Исфара, ноҳияи мардони бонангу номус, ки имрӯзҳо дар чанголи номуайянӣ ва ноумедӣ қарор дорад, новобаста аз мушкилоти бар сараш боршуда ҳамоно барои Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи гушначашми вай яке аз ҷойҳое ба ҳисоб меравад, ки дар тиҷорат ва даромадҳои зиёде дорад. Тиҷорати хонаводаи Раҳмонов дар Исфара аз ғасби корхонаҳои Низомхон Ҷӯраев, яке аз сарватмандон ва тоҷирони номии ин ноҳия тавассути Ҳасан Асадуллозода, шурӯъ шуда буд. Хонандаи ҳушманди “Ислоҳ.нет” аз моҷарои ба сари Низомхон Ҷӯраев ва парвандаи машҳури исфарагиҳо огоҳӣ дорад. Он солҳо танҳо барои онки корхонаи кимиёвӣ ва корхонаи тавлиди спирт (спиртзавод)-и ин ноҳияро, ки Низомхон Ҷӯраев бо сарфу харҷи худаш навсозӣ карда буд, бигиранд 33 нафар исфарагиро ба солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Бархе аз онҳо дар маҳбас ҷон доданд. Худи Низомхонро ба ваъдаву фиреби зиёд чанд соли баъд аз хориҷа оварда боқимондаи дороиву корхонаҳояш, аз ҷумла фабрикаи ҷуроббарории Душанберо гирифта ба номи Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов гузаронида боз ҳам мусоидат карданд,ки “фирор” кунад.
Айни замон “Зумрад”-Исфара беҳтарин осоишгоҳи куҳии Осиёи Марказиро Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов бо як пули пучак гирифта ва ба манбаи бойшавии худ табдил додааст. Бахши умдаи кормандони ин осоишгоҳро феълан намояндаҳои маҳаллу минтақаи ба ҳамаи тоҷикистониҳо маълумташкил медиҳанд. Сокинони Исфара дар инҷо аҳёнан кор мекунанд. Мудири осоишгоҳу табибону ҳамшираҳои шафқату ҳатто посбонҳо ҳамагӣ афроде ҳастанд, ки гӯиши онҳо бо лаҳҷаи мардуми инҷо тафовут дорад.
Бадтар аз ин, бархе аз корпусҳои ин осоишгоҳ ҳоло ба амбори молу колои тиҷоратии Маҳмадзоир ва Шамсуллои ҷиянаш, яке дигар аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов табдил шудааст. Аз ин бадтар ба истилоҳ ин амборҳоро Маҳмадзоир барои дигар бизнесменҳо ба иҷора додааст. Инҷо ҳоло ба амбори маводди мухаддир ва дигар маҳсулоти қочоқии инҳо табдил шудааст. Ин молу маҳсулотро аз тариқи марзи Қирғизистон ворид ва содир мекунанд. Осоишгоҳро, гӯиё навсозӣ ва обод карда истодааст. Аммо баъди омадани ин омадаҳо нархҳо ба осмон баромад. Мудири осоишгоҳи Зумрад Ҳалимов Абдумумин одами бовариноки Маҳмадзоир ва Озодаи Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад. Тавассути ин одам онҳо Исфараро идора карда истодаанд. Ҳам дар масъалаи кадрҳо ва ҳам дар масъалаи тақсимоти замин пулу ришваро тавассути ҳамин мудири осоишгоҳ ба дасти Озода Раҳмон мерасонанд.
Сафари Раҳмонов ба Ворух чӣ пайёмаде дошт?
