Идомаи Нома аз Исфара: “Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”
(бахши дуввум)
Ман сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошам.Аз кору кирдори раиси ҷамоат Болтаев Аҳмадхон Ҳабибуллоевич гуфтан мехоҳам. Болтаев пеш россиячӣ-муҳоҷири корӣ буд.Ҳамчунин дору оварда мефурӯхт бо як нафари дигар.Аммо онҳо бо наркотик сарукор доштанд.Дере нагузашта Болтаев шарики худро дар Русия “подстава” карда гурехту омад. Шарикаш ба давраи тӯлонӣ дар Русия маҳбас шуд. Болтаев бошад аз пулҳои тиҷорати наркотик мансабро харид. Ӯ дар давраи собиқ раиси Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ вазифаро харид ва дар ҳукумати Исфара корро сар кард. Маълумоти олӣ надошт. Дере нагузашта диплом ҳам харид ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. 50000 доллар дода вазифаи раиси ҷамоати Навгилемро харид. Шояд бовар накунед, ки барои як раиси ҷамоат шудан инқадар пул? Инҷо як таърихчаи падари Болтаевро нақл кунам ҳамааш рӯшан мешавад. Солҳои 1996 ва 1998 падари Аҳмадхон Болтаев, амаки Ҳабибулло бо ҳамроҳии се нафар ба раиси шаҳри Исфара аризаи дастҷамона аз номи мардуми маҳаллаи Устомулло менависанд. Ба ин маъно,ки ин мардум ҳамакаса мехоҳанд, ки коргоҳи коркарди пӯст,пойафзол ва низ тавлиди блок ва ё хишти сементӣ бисозанд ва барои онҳо шаҳрдорӣ замин ҷудо кунад.
Раиси ҳамонвақтаи Исфара соли 1998 ба ин се нафар иҷозати ташкили корхона ва спортзалро дод, ба миқдори як гектар. Онҳо мебоист корхона ва толори варзишӣ месохтанд. Дар ин миён онҳо гӯиё корхонаро сохтанд аммо кор фармудан натавонистанд. Дар ин як гектор замин ҳақи падари Болтаев 40 сотих буд. Ва ин замини ҷудошуда дар шафати мазори Муи Муборак дарканори роҳи Навгилем ва Кулканд ҷойгир аст. Вақте Болтаев Аҳмадхон раиси ҷамоат шуд, корхонаро барҳам дода барои ба замини наздиҳавлигӣ табдил додани онқарори ҳукумати шаҳрро гирифт ва онро сар кард ба фурӯхтан. Аввали ҳамин соли 2020 6 сотихи онро ба як сокини маҳаллаи Устомулло ба 75000 долар фурӯхт. Болтаев бо ин қадар маблағи калон вазифаро харид ва аз 6 сотих харҷашро баровард ва 34 сотихи дигараш “НЗ” монд. Дар маҳаллаи Устомулло як майдони варзишӣ ҳаст. Ҳоло заминҳои гирду атрофи ин стадионро раиси ҷамоат ба ёру ошноҳояш ва хешу таборонаш ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим ва фурӯхта истодааст.
Дар роҳи мошингарди ҷамоати Кулканд ва ҷамоати Навгилем мардуми соҳибкор магазину мойка кушода истодаанд. Ин соҳибкорон ҳамааш хешу табор ва ёру шиносони Болтаеви раиси ҷамоат мебошанд. Аммо ин мағозаву шустушӯи мошинҳо баҳона аст. Онҳоро баъдан ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷат мекунанд. Аз рӯзе,ки Болтаев Аҳмадхон Ҳабибуллоевич раис шуд гӯё, ки як гадо ё ки талабанда раиси ҷамоат шудааст. Бо ҳар баҳона аз мардум пул металабад. Масалан барои ободии бинои ҷамоат, барои ободии шаҳри Исфара, барои омадани ягон комиссия хона ба хона гашта аз мардум пул ҷамъоварӣ мекунанд. Мардум на ҳамааш пул дорад, дода наметавонад. Аммо раисони маҳалла ба ин бечорагон гапҳои қабеҳ зада таҳдид мекунанд, ки кирдори туро ба раис мерасонем, туро дар “чёрни списка”-и ҷамоат мепартоем ва аз тарафи ҷамоат ба ту ягон ёрӣ расонида намешавад. Дар ҳақиқат ин гапҳои раисони маҳалла рост баромад.
