Журналист пас аз се туҳмат ва ду бор зиндон шудан ба Аллоҳ шикоят мекунад, на ба “Пешво” 

Ислоҳ нет

Шиква ба Аллоҳ

Худои Бахшояндаю Мехрубон 

аз номи банда Ҳикматов Раҳматулло Файзалиевич 17.07.1977 соли таваллудам, маълумот- олӣ, Донишгохи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист тарчумон (забони англисӣ) хатм намудаам, миллат тоҷик, оиладор сохиби ду фарзанди ноболиғ, зода ва сокини шахри Душанбе, муҳоҷир.

Тел. вотсап, вайбер ва имо :

+992 937810007.

E- mail: [email protected]

Ман собиқ донишҷӯи мактаби Кембриҷи шаҳри Нью Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, собиқ тарҷумони газетаи “Зюдойче зейтунги” Германия, тарҷумони телевизиони Агентии студио “Апертои” Италия (барои ин фаъолиятҳоям аккредитатсияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вуҷуд дорад) ва собик корманди шӯъбаи иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дар гуашта барандаи барномаи телевизионии Вазорати корхои дохилӣ хабар медиҳад, мебошам,лейтенанти милитсияам

 Муроҷиатнома

 ариза, шикоят ва даъво ба Аллоҳ!

 Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим

 Ё Аллоҳ, Худои Бахшояндаю Меҳрубон ба ман ёрдам намо       

Ҳангоми ҳукмронии бандаат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ман бо се ноадолатӣ дар Душанбе дучор шудам.

“Маротибаи якум соли 2016 ман ба бандаат Эмомалӣ Раҳмон, ки солхои тӯлонӣ Президенти Точикистон таъин кардаӣ ва ба номи Прокурори генералиии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо ариза нисбати судя Наимов Раҷабалӣ Аҳтамович,(Аҳтам Раҷабалӣ)  ки  дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе кор ва фаъолият мекард барои даст заданаш ба номуси духтари ноболиғ шикоят кардам. Ин таҷовузгар рӯзи 16 уми апрели соли 2021 бо фармони 69 аз ин вазифа барканор шуд.”

Бандаат Эмомалӣ Раҳмон ба аризаи ман таваҷҷӯҳ зоҳир накард. Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар Восеъ ҳамсояи судя Наимов Раҷабалӣ Аҳтамович мебошад ва шогирди деринааш ба ҳисоб меравад. Ба далелҳои зиёди сабти телефонии пешниҳодкардаи ман, ки судя Наимов Раҷабалӣ Ахтамович бо забони худ мегӯяд,ки ба номуси якчанд духтари ноболиғ даст задааст, аҳамият надода баракс, манро дурӯғгӯ бароварда бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо моддаи 346 қисми 2 Кодекси ҷиноятииТоҷикистон, яьне барои расонидани маълумоти бардурӯғ ноодилона 3 ( Се ) сол аз озодӣ маҳрум карданд.

“Маротибаи дуюм соли 2017 нисбати судя Наимов Раҷабалӣ Аҳтамович ва шогирдаш Қурбонов Рустам Каримович ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шикоят кардам. Зеро Қурбонов Рустам Наимов Раҷабалиро, ки бо иттиҳоми таҷовуз ба номус дар СИЗО буд сафед  ва бо як ҳукм озод кард. Ҳангоме, ки манро аз озодӣ маҳрум карданд, шахсан Наимов Раҷабалӣ Аҳтамович ва Қурбонов Рустам Каримович бо ваъдаи озод кардани ман аз модари ман дар ҳузури ҳамсарам 5.000 ҳазор доллар талаб карда дар тарабхонаи Сим- Сим дар назди кохи Борбад гирифтанд. Баъди бо авф озод шуданам маҳз оиди ин амали нопок ман ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат кардам. Аммо дар натиҷа аз ҷониби кормандони Раёсати бандитизм ва терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар  Душанбе ман боз ба ҳабс гирифта шудам ва ҳангоми пурсупос дар СИЗО муфаттиш аризаи манро дарронида аз ман дигар аризаро бо мазмуни ба ман нофаҳмо гӯё барои хабари бардуруғ додан ба Баҳодур ном шахс намояндаи домоди Президенти Тоҷикистон бо номи Зарифбек гирифта оиди аризаи аввалаи ман аҳамият надода манро ин дафъа низ дурӯғгӯ бароварда бо ҳукми суди ноҳияи Сино шаҳри Душанбе манро боз бо моддаи 346 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 2 солу 7 моҳ дуюм маротиба  аз озодӣ маҳрум карданд.”

