(Бахши аввал)
Иншабурӯзҳо,ки дар кишвари азизамон боз ҳам мавсими “облава” идома дорад. Дар дасти мо як матлабе расид,ки дар бораи вазъияти хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Баъди мутолиаи ин матлаб шумо худ пай мебаред, ки чаро ҷавонҳо аз хизмати сарбозӣ фирор мекунанд? Албатта, дар ин матлаб ҳамаи паҳлуҳои ин масъала, саркашӣ ва фирори ҷавонҳо аз хидмат дар артиш нишон дода нашудааст. Аммо ҷолибии ин матлаб дар он аст ки онро як нафар сарбоз ҳикоят кардааст ва ончиро рӯи коғаз овардааст, ки худ шоҳиди бевосита буда ва ҳаводисро бо чашми сар дидааст. Беш аз ин намегӯем ва матлабро ба қазоват ва қироати шумо ҳавола мекунем:
23 май соли 2016 довталабона барои хизмати аскарӣ ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон омадам. Маро ба қисми ҳарбии 051 052- маркази таълимии Гвардияи миллӣ гирифтанд. Командири ротаи таълимӣ капитан Намозов ва муовинаш капитан Давлатов буданд. (Давлатов як инсони пастфитрат ва ниҳоят бераҳму инсоф буд.) Вақте ки моро таълим медод, ба ман мегуфт: “ту к…и апа, ту вофчик ҳастӣ, хез аз ҷоят, рост шин ва то даҳонаш хаста шудан маро мешинонду мехезонд ва ҳамин тавр ҳар намуд азоб медод. Вақте мо ташна мешудем, ба ҳар як одам як кружка об медод, ба ман як даҳанаки кока-кола медоду мегуфт ту вофчики ҳамиш басай”. Баъди 19 рӯз вақте моро ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим мекарданд, дар болои мо-сарбозҳо ҷанг мешуд.
Командирони баталонҳо пешакӣ медонанд, ки бой кӣ ҳасту кӣ камбағал. Бойҳо ва сумдорҳоро ба дивизиони артилерия ва ё дастаҳои зудамал мегиранд. Камбағалҳоро ба таъинотӣ ва баталони танк. Аз сумдорҳо пул кор мекунанд вале аз камбағалҳо кор карда намешавад. Командири қисми ҳарбии 051055 Аҳтам Одиназода-як инсони хушгапу хушмуомила ва бо тамкин буд, ба сарбозҳо кор надошт қисми ҳарбиро низ орому осуда нигоҳ медошт. Ҳикояҳои ҷолиб мекард аз зиндагии худаш ва ё аз шунидаҳову хондаҳояш. Ӯро аз вазифа барканор карданд. Дар ҷойи ӯ Ҷурахон Бобохонзода зодаи Данғара омад. Вай дар гузашта дар мақоми сардори шӯъбаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ дар Рашт кор мекардааст. Дар вақти ҷанг дар Ғарм ӯро ба ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсус сафарбар карда будаанд. Дар яке аз задухӯрдҳо вақте ақибнишинӣ мекунанд вай ҳайати шахсиро партофта гурехтааст. Тибқи қонунҳои ҳарбӣ ва низ тибқи талаботи шароити ҷангӣ ӯ бояд ҷазои сахт мегирифт. Вале азбаски ӯ аз Данғара буд ва як хешаш, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Прездент кор мекард, ӯро ба вазифаи нав -сардори штаби қисми ҳарбии 051 054 мегузаронад. Дар соли 2016 бошад ӯро ба мақоми командири қисми ҳарбии 051 055 ба ҷой Одиназода Аҳтам оварданд. Гӯиё Одиназодаро ҳамин Бобохонзода аз қисми ҳарбӣ пеш кардааст. Вале Одиназода рафиқи наздики Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи Миллӣ буд. Фармондеҳ Бобохонзода Ҷурахон ро нағз намедид. Вақте ки Бобохонзода Ҷурахон ба қисми ҳарби 051 055 омад ҷинояткорӣ, махсусан ришваву фасод авҷ гирифт. Ҷиноятҳои бештар дар баталони двизиони артиллерӣ ба қайд гирифта мешуд. Командири двизия майёр Ҳусейнов Саттор Сулаймонович аз Ванҷ аст. Ба Ҳусейнов подполковник Раҷабалӣ Иззатов аз Ёвон сахт халал мерасонд. Ҳусейнов Саттор пули рухсатиро ба се нафар тақсим мекард:-ба командири қисми ҳарбӣ Бобохонзода Ҷурахон ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба масъалаи сиёсӣ ва тарбиявӣ Иззатов Раҷабалӣ ва худаш. Иззатов Раҷабалӣ хушмуомила буд.