Бемории коронавирус барои раиси ҷамоат ба як манбаи дигари тиҷорат мубаддал гардид. Барои онки кӯчаҳоро дизинфексия кунанд аз ҳар сари хона 20 сомонӣ ҷамъ кард. Дар ҷамоат бештар аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин миқдори маблағ танҳо барои ғизои кормандони санэпидемстансия ва ҳолати фавқуллодда “обед” гирифта додаасту тамом. Дигарашро ба ҷайбаш задааст. Болтаев ошкоро мегӯяд, ки вазифаи раиси ҷамоат бароям “подарка” нашудааст. Онро дар ауксион нарх монда харидаам. Баъдаш ҳам ин аст,ки ман танҳо намехурам. Маро одамони боқувват дар боло дастгирӣ мекунанд. Ҳатто ҳамони ёриҳои башардӯстона барои коронавирусро ҳам Болтаев ба хешу табори худаш тақсим кард. Одамони камбизоат ва оилаҳо калон аз он маҳрум монданд. Барои оилаҳои камбағал ва калони фақир маскаи хитоӣ,ки як сомонӣ арзиш дорадро,ҳамчун “помош”доданд.
Дар ҷамоати Навгилем як заминсоз буд бо номи Бақо. Аз одамони зиёд барои замини назди ҳавлигӣ пул гирифт вале мардумро фиреб дод. Арзу шикояти бисёре аз болои Бақо ба прокурор карданд. Делои ҷиноятӣ оғоз карданд. Ӯро ҳаммаслаконаш гурезониданд. Ҳозир Бақо дар “побег”. Мо-мардуми ҷамоати Навгилем ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием, ки дар ҳақиқат пули мардумро собиқ заминсози ҷамоат Бақо гирифтагӣ аст. Аммо Бақо як худаш нахӯрдааст. Ҳаммаслаконаш:-раиси ҷамоати Навгилем, раиси шаҳри Исфара бо юристу ҷонишинҳояш ва раиси кумитаи замини Исфара ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, агар ҳама дар назди қонун барорбар бошанд. Ба Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф гуфтанием,ки чаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки ҳар шанбе муқаррар шудааст, мардумро қабул намекунӣ? Мо чанд навбат рафта туро пайдо накардем. Пешакӣ эълон кун то рафта вазъиятро бифаҳмонем. Охир,ин чи давлату давлатдорӣ ва риояти қонун аст?
Як нуктаи дигаре,ки моро ва тамоми падару модарон дар Тоҷикистонро дар ташвишу изтироб андохтааст, мактаб ва ғорати талабаҳо аст. Мо,намефаҳмем,ки маориф дар мо пулакӣ аст ва ё бепул? Аз рӯзи аввали хониш пулгириву пулгӯиро сар мекунанд. Агар ҳисоб кунем якмактаббача аз як донишҷӯ хароҷоташ бисёр мебошад. Масалан таъмири мактаб, рангу боркунӣ, хариди мизу курсӣ таъмири майдончаи варзишӣ ва туби волейболу баскетбол, китобпулӣ, барои гирду атрофи мактаб гулхариву гулкорӣ, обуна шудан ба маҷаллаҳои бемаънӣ ва ғайраҳо. Ҳамин аст мактаби бепул? Дар мактабҳои Исфара барои як меҳмони меомада ба Исфара ҳокимони шаҳр директорони мактабҳоро супориш медиҳанд, ки аз мактаббачаҳо пул ҷамъоварӣ кунанд. Гӯё,ки мо-падару модарони исфарагӣ вазорати молияи Тоҷикистон бошем барои ин ғоратгарон. Аттестати мактабӣ аз 20 сомонӣ то 30 сомонӣ. Талбаҳои синфи 1 ба 180 сомонӣ справка мегиранд.
