Ин нома аз номи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Рашт ба мо расид. Муаллифон менависанд, ки чанде аз онҳо айни вақт дар минтақа кор намекунанд ва ба дигар навоҳӣ “перевод” шудаанд. Онҳо дар ин нома аз роҳҳову “приёмҳо”-и “пулкоркунӣ”-и Нуралии Муродро навиштаанд. Нуралии Мурод-ҳамон Нуралии мулаққаб ба сиёҳ, ки дар борааш қаблан ҳам навишта будем, вазифаи сардори раёсати минтақаии КДАМ дар водии Раштро амалан ба як фишанги фишор болои мардум ва ба як манбаи даромади муфт мубаддал карда даст ба ришваву фасоди рӯирост ва густарда мезанад гуфтаанд муаллифони ин нома. Ҳамчунин дар мактуби худ кормандони КДАМ дар минтақаи Рашт аз он гуфтанд, ки Нуралӣ Мурод имкон намедиҳад онҳо кори худро оромона ва барои таҳкими суботу амният дар ҷумҳурӣ пеш бибаранд. Шуморе аз онҳо, онгуна ки иқрор кардаанд, танҳо ба хотири Нуралии сиёҳ маҷбур шудаанд кор дар минтақаро тарк карда ба ҷойи дигар бираванд. Ва, инак машрӯҳи мактуби навиштаи онҳо ба “Ислоҳ.нет”
95% – и мо -кормандони КДАМ дар минтакаи Рашт- аз ҳар канору гӯшаи Тоҷикистон ба ин ҷо кор омадаем. Вале 5 сол аст мо зери зулму фишори Нуралӣ Мурод қарор дорем. Мунтазир будем, ки баъди 5 соли корӣ Нуралӣ ба ягон ноҳия ва ё ҷое дигар “перевод” шуда аз инҷо меравад, зеро мувофиқи усул дар як вазифа аз 5 сол зиёд набояд кор кард. Гуфта будем 5 солашро буд кард, меравад ва ҷонамон халос мешавад аз ин золим. Вале барои чӣ ва чӣ бозии сиёсӣ аст ки инак 6 сол мешад дар ҳаминҷо мех кӯфтааст. Дуруст аст ки дар ҳар куҷо худашро ҷияни Ятимов, раиси Кумитаи амният гуфта гашта истодааст аммо дар боло хуб медонанд, ки ҳеҷ хешу таборӣ надорад. Гап дар инҷост, ки мо кормандон ҷойе барои шикоят кардан надорем, то нисбати ҷиноятҳои Нуралӣ бигӯем. Зеро агар ки шикоят кунем боз дар нохунак “хоин” мешавем. Барои ҳамин ба хулоса омадем ҷое, ки арзи мо аз ҷиноятҳои Нуралӣ тавассути пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ба гӯши мақомдорони аввал мерасад. Чунки худи Ятимов ва Нуралӣ дар маҷлисҳояшон гоҳ- гоҳ мегӯянд, ки агар ҷиноят лозим аст, наковед, “Ислоҳ.тв”-ро тамошо кунед, пур. Кор кунед. Ба ҳамин хотир мо ин номаро ба шумо фиристодем. То инки на фақат мансабдорони сатҳи болоӣ, алалхусус мардуми мазлуми минтақаи Рашт низ аз зулмҳои Нуралӣ Мурод, сардори раёсати КДАМ дар минтақаи Рашт огоҳ бошанд.
Мутаассифона вақте мо расонаҳо ва алалхусус шабакаҳои иҷтимоиро мебинем (аммо мо аз “фабрикаи ҷавоб” нестем) мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯи надонистан ва огоҳ набудан ҳама кору ҳама зулмро дар гардани кормандони КДАМ мезанад. Вале инт авр нест. Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо низ бояд дар бари миллат бошем. 4 нафар золиме, ки дар боло нишаста моро ба зулму зӯроварӣ болои миллат супориш медиҳанд, ба ин бояд хотима дод.
