд дар ҳамон солҳо аз ва дар дарун чизи дигар будед? Суханчинӣ ва робита ба сервиси хуфия доштанатонро мешунидем. Аз ҳамон аввал миссия адо мекардед? Дупагона будед? Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ҳанӯз қабл аз ба ном табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим, ки компайни зидди наҳзатӣ, бастану рӯфтанҳои ячейкаҳои он, водор кардан барои сиёҳ кардани ҲНИТ ва роҳбарияти он дар наворҳоро роҳандазӣ карда буданд, шуморо ҳам ходимони “фабрикаи ҷавоб”( бори аввал ин таъбирро худатон кор фармуда ва ҳамакнун дар талоши “бозандешӣ”-и он шудаед) “ғам” медодаанду шумо ҳатто ба ҳадди ҷунун расида будаед.
Вале ҳоло ба ҳадде худсозӣ (беҳтар аст-худсӯзӣ) кардаед, ки ягон меъмори моҳир ҳамчунон ружду муҷалллову мусаттаҳ мараммат карда наметавонад.Осоре аз гузаштарӯзгоратон боқӣ намондааст ва асаре аз осори гузаштаатонро наметавон мансуби килки шумо донист.
Агар ҳар донишманду аҳли илм мисли шумо бишавад, 180% тоб хурад,чи хоҳад шуд? Вале дар ҳар сурат мехоҳам бипурсам,ки аз онки мо дуввумбора номи гуреза ё паноҳҷӯйро гирифта ва тарки кошонаву ватан кардаем,хабар дорӣ ё хайр? Чун ҳарфҳое набиштаӣ,ки ингор мо бо хосту иродаи худ ҷалои ватан карда бошем.
Чанд вақт пеш мегуфтӣ,ки “идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф”. Гуфтем ин қадар рӯсурхакӣ накун, қаҳрат кард. Ҳоло мегӯӣ,ки “ин мухолифин” яъне ман, он “мухолифин”-яъне падарам нестем:
“Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд”.
Ва боз ҳам кашфиёти илмӣ мекуниву сатҳи зеҳни моро баҳо медиҳӣ: “Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст”.
Агар мо он мухолифин нестем,пас чаро ҲНИТ баста шуд? Чаро аъзои раёсати онро ба ҳабс кашиданд? Агар мо дигарем,вориси ҳуқуқӣ нестем, тарафи сулҳ нестем Раҳмонов кист? Раҳмонов аз куҷо омад ва кай омад ва бо кӣ сулҳу оштӣ кард? Бояд инро қабул бикунӣ, ки ҳарфи сулҳу оштӣ ва тарафи сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон то замоне,ки як тарафи ҷанг дар сари қудрат ҳаст ва то замоне,ки мо дар ватан,дар Урупо ва дар ақсо нуқоти ҷаҳон ҳастем, боқӣ хоҳад монд, гуфта ва зада мешавад. Ҳатто вақте ҳам ки Раҳмонов аз сари қудрат бирафт ва дар ҷойи худ писарашро оварду гузошт, боз ҳам идома хоҳад кард, лобал афзун ва зоид хоҳад шуд. Чунки, аввалан Раҳмонов ҳамоно тарафи ҷангу сулҳ аст ва бачааш ҳам вориси ҳамин тараф аст ва дақиқан овардани вай ба раҳбарӣ ғайритабиӣ ва хилофи майлу ирода ва орои мардум аст.
Ҳамчуноне хуб ҳам медонӣ, ки худи Раҳмоновро ҳам мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ интихоб накардааст,вай гумошта ва дастнишондаи хориҷиҳо аст. Зеҳнҳо аз соли 97 он гоҳ тоза мешавад,ки дар қудрат аз соли 97 намонда бошад. Раҳмонов,ки на ҳатто 97, 92 аст. Ҳар чизе мегӯӣ бигӯ, вале айнуляқин аст ки ваҳдат на фарҳанги фарогир ва на раванд, балки дар сатҳи як қарордод ҳам боқӣ намондааст. Агар дар сатҳи як қарордод тасбиту таҳким нашуд, он чи тур фарогир шудааст? Шояд, манзурат аз фарогир шудани ваҳдат, фарогир шудани диктотураи оилавӣ ва вогузории қудрат дар дасти домоду духтару бачаҳо…хуллас як қабила бошад? Ин чи тур ваҳдат аст? Дар кадомин кишвари диктотурӣ ваҳдат истиқрор ёфтааст? Чаро рост намегӯӣ? Рост, ки намегӯӣ, чаро сокит намеистӣ? Магар мешавад ҷомеаро гӯл зад? Хиёлат ин аст ки давлатмеҳвару ман бо давлатам ва ман бо пешвоям гӯӣ,чи мешавад? Оҳҳо, Роҳнамо бо пешво будааст, мо ҳам равему бо пешво бошем?