Бисёрии сарбозҳо мехостанд, ки Иззатов Раҷабалӣ ба рухсатӣ ҷавоб диҳад. Ин кор ба Ҳусейнов Саттор писанд намеомад. Нақшаи аз вазифа барканор кардани Иззатов Раҷабалиро кашиданд. Пӯшида нест,ки ҳамаи командирҳо посредник доранд. Посредники подполковник Иззатов Раҷабалӣ аз сарбозони баталони зудамал буд, ки командири он майёр Назиров Бахтиёр буд . Як рӯз посредники Иззатовро Саттор Ҳусейнов фарёд мекунад ба пеши столи зери арчаи двизия. Мегӯяд, ки ту чи хел дембли, ки шашак гушат намекунад. Вақте ҳоҷатхона меравад, бираву тарбия кун. Ман шумо-демблҳоро тарбия мекунам. Сарбози дембл Фрайдиновро аз ин гапҳо қаҳр ва ғазабаш меояд ва мравад ҳоҷатхона. Онҷо ҷангҷол мешавад. Як мушт мезанад,ки колингаш мешиканад. Майёр Назаров, командири онҳо зуд мебарад хонаашон ва дар онҷо баъди як рӯзи табобат бармегардонанд. Кайфияташ нохуб. Дар пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ бо Ҳусенов Саттор вомехуранд. Саттор мегӯяд,ки ту чи хелӣ командири баталон ҳастӣ, ки демблҳоят аз худ рафтагӣ. Аз ин гап майёр Назиров ба ғазаб меояд. Шаб сарбозонашро мефармояд, ки либосҳоятонро кашед ,голий кунед ва куни лич дар даҳлези ситод бо кун роҳ гардед.Ҳамин тавр дар рӯи даҳлези сементӣ роҳ мегарданд ва лабҳои кунашон меканаду хуншор мешавад. Баъд Ҳусейнов Саттор хапу дам-тихо ба Прокурори ҳарбӣ занг мезанад ва воқеаро нақл мекунад.
Мегӯяд,ки дар хонаи командири баталони зудамал колинги сарбоз шикастагӣ аст. Аз прокуратураи ҳарбӣ зуд тафтишот шурӯъ мешавад. Сарбози ҷоғаш шикастаро мебинанд. Ба қисми ҳарбии баталони зудамал омада аз 14 сарбоз нишондод мегиранд ва парванда боз мекунанд. Иззатов Раҷабалиро аз мақомаш барканор карданд. Феълан Ҳусейнов Саттор пулҳои рухсатиро ба нафари сеюм тақсим намекунад. Ҳамчунин дар инҷо Тутиёев Исматулло Фатҳуллоевич -соли тавалудаш1985, зодаи Норак кафедраи ҳарбиро хатм намуда дар двизияи артиллерӣ дар Гвардияи миллӣ кор кардааст. 2015 дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим иштирок кардааст. Ҳоҷӣ ҳалимро бо град зада кушт. Баъди ин муовин оид ба корҳои ҳарбии командири қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Баъди 6 моҳ сардори штаби қисми ҳарбӣ таъин мешавад. Сипас Русия равон мекунанд. Хонда омад. Ҳозир командири қисми ҳарбӣ аст.
