SOS: Ворухиёнро 100.000 рубли русӣ «доля» бастаанд,то…

Ислоҳ нет

Хонандаи азиз! Ин нома-муроҷиатнома  аз ҷониби як гурӯҳ ворухиёни дар хориҷ аз кишвар ба дасти мо расид. Онҳо мегӯянд,ки аз Ватан аз пайвандони онҳо мақомот 100.000 рублӣ барои гӯиё роҳи Ворухро кушодан талаб доранд. Вале навиштаанд онҳо, мо мефаҳмем, ки ин як дурӯғ ва фиреби ошкорои мардум аст. Касоне, дар ҳамин шароити вазнин аз номи ҳукумат мардумро водор карда истодаанд. Беҳтараш худи матни ин муроҷиатномаро бароятон пешниҳод менамоем:

Дӯстони азиз!  Имрӯз, чи хеле медонеду мебинед, байни мардумон дар гурӯҳҳои “whats Аpp”, ки аз тарафи маҳаллаҳои Ворух ташкил карда шудааст, оид ба  ҷамъ кардани маблағ барои “роҳ” бисёр баҳсу якдигарнофаҳмиҳо шуда истодааст ва ин, албатта, беасос нест. Зеро, ки  маълум нест маблағро барои чӣ ҷамъ мекунем ва  чӣ тавр мо бо воситаи он масъалаи роҳи  Ворухро ҳал мекунем? Охир, ин ба ақл рост намеояд, магар дарк намекунед? Магар ин вазифаи ҳукумат нест??? Шумо бо пули ҷамъкарда роҳ хариданӣ ҳастед? Магар мо метавонем пулҳои ҷамъовардаамонро ба тарафи муқобил дода иҷозаи убур аз роҳ бихарем?

Шумо аввал фикр кунед, ки кӣ моро ба ин рӯз расонд? Кадом як бефаросати ришвахӯр роҳро мефурӯшад, мардум иштибоҳи ин лаънатии палидро бо пули худ ислоҳ мекунанд? Шумо ба ҷойи пул ҷамъ кардану фалонӣ пул дод, фалонӣ надод гуфтан бо дилу гурдаи пур аз раисону вазироне, ки моро ба ҳамин ҳол расонданд, даъво кунед охир. Ва ё ба гуфти бародарони рус “СЛАБО”? Ку шуҷоати Шумо? Шумо пул надиҳед, пул ҷамъ накунед, беҳтараш марзро ҳимоят кунед! Ҷамъ шавед, дифоъ кунед. Муродалӣ  Алимардону Шералӣ Хайруллоевро фарёд кунед, то ки омада “косяк”-ошонро бартараф кунанд.

“Чаҳордаҳуми март   чандин ҳамватанон, ки  кӯдаконашон  ятим ва занҳояшон бешавҳар монданд,  шаҳид шуданд,  чандинашон захмӣ шуданд, аммо  мо бошем,  баъди панҷ рӯз ба ҷойи  мотам гирифтан як ҳафта бо рақсу бозӣ Наврӯз қайд кардем. Шарм доред, эй мардум? Раведу аз ҳоли зори фарзандону занҳои шаҳидшудагон хабар бигиред, бубинед, ки онҳо дар чӣ ҳол ҳастанд?  Мардумони дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то кадом дараҷа беқадр ва беору беномус будани Шуморо дида хун гиристанд.”

Мардум пул не, балки ҷонашонро доданд, аммо ҳукумат чӣ? Гӯё чизе нашуда бошад, аз пайи  ҷашну маърака.Шумо боварӣ доред, ки бо пули ҷамъ мешуда проблемаи Ворухи мо ҳал мешавад? Шахсан ман як зарра бовар надорам. Мо мардуми Ворух як одат дорем: хамаи чизро бо пул ҳисоб мекунем,  лекин чор қирғиз бо ҷомаи чиркини бӯйноку даридаву   хонаи оғилмонандашон  дар ду ангушташон ҳамаро бозӣ доранд. Гулкориву парчамсозии Шумо оё масъалаи қирғизро ҳал мекунад? Худо нахоҳаду муноқиша сар занад, ин гулзорҳо ба хок  яксон намешаванд? Оё беҳтар набуд, ки аввал масъалаи роҳро ҳал карда, баъд машғули ободониву гулкорӣ шавем. Масъалаи роҳи Ворухро кӣ ҳал мекунад? Ин чӣ гуна роҳи ҳалли проблема аст охир?