Мегӯӣ меъёр аксарият аст. Бале,аксарият аст. Аммо аз куҷо ва чи тавр исбот кардӣ,ки аксарият бо Пешво аст? Бо ҳамон интихоботҳои дурӯғӣ? Бо ҳамон пешвозгириҳои сохтаву паурзарҷу барқи ҷаълӣ? Ё онки пешво, ки аксарияти хонаводаву авлодашро сари қудрат овардааст, ҳамонро аксарият меҳисобӣ?
Ин қадар воҳима мекунӣ,ки бо ман дар бораи шахсияти ман ва мактаби ман (гуфтаӣ, ки дар зери сояи Пешво кор карда истодааст,хуш ба ҳолат) нагӯеду аз он гӯед,ки чи фикру ақида дорам? Охир фикру ақида ҳам надорӣ. Танҳо имрӯз ба ҳайси як гаравуфтода дорӣ худро дар назди пешвопарастон табраа мекунӣ. Дигар ҳеҷ. Пешворо кай парвои туст? Ин худат ҳастӣ,ки хидмат ва хадамот пешниҳод мекунӣ:
“Хусусан, онҳое, ки акнун пой ба Аврупо ниҳодаанд, бояд ақаллан ин алифбои таҳаммулпазириро донанд”.
“Зеро агар эродгириҳои дўстони наҳзатиро мисол гирем, баръакс, собиқаю таҷрибаи мадҳу ситоиш он ҷо басе бештар буд”.
Меистодӣ, як каме моро алифбои таҳаммулпазирӣ меомӯхтӣ. Шояд бароят маоше болотар аз 1900 сомонӣ муқаррар мекардем ва зарари мактаби 1000000 сомонӣ қарздоршудаатро маслиҳат мекардем, ки чи илоҷ бикунем. Вале дар ҳар сурат маблағи бад не, агарки дар давраи куруно ин қадр зарар дида бошӣ. ”Оборот”-и нағз доштааст, мактабат. Насиб кунад. Хуб,ки раиси ҲНИТро солҳо пеш ҳам мешинохтӣ. Борҳо бо ӯ якҷоя “ чошту наҳору шом” хӯрдаӣ. Дар нишастҳои ҳошиявии САҲА гилаҳо ҳам кардаӣ хоссатан аз ман. Хуллас,шинохтат аз раис ва ман кофӣ аст.Вале дигар “дӯстони наҳзатӣ” нагӯ ва ё агар гӯӣ ҳам, дар нохунак гир.Ин наҳзатиҳо ҳоло террорист муаррифӣ шудаанд.Чи ту магар мушовири Маркази тадқиқоти стратегии Раҳмонов, дӯстони наҳзатӣ дорӣ? Бо террористҳо дӯст ҳастӣ? Эҳтиёт кун. Ин ибораро ҳам мебоист, ончунон ки ҷумлаеро аз ин қисмати мусоҳибаат ҳазф кардаӣ,ки ҳазф мекардӣ.Инҷо ҳамин қисмат аз мусоҳибаро айнан меоварам:
“- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст? – Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.
Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ”.
Дар идомаи ҳамин қисмати мусоҳиба як қисмате дигар буд, ба ин маъно,ки “ ба хотири истифода нашудани ҲНИТ бо ҳадафҳои геополиткӣ давлат онро баст”.Аммо ин қисматро ва ин фикру андешаи баёншударо,намедонам баъди чанд вақт ҳазф кардаед,чаро? Вале мо онро пайдо ва инҷо меоварем. Бубинед,ки аз ин қарор аст:
“Чаро бисёриҳо “омилҳои дигар” мегӯянд ва то охир намегӯянд, ки сабаби асосӣ мамнуъияти ин ҳизб чист?
– Ба назари банда манъ шудани ин ташкилот ду омили маълум дорад. Яке ба амалкарди аъзои он вобаста аст, ки шарҳашро мақомот пайваста додаанд. Аммо, аз диди банда, омили асоситар омили геополитикӣ аст, яъне шояд низоми сиёсӣ қаноат пайдо кард, ки идомаи фаъолияти ин нерӯ барои манфиатҳои миллӣ таҳдиди мустақим дорад.