Дар қисмҳои ҳарбӣ дуздӣ ошкоро сурат мегирад. Барои мисол капитан Ашурматов Ҳасан вақте қаровул меистад аз фурсат истифода бурда аз анбори хуроквории амбори дар бари девори қисми ҳарии 08.010 вазорати мудофиа картошка ва пиёз, лаблабу, сабзӣ, мураббо ва тушонка медуздад. Вақте сардори қаровул меравад аз баталион бо сарбозоне,ки барои ин кор ҳамроҳиаш мекунанд, мераванду дуздӣ мекунанд. Яке аз ҷиноятҳое,ки Ҳасан Ашурматов кард ин аст ки гоҳ-гоҳе яке аз сарбозҳо аз телефони вай ба занаш гап мезадааст. Як рӯз зани сарбоз ба ҳамин рақам занг гап зада мехоҳад,ки бо шавҳараш суҳбат кунад. Ашурматов чи хеле карда бо зани сарбоз гап мезанад ва ӯро тоб медиҳад. Хулас, вохӯрӣ карда ба номуси он зан таҷовуз мекунад. Сарбоз дарак меёбаду занашро ҷавоб медиҳад. Дар қисми ҳарбӣ девонагӣ мекунад,ки фавран ба қисми ҳарбии дигар интиқол медиҳанд. Дигар щолати он сарбоз чь шуд намедонем.
” Командири ротаи дивизиони тупӣ- артиллерӣ капитан Қаланфуров Хушвақт аст. Вай аз ВМКБ мебошад. Омӯзишгоҳи Суворовро хатм кардааст. Дар вақти хондан қонуншиканӣ мекунад. Ӯро дар ҷойи душвор -дивизиони артиллерии Гвардияи миллӣ кор медиҳанд. Дар инҷо хеле ҷинотяҳо содир мекунад. Сарбозонро бисёр латту кӯб мекунад. Аз сарбозоне, ки сафари хизматӣ ба Блок пост мераванд, сум талаб мекунад ва аз 50 то 100 сомонӣ мегирад. Сарбозон то ки раванду як моҳ дам гиранд, роҳе надоранд ва ин пулро медиҳанд. Агарчанде бурдани сарбоз аз ротаи реактивӣ ба блокпост мумкин нест, аммо мегӯянд, ки касе сум диҳад меравад. Ҳатто сарбозони “молодой”-онҳое,ки шаш моҳ хизмат накардаанд.”
Ҷиноятхои муовини якуми командири дивизиони артилерӣ майёр Далери Абдуғаффор ,ки бо лақаби капитан Далер машҳур ҳаст,низ хеле зиёд мебошад. Вай аз авлоди Чоловҳо аст,соли таваллудаш 1990 зодаи Кулоб, ҳамкурси Ҳусейнов Саттор, кафедраи ҳарбиро тамом кардагӣ аст. Соли 2017 як сарбозро бо номи Азимов аз Чапаеви Колхозобод, ки аз рухсатӣ омада вале ба Далер 20 сомонӣ надод ӯро дар сараш зада -зада девона кард. Ҳар гоҳе касалиаш меқапид мебурду баҷояш мекард,то ки Прокуратураи ҳарбӣ дарак наёбад. Аз ин ҷинояташ ҳама раёсати фармондеҳӣ бо хабар буд вале чашми Далер намепарид. Ҳама вақт мегуфт, ки “ма кулобӣ ва аз авлоди Чолуфо ҳастам, касе фалони мара хурда наметавонад”
Як сарбози дигар,ки аз Кулоб ва номаш Холов буд ӯро зада девона карда пулашро гирифта ҷавоб доданд. Сарбози дигар бо номи Гулханов зодаи Помир буд, Ҳусейнов Саттор барои онки помириро таҳқир кунад, ӯро маҷбур таҷовуз карданӣ мешавад. Соли 2016 бо фармони Ҳусейнов Саттор Сержанти даъвати 46ум Тоҳирзода Ҷумъабек Партоевич аз Қабодиён аз дасти ҷабри Саттор Ҳусейнов сузан хурд, қариб мемурд. Азиз сарбози дигар аз дасти зулми Ҳусейнов Саттор ҳамроҳ бо як сарбози даъвати 4,ки марҳалаи демблаш фаро расида буд дар соли 2017 дар вақти уборкаи территория фирор кард. Як сарбози дигар аз Данғара рафт рухсатӣ рафту аммо то хонаашон нарасид, дигар барнагашт. Номаълум монд,ки ба ӯ чӣ шуд? Як сарбози дигар рафт рухсатӣ вале рост прокуратураи ҳарбӣ рафта шикоят мекунад. Яке аз методҳои сумкоркунии Ҳусейнов Саттор ин аст ки сарбозонро дар казарма рост мемонад ва соатҳо ҳамин тавр нигоҳ медорад ва сарбозҳо миёндард мешаванд ва маҷбур ба ӯ пул медиҳанд. Онҳо миёндард мешаванд, пояшон шал мешавад,баъд илтимосу зорӣ карда сум медиҳанд. То сум надиҳӣ ягон майда рухсатӣ намедиҳанд. Фармони президент ҳаст,ки сарбози зандор ҳақ дорад,ки 3 моҳ пас рухсатӣ равад. Вале агар сум надод,3 моҳ он тараф, шаш моҳ гузарад ҳам, рухсатӣ намедиҳанд. Ман худам оиладор шуда баъд аскарӣ рафта будам. 7 моҳ гузашт, то 200 сомонӣ надодам, рухсатӣ надоданд. Рӯирост мегӯянд, ки касе сум дорад меравад касе, ки сум набиёрад, намеравад.
