Ба номи Худои Бахшояндаи меҳрубон.
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا ۚ أُولَٰئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَا إِلَّا خَائِفِينَ ۚ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ
“Ва кист ситамкортар аз он, ки ёд кардани номи Худоро дар масҷидҳои Худо манъ кард ва дар вайронии онҳо кӯшид? Ин гурӯҳро намесазад, ки ҷуз [тарсону] ҳаросон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст.” (Сураи Бақара,ояти 114)
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу.
Дар ин навишта бобати тахриби яке аз масҷидҳои панҷвақта, ки дар маҳаллаи “Ваҳдат” – и деҳаи Азизобод (Комсомол) – и ҷамоати Масчо ба шумо сомонаи дӯстдоштаамон “Ислоҳ.нет” маълумот медиҳем.
Соли 2013 як гурӯҳ истиқоматкунандгони маҳаллаи “Ваҳдат” – и деҳаи Азизобод бо сабаби дур будани масҷидҳои фаъолияткунанда аз маҳаллаи номбурда ба нишони раиси ҳамонвақтаи ноҳия Аҳмадзода М. барои бунёди масҷиди панҷвақта ариза навиштанд. Як сокини ин маҳалла 10 сотих замини худро барои бунёди масҷид бахшид.
Раиси онвақтаи Масчо Аҳмадзода М. бо як самимияти баланд аризаи сокинонро пазируфт вв қарори худро санаи 25.11.2013 барои сохтмони масҷиди панҷвақта баровард. Сертификати он бошад, 23.01.2014 омода шуд.
Ҳамин тавр баҳори соли 2014 сохтмони масҷид шурӯъ шуд. Дар сохтмони масҷид садҳо нафар сокинони деҳа, ҳатто аз дигар деҳаҳо дар ҳашарҳо иштирок мекарданд.
Масҷид аз таҳхона (подвал) ва бино иборат буд. Бинои масҷид бо дастгирии мардумони диндӯсти Масчо бо маблағи беш аз 60 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шуд. Корҳои масҷид ба дараҷаи хеле олӣ пеш мерафтанд.
Аммо соли 2015 баъд аз ба курсии раиси ноҳия нишастани Ғайрат Азиззода корҳо ранги дигар гирифтанд. Азиззода ҳам фарзанди ҳамин диёр буда, нисбат ба дини мубини Ислом бадбинӣ дошт. Ба ҳамин хотир баҳори соли 2015 бо супориши Ғайрат Азиззодаи динситез 4 нафар аз ҷавонони боғайрати деҳаи Азизобод аз ҷониби кормандони амният ва шуъбаи корҳои дохилаи ноҳия бе ягон гуноҳ дастгир ва 10 шабонарӯз маҳкам карда шуданд. Раис бо ин кораш мехост, ки дигар ҷавонон низ тарсанд, аммо ин бузинасифат хато мекард. Боз метавон якчанд душманони хонаи Худоро дар ин деҳа ном бурд.
Туробов Туробӣ, наркабарон- раиси ҷамоати Масчо дар яке аз пешниҳодҳои худ ба Ғайрат Азиззода навишта буд, барои маҳаллаи “Ваҳдат” – и деҳаи Азизобод масҷид лозим нест, ба ҷойи он кӯдакистон сохта шавад. Вале барои кӯдакистон бинои масҷид (аз сабаби шестигранник буданаш) муносиб набуд.
Душмани сарсахти дигари масҷид дар ин деҳа духтури дандон Шокарим Бобоев мебошад. Замоне ин динситез нону фатир гирифта ба назди яке аз кормандони Прокуратураи Генералӣ меравад ва аз садои азон дар масҷид шикоят карда мегӯяд: “Ҳар субҳ садои азон маро аз хоби ширини саҳарӣ бедор мекунад”.
Хабаркаши дигар раиси маҳаллаи “Ваҳдат” – и деҳаи Азизобод Умар Сафаров мебошад. Ин бузи маҳалла инсони мунофиқу дурӯя буда, касбу кораш хабаркашӣ аст.
Мегузарем сари масъалаи Ғайрат Азиззода. Аз сабаби бадбинии зиёд доштанаш нисбати дину масоҷид, соли 2018 қароре, ки раиси пешинаи Масчо Аҳмадзода М. барои масҷиди панҷвақта дар ин маҳалла бароварда буд, онро бекор карда, қарор қабул намуд, ки масҷид ба китобхона мубаддал карда шавад.
Оё медонед ин ҳама бадбиниҳои Ғайрат аз куҷо сарчашма мегирад? Албатта, аз васиятҳои падари комунисти бединаш Азизов Мулломаҳмад, ки соли 2014 вафот кардааст. Падари Ғайрат замоне ҳаҷ меравад ва баъд аз бозгашт аз Каъба фарзандони худро васият карда мегӯяд: “то ман зинда ҳастам ягон нафар аз насли ман ба ҳаҷ намеравад”. Бубинед ин тӯда инсонҳо аз як динситез ки бо дини мубини Ислом душманӣ дорад, фарқе надоранд.