Масалан, филми ахир ҳам амалан ҳамин паёмро дошт. Ман пештар гуфта будам, ки фалсафаи манъи ин нерӯ дар он аст, ки давлат онро дигар ҳамчун нерӯи дохилӣ эҳсос намекард ва дар натиҷа, давлат ҳамчун давлат амал кард. Ба назари сирф коршиносии банда, ба чунин хулосаи қатъӣ овардани низоми сиёсиро на танҳо камтаҷрибагӣ, балки иштибоҳи ҷиддии роҳбарияти ин ташкилот донистан мумкин аст. Банда ҳамон солҳо ҳатто чанд мақола навишта, аз ин пешомад ҳушдор дода будам. Аммо ин як баҳси комилан ҷудо аз созишномаю аз раванди сулҳ аст.
Вале шояд вазъияти минтақавӣ ва зарфияти геополитикии Тоҷикистон иҷозат надиҳад, ки омил ё омилҳои геополитикӣ возеҳтар шарҳ дода шаванд. Ё шояд фарҳангу масъулияти давлатдорӣ инро тақозо кунад. Албатта, аз назари амалгароӣ ва давлатдорӣ муҳим ин аст, ки хатар бартараф шавад, баҳсу ҷанҷолу тарзи пӯшиши иттилоотии он масъалаи дуюмдараҷа аст”.
Аз онки ин қитъа ва пораи мусоҳабаро ҳазф кардаед ва хабаргузории Спутник, як расонаи хориҷӣ ҳам чи тавр зери бори хоҳиши шумо рафта онро кӯр кардааст,худ як саволи дигар аст? Ҳамин тавр не? Мо,наметавонем Спутникро дар ҳамдастӣ бо шумову “Фермаи ҷавоб”,ки яқинан аз ин посухи шумо ба шиддат нороҳат шуда водор ба ҳазфи он шудааст, гумонбар бишавем. Вале 100% бовар дорем,ки ин посухи сиёсатшиносона ва коршиносонаи шумо,ки мутмаинан ба саратон “дарди сар” дар амри рафъи қарзи 1.000.000 ии литсей кӯмак накард, баракс шуд. Шумо инҷо як каме не, хеле зиёд,”зиракии сиёсӣ”-ро,ки пешвоятон гаштаву баргашта таъкид мекунад, аз даст додаед. Аммо аз ҳақ набигзарем,ки Шумо,бародари бузургвор воқеан ҳам, воқеиятро гуфтед. Воқеиятеро, ки басо талх аст ва парда аз тамоми дурӯғҳои Раҳмонов дар бораи табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим мебардорад. Шумо бо ин гуфтаи баъдан ҳазфидаатон таъкиду тасбит кардед,ки кадом табаддулоте набуд,балки Раҳмонов аз истифода шудани ҲНИТ аз тарафи қудратҳои геополитикӣ тарсиду онро баст. Аҳсан ба шумо.Чун мо медонем,ки дар асл Шумо тарафдори дурӯғ нестед ва тарафдори Раҳмонов ҳастам гуфтанҳоятон аз ноилоҷӣ ва ночорӣ аст. Дар ҳар сурат Шумо дурӯғин,сохта ва тӯҳмат будани иттиҳоми бофтаву эҷоду татбиқкардаи Раҳмонов алайҳи ҲНИТро дигарбора ошкор ва тасдиқ кардед.
Аммо,инки шумо мегӯед чанд сол пеш гуфта будеду роҳбарият ҲНИТ эътино накардаасту ҲНИТ дигар як нерӯи дохилӣ набуд…. ба гуфти як бародар малеҳ карда гӯем ин ҳама кинояву пичингу истиора бардошту таваҳҳум ва сӯизанну варсоқие беш нестанд. Ин ҳам як туҳмати дигар аст ки талош мешавад пойи Наҳзатро бар он бубандед. Манзуратон сафарҳои хориҷии барзиёди Кабирӣ ва инки ӯ дар қиёс бо роҳбарони аҳзоби дигар пулдор буд?Аз ин ҷиҳат гумонатон шуда, ки Кабирӣ аз хориҷа барои барандохтану сарнагунии Раҳмонов пул мегирад? Вале ҳам шумои сиёсатшиноси давлатмеҳвар ва тарафдори сиёсатҳои Раҳмонов ва ҳам он гурӯҳ ва ҳатто “спетсслужба” як раҳ наандешидед,ки фарзи мисол Русия, Ӯзбакистон, Амрико, Чин,ки асаргузору пулдоранд омодаанд,ки Раҳмоновро бигзоранд канору оваранд Кабириро? Манзуратон ва аз “дастони хориҷӣ” шудани ҲНИТ Эрон аст? Ҳоло шумо ҳам ба ҳамин афсонаҳо бовар кардед? Гумонатон ин шуд,ки хадамот ва ё иттилооти Эрон, ки гуфтам солҳои муҳоҷират бо онҳо иртиботи танготанг доштед,ин қадар содаанд? Хестанду ба Кабирӣ пул доданд, ки бархезу Раҳмоновро чаппа кун?Давомаш чи мешуд? Ин ҳама ҳарфи муфт ва бехудӣ аст. Ҳеҷ чизе набуд дар ин васат,магар инки Ятимов аз лиҳози ақидатӣ ва мафкуравӣ бо ин ҳизб мушкил дошт ва дигар ҳам инки Раҳмонови ҳариси ҷоҳу сарвату қудрат, ба маводдҳои таҳиякардаи ӯ бовар кард, ки дар интихоботи 2020 Кабирӣ қудратро аз дастат мегирад, ва ҳарду натиҷаву хулоса карданд,ки ба ҳар қиммате бояд ҲНИТро аз саҳна канор зад. Дар ҳақиқат ба дасти Раҳмонов маълумот на танҳо аз Ятимов,аз манобеи дигар ҳам расида буд,ки Кабирӣ 60-70 дарсади орои мардумро гирифтааст. Раҳмонов аз ҲНИТ ба он хотир тарсида буд, ки мардум ба Кабирӣ раъй медод, на ба Рустам ва на ба худи Пешво. Барои ҳамин ҲНИТро баст. Тамом,вассалом.