Командири взводи зенитӣ лейтенанти гвардия Худойбердиеов Муҳиддин зодаи Кулоб аст. Вай ҳар шаб пиён меояд. Навдаъватшудаҳоро аз хобашон мехезонад, издиватсия мекунад. Як рӯзи соли 2017 вақти барфрезӣ барои уборкаи территория бурданд. Лейтенант Худойбердиев Муҳиддин сардори пости КПП- нуқтаи гузаргоҳӣ буд. Мо, сарбозҳо Ашӯров, Исобоев, Тағойбеков,Абдуллоев Нормат, Холов Раҳимҷон ва чанд нафари дигар рафта будем. Худойбердиев омад ҳоҷатхона ва ба Нормат Абдуллоев (сарбоз аз Суғд) гуфт,апаатро маро медиҳӣ. Нормат узбек буд, тоҷикиро хуб намедонист,чизе ҷавоб надод. Худойбердив, ки пиён буд аз дасти Нормат гирифт бурд даруни ҳоҷатхона ва ӯро сахт лату кӯб кард. Баъди тақрибан 20 дақиқа лейтенант Раҷабов Ҷурабек,зодаи Ваҳдат, командири взводи якуми ротаи тупӣ омад ҳоҷатхона ва аҳволро дида пурсид,ки чаро мезанӣ? Худойбердиев гуфт,ки “ин узбаки ҳаром х..ет кадаст” .Ҷурабек ҳам шарик шуд ва дукаса ба задани ин сарбоз давом доданд. Ин ҳолро зуд ба “замполит”-и ротаи ракетавӣ лейтенанти калон Сайидабронов расониданд. Вай омад гуфт чаро мезанед? Худойбердиев гашту гуфт “ дар даҳани сагмонандат б..м, гумша ии узбакай”.Ӯ ҳам халос накарду рафт.
“Пагоҳи он рӯз аз Прокуратураи ҳарбӣ як капитани муфаттиш омад. Гуфт Нормат Абдуллоевро наздаш биёранд. Ман, ки наряди ҳоҷатхона будам маро фарёд карданд. Ҳасан Ашӯрматов-командири ротааш ба ман гуфт, ки илтимос роли Норматро бозӣ кун. Ман гуфтам гап нест. Гуфт рафтем.Назди муфаттиши Прокуратура. Ман 3 қадам задам ва гуфтам рафиқ капитани адлия сарбози қатори Абдуллоев Нормат Наимович ба назди шумо ҳозир шуд. Ба ман як лаҳза нигоҳ кард. Гуфт, рафтем қисми махфӣ. Онҷо 3 духтар нишаста буданд. Гуфт билетҳои ҳарбии баталони дивизиони артилериро барор, муқоиса карду фаҳмид. Гуфт худи Нормат Абдуллоевро оваред. Ӯро оварданд. Камтар дертар Худойбердиевро якҷо бо Раҷабов Ҷурабек назди муфаттиш оварданд. То бегоҳ аз Худойбердиев 7 000 доллар гирифтанд ва аз Раҷабов Ҷурабек бошад 35.000 сомонӣ ва ҳардуяшро ба ҷавобгарӣ накашида сар доданд ва онҳо боз ҳамон корашонро давом дода истодаанд.”
