Донишгоҳи миллӣ ё Бонки миллӣ?   

Ислоҳ нет

Фасоди сартосарӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонов махсус роҳандозӣ ва ҳимоят мекунад, донишгоҳи миллиро ҳам хароб кардааст.Ончунон вазъият дар ин муассисаи олии кишвар рӯ ба вахомат овардааст,ки донишомӯзон намедонанд ба куҷо шикоят кунанду аз ин вазъият худ ва дигар донишҷӯёнро наҷот бидиҳанд. Вазири Маориф  ва илм худ аз инҷо ба вазорат гузашт ва вазъиятро хело хуб медонад.

(бахши аввал)

Агар бигӯем, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълими тадрис аз байн рафтааст ва қариб, ки вуҷуд надорад, хато намекунем. Аз ҳамон рӯзи аввали шурӯъи дарсҳо масъала мавзӯи асосӣ пул аст. Ҳамаи муаллимҳо нархи “ставка”-и худро мефаҳмонанд. Яъне нархномаи семестри аввал ва ё рейтинги якум. Ман муҳассили ҳамин донишгоҳам. Пасттарин нархномаи муаллимҳо аз 30 сомонӣ сар мешавад. Яъне барои 8 ҳафтаи хониш аз 30 сомонӣ то 300 сомонӣ муаллимҳо нарх доранд.

Нархи муаллимҳо вобаста аст аз унвони илмиашон ва ё ҷойгоҳи онҳо дар факултет ва миёни донишомӯзон. Аз ҳама ставкаи вазнин дар факултети ҳуқуқшиносӣ аст. Онҳое,ки инҷо дохил мешаванд, ба қавле сокашон ҷафида мешавад. Муаллимҳо мегӯянд, ки пули нашрияи донишгоҳ “Ба қуллаҳои дониш”-ро супор баъд балатро-яъне баҳоятро соз мекунам. Ин як навъ гӯшона ва киноя ба ҳамон маблағи “ставка” аст ки аз 30 то 300 сомонӣ нарх дорад.

Ҳар муаллиме, ки пулашро, яъне ҳамон ставкаашро гирифт муаллими хуб ба ҳисоб меравад. Дигар коре ба корат надорад. Медонӣ ё не балатро баланд мемонад. Вале вақти рейтинги дигар ё имтиҳон шуд, ҳамон Аҳмади порина. Намешиносад, бо ту гап намезанад. Мегӯяд,ки пули “Ба қуллаҳои дониш”-ро супоред, вагарна ба имтиҳон роҳ намедиҳам, калиди имтиҳонро намедиҳам ҳамаат ба кредит меафтед. Ҳама маҷбур қарз гиранд, дар бади падару модар мезанем. Бо чи роҳе набошад бояд пулро супорид. Муҳим саводи ту нест,муҳим пули ту ҳаст.

Дар ҷое, ки мо мехонем яке аз набераҳои Раҳмонов ҳам мехонад. Як духтари собиқ ректори Донишгоҳи миллӣ ва вазири ҳозираи маорифи Тоҷикистон низ. Онҳо бо чунон дабдаба ва карру фар меоянд, ки ақлат намегирад. Ҳаррӯз бо як мошини крутой ва то худи даромадгоҳи факултет. Набераи Раҳмонов чанд вақт пеш шавҳар карда буд, овоза омад, ки Раҳмонов супориш додааст, ки домод ва набераашро бо мошину хонаву тамоми шароит зуд таъмин кунанд. Набераи Раҳмоновро касе чизе гуфта наметавонад. На ректор, на декан, на замдекан на муаллим. Кайе хоҳад меояд кайе хоҳад меравад, боз бо муҳофиз таъмин аст. Муҳофизон аз кумитаи амният. Аз ҳама ҷолибаш ин аст,ки ӯ “Ба қуллаҳои дониш” пул намесупорад. Хуллас ин донишгоҳ саропо ба фасод олуда аст. Муаллимҳо маоши хуб надоранд. Ман худам буҷавӣ, ба саводи худам дохил шудам, стипендия мегирам. Аммо ин стипендия ақалан роҳкироят намешавад.

Дар факултети ҳуқуқшиносӣ қариб ҳама бо пул дохил шудаанд ва бо пул мехонанд. Ҳамаи онҳо бачаҳои ҳукуматдорҳою бизнесменҳо. Дар паси бинои донишгоҳ сигор, нос ҳама намудашро истеъмол мекунанд. Ҳатто  дар ҳоҷатхона, ки дар долони донишгоҳ аст даромада намешавад. Бӯйи сигору нос. Ҳоло касе пул дорад, номаш дар журнал бошад шуд. Ҳатто метавонад якбора дар курси 3 бихонад. Барои аз як факултет ба факултети дигар гузаронидан-перевод 10 ҳазор сомонӣ ректор ҳақ мепурсад. Фарқ надорад, ки ту коллеҷ мехонӣ, донишгоҳ мехонӣ, главний- пулат бошад, дипломатро медиҳанд.

Касе, ки пул надорад ягон кас переводаш намекунад: 

Ба ректор 2 маротиба ариза навиштам, ки маро ба гурӯҳи буҷавии дигар ихтисос интиқол диҳед. Ректор имзо карду дар гӯшаи ариза навишт ”ба комиссия”. Комиссия проректор аст. Вай бояд бинад ва баррасӣ кунад. Ман нусхаи дафтари баҳоҳоямро бурдам. Пагоҳ рафтам, ки ҳатто нусхаи зачеткаи маро нодида рад кардааст. Ҳатто котибаи ректор мепурсад, ки дар пуштат кист? Пулро ба кӣ додӣ? Ман,ки пул надорам. Аммо проректор кай ва бо киҳо аризаи маро баррасӣ кардааст ва сабаби рад карданаш чӣ аст,номаълум.