Маротибаи сеюм, баъди ҳамчун маҳкумшудаи ислоҳшуда озод шуданам дар  соли 2020   нисбати Ҷураев Ҳабибулло Бозорович, Шарипов Илҳом Додоевич роҷеъ ба як рафторҳои ғайриқонунии онҳо аз ҷумла тартиб додани ваколатномаҳои қалбакии нотариуси ноҳияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе, иҷроварақаи  суди ҳамин ноҳия, муҳрҳои дидбонгоҳи сарҳадии Точикистон ва шартномаҳои иҷораӣ ба Директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо ариза мурочиат кардам .

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Точикистон ва раёсати он дар Душанбе аризаро насанҷида нисбати Ҷӯраев Ҳабибулло Бозорович ва сардори нотариуси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Анваров парвандаи ҷиноятиро бо моддаи сабук оғоз карда, баъди пора гирифтанашон дарҳол он парвандаро бинобар пушаймон аз кирдор шудан бо қарор қать кард. Ман оиди ин ҳолату ҳодисаи нопок ба Президенти Тоҷикистон ба бандаат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардам ва кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Точикистон дастаҷамъона бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади рӯпӯш кардани корҳои ношоистаи худ аз Ҷураев Ҳабибулло Бозорович ва аз Шарипов Илҳом Додоевич ариза нисбати ман- Ҳикматов Раҳматулло Файзалиевич ташкил карда гирифта нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 3, 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз кардаанд ва манро бо ин тӯҳмат ба солҳои тӯлонӣ ноадолатона сеюм маротиба зиндон карданианд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди ин муроҷиатнома  ба маълумоти Шумо мерасонам, ки соли равон дар асоси аризаи ман ба унвони Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати ин Агентӣ Душанбе оиди аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Австрия Мухташев Ф.А. ҳангоми дар хориҷи кишвар буданаш дидаю дониста тартиб додани се адад ваколатномаи қалбакӣ нисбати Ҷӯраев Ҳабибулло Бозорович, директори ҶДММ “Гардӣ 2015 “ ва нисбати сардори идораи нотариалии давлатии н.И.Сомонии ш.Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 36, 323 КҶ ҶТ оғоз кард. Аммо  Агентии мазкур дар ш.Душанбе парвандаи ҷиноятии зикршударо то ба охир анҷом надода, ҳаматарафа наомӯхта ва пурра насанҷида нисбати Шарипов Илҳом Додоевич, ки шахсан аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Австрия дар ваколатнома бараъло қалбакӣ имзо гузоштааст чора надида бо сабабхои номаълум парвандаи ҷиноятиро ба қавле бинобар пушаймонӣ аз кирдор қатъ кард.

Оиди ин ҳолат намояндаи ваколатдори Ҷӯраев Ҳабибулло Бозорович шаҳрванд Қаюмова Дилбар ба назди ман омада ба ман чунин хабар дод, ки гӯё сардори тафтишотии идораи Агентӣ дар ш.Душанбе аз Шарипов Илҳом Додоевич барои парвандаи дар боло зикршударо қатъ кардан 5.000 ҳазор долари ИМА талаб карда бошад ва гӯё маҳз аз ин сабаб Шарипов Илҳом Додоевич аз Қаюмова Дилбар 2.500 доллари ИМА талаб карда, гирифта гӯё дар натиҷа Шарипов Илҳом Додоевич маблағи Қаюмова Дилбарро ба сардори тафтишот тавасути корманди идораи Агентӣ дар ш.Душанбе бо номи Шамс барои парвандаи дар боло зикршударо бинобар пушаймони катъ намудан 2.500 долари ИМА додааст.
Ҳамзамон Қаюмова Дилбар оиди асли ҳолат ва ҳодисаи гӯё  ба ман сабти телефониро дод, ки дар он сабт дар ҳақиқат мушоҳида мешавад, ки байни Шарипов Илҳом Додоевич, Шамс ,корманди коррупсия, Мухтошев Абдураҳмон Мирович ва Қаюмова Дилбар дар идораи ҶДММ “Гардӣ 2015” баҳс вобаста ба ҳолати дар боло зикршуда ба вуқӯъ омадааст. Сабти телефонии мазкур дар ин ариза ва шикоят замима гардидааст.