“Як шаб соати 4.35 соли 2017 Исобоев Аъзам аз сарбозони даъвати 49ум зодаи вилояти Суғд якум бор ҳамчун навбатдор наряди казарма мешинад. Шаб хобаш мебарад ва Ҳусейнов Саттор меояд соати 4.35 ва ба даст меафтонад. Дастур медиҳад, ки як сатил оби хунук биоред ва дар сараш мерезад.Мегӯяд,ки “ шумо к…и очаҳо х…ет кадагиен, бо Тоҳирзода Амон пушти шуморо мегирад, зани Тоҳирзодара б…м.Хулоса, то саҳар шудан ин сарбозро таҳқиру дашном кард.”
Каримов Гулбаршо аз соли 2015 то 2017 муовини командири дивизиони артиллерия оиди сиёсат ва корҳои тарбиявӣ буд. Каримов Гулбаршо аз Ҳусенов Саттор талаб мекард, ки ба сарбозон ҷабр накунад, рухсатӣ равон кунад ва ҳамин тавр аз ҳақи сарбозон дифоъ мекард. Ин корҳои ӯ ба Ҳусенов Саттор маъқул намешуд. Ҳусенов Саттор Каримов Гулбаршоро ба воситаи Тӯтиёев Исматулло аз вазифа барканор кард.
Хубиёев, муовини командири дивизиони артиллерӣ оиди ақибгоҳ, хурду хурок ва пушока ва матрас ва простин буд. Ҳусенов Саттор ӯро ҳам аз вазифа барканор кард. Майёр Шоев фарзанди собиқ муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ мебошад.
То омадани ӯ офитсерҳо ҳатто зубной паставу шеткаи дандоншӯии сарбозҳоро гирифта ба хонаҳояшон мебурданд. Ин корро ҳам Ҳусейнов Саттор ва ҳам Далери Абдуғаффор мекарданд. Махсусан Ҳусенов Саттор ва як нафари дигар каптёршики ҳамонвақта Расулов Ҳусенҷон аз Ғончӣ (Деваштичи имруза)
Ҳусенов Саттор аз сарбозоне, ки дембл мешаванд ва аз муҳлати хизматашон 1 солу 8 моҳ мегузарад, шароит доранд ва ё надоранд 100 сомонӣ мегирад
Мегӯяд,ки барои таъмири казарма.Аммо дар 5 сол як бор таъмир мекунад ва он ҳам аз ҳисоби давлат. Сарбозонеро,ки муҳлаташон хатм ва бояд ҷавоб шаванд,баъди нашри фармони президент оид ба эҳтиёт ҷавоб додан Ҳусенов Саттор ба онҳо мегӯяд, ки ҳар касе 300 сомонӣ оварда ҳамон дар навбати аввал ҷавоб мешавад.Ҳамин тавр аз сесад сомонӣ сар мешавад ба хона ҷавоб додани сарбозҳо,ки 2 сол хизмат кардаанд. Вақте ҳама сумдорҳо рафтанду дигар бесумҳо монданд онҳоро ҷамъ карда аз забони командир мегӯяд,ки шуморо бояд полигон барам ва кор фармоям. Аммо ҳар касе 100сомонӣ диҳад “ҷошда” ҷавоб мешавад. Баъди ин охирини охиринҳо мемонанд. Вай мегӯяд, ки хайр якчи барои командир тийен . Пас он сарбозҳо 50 сомонӣ ва ё 30ву 20 сомонӣ медиҳанду ҷавоб мешаванд. Инҷо боз ду ҳолатро зикр мекунам. Барои сарбозҳо вақте дембл мешаванд бояд сарулибоси нав бидиҳанд. Аммо сару либоси навро кадом сарбозе пул медиҳад,350 то 500 сомонӣ барои ӯ медиҳанд. Ҳатто сарбозҳое буданд, ки аз хонаҳояшон барояшон либоси мулкӣ харида фиристоданд, онро пушида ҷавоб шуданд, чунки онҳо ҳам шароит барои хариди сару либоси низомӣ ва ҳам сару либоси мулкиро,ки ҳатман баъди ҷавоб шудан дар хона мепушанд, надоштанд. Чизи дигар ин аст ки барои сарбозҳо давлат вақти ҷавоб шудан роҳкиро пешбинӣ кардааст. Ба ягон сарбоз ин роҳкиро дода намешавад. Мо,сарбозҳо имзо мегузорем,ки он пулро гирифтем. Масалан 200 сомонӣ ва ё 300 сомонӣ ва ё 100сомонӣ. Вобаста ба фосилаи маҳалли зист аз қисми ҳарбии мо,ки дар Душанбе ҷойгир буд.