Мардуми Исфара бо боғдорию ва меваи хушк куни машҳуранд. Вале дар бозор маҳсулоти деҳқонии худамонро озодона фурухта наметавонем. Ҳангоми ҳосилро хушк карда ба хона овардан дар роҳ коргарони андоз монанди БДА мошинро манъ карда аз мо андози ҳосили хушккарда талаб мекунанд. Ин ғайриқонунӣ мебошад. Чунки соҳиби боғ андози заминро месупорад. Ҳатто бозӯрӣ хонаҳои мардум даромада ҳосили мардумро баркашида андозҳои ғайриқонунӣ мебанданд. Барои чи ягон мақомот чора намебинад. Ва, агар гуфтагиашонро иҷро накунед мошини бордори Шумо ҳафтаҳо дар назди андоз ба гарав гирифта мешавад, замоне,ки пули пурсидаашонро надиҳӣ. Ба прокуратура муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, ки чора дида наметавонем. Сабабаш дар он аст ки буҷаи давлат аз андози шумо вобаста аст. Гуфтагии андозро супореду боратонро гирифта баред. Оиди ба таври ғайриқонунӣ заминҳои Исфараро фурӯхтан борҳо ба прокуратура муроҷиат кардем.Ҳеҷ вокунише накарданд. Ба прокуратура Вилояти муроҷиат кардем. Дар прокуратураи вилоятӣ аризаи моро мутахассис доир ба замин дар прокуратураи вилоят Ҷалолзода. С ба ӯҳда гирифт. Аммо вай як порахӯри гузаро будааст. Азбаски аз бачаҳакои “боло” ва қасдаш ҳам пулкоркунӣ аст бо ин заминфурӯшҳо забон як карда доляи худро гирифт ва моро огоҳӣ дод,ки аз даъвои худ даст кашем. Гуфт ба ин заминфурӯшҳо зӯри ман намерасад, “криша”-и бақувват доранд. Инҳоро вазирҳо ва домоду духтарҳои президент “криша”ват мекунанд. Ба мардуми ҷабрдидаи Исфара Ҷалолзода.С гапи ростро гуфт.
Инҷо мехоҳем як каме аз беадолатиҳои раисаи корхонаи ҶДММ “Наҷот” бароятон ҳикоят кунам. Раиса Исомаддинова Наҷотхон ном доранд. Қариб 70%нақлиёти мусофирбари даруни шаҳри Исфара ва берун аз он Исфара- Хуҷанд, Хуҷанд- Исфара, Исфара – Конибодом ва Конибодом Исфара аз шаҳрвандон мебошад, ки ба тариқи шартнома ба ин корхонаи мазкур фаъолият мекунанд. Ин ҳикоят аз қавли собиқ коргари паймонкор дар корхонаи Наҷот аст,ки ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Вай мегӯяд:
“Ман барои даромадан ба кор ба раиса 2000 сомонӣ “шапка” додам. Касеро бе шапка кор намегирад. 3 сол кор кардам. 1 моҳ касал шуда натавонистам кор бароям. Дигар касро ҷои ман ба кор қабул кардаанд. Вақте сиҳат шуда ҷойи кор омадам раиса даъват карда гуфт, ҷои ту дигар нафарро ба кор гирифтам. Бо раиса баҳс карда гуфтам, ки корат ғайриқонунӣ аст. Аз болоят арзу шикоят мекунам. Гуфт ба куҷое даъво мекунӣ кардан гир, аз дастат чизе намеояд. Ман ба прокуратураи Исфара шикоят кардам. Кормандони прокуратураи Исфара доляро гирифта худи манро айбдор кардану раисаро ҳақ бароварданд.