Зулмҳои Нуралӣ Мурод болои кормандонаш бовар кунед, то он дараҷа ҳаст, ки кас дар баёни он оҷиз мемонад. Нуралӣ бисёр ҳам гушна ва нодида аст ки то бас гуфтан. Ин Нуралӣ то ба КДАМ омаданаш дар бозорчаи “Дӯстӣ”-Душанбе” газвода мефурӯхт. Барои ҳамин бисёр ҳам “мелочник” ва чашмгушна аст. Инҷо як мисол меоварам. Барои мо- кормандони аз дигарҷо омада бояд аз ҳисоби давлат иҷорапулӣ дода шавад.Чунки бархе аз мо бо аҳли оилаамон зиндагӣ мекунем. Вале Нуралии гушна ин пулҳоро аз давлат мегирад худаш мегирад ва ба кормандон намедиҳад. Коргарон бояд пули иҷораро худашон пардохт кунанд. Ё мисоли дигар инки агар барои коре ҳукумат ё бонк ё ягон корхонаи давлатӣ равиву Нуралӣ дар онҷо бинад талхааш мекафад, гизала мешавад, ки ту онҷо чикор мекардӣ? Дар маҷлис бо ягон баҳонаи ночиз ва ҳатто бидуни кадом сабаб мехезонад ва дашном мекунад. Аммо маълум,ки барои рафтан ба ҳамон корхона ва ё бонк аст. Мегӯӣ,ки КДАМ корхонаи меросмонда аз падараш бошад: дар байни ҳамкорон “дафъат мекунам” гуфта таҳқир мекунад. Ҳатто муовинҳояш дилёб намешаванд нопурсида духтур раванд. Аммо,мо кормандон ҳамагӣ медонем,ки худи Нуралӣ аз ҳукумати ноҳия сар карда то бонку беморхонаву донишгоҳу мактабҳову ҷамоатҳову омору кумитаи замину молияву танзим …хуллас ҳама корхонаҳо: чи давлатӣ ва чи хусусиро “доля” баста ва ҳар моҳ тариқи як- ду сагбачааш ва шофёраш ин маблағҳоро ҷамъоварӣ мекунад. Ҳафтае нест,ки ҳатман як бузи куҳӣ барои ӯ шикор карда надиҳанд.
Даромади муфти дигари Нуралӣ даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии наваскарон аст. Аз тамоми ҷамоат ва шӯъбаи маориф ҳисоботи рӯхати шумораи ҷавонони синни даъвати аскариро мегирад, ки барои мисол дар даъвати баҳорӣ ва ё тирамоҳӣ чӣ қадар ҷавони синну соли аскарӣ мавҷуд аст. Масалан дар як ҷамоат 1000 ҷавони сину соли мувофиқ ба аскарӣ зиндагӣ мекуанд. Аммо аз ин ҳисоб максимум 40-50 нафар бояд ба аскарӣ ҷалб шаванд. Яъне нақшаи ҷамоат барои як даъват ҳамин миқдор аст.
Аммо 950 нафари дигар бояд, ки ҳатмӣ “доля” диҳанд. “Ставка” 1500-2000 сомонӣ барои ҳар як даъватшаванда дар ҳар даъват. Яъне агар дақиқтар карда фаҳмонем ҳар баҳор якуним миллион сомонӣ ва ҳар тирамоҳ якуним миллион сомонӣ ба кисаи Нуралӣ Мурод медарояд.
Ин амалиёти ғорати мардум чи гӯна сурат мегирад?
Падар ва ё модари ин ҷавонро даъват мекунанд ва мефаҳмонад, ки супориш аз “боло” аст. Ва бо таҳдиду дӯғу пӯписа мегӯянд, ки ё ба хидмат меравад фарзандатон ва ё ҳамин миқдори маблағро мепардозед. Фарқ надорад,ки он ҷавон Русия аст ва ё дар дохил аст. Дар Русия бошад ҳам меоред! Вагарна барои саркашӣ аз фармони президент ”дело” мекунем. Бечораҳо ноилоҷ иҷро мекунанд,чун намехоҳанд,ки фарзандашон зиндон шавад. Ба ҳар чӣ розӣ мешаванд. Падару модарҳо тавассути куратори амният дар ҷамоатҳо ва ё худи раиси ҷамоат даъват карда мешаванд. Ин ниҳоят маблағи калон мешавад,чунки дар як сол аз як даъватшаванда ду маротиба ин миқдори пул рӯёнида мешавад. Бовар кунед, агар дар ҷамъоварии сарбозҳо пули беҳад калон намебуд КДАМ ба он сахт часпида намегирифт. Чанд сол аст ки тамоми ҷараёни даъват ба аскарӣ дар минтақаи Рашт куллан дар зери назорати Нуралӣ Муродов қарор дорад.