“Соли 2017 прокуратураи ҳарби алайҳи лейтенант Худойбердиев Муҳиддин ва лейтенант Ҷурабек Раҷабов делои ҷиноятӣ кушод. Инҳо аз блокпости ноҳияи Панҷ нашъа оварда ба сарбозҳо мефурӯхтанд. Ин гапу корро ба мо сарбозони даъвати 45ум ҳикоя карда буданд. Чанд нафар аз сержантҳои онвақтаро барои тақсимоти нашъа дастгир карда муфаттишони Прокуратураи ҳарбӣ ба соҳибони он мебароянд. Аммо бадбахтӣ дар он аст ки чанд сержант-сарбозони фаъол ба ҷойи ин ду нафар чандсолӣ нишастанду ин ду лейтенант пул дода худро халос карданд. Ин сержантҳо Ризоев Наҷибулло,зодаи Кулоб,Аҷиков, зодаи Пушинги Данғара, Шомамадов аз Душанбе, Қарокулов аз Суғд,сержантҳо Сафаралӣ Шарифов,Шарифов Муҳсин аз Суғд, Тоҳирзода Ҷумъабек аз Қабодиён. Атобоев,аз Қурғонтеппа, Исломиддин,аз Суғд, Парвиз Давлатов, аз Вахш, Назиров Валишер аз Кулоб, Акрамов аз Конибодом ва чандин нафари дигар бо шарикӣ ва ё хабар надодан гунаҳкор шуда ба солҳои гуногун ҳукм гирифтанд ва ё пули калон дода халос хурданд.”
Подполковник Мамадалиев Ҳасан собиқ сардори штаби қисми ҳарбии 051 055 буд. Мамадалиев дар назди қисми ҳарбӣ як ошхона барои афсарҳо дорад. Соли 2017 як шаб аз ҳоҷатхона мебаромадам. Дидам, ки як наряди КПП дар пушташ як халта орд омада истодааст. Бемалол КПП -ро гузашт. Ба вай гуфтам, кӣ ба ту фармон дод? Ин халтаи ордро бар ошхона. Гуфт сардори штаб фармон дод ва афзуд,ки маро ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ капитан Ботуралӣ гуфт рав аз пикарни як халта орд гиру бар. Ман гуфтам навбатдори қисми ҳарбӣ кист? Гуфт майёр Элмуродов Ҳасан. Боз пурсидам,ки шахси масъул кист? Гуфт подполковник Худойбердиев Парвиз. Рафтам ба суроғи пикарни, дараш маҳкам буд. Баъди ду шата задан дарро Азиз, ҳамон Азизе,ки аз дасти ҷабри Ҳусейнов Саттор фирор карда буд,кушод. Баъд ман гуфтам, ки Азиз мехоҳи имшаб ором хоб кунӣ. Гуфт бале. Ман гуфтам нақл кун халтаи орд куҷо рафт ва бо фармони кӣ? Як лаҳза хомуш шишт ва сипас гуфт халтаи ордро бо фармони подполковник Мамадалиев Ҳасан барои афсарҳо хурок мепазанд. Ман пурсидам,ки боз чиҳо мебаранд? Гуфт картошка, равған, тушонка, капуст, сабзӣ ва чизе бихоҳанд мебаранд. Пурсидам,ки ин ҳамаро чи хел “списат” мекунанд? Гуфт, ки аз хурокие, ки ба сарбозҳо медиҳем минус мекунем. Баҷои 120 кило картошка 90 киломедиҳем ва дар ҳуҷҷатгузорӣ 120 кг менависем.Ман акнун мефаҳмидам,ки чаро командир ҳар саҳар вақти сафороӣ мегуфт,ки сарбозҳо фарбеҳ шудаанд?