Шумо дуруст қайд кардаед,ки дар Созишнома барои ҲНИТ кадом имтиёзи дахлнопазирӣ дода нашуда буд.Пас,магар ба Раҳмонов-тарафи дигар сулҳ-намояндаи Фронти халқӣ ҳамингуна имтиёзи абадӣ он замон дода шуда буд? Ҳоло худро абадӣ карду? Чаро инро намегӯед ва чормағзро сари ҲНИТ мешиканед? Раҳмонов созишномаи сулҳро хеле барвақт, вақте як давраи 7 соларо ба ду давраи 7сола иваз кард, нақз карда буд. Ҳамин тавр то ба охир нақз карду омад омаду худашро мӯсафед карду акнун ба бачааш вогузор мекунад ва шумо “арзишӣ”,”меҳварӣ” ,“давлатмеҳвар”, “ваҳдат”, ман тарафдори Пешвоям ва дар сояи он кас мактабам рушд карда истодааст гуфта бишинед. Ингор бо ин гапу ҳарфҳои бехудӣ ва бо ин лапшаовезӣ ҳоли Тоҷикистон хуб мешуда бошад? Бадтар мешавад. Кадом рӯз ҳамон мактабатонро, ҳамчуноне молу мулки Зайд Сайиди қудоятонро кашида гирифтанд, мегиранду он вақт бубинем чи хоҳад шуд. Магар дар Созишномаи сулҳ навишта шуда буд, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай минҳайси як тарафи сулҳ ҳокимиятро тасарруф ва авлодиву хонаводагӣ кунад? Ҳол ба Раҳмонов иҷозат дода буд, ки дар оянда ҳар ҷиноёте бихоҳад содир бикунад? Бар фарзе ҳамин ИНОТ медонист, ки Раҳмонов дар ояндаи наздик фиребаш медиҳад?
Мекушад, зиндонӣ мекунад? Агар медонист магар оштӣ мекард? Магар инки гузаштҳои устод Нурӣ ва ИНОТ ба он хотир буд, ки Раҳмонов абадулобод-пожизнений бишавад? Раҳмонов бачаашро президент кунаду бачаҳои устоди шаҳид гуреза шаванд? Абдуллоҳ инро намебинад? Абдуллоҳ бовар дорад,ки ҳоҷӣ Ҳалим барои 1млну 200ҳазори Кабирӣ кудето кард? Абдуллоҳ намедонад, ки ҳоҷӣ Ҳалим бо худи Раҳмонов ва Шералӣ Хайруллев тиҷоратҳои муштарак дошт? Ҳоҷӣ Ҳалим то куҷо одами Раҳмонов ва то куҷо одами Кабирӣ буданашро, ки Роҳнамо бештар ва беҳтар аз ман медонад. Магар Роҳнамо намедонад,ки Зайд Сайид бо туҳмат “турма” шуд? Пас,бо кадом рӯ мегӯяд, ки вай сиёсати ваҳдатсози Пешворо ҷонибдорӣ мекунад ва намехоҳад ҳамин шароити ҳоким дар кишвар иваз бишавад ва агар вақте аз мардум барои тағйири авзоъ даъват шуд, фитнаву иғво мегӯяду мегӯяд,ки давлат аз байн меравад.Магар рафтани Раҳмонов ва даъвати қиёми миллӣ барои аз байн бурдани давлат аст? Як рӯз не як рӯз Раҳмонов мемурад.Он вақт Тоҷикистон ва давлати он мемурад? Ин чӣ подхалмӣ, чоплусӣ ва хоямоливу кунлесии ошкоро аст? Ин чоплусӣ набуда чӣ аст? Даъвати қиёми миллӣ даъват барои поён додан бар зулм аст. Даъват барои наҷоти миллат аз зери юғи Раҳмонов ва хонаводаи вай аст. Зеро Раҳмонов роҳи дигар боқӣ нагузоштааст.Ҳамаи инро Роҳнамо мӯбамӯ медонад. Аммо рост меистаду каж мегӯяд. Мушкил дар инҷост.Мағзу фикрашро тобу азоб додаву обашро ғиҷ кардаву сокашро баровардаву дар фикр таноқузу тахаллуф дар назар карда сиёсати қабилаӣ ва авлодии як дуздро адвокатӣ намекард, туфанги дасти “фермаи ҷавоб” намешуд.