Инро ҳам гӯям,ки Наҷотхон ду писар дорад. Писари калониаш дар ҳукумати Исфара, раҳбари дастгоҳи ҳукумат буд то чанд рӯз пеш: -Исомиддинов Ҳабибулло. Ҳабибулло корбудкуни ин корхона ва модараш мебошад. То ҷое маълумотфы ба даст овардам Ҳабибулло 1000 доллар ба прокуратура дода корро хобонидааст. Дар дасти прокуратура тамоми далелҳо ва қонуншиканиҳои раисаи ҶДММ “Наҷот” ба воситаи аризаи ман расида буд ва имкон надошт, ки халос шавад. Танҳо роҳ пора буд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ба корхонаи Наҷотхон бе “шапка” кор даромадан намешавад. “Шапка”-ро бо писараш маслиҳат мекунӣ ва писараш нархнома ва дар кадом линия чи қадар додан даркорро муқаррар мекунад. Миқдори шапка дар линияи Хуҷанд- Исфара аз 6000 сомонӣ сармешавад то 10.000 сомонӣ, линияи Конибодом- Исфара аз 5000 сомонӣ то 7000 сомонӣ. Дар линия-хатсайрҳои дохили Исфара аз 2000 сомонӣ то 5000 сомонӣ. Аммо хатсайри 9 ва 1 нархномаи шапкаш монанди линияи Хуҷанд- Исфара аз 6000 сомони сар мешавад,чун серодам аст. Баъде шапкаро дода кор даромадӣ “ту як умр дар ҳамин корхонаи Наҷот кор мекунӣ”гуфта Хабибулло ба ронанда ваъда медиҳад. Вале дере нагузашта бо ҳар баҳона аз ронандаҳо пули иловагӣ мерӯёнад. Ҳабибулло дасташ ба пули ҳаром хӯ гирифтааст. Барои як одитарин ҳуҷҷат,ки пеши раиси шаҳр барои имзо медарорад то 500 сомонӣ нагирад он ҳуҷҷат “навбат” поида мешинад. 500 сомонии имзои ҳоким доляи Ҳабибулло буд.
Вазъияти ваҳими Ворух
Вазъият дар Ворух,ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст,хеле бад мебошад. Бар сари мардуми осоиштаи Ворух чи мусибатҳои сахт омада истодааст, ба ҳамагон маълум аст. Аз як тараф заминамонро фурӯхтанд, аз тарафи дигар мақомоти қудратӣ бошанд фишор болои мардуми худ мебиёранд. Мо-мардуми Ворух мақомотҳоро мехуронем ва мепушонем вале инҳо баҷои раҳмат гуфтан мастшуда мардуми осоиштаро зери мушту лагат мегиранд. Монанди милиса Шерзод Пиронзода. Ин милисаи порахури наркоман як мӯйсафедро дар рӯзи рӯшан латту кӯби шадид кард. Барои ин ҷинояти мудҳиш танҳо ӯро ба дигарҷо интиқол-перевод карданду халос.Ҳеҷ чорае дигар надиданд. Ман ба мардуми Ворух гуфтаниям, ки бас аст милисаҳоро хурондан. Гӯё,ки мо қарздор бошем, ки Алфаю Омону Амнияту милисаҳоро хуронида гардем.