Инҳо ҳатто бо насли худ раҳме надоранд. Азиззодаҳо якчанд бародару хоҳар ҳастанд, аммо аз байнашон Фурқат Азизов як пояш ланг буд. Ғайрат бошад аз ланг будани бародараш Фурқат ор мекард. Рӯзе Фурқат зиёд шароб нӯшида буд, ногаҳон назди заминҳояшон дар саҳро бародарон Ғайрат ва Рустам бо ин бародарашон Фурқат вомехӯранд. Дар ҳамон ҷо Ғайрат ва Рустам якҷо шуда бародарашон Фурқати музлимро дар ҷӯйи об партофта буғӣ карда мекушанд,то аз ӯ халос шаванд ва ин ҷиноят бе ҷазо монд.
Эй Ғайрати беинсоф! 5 соле, ки раиси ноҳия будӣ, барои ҳамдиёронат як бор некӣ накардӣ.
Сад бор бадӣ кардию, шарми ту наёмад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!
Дар давраи раисиаш мусулмонҳоро хеле бад медид, аз ҳар як нафаре, ки ба ҳаҷ мерафт, 1000 доллар ришва мегирифт.
Соҳибкоре мехост, дар рӯ ба рӯи калонтарин масҷиди ноҳия, ки дар ҷамоати Оббурдон, дар паҳлӯи шоҳроҳ воқеъ аст, маркази хизматрасонӣ бино кунад. Ба назди раиси ҳамонвақтаи ноҳия Азиззода Ғайрат меравад ба хотири гирифтани иҷозатнома. Ғайрат ба соҳибкор мегӯяд биноятро дуошёна соз, то ки гунбази масҷидро панаҳ кунад ва дар шоҳроҳ гунбаз намоён нашавад. Бубинед чи қадар ин бузинасифат нисбат ба дини мубини ислом бадбинӣ дошт.
Соли 2020 дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон бо овозҳои пешакӣ харида вакили ноҳияи Масчо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар онҷо ҳам истода нисбати ин масҷид бадбиниашро идома медод.
Моҳи феврали соли 2021 сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Масчо Асроров Фирдавс Ҳайитбоевичи фархорӣ, яке аз наздикони СС.Ятимов таъйин мешавад. Корашро аз иҷро кардани қарори соли 2018 баровардаи Ғайрат Азиззода нисбати кандани гунбази масҷид ва онро ба китобхона мубаддал гардонидан шурӯъ мекунад. Гунбази масҷид ба воситаи кран канда мешавад. Масҷиде, ки заминаш, сохтмонаш ва ҳама чизаш танҳо аз мардум буд. Мардум ин ҳолати кандани гунбази масҷидро дида мегиристанд,ки ин чи бадбахти аст,ки аз хонаи Худо бадашон меояд. Инҳо ҳеҷ ҳаққе надоштанд,ки масҷиди қонунии моро ғайри қонунӣ эълон кунанд ва гунбази онро кананду онро ба китобхона табдил диҳанд. Охир мардум китобро дар хонаҳояшон вақти хондан надоранд дар ин рӯзҳои сангине,ки доранд. Мардум бо пули худ ва қувваи худ ва арақи ҷабини худ ин масҷидро сохта буданд. Худашон нахурданд ва чандин нақшаҳои дигари худро амалӣ накардану ин масҷидро сохтанд. Ин муфтухурони динситез ин масҷидро ғайри қонуни эълон карданд.
Хитоб ба мақомдорони Масчо.
Эй вакили ноҳия дар Порлумон Ғайрат Азиззода, раиси ноҳия Тоҳир Азиззода, прокурори ноҳия Иззатуллозода Акобир, сардори КДАМ – и ноҳия Асроров Фирдавс ва сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия кору вазифаи шумо танҳо масҷидбандию гунбазканӣ, риштарошию ҳиҷобкашӣ ва бадбинӣ нисбати дини мубини Ислом аст? Чаро он ҷиноятҳову қонуншиканиҳое, ки дар ноҳия сурат мегирад, пеши роҳи онҳоро намегиред? Он ҷиноятҳову қонуншиканиҳое, ки дар худи ҷамоати деҳоти Масчо мегузаранд мегӯем.
Раиси ҷамоат Туроб Туробови собиқ наркобарон бо наркотика дар Федератсияи Россия дастгир ва маҳбас шуда буд. Доғи судӣ дорад. Шахсоне, ки доғи судӣ доранд набояд раиси ҷамоат бошанд. Дар рӯзҳои аввали кориаш касбу кораш заминфурӯши буд, замини нофурӯхтае намонд аз дасти ӯ. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои корам ва обӣ сохтани ҳаргуна иншоот манъ аст. Аммо Туроб Туробов аз мансаб истифода бурда дар замини корам, ки онҷо бояд пахта ва дигар намудҳои зироат кишт карда шавад, ғайриқонунӣ мағозаи хӯрокворӣ барои писараш Бузург Туробов бунёд кардааст. Чанд рӯз қабл маст шуда вориди мағозаи ғайриқонуниаш мешавад ва мегӯяд ба раиси ноҳия Тоҳир Азиззода як гови олмонӣ (“арзишаш 28 ҳазор сомонӣ ) тӯҳфа кардам бар ивазаш мағозаамонро кришават мекунад. Прокурори ноҳия куҷоро нигоҳ дорӣ? Ҷинояти дигари раиси ҷамоат Туробов ин аст ки бо яке аз кормандонаш ишқварзӣ мекунад ва кор то ҷое сурат мегирад, ки бо ин духтар хонадор мешавад ва пинҳонӣ туй мекунанд ва ҳоло дар маркази ноҳия хонаеро иҷора гирифтааст ва зани дуюмашро онҷо нигоҳ медорад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст. Прокурори ноҳия куҷоро нигоҳ дорӣ?