Баъди сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Исфара авзоъ дар марз бо Қирғизистон на танҳо дар ин ноҳия, балки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯ ба бесуботӣ оварда хеле пуршиддат шудааст. Қирғизҳо барои мардуми Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарғоти обро бастанд. Боз ҳам наздик буд, ки ҷангу хунрезӣ рух диҳад. Аз ин ҷост ки сокинони Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ва бахусус аҳолии Ворух ва Овчӣ-Қалъа аз ин сафари Раҳмонов тамоман норозианд. Баъди онки Раҳмонов аз маркази Исфара то ба Ворух тавассути вертолёт омад, мардуми инҷо ба якбор ба пушт зад, ки чаро раиси ҷумҳуриашон натавонист бо роҳи заминӣ биояд, бо ҳамон роҳе, ки садсолаҳо ворухиҳо равуо доштанд. Балки аз тарси қирғизҳо вертолёти Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Пешвои миллат дар иҳотаи боз чаҳор вертолёти дигар аз Исфара то Ворух расид. Раҳмонов дар Ворух бо қисме аз аҳолии аз қабл омодашуда вохӯрӣ гузаронд. Аммо, аз он сабаб ки ин мардум барои рафтан ба маркази ноҳия ва боқии ҷаҳон мушкилоти сахт доранд, аз Раҳмонов рӯирост дар бораи роҳ пурсиданд. Ва, чанд навбат бо садои баланд: Роҳ, Роҳ ҳам гуфтанд. Аммо Раҳмонов худро ба нофаҳмӣ андохта ба тарафи раиси ҷамоат мегӯяд, ки таъмири ин роҳро ман бар ӯҳда мегирам ва харҷи он аз ҳисоби Фонди президент мешавад. 20 километр. Раҳмонов таъмири роҳи даруни худи ҷамоатро бар ӯҳда мегирад, дар ҳоле, ки сокинони башӯромада бо онки бо як овоз: Роҳ, Роҳ, Роҳ мегуфтанд манзурашон роҳи мустақим ва мустақили миёни Ворух ва Исфара аст. Ҳоло ин роҳ аз тарафи қирғизҳо масдуд шуда ва ба маҳзи он Ворух “де-факто” анклав шудааст. Ҳозир қирғизҳои имтидоди ин роҳ дар даромад ва баромади маҳалл ва рустоҳои хоку шағал рехтааанд, то тоҷикҳо нагузаранд.
Манбаъи мо аз КДАМ ба Ислоҳ чунин афзӯд: рӯзе Раҳмонов ба Ворух меомад.
“депутати маҳаллӣ Ғафурҷон Ҷураев дарди мардуми Ворухро дар назди Раҳмонов мегуфтанд. Ба мо чунин маълумот расид ва мо соати 7 саҳар занг зада ба Ғафурҷон Ҷураев гуфтем агар аз хонаат баромади вазъиятат хело безеб мешавад. Мо аз он варақе дар дасти шумо ҳаст ,аз муҳтавои он маълумот дорем ва он варақро даронда парто.Пас аз он ба Раиси ҷамоат Меҳринисо Раҳматова кормандони мо расониданд,ки агар пурсад ҷаноб ҳам гӯед шумо бояд дастҳоро пеши бар карда ҳама хуб аст гӯед!”
Манбаъи дигари Ислоҳ аз Ворух чунин гуфт:
“чанд муйсафед мақсад доштанд мушкилотро дар назди президент гӯянд. Аз мақомот омада ҳама он ҳафт муйсафедро дар якҷо ҷамъ карда барояшон гуфтанд,пешво рафт пас аз он шумо озод мешавед. Ба мо фармон омад,шумо иғвогарон ҳастед ва набояд ,то рафтани пешво озод гардед”
Чуноне ҳама шоҳидед дар навор Раҳмонов аз раиси ҷамоат хонум Меҳринисо Раҳматова мепурсад раиси ҷамоат ,муаллима чи мушкилот аст натарс гап зан ,аз раиси вилоят ва раиси шаҳр натарс,кати ман гап зан: Меҳринисо Раҳматова бо садои ларзон пешворо хайру мақдам гуфту ҳисобот доданро шурӯъ кард…
Агар наворро мушоҳида карда бошед президент аз раиси ҷамоат мепурсад беморхона доред? Бале мегӯяд ,чанд кат дорад ? 70 кат дорад,хело хуб. Баъд пешво мегӯяд мана имрӯз маро 15 духтарак пешвоз гирифт ман ҳамаи он духтараконро бо худам мебарам. Боз механдаду мегӯяд,ки мебарам дохил мекунам ба донишгоҳ. Оқибати он духтаракон ба хайр бошад,хуб фикр кунед қабл аз фиристодани духтараконатон…
Масрафи ташрифи пешво 11 миллион сомонӣ ё 1млн $
Манбаъи Ислоҳ ,ки дар бахши тадорукоти сафари Раҳмонов ба Ворух фаолият мекардааст афзуд.
“ман ба масрафи чархболҳо коре надорам,чун аз онҳо огоҳие надорам. Аммо танҳо гулҳое дар пушти минбари баромадашро омода намудем бо худи минбар, мизу курсиҳои махсӯс ва ҳайкали он истиқбол 8 миллион сомонӣ ихтисос дода буданд. Гулҳо ҳамааш зинда ва аз хориҷ оварда шуда буданд. Боқӣ монда масориф, то омадан ва гуселаш,сарбозон,муҳофизат, ки як моҳ пеш шурӯъ шуда буданд се миллион сомонии дигар ихтисос дода шуда буд. Ман намегуям ин маблағ масраф шуд,ин миқдор маблағ аз буҷаи кишвар ҷуд шуда буд ва дигар худатон хулоса намоед, ки маблағ