Аҳолии Ворух дар муҳосира ва гарави мақомоти Тоҷикистон ва Қирғистонанд. Агар мо барои замини худамон овоз баланд кунем милисаҳои тоҷик хоин гуфта дело мекушоянд. Агар хомӯш истем қирғизҳо заминҳоямонро мегиранд ва даромада дар хонаҳои худамон кушта мепартоянд. Барои ҳамин мо дар байни осмону замин муаллақ мондаем. Ба соҳибкорони Ворух гуфтанием, ки барои мардуми худ, барои ободии диёр кунед, барои милисаҳои беномуси порахӯр накунед. Бояд ҳамаамон якдилу яктан шуда хезем,мисли мардуми Белорус. Ҳукуматиҳои ҳаромхӯр роҳи моро дошта наметавонанд. Зеро ин замин барои ворухиҳо даркор, барои инҳо не. Инҳо фақат заминфурӯхтан, мардуми Ворухро зулм кардану пулашро гирифтан ва тюрма кардан кори дигареро анҷом намедиҳанд. Ҳар боре дар сарҳади тоҷику қирғиз нотинҷӣ шавад,амниятиҳо филфавр эълон мекунанд,ки инҷо гурӯҳи сеюм аст ки мардумро ба иғво меандозад. Онҳо манзурашон аз гурӯҳи сеюм Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст. Дар асл ин хел нест. Гурӯҳи сеюм ин контрабандистҳо, наркобизнесҳо, заминфурӯшҳо ва худи амниятиҳо ва сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид мебошанд.
Амният сарҳадро ноором мекунад, на Наҳзат
Дар Исфара амниятиҳо чи хел кор мекунанд? Хонандагони муҳтарам ва нағз гӯш кунед ва ба як чиз аҳамият диҳед.Ҳар боре дар ватанамон ягон гапу кор шавад, монанди интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар сарҳад амниятиҳо- сардори контрразведкаи амният Ҳакимов Саид бӯи ҷангро мехезонанд ва тамоми расонаҳои озод фикру корашонро ба сарҳад ҷалб мекунанд ва кори инҳо кӯҳна мешавад ва гӯё, ки проблемаи сарҳад муваққатан ҳал шуда бошад. Ҳар боре ягон хабар дар расонаҳои озод дар бораи раҳбарони Тоҷикистон чоп шуд баъди дери дераш ягон ҳафта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон нохушӣ руй медиҳад.Ман гуфтаниам, ки дар сарҳади Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаиаъло ҳодисаҳое,ки рух медиҳад, кори дасти худи амниятиҳо аст. Маълум аст ки контрабанда ва наркотика аз ин сарҳадзиёд мегузарад. Ин корро сеюм гурӯҳ мекунад:кори мақомоти ду тарафи сарҳад. Одамоне, ки ба қочоқ- контрабанда машғуланд одамони одӣ нестанд. Инҳо шаҳрвандони ХоҷаиАъло, Ворух, Чоркуҳ ва Исфара мебошанд ва бо фармони боло кор мекунанд. Қочоқчиҳо ё аз Тоҷикистон ба Қирғистон бор мегузаронанд ё баракс. Дар ин кор тамоми мақомоти дахлдор аз ҳарду ҷониб ва бахусус амният шарик астанд. Барои он ки сарҳад дар ихтиёри Амният аст. Сарҳадбонон пули пораро мегиранд ва гӯё,ки ягон чизро надида бошанд, шароитро барои воридоту содироти бори дуздӣ ва қочоқ фароҳам мекунанд. Вале вонамуд мекунанд,ки бо фармони президент бар зидди контрабандистҳо кор бурда истодаанд. Дар асл кор дигар аст. Пеш фақат кормандони Гумрук буданд. Контрабанда кам мегузашт. Ҳозир асосан бори домодҳову хешу табори президент мегузарад. Сарҳади Исфара роҳи қочоқи борҳову тиҷорати Президент ва домодҳои вай аст. Коррупсияи нақлиётӣ дар марзи Исфара танҳо одамони одиро меқапад. Онҳо барои ворид кардани борҳои қочоқии домодҳои Президент ёрдам мекунанд.
Беҳрӯзи домоди Муроди телех марзро сахт ноором дорад
Сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилоят домоди Сардори муҳофизони Президент Мурод Саидов аст. Вай Беҳрӯз ном дорад. Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд. Аз Исфара сар карда то таги ағба ин борҳоро Беҳрӯз “сопровождат” мекунад,чунки вазифаи асосиаш ҳамин аст:бидуни мушкил расонидани борҳои қочоқии домодҳову духтарони президент ба Душанбе. Кормандони Гумрук ва амният-сарҳадбонҳо медонанд, ки Беҳрӯз барои домодҳову духтарҳо кор мекунад. Аз ин фурсат Беҳрӯз бар суди худ истифода карда барои дигар соҳибкорҳо ва тоҷирҳо “кришават” мекунад. Вале агар ягон бори бегона гузашт,бо вуҷуди онки ҳақу ҳуқуқашонро мегиранд ба Беҳрӯз хабар медиҳанд.