Инчунин Шарипов Илҳом Додоевич аз номи Мухташева Ф.А. дар шартномаҳои иҷораи манзил бо роҳи қалбакӣ ва сохтакорӣ аз ба ҷои Мухташева Ф.А. имзояшро дидаю дониста гузоштааст. Аммо дар Агентии зикршуда ба ин ҳолат бо сабабҳои номаълум аҳамият дода нашуд. Бо вуҷуди ин ҳолатҳо оиди дар шиносномаи Мухташева Ф.А. муҳри сарҳади Точикистон, ки қалбакӣ гузошта шудааст ва Қаюмова Дилбар дар ин кор Шарипов Илҳом Додоевичро гунакор меҳисобад аз ҷониби Агентии зикршуда низ бо сабабҳои номаълум аҳамият дода нашуд .
Илова менамоям, ки аз суханони Дилбар ба ман маълум гашт, ки Илҳом санади сохта  ва қалбакиро аз номи сардори Агентии ш. Душанбе оиди қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷӯраев Х.Б. тартиб додааст ва он мактуб дар сейфи Мухтошев Абдураҳмон Мирович маҳфуз мебошад. Илҳом мегӯяд, ки баракс Дилбар он мактубро тартиб дода аз Мухтошев 3000 доллари ИМА гирифтааст.

“Боз аз суханони Дилбар ба ман маълум гашт, ки Илҳом иҷроварақаи суди И.Сомонии Душанберо сохтакорӣ карда аз номи судя ба таври сунъӣ тартиб додааст ва он мактуб низ дар сейфи Мухтошев Абдураҳмон Мирович ва дар дасти судя Баҳодур Қурбон мебошад. Илҳом мегуяд, ки баракс Дилбар он иҷроварақаро тартиб дода аз Мухтошев  боз 2000 доллари ИМА гирифтааст.”  

Мо маҷбур шудем барои расонидани ин ҳолат тавассути “Ислоҳ” ба шумо муроҷиат намоем  Ё Аллоҳ

  Худои Бахшояндаю Меҳрубон

“ман аз ноадолатии мақомоти қудратии Тоҷикистон монда шудам ва аз онҳо низ худро  ҳимоя карда наметавонам, бо назари саргузашти талхам дар ин моҳи мубораки рамазон. Дилам ба фарзандони ноболиғи бегуноҳам ва модари пиронсолам месузад, зеро таълим, тарбия ва таъмини онҳо бар дӯши ман аст ва ғами ноадолатона сеюм маротиба зиндонии ман онҳоро ба шикаст меорад ва манро комилан бе соҳиб ва бе додрасе мегузорад. Ин дар холест, ки соҳиби мо бандагон танҳо ту Аллоҳ, Худои Бахшояндаю Меҳрубон ҳастӣ. Ба ҳоли ман дар ин моҳи мубораки рамазон раҳме кун.”

 Ё Аллоҳ

 Худои Бахшояндаю Меҳрубон

Агарчи ман модару ҳамсару фарзандҳои ноболиғамро танҳо ва дар ҳолати ногувор гузошта, ҳиҷрат карда бошам, ҳам аз дасти макомоти қудратии Точикистон дар хориҷи кишвар низ дар амон будан мушкил аст.

Ё Аллоҳ, Худои Бахшояндаю Меҳрубон дар ин моҳи мубораки рамазон ба додам бирас,ҷуз ту ҳеҷ додрасе надорам!

Модари пиронсол, фарзандони ноболиғи ман агар лоиқ ба раҳму меҳрубониат бошанд  моро аз дасти ноадолатии мақомоти қудратии Тоҷикистон махсусан аз ноадолатии кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Душанбе, ки нисбати ман ноадолатона парвандаи ҷиноятӣ огоз кардаанд наҷот дех, то он ки модари пиронсолам ва фарзандони ноболиғам аз ғам дар дашт намонанд.

“Аз “Ислоҳ” хоҳиш менамоям ин номаи шикоятии манро нашр намоед. Ончи навиштаам онро бе таҳрир нашр намоед ва шаҳодат медиҳам,ки ҳеҷ туҳмате,дурӯғе дар ин номаам ба Аллоҳ надорам. Мехоҳам ин номаро мардуми Тоҷикистон бихонанду бароям дар ин моҳ дуъо намоянд,то маро аз ин мусибатҳо наҷот диҳад омин.”

Ps: Ҳар рӯз ба унвонии мо садҳо номаҳо, арзу шикоятҳо мерасад. Аммо аввалин бор аст,ки як журналист ва хатмкардаи донишгоҳи бо нуфӯзи олам чунин номае навишта аст. Он ҳам шикоят ба Аллоҳ карда аст,на ба пешво. Яъне дигар ба “ҳуқуқбунёд”ии Тоҷикистон ва мақомоти золим ва хашину коррупсионери он аслан бовар ва эътимоде надорад. Қазоват ба худи шумо хонандагони гиромӣ, оё “пешво” ва мақомоти давлати “демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона” пас аз ин дархосту талаб аз Аллоҳ шарм мекарда бошанд?

Share This Article