Бо зарби зӯр мудирият кардан, тамоми иқтисоди кишварро ба дасти оили худ гирифтан,хафақони матбуоти озоду масҷид, озодиҳои сиёсӣ….ҳамаи ин ваҳдат аст? Агар Роҳнамо рост буд, сиёсатҳои авлодӣ, маҳаллӣ ва хонаводагии вайро дуруст муаррифӣ ва сардастаи дуздони оилавиро- созмони муташаккили ҷинойиро сулҳпарвару ваҳдатовар нишон намедод. Роҳнамо ҳоло чоҳнамо шудааст. Акнун,ки гуфтем аз Роҳнамо рӯнамоӣ мекунем, инро бигӯям,ки Раҳнамо дар шумори афроде қарор дошт,ки аз тарси Фронти халқӣ гуреза шуда буданд. Мо, мардуми Тоҷикистон,хуб медонем,ки ҳеҷ гоҳ ҲНИТ мардумро гуреза накардааст. Мардум аз дасти тарсу ҳароси Фронти халқӣ ва ҳокомияти конститутсионии Раҳмонов гуреза шуд. Аслан ҳам дар аввали вуруди сурхҳо ва ҳам дуввум ҳамонҳое гуреза ва паноҳ бурданд ба кишварҳои хориҷа,ки миллӣ ва мазҳабӣ ва соҳиби ақида ва дин буданд. Абдуллоҳ ҳам ҳамин тавр буд. Аз яке аз масҷидҳои Теҳрон ӯро “пайдо” карданд,оварданду сарулибосаш карданд,хуронданду пӯшонданд ва боз ҳамроҳашон оварданд,ёрдамчиаш карданд (ҳамин, ки мегӯяд дигар давлатиям ҳамин ёрдамчигиаш буд) Баъдан боз ба як бародари мо анда шуд.Ҳамин бародар ва ҳамон нафар кумакаш карданд,мактаб сохта доданд. Не Раҳмонов,не Ҷаноби олӣ ва на Пешво медонисту медонад,ки ӯ кист?
Ин ҳарфҳо аввал инки дурӯғ нест. Дуввум ин ки таъна ҳам нест. Ин гапҳо гуфта мешвад, барои онки бубинем таҳаввули фикриву ақидативу имониву иҷтимоиву сиёсӣ дар Раҳнамо воқеият ҳаст ё тазоҳур мекунад? Гуфта буд меравам бо фалонӣ акс мегираму нашр мекунам то мо бибинем, ки фалонӣ ҳам мисли ӯ аст ё мисли ӯ шудааст: давлатмеҳвар! Ҳатто агарки ҳам ки мекард, чизе набуд ва намешуд, вале ин кор гумон аст.
Беҳтар ва мантиқитар ва дурусттар ин аст ки Раҳнамо на худро давлату фазои давлату давлатмеҳвар,балки ончики имрӯз шудааст: раҳмонмеҳвар,ҳамонро бигӯяд.Зӯр зада нанависад,ки ин асту он аст.Бигӯяд,ки бо шумо будам,дигар бо шумо нестам. Бо инҳо набудам,ҳоло ба инҳоям.Зиндагиям айни замон ҳаминро эҷоб кард,тақозо кард.Хеле роҳат ва осон мешавад фаҳмид ва кадом “рӯнамоӣ” ҳам даркор намешавад. Дар охир инро меафзоям,ки гуфти мегуем,иснод карди иснод мекунем.Хомуш истоди корат надорем, дигар сабр дар муқобили ҳар сангзане гуноҳи кабира аст!