Беҳрӯз ин борро дар роҳ дастгир карда ва доляи калон талаб мекунад,агар надод мусодира карда ба маҳкама мекашад ва ё ҷаримаҳои калон мебандад. Беҳрӯз на танҳо қочоқчиҳо, наркобизнесҳоро ҳам “кришават” мекунад. Тавассути ин сарҳад наркотики одамони боло ва одамони мақомоти орган мегузарад. Одамони одӣ пар занад парашон месӯзад. Як сабаби асосии нооромии сарҳад ҳамин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ҳастанд,ки афроде мисли Беҳрӯзи домоди телехи Президент “кришават” мекунанд. Мо мардуми одии Исфара аҳду паймон кардем,ки минбаъд агар ин корҳо идома ёбад ҳамаи ин қочоқбарон ва наркобизнесҳо ва сарпарсатони онҳоро ном ба ном ва боаксу ҷойи таваллудашон расонаӣ кунем. Махсусан тавассути канали “Ислоҳ.нет”,ки ҳоло як шабакаи фарогир ва пурбинанда шудааст. Мо мардуми одӣ аз ҷонамон сер шудаем.( Дар мавриди дигар ҷиноятҳои коррупсионии Беҳрӯзи домоди Муроди телех таҳқиқот идома дорад. Сокинони Хуҷанд,Исфара,Конибодом ва дигар навоҳии Суғд, ҳар ҷинояти коррупсионии Беҳрӯзро донед ба мо нависед,то матлаби муфассал дар ин маврид нашр намоем “Пойгоҳи Ислоҳ”)
Аҷиб ин аст ки ҳар кадом корманди мақомот,ки Исфара кор омад, баъди як ё ду моҳ соҳиби мошину хона ва ду зан мешавад. Кормандони Амният бошанд мошинҳои нав мегиранд вале бо рақами транзити мегарданд. Вақте ки сардор рафт бо мошини служебнаиш меравад ва барои сардори нав баъди думоҳ боз мошини служебнийи нав медиҳанд. Аҷаб давлати бой доштаем, ки фақат мошинҳои навро барои сардорони амнияти Исфара медиҳанд.
Сардори контрразведкаи амнияти Исфара Ҳакимов Саид – инсони бераҳми порахури беинсоф аст,бо ҳар баҳона мардуми осоиштаи маскун дар сарҳади Ворух, Хоҷаиаъло ва Чоркуҳро ғам дода пулҳои ҳангуфт талаб мекунад,мо дақиқ медонем,ки чанд навбат нооромӣ дар марзро ӯ бо закази махсуси домодҳои Президент барои гузаронидани молҳои қочоқиашон ташкил карда ҳатто боиси марги одамҳо ҳам шуд.
Поёни бахши дуввум,ин таҳқиқот идома дорад ва дар бахшҳои оянда ба дигар ҷанбаҳои Исфара мегузарем.Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои мақомоти кишвар дар Исфара ҳастед,пас ба мо нависед,то онро дар бахши чорум ҷой кунем. Чунки бахши сеюм тақрибан омодаи нашр аст.
Ps: Хонандаи азиз,аз якояки шумо хоҳиш менамоем ҳар фарде,ки дар ин матлаб номашро хондед, ё номи минтақае дар матлаб омадааст. Агар дар дасти шумо аксҳои он афрод ва наворҳои видеои он манотиқ бошад бароямон фиристед.Мо мехоҳем онро дар наворе,ки тақдиматон менамоем ҷой диҳем,то мардум ҷинояткоронро хубтар шиносанд.