Дар ҳақиқат шумо дар барномаҳои пешинаатон дуруст зикр кардаед,ки Нуралӣ Муродов дар минтақаи Рашт худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ӯ аз ин беназоратӣ истифода карда ҳатто ба кормандони мақомот тамоман раҳм намекунад, ҳаққи онҳоро мехурад.
Масъалаи дигаре,ки мехоҳем қайд намоем ин аст ки Нуралӣ болои гурӯҳи зудамали “Алфа” ҳам сахт ситам мекунад. Ҳар сол ба ин гурӯҳ барои хурду хуроки хубу машқу тамрин сару либос миллионҳо сомонӣ аз буҷҷаи давлат ҷудо мешавад. Аммо ин пул сар карда аз КДАМ-и марказӣ то минтақа гум ва несту нобуд мешавад. Хароҷоти хурду хуроки гурӯҳи зудамали “Алфа”-ро Нуралӣ маҷбурӣ ба зимаи ҷамоатҳо гузошта аст. Ҳар ҷамоат бо навбат барои ин гурӯҳ ғизо таҳия мекунанд. Аз куҷое бошад бояд таъмин бикунанд: замин мефурӯшӣ, аз хонаат меорӣ, бачата мегуед бароят мефиристад аз Русия фарқ надорад. Муҳим супориш бояд иҷро шавад. Бар болои ин, заминҳои картошка, чорвои калону майда дар дараи Камаров, дар дараи Ясман ва дар Ҷиргатолро,ки барои гурӯҳи таъиноти махсуси “Алфа” ҷудо кардаанд, маълум нест кӣ ва чи тавр истифода мебарад ва ин қадар чорвову картошка пиёзу сабзӣ ба куҷо мераванд, Худо медонаду Нуралӣ. Бовар кунед раисони ҷамоат ба ҷон омадаанд. Аммо коррупсия дар авчи аълост. Бахусус дар заминфурушӣ. Нуралӣ “кришават” ва контрол мекунад, дар кумитаи замин ва ҷамоатҳо заминҳоро фурӯхта истодаанд,як кас дилёб намешавад, ки пеши роҳи ин “беспределӣ” гирифта шавад. Заминҳои обӣ, ки тибқи қонун ва фармони президент барои сохтмони манзил дода намешаванд ва заминфурӯшӣ ҷиноят мебошад. Ҳатто то ҷое шунавидем, Нуралӣ гуфта аст,ки заминҳоро гирифта ба киссаашон намекунанд, дар ҷояш меистад, боз бо як қарори дигар ба ҳолати аввала баргардонида мешавад. Вале мо бояд “пока вақт ҳаст” сум кор кунем. Ин гапро Нуралӣ ба як корманди ҷамоат гуфтааст. Мо вақте мехоҳем пурсем раисони ҷамоат мегӯянд мо корро бо Нуралӣ ҳал кардем ӯ худаш медонад.
Дар даруни худи амнияти минтақа ҳам ин овоза паҳн аст ки Нуралӣ гӯиё одами бевоситаи худи раиси КДАМ аст ва аз ончики ҷамъ мекунад барои ӯ ҳам як қисмашро бурда медодааст. Саймумин Ятимов дар пушти Нуралӣ меистад, мегӯянд.
Аммо зулму ситаме,ки Нуралӣ болои мардуми диндори Рашт бор мекунад, бовар кунед ба забон овардан ғайриимкон аст, агар мусалмон бошӣ шарм аз Худо медорӣ, чун туро Худо ба дунё оварда аст, вале бо фармонҳои офаридгорат мухолифат мекунӣ, ин ба гумони мо гуноҳи нобахшиданист. Албатта мардуми диндори Рашт гуфтан на ба он маъно аст ки дар онҷо бединҳо ҳам ҳастанд. Манзур ин аст ки онҳое,ки ҳамеша дар намозанду тоату ибодотро тарк намекунад ва рӯза мегиранд. Нуралӣ пайваста ба бастану маҳкам кардани масҷидҳо дастур медиҳад.”Бандед” мегӯяд. Вале мардуми деҳаҳо ва ҷамоатҳои минтақаи Рашт ба хотири Худоро ибодат кардан, пул ҷамъ карда тавассути танзим ё шофёраш ба Нуралӣ дода масҷидро боз мекунанд. Ё бо ҳар баҳона маҷлис мекунад ва тавре маҷлисро баргузор мекунад,ки бисёр фаврист ва бо макру найранг, ба хотири тарс додан вале дар асл мақсадаш пул кандан аст мегӯяд,ки ана тибқи хабарҳои оперативӣ дар фалон деҳа салафӣ ё ихвонӣ пайдо шудааст. Мо кормандон медонем,ки аслан чунин хабаре вуҷуд надорад. Ва бо ин баҳона тамоми ҷавонҳои намозхонро ба навбат оварда баъди гирифтани маблағҳои муайн озодашон мекунад. Аз охирҳои моҳи моҳи декабри соли гузашта то моҳи марти соли ҷорӣ бо баҳонаи “ихвонӣ” ончунон бачаҳои диндорро шикор карду пул канд,ки ҳисобаш гум аст. Мо ин ҳолатҳоро бо чашмонамон мебинем вале коре карда наметавонем.Бовар накунед маблағҳое бачаҳои Рашт фиристодаанд аз Русия ба хонаводаҳояшон аксараш барои наҷоти бародару наздиконашон будааст,ки ба Нуралӣ додаанду ҷонашонро аз туҳмат халос карданд.
