Кӯлканди  Исфара фурӯхтаву тороҷ шуд  

Ислоҳ нет

Ин навбат аз заминфурушиҳои собиқ раисони ҷамоати деҳоти Кӯлканди Исфара Охонов Қурбонхӯҷа ва Мавзуна Шарофидинова (Шамсидинзода, ки айни замон вакили Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи № 20 и Исфара) нақл мекунем.

Охонов Қ. дар давраи раисии Исломиддинов Мирзошариф ва Ёқубова Муҳиба зиёда аз 90 участкаи наздиҳавлигиро фурӯхта аст. Ҳамин ҳоло ҳам аз ин гуна заминҳо 15торо ҳамчун резерв нигоҳ медорад, гӯиё ба одамҳо дода шудааст. Аммо дар асл ба касе дода нашудаанд.

Пас аз аз раиси рафтанаш чандин маротиба тафтишот гузаронида шуд аммо бе натиҷа, яъне ҳар боре муфаттишон меоянд ӯ яке аз заминҳои дар резерв бударо фурӯхта обро лой карда худ тар нашуда мебарояд. Ахиран аз вазифа ба нафақа рафта аз ҷавобгарӣ озод мешавад.

Заминҳои наздиҳавлгӣ  аз ҳисоби заминҳои корами хоҷагии Ҳамро Мукаррамов тақсим карда шуда буданд. Раиси собиқи ин хоҷагиро, ки ба гуфтаи худаш бевосита худи Эмомалӣ Раҳмонов ПОДДЕРЖКА мекардааст. Яъне замоне Солиҳхӯҷа Болтаев сардори фабрикаи мурғпарварии ш.Душанбе будаасту, Раҳмонов дар совхози Ленини Данғара раис будаааст ба Болтаев дони гандум мефурӯхтааст. Ин қисса хеле дароз аст,баъдҳо ҳам Раҳмонов чандин бор ба меҳмонии ин хоҷагӣ омада доля гирифта рафтааст. Зимни ташрифаш бо раиси иттифоқи касаба зани ҳалиму хоксор, ба гуфти русҳо шустрая ва дилкаш Мавзуна Шарофидинова (Шамсидинзода) чашми ҳавас медӯзад. Баъд аз қабзи заминҳои обӣ, ҳосилхез ва дигар иншооти колхоз аз ҳисоби авлоди Болтаев, барбод додани як колхози беҳтарин Шарофидинова Мавзуна.раиси ҷамоат шуда ба ҳизби Раҳмонов дохил мешавад. Ӯ низ аз Охонов Қурбонхӯҷа “фотиҳа” гирифта аз мавзеъи шаҳраки Гулистони  деҳаи Кӯлканд беш аз 500 замини наздиҳавлигиро мефурӯшад ва то имрӯз зиёда аз 100тои онҳо бе муайян кардани ному насаби соҳибонаш қарор доранд. Яъне гӯиё тақсим шудааст, аммо ба касе дода нашудааст. Ӯ ин корро ин навбат бо дасти домодаш Ҷалолов Хушнуд, ки дар Идораи асосии геодезӣ ва замини ш.Душанбе кор мекунад ба анҷом мерасонад. Ин домод бо гузашти 6-моҳи кор дар ин идора аз Душанбе хонаи 2-ҳуҷрагӣ мехарад ва тарки падару модар карда духтари Шарофидиноваро сокини пойтахт мекунад ва то ҳол соҳиба чанд хонаву дар гаштааст. Баъдан додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов Ҳасан Асадуллозодаи раиси  “Ориёнбонк” дар сарҳад, дар шаҳраки Гулистони Кӯлканд нияти ташкили ТЕРМИНАЛИ гумрук мекунад. Шарофидинова бо ду дасту пой дар хизмати Ҳасан шуда бисёр корҳои сохтмонии Терминалро аз ҳисоби кормандони ҷамоат ( яъне устоҳоро кор фармуда дар ивази кор замини наздиҳавлигӣ медиҳад) бо ҳамин бо Ҳасани Ориён дӯсти пайдо мекунад ва раиси ҷамоати беҳтарини сол мешавад.

Шарофидинова Мавзуна. вакили шаҳрӣ, вилоятӣ ва билахир Маҷлиси Олӣ шуда айни замон бори дуввум аст, ки интихоб шудааст — любимчики Раҳмонов аст гуфти мардум! Лақабаш ДЕПУТАТ аст!