Ҳаминҷо фаҳмидам, ки бояд ба ректор 10 ҳазор бидиҳам. Аммо як бозии аҷибе бароям  ошкор гардид. Байни ректор ва проректор дар кори интиқол ва ё ҳамон перевод як рамзи ҷолиб ниҳон будааст.

Мисол:-ман ариза менависам, ки маро интиқол диҳед, ректор таҳқиқ мекунад, ки пул додаам ё не? Ва агар пул надодаам дар гӯшаи ариза чунин менависад “ба коммисия” ‘ва агар пул додаам менависад “барои қабул “.

  Ин ду мафҳум рамзи миёни ректору проректор аст.

Аризаро ба кадом муалиме нишон медиҳам мегӯяд “корот нашидай”. Чунки дар гӯшаи он “ба комиссия” навишта шудааст. Ҳатто тамоми муаллимон медонанд, ки  ин рамзи ректору проректор аст. Ин ду нафар роҳбарони болои донишгоҳ боз барои худ миёнаравҳо доранд. Ин миёнаравҳо ҳам аз шумори донишҷӯҳо ҳастанд ва ҳам аз шумори устодони донишгоҳ. Онҳо “клиент” мекобанд. Онҳо барои қабул ба донишгоҳ барои перевод ва барои ҳар кори дигар миёнаравӣ мекунанд. Онҳо бар болои ҳақи ректор як баробар ду бароар ҳақи худро мегузоранд. Донишҷӯе, ки донишгоҳи тарбияи ҷисмони мехонаду номашро нависонда наметавонад ба факултети ҳуқуқшиносӣ интиқол меёбад. Ваагар лозим шуд дипломи сурх ҳам мегиранд, муҳимм ва асос пул аст. Аламовар он аст ки ин хиёнаткорони миллат, ки соҳаи маорифро ҳам харобу хазон карда истодаанд боз сар боло мекунанду дар минбарҳои баланд сухан мегӯянд. Дар ҳақиқат кас дар ҳайрат меафтад, ки инҷо Донишгоҳ аст ва бояд тадрису илмомӯзӣ бошад ва ё Бонки миллӣ, ки фақат гап дар бораи пул аст. Баъд аз таъин шудани Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ба мақоми ректор ва таъиноти Абдулмуминзода Насимҷон, ки Ойев ҳам номмебаранд ӯро ба ҳайси муовини аввал ва муовини ректор оида ба таълим таъин намуданд ҳоли донишгоҳи миллӣ бадтар шуд.

Инҳо худашон бесаводанд. Дар бораи асардуздии ректор “Диссернет” на як бору ду бор навишт.  Аммо шарму ҳаё надорад. Як қаллоби дузд аст. Либосҳои донишҷӯдухтарон масъалаи асосӣ аст. Ва онҳо чунон танг мепӯшанд, ки сар боло карда намшавад. Аммо онҳоеро,ки либоси кушодтар ва бо рӯмол оянда сахт таҳқир мекунанд. То ба дараҷае,ки аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Аксарият духтарони калоншавандаҳо бо ҳамин гуна либосҳои тангу нимаурён ва бо мошинҳо охирин маърка меоянд. Ман бо чашмони худам дидам ду духтари калоншавандаҳоро, ки бо мошини Ренҷровери сурхи спортивнийи рақами давлатиаш 68 68 омаданд. Ранги сақфи мошин сафед. Омаданд дар дами дарвозаи донишгоҳ, посбонҳоро ҳақорату дашном карданд. Касе чизе гуфтан наметавонад. 3 ҳафта пеш як донишҷӯеро, ки курси чаҳори ҳуқуқшиносӣ  хорич карданд. Бачаи кадом раис. Гоҳ бо  Лексус 570, гоҳ бо мерседес майбах, БМВ-и маркаи охир меомад. Гӯиё кадом муаллимеро лат кардааст. Аммо дирӯз дидам, ки боз ҳам омадаасту донишҷӯи курси 4 мебошад. Аз ин карда занг занад падар ва тағағоятон дипломро гирифтв тиянд хубтар аст. Боз шумо номзад ҳам мешавед,доктор ва академик ҳам мешавед. Давлат дар дастатон ҳаст унвону рутбаҳо ҳам дар дасти шумо,мо камбағалем рӯзамон тиед ақалан монед мо дарс хонем моро озор надиҳед.

Хуллас, вазъияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,макони илму дониш ҳамин тавр аст, мисли бақия донишгоҳу макони илму маърифат, ки дигар ҳамагӣ чизе, ба ҷуз аз ҷойи пулкоркардан ва фасоду ришват  нестанд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Хонандагони гиромӣ мо хуб медонем вазъияти ДМТ ва дигар донишгоҳ ва муассисаҳои олии кишварро. Барои беҳбуди вазъияти ин муассисаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ ба Ислоҳ нависед,то дар онҳо тағйроте сурат бигарад ва вазъ беҳбуд ёбад. Мо мунтазири номаҳои шумо ҳастем,натарсед ба мо нависед ва натиҷаашро бо чашмони саратон хоҳед дид.

Мунтазири навори ин матлаб бошед!

Share This Article