Бизнесмени дигар Қурбонов Мирзохайём, ҷияни Ғайрат Азиззода дар замони раисии тағояш як миқдор заминҳои корами деҳаро, ки ба номи чанд оилаи деҳа сабт шуда буданд ва дар он заминҳо кишту кор карда як бурида нон мехӯрданд, ба зӯрӣ ва ғайри қонунӣ гирифта дар он заминҳо сехи хусусии дӯзандагӣ ва қасри дуошёнаи истиқоматӣ барои худаш бунёд кард. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони хонаи истиқоматӣ дар заминҳои корам манъ аст. Прокурор ва амнияти ноҳия куҷора нигоҳ доред? Қасри дуошёнаи ҷияни Ғайрат дар замини корам сохта шудааст ва ғайри қонунӣ мебошад, бояд бо кран чапа карда шавад. Мо нигоҳ мекунем, шумо пас аз нашри ин барнома ба ин маълумотҳое бароятон ошкор кардаем чораи амали меандешед ва ё не. Агар чора наандешидед мо ҳама ончи медонем ба “Ислоҳ” мефиристем ва расвоятон менамоем. Мо гуфтему шумо шунидед!
Оё Вангаи масчоиро мешиносед? На?
Пас, биёед шинос мешавем, номаш Чинигул, истиқоматкунандаи деҳаи Азизобод, хоҳарбузурги зани Ғайрат Азиззода фолбин ва ҷодугар аст, аз ким -куҷоҳо фолдидану ҷодугарӣ ба хонааш меоянд. Шавҳари ин Вангаи масчоӣи Ҳалим ном дорад, собиқ наркобарон ва корманди Прокуратураи генералӣ бо қаллобӣ дастгир ва аз кораш ронда шуд. Эй мардуми беақл (манзур ба касоне, ки ба вангаҳо робита доранд) ин вангаҳо наметавонанд мушкилоти шавҳарҳои худро ҳал кунанд, куҷо расад ба ҳалли мушкилоти шумоён. Фолбинҳоро ҳеҷ гоҳ бовар накунед!
Бубинед тамоми кору бори ин мақомдорони Масчо хилофи қонун аст. То ба кай ин қадар зулм.
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.
Дар охир аз номи бародарони масчоӣ ба Иззат Амон, ки дар яке аз барномаҳои худ аз ин масҷид дифоъ кард, сипосгузорӣ мекунем. Худованд аҷратон диҳад.
Ҳамчунин ба кулли кормандони Ислоҳ ташаккур мекунем ба хотири нашри ин барнома ва силсила барномаҳои Масчо,ки воқеан ҳамаашон ҳақиқати ҳоли зори мардуми азияткашидаи Масчо буданд. Худованд ба ҳама шумо аҷр диҳад.
Ps : Воқеан барои сокинони Масчо, алалхусус ба сокинони деҳаи Азизободи ҷамоати Мастчоҳ санаи 21.02.2021 бисёр рӯзи баде буд. Дар ин рӯз гунбази ин масҷиде, ки соли 2015 аз ҷониби халқ сохта шуда буд ва сипас дар соли 2018 раиси ҳамонвақтаи Масчо Азиззода Ғайрат бо як қарори баровардаи худ масоҷидро ба китобхона мубадал гардонид ва ана ҳамин қарор сабаб шуд, ки роҳбари нави амнияти Масчо супориш дод, ки гунбази ин масҷидро хароб кунад. Оё медонед сабаби баста шудани ин масҷид дар чӣ буд? Замоне, ки масҷид бунёд шуд, пур аз намозгузор буд. 5 вақт намоз сафҳо пур буданд. Дар ин масҷид аксаран ҷавонҳо намоз мегузоштанд, ки шумораашон ба садҳо нафар мерасид. Муҳаббати мардуми ин минтақа рӯз ба рӯз ба намози бо ҷамоат зиёд мешуд. Аз ин сабаб раиси ҳамон вақта Азиззода Ғайрат,ки айни ҳол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нисбати дини ислому масҷиду намозгузорон бадбинӣ дошт,қарор баровард, то масҷид баста ва ба китобхона мубаддал гардад.
“Ислоҳ” ҳамдардии амиқи худро ба шумо сокинони Азизобод нисбати ин амали хашин ва ғайри қонунӣ мерасонад. Ислоҳ бо шумост ва дар хидмати шумост Масчоҳиёни гиромӣ!