Шарофиддинова Мавзуна, ки бо дастгирии Ёқубова Муҳиба собиқ раиси шаҳри Исфара раиси ҷамоат таъин шуда буд ин некии ӯро фаромӯш накарда зимни делаи Исфаринская Мафия-и Низомхон Ҷураев бо пора ва ҷиноят ба даст афтода аз вазифа озод карда мешавад. Аммо ин корро Шарофиддинова Мавзуна даррав ба контроли худ гирифта ӯро ҳал мекунад ва раиси ЗАГС (то ҳол Ёқубова Муҳиба  дар ин идора ҳамчун наҳанг пора мехурад) таъин мекунад.

Шарофиддинова дар Исфара фақат дар маросими дафни аскарони дар хизмат мурда, дар мавсими зардолухушконӣ ва ҷамъовриии “доля”– аш ва гузаронидани “интихобот” пайдо мешавад, дигар вақт дар Душанбе маҷлисбозиву бо кайфу сафои худаш овора. Аҷоибаш ин ки “шавҳараш” хонашин аст ва соле 2–3 маротиба чун ронанда ӯро ба Исфара ва Душанбе мекашонаду тамом. Дар Душанбе шахсан Раҳмонов ба ӯ 3-хонагӣ ва замини назди ҳавлигӣ тӯҳфа кардааст дар ивази хизматҳояш дар маросими дафни аскарони шаҳид ва интихоботҳои “шаффоф”е ӯро боз барои ҳафт сол боқӣ гузошт.

Шарофидинова Мавзуна. собиқ иншооти дорусозии хоҷагиро ба ивази 3. 200 д. гӯиё ба таври ауксион мехарад. Гӯё дигар шахсе набуд, ки ин миқдор пул дошта бошад. То имрӯз ин иншоотро ки чун маркази бонувон гуфта гирифта буд ба як чанд бонкҳо иҷора дода фоида мегирад тамом.

Заминфуршони ҷамоати Кӯлканд Охонов ва Шарофиддинова чандин заминҳоро ба маъшуқаҳояшону писарону хешовандон, ки ба он зарурат надоштанд ҳадя мекунанд аммо чун аризаи шахсӣ муҳтоҷ ворид шавад, аввал писараш бояд ба хизмат равад ва баъд аз мавзеъи Ғӯзлон, ки на об дораду на роҳ соҳиби замин мешавад,гуфта фиреб медиҳанд.

Собиқ раиси Шабакаҳои гази ш.Исфара Абдурофиев Комил 6-замини наздиҳавлигиро як карда иморат рост кардааст ва то ҳол ҳисобкунаки барқ надорад.

Яҳёхӯҷаев Аббосхӯҷа (додарарусӣ собиқ раис Болтаев Солиҳхӯҷа зиёда аз 70сотих замини наздиҳавлигиро дар соҳили ҷӯи Зарбофи д.Кӯлканд гирфтааст, имрӯз як стадиони 1,5гектараи колхози пештараро ба писараш Яхёхӯҷаев Давлат тӯҳфа кардааст, ки онҷо якчанд майдончаҳои майда ва ҳавзи шиновари ташкил карда аз мардум пул меситонад) Оё ин варзишгоҳро бобову бибиҳои мо насохтаанд???

Охонов Қ 10 замини наздиҳавлигиро ба писару қудоҳояш эҳдо кардааст, ки ҳар яки онҳо паҳлӯ ба паҳлу яъне 2то 6сотихирро соҳибӣ мекунанд. Аз ҳисоби замини барои мактаб ҷудошуда низ 50 замини наздиҳавлигиро аз 1000$ сар карда фурӯхтааст.

Кал додари кӯр гуфтагӣ барин баъди раисии Шарофиддинова Мавзуна. ба сари мансаб Ҷураев Абдумавлон омада боқимонда заминҳои наздиҳавлигиро аз мавзеъи Ғӯзлон ва ҳатто қисме аз замини Ҷамоатро ба як соҳибкори ҳамсоя, ки маркази хизматрасонӣ дорад мефурӯшад. Ӯро додарарусаш генерали 6-ум отдел Ашуров “кришават” мекард. Пас аз мурдани ин генерал Ҷураев. Абдумавлон низ аз мансаб гирифта мешавад.

Имрӯз бошад раиси ҷамоат як шахси бе маълумот,шиноси собиқ раиси шаҳр аст.

Ӯ дар гузашта бригадири як бошишгоҳи саҳрои буду халос … аммо узви ҲХДТ аст.

Share This Article