Шумо дар навиштаи қаблиатон гуфта будед,ки бародари Нуралиро солҳои ҷанги дохилӣ дар Рашт куштаанд. Бале,бародари ӯ дар солҳои ҷанг кушта шудааст,аммо дар Тавилдара.Чунки силоҳашро ба замин намегузорад.Аз ин рӯ мо ҳам бар ин назар мувофиқем,ки зулму ситами Нуралӣ болои мардум ин интиқому қасоси ӯ аз ин мардум аст. Азбаски он ҷиноятҳои Нуралиро,ки Шумо дар барномаҳои пешинаатон бозгӯ кардед ва дақиқан,ки ба гӯши мақомдорон расид вале кадом реаксия нишон дода нашуд ва Нуралӣ мисли пешина кори худро давом дода истодааст,пас метавон ба ин натиҷа расид,ки ӯ бо супориш ва нақшаи тарҳрезишуда амал мекуанд.
Нуралӣ болои мардуми Рашт махсус ва бо супориш зулм мекунад. 24 соат маст аст. Арақи дӯстдоштааш “Шоҳона”-и сиёҳшиша аст. Чунон беҳаёсту беномус,ки як мӯсафеди 75 соларо барои онки ба набероҳояш сураҳои Қуръон нишон медодааст оварда қариб бикшад. Тамоми мардум барои раҳоии ӯ пул ҷамъ карданд.Худаш гови ҷӯшоӣ ва буқаашро фурӯхт. Хуллас то пули калон нагирифт, озодаш накард. Рӯзе нест дар дари КДАМ дар Рашт 3- 4 мулло набошаду аз онҳо пул наканад вале бозҳам мардум хомӯшанду пулаш медиҳанд. Бовар кунед шарми одам меояд,ки ин чи замона омада аст. Ман 3 сол мешавад,ки дар Рашт кор мекунам. Бисёр мардуми меҳмоннавоз ҳастанд. Ба касе кор надоранд. Ҳамин ҳоло дар Рашт беш аз 50 дар сад масҷидҳо бастаанд. Дар ҳоле,ки ҳамаи ин масҷидхо то омадани Нуралӣ боз буданд. Нуралӣ вақте ҳамон мӯсафедро ҷавоб медиҳад ё ба кадом як муллои дигар гуфтааст,ки ман супориши болоро иҷро карда истодаам,сиёсати давлат имрӯз ҳамин хел аст.
Мо бо қотеъият ва боитминон мегӯем,ки пули мардуми Рашт Нуралиро миллионер кард. Вай чи қадар пулҳои Раҳими бизнесмену падари ӯро хӯрд, беҳисоб аст. Дар бораи Нуралӣ ва “дӯстӣ”-и вай бо Раҳими бизнесмен маълумотҳои муҳими дигарро дертар мефиристем.(дар Ислоҳ ҳам маълумотҳои зиёде дар мавриди Раҳим ҷамъ шудаанд дар наздиктарин фурсат онҳоро нашр мекунем) Аммо бо вуҷуди онки хуни ин мардумро мисли кана мемакад дасти зулмро аз болои онҳо барнамедорад. Мо ҳамчун кормандонат гуфтанием,ки “Нуралӣ дасти зулматро аз болои мардуми Рашт бардор,чун Саймумин Ятимов то абад туро “кришават” намекунад.
Чанд корманди бошарафи КДАМи Рашт махсус барои “Ислоҳ.нет”