Ман ростӣ аз ин беақливу бесаводии ин гуна лидерҳо шармам меояд. Суханҳои баъзеи онҳоро гӯш кардам:

“бояд 100 ҳазор рублӣ ҷамъ кунем. Касе надод,  номҳошона дар масҷиди ҷумъа  хоҳем хонд ва шармандаву шармсор хоҳем кард”.

Ин чӣ беақлист? Ин чӣ бефаросатист? 100 ҳазор? Ту фикр мекунӣ ҳама монанди ту чунин имконияти пулдиҳӣ доранд? Аввал аз худат бипурс: “барои чӣ пул ҷамъ карда истодаем ва оё бо ин восита проблемаи қирғизро ҳал карда мешавад ва аз ҳама муҳимаш  оё ҳама ин имкониятро доранд? Хуб, бигзор гапи ту шавад! Магар кафолат медиҳӣ,ки  бо ҳамин 100.000 проблемаи роҳи Ворух ҳал мешавад?Агар ҳал нашавад чӣ? Бо кӣ маслиҳат ва машварат карда ин маблағро муқаррар кардӣ?”

“Эй аҳмақ! Ҷавонон дар ғарибӣ, дар хунукӣ кору фаъолият доранд, ки ту худат нағз медонӣ. Даромаде, ки онҳо ба ватан меоранд, барои мардум кифоя ҳаст. Онҳо магар қарздоранд, кадом як раиси палиди шикамғафси бесавод заминро фурӯшаду инхо бо пули дар хунукӣ меҳнат карда ёфтаи худ заминро бозгардонанд? Барои чӣ раисон вакте, ки  роҳи 70 метраро ба қирғизҳо фурӯхтанд, аз мо маслихат напурсиданд? Барои чӣ ин раисони фиребгару порагиру палидро хоин эълон карда ҳабс накарданд? Касе метавонад аз давлат инро талаб кунад?  Шарм доред, эй   касоне,  ки ҳалли моҷарои роҳро дар пул мебинед! Шумо бо мошинҳои қиматбаҳои худ  дар 100 метр ҳудуди Охсой  дуогӯён мегузаред, то ки сангсоратон накунанд, ин қирғизҳои бе дироят.  Акнун бигӯед, ки оё мошинҳои қиматбаҳои Шумо чанд қирғизи чӯпонро ба ҳарос овард???”

Хулоса, ман намедонам бо ин пул, ки алҳол ҷамъ карда истодаанд,  чӣ хоҳанд кард? Ва ё яроқ хариданӣ ҳастед? Барои чӣ Шумо, на ҳукумат? Охир ин шармандагист. Охир  яроқҳо барои кӣ? Шумо киро бо яроқ таъмин карданӣ ҳастед? Он ҷавононеро, ки солҳои дароз дар дигар мамлакатҳо ҳастанду  парвои хоку оби ватан надоранд? Ҳалли масъала дар пул нест, эй Шумо, ки худро боору номус ҳисобида барои пулҷамъкунӣ мардумро даъват карда истодаед, балки дар он аст, ки мо бояд мардуми Ворух дар куҷое набошем ҷамъ шавем ва марзамонро мардонавор ҳимоя кунем.

Шеъру суханҳои зебо дар ин ҷо ҳеҷ маънӣ надорад. Худро боорият нагиред. Дар Русия истода ин пул дод, вай пул надод гуфтан нагиред. Агар Шумо ба гуфти худатон ору номусатон бошад, равед ба Ворух, яроқ ба даст гиред ва шуҷоатмандона биҷангед. Ба мо лидере, ки пул ҷамъ мекунад лозим нест, балки роҳбаре даркор аст, ки дар Ворух истода ҳамаро сарҷамъ кунад ва  ба  ҳимояи марзу буми ватан даъват кунад. Бовар кунед, шармам меояд. Аламовараш он аст, ки мо дар гурӯҳҳои “whats Аpp” якдигарро сарзаниш мекунам ва мегӯем, ки ору номус надорем, вақте ки тақдири ору номуси мо дар дасти вазирон аст.

Дар охир гуфтаниям, ки аз Худо дуогӯй ҳастам, ки Тоҷикистони мо ҳамеша обод бошаду ҳомиёни ватанамонро Худованд дар паноҳаш нигаҳ дорад. Ворухи азизамон ҳамеша шукуфон бошад!

Аз “Ислоҳ” хоҳиш мекунем,ки ин муроҷиати моро расонаӣ кунед. Мо хуб медонем,ки шуморо ҳукуматиҳо мехонанду мебинанд.

Share This Article