3 рӯз пас ман ба воҳиди навбатдорӣ рафтам. Дар пеши пикарни(нонво) боз пурсидам боз киҳо мебаранд? Гуфт подполковник Мамадалиев,сардори ситод, командири қисми ҳарбӣ ба зани дуюмаш,капитан Ҳусенов Саттор,капитан Далери Абдуғаффор, сардори ситоди дивизияи артилерӣ ва Ашурматов Ҳасан, командири ротаи реактивии дивизиони артиллерӣ ва муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба ақибгоҳ ва хурокворӣ майёр Холбобоев ва подполковник Бобоев, муовини командири қисми ҳарбӣ оиди аслиҳа, техника ва капитан Наимов, муовини сардори ситод оид ба ҷобаҷогузории ҳайати шахсӣ ва нарядҳои шабонагузорӣ ва майёр Манучеҳр,сардори шуъбаи раёсати разведкаи қисми ҳарбии 051 064 ва подполковник Туев,сардори шуъба раёсати разведкаи ҳамин қисми ҳарбӣ. Гуфт ба ҷуз аз прапоршик Меҳтаршоев дигар ҳамаашон аз маҳсулоти ғизоии ҳақи сарбозҳо ба хонаҳояшон мебаранд.
Полковник Айниев Сатторҷон ,сардори раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ, зодаи Кулоб, муовини якумаш полковник Назаров,муовини дуввумаш полковник Муродов муовини сеюмаш,полковник Мирасанов, чорумаш полковник Ҳасан мебошанд, ки ҳар кадоме ҳатман аз ҳисоби сарбозҳо ба хонаҳояшон маҳсулоти ғизоӣ мебаранд.
“Дар раёсати разведка сарбози разведкачӣ як шабонарӯз навбатдор мешинад. Афсарони раёсати разведка ва навбатдор фармон медиҳанд.Навбатдор ба сарбозони навбатчӣ, ки аз қисми ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд: “ рав картошка ва сабзӣ, пиёз ва тушонкаро дар як линча андохта биёр”.Сарбоз меравад ва аз амбор меоварад. Офитсер мегирад ва хонааш мебарад.”
Дар қисмҳои ҳарбӣ хонаи махсус барои сарбозони зандор мавҷуд аст. Сарбоз ҳақ дорад, ки дар вақт ва муҳлати муайян барои то се рӯз бо хонумаш онҷо биистад. Аммо Ҳусенов Саттор аз сарбозе,ки бо занаш шабро рӯз мекунад барои ҳар шаб 50 сомонӣ мегирад. Ин корро Далери Абдуғаффор ҳам мекунад. Ҳусейнов Саттор боз аз ин ҳисоб даромади дигар ҳам дорад. Вай масъули тозагӣ ва таъмири дивизияи артиллерӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар вақте ин ё он сарбоз ба ӯ гуфт,ки хонумаш омаданист филфавр ба ӯ дастур медиҳад ки ранги фарш ва ё девор ва ё ягон асбоби дигар бо худ оварад. Ин ҷудо аз он 50 сомонӣ,ки барои ҳар шаб мегирад.
“Командири қисми ҳарбии 051 064 подполковник Ҷалилзода зодаи Данғара, хусурбачаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо сарбозонаш муомилаи хуб дорад. Вале аз продуктаи ду қисми ҳарбии 051.055 ва 051.064,ки якҷоя хурок мехуранд, бебаркаш маҳсулот мегирад. Дар ошхонаи ин ду қисми низомӣ сарбозонеро ошпаз (повар) мондааст,ки ҳар чизе Ҷалилзода гӯяд,ҳамонро мекунанд. Як сарбози инҷо,ки ошпаз буд ва номаш Далер асту даъвати 49ум мебошад ҳанӯз вақте,ки молодой буд як “дембл”ро суд мекунад.Барои бачабозӣ.Тақрибан аз тамоми баталонҳо рафта бо Далер бачабозӣ мекарданд. Далер ба онҳо мураббо,тушонка ва икра медоду онҳо шабона дар ҷогаҳи хоб баҷоӣ мехурданд.”
Соли 2018 замполити қисми ҳарбии 051064 зодаи ноҳияи Панҷмуовини командири ҳамин қисми ҳарбӣ ва ду сарбози даъвати 47 ва 49умро барои кирдори бачабозиашон қапид. Вай пай бурд, ки ин касалӣ дар байни сарбозҳо аз куҷо пайдо шудааст барои ҳамин муовинро аз кор фавран озод карданд.
Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода, бародари собик фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва феълан фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ мебошад. Як рӯз бо подполковник Мирасанов дар раёсати разведка нишаста будем. Пурсидамаш,ки сардор чаро мошинатро нав намекунӣ? Гуфт аз кучо харам зарплатам намерасад ба зиндагиам. Гуфтам ягон даходи дигар надорӣ чӣ? Гуфт,ки агар ман данғарачӣ мешудам соҳиби ҷип мешудам. Пурсидамаш,ки нисбати фармондеҳ чӣ медонӣ? Гуфт, ки фармондеҳи Гвардия сахт қарздор аст. Аз Ёқут-2000 ҳазорон сарулибос гирифта пулашро додагӣ нест. Ҳозир Гвардия чанд миллион сомонӣ қарздор аст. Як вақтҳо генерал-майор дар масоили сиёсӣ ва тарбия Тоҳирзода Дилшод Амон зодаи Данғара мехост фармондеҳ шавад. Ин кор соли 2018 буд. Инро фармондеҳ фаҳмид фавран аз вазифа озодаш кард ва сардори ситоди Қушунҳои сарҳади вилояти Хатлон таъин шуд.
Поёни қисмати аввали номаҳои ирсол шуда ба “Ислоҳ”. Бахшҳои дигари онро дар фурсати муносиб тақдими шумо менамоем.Агар пас аз нашри ин матлаб ислоҳ шуданд аз нашрашон сарфиназар менамоем. Аммо дар ҳолати идома ногузирем ҳама ончи омадааст нашр намоем,ки шармандагии бузурге хоҳад шуд.
Ps: Хонандаи гиромӣ чунин номаҳо ба “Ислоҳ” 21 адад расидааст. Чунон ҳолатҳоеро аскарбачаҳое аз хизмати ҳарбӣ баргашта навиштаанд, ки шарм медорем онҳоро расонаӣ кунем. Шарм аз он, ки дуздӣ, зарбу, дашном ҷой худ. Амалҳое бо сарбозон анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ душман ба асирҳояшон чунин рафтор намекунад. Амалҳои қавми Лут тақрибан дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад. Истифодаи духтарҳои калоншавандаҳо дар амалҳои шаҳвонӣ аз сарбозон дида мешавад.Исми 11 зану духтарони воломақомҳо дар “Ислоҳ” мавҷуд аст.Агар онҳо расонаӣ шавад медонед чӣ валвалае барпо мегардад? Ҳолатҳои ба марг оварда расонидани сарбозон, ба кантузия ва бемориҳои табобатношаванда оварда расонидани сарбозон тақрибан дар ҳама ин номаҳо қарибки дида мешавад. Инчунин бо роҳҳои фиреб дастдарозӣ ба ҳамсарони сарбозон аз тарафи командирони қисмҳои ҳарбӣ ва даҳҳо ҷиноятҳе, ки бо нашри онҳо сипоҳ ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар шарманда мешаванду обурӯйи кишвар дар арсаи байналмилал мерезад. Ана акнун фикр кунед,ки бо ин қувваҳои мусаллаҳ мо ватанро оё ҳимоят карда метавонем? Оё ин сарбози ба ин ҳол гирифтор шуда Раҳмонов ва ин ватанро дӯст медоранду барои ин ду ҷони худро фидо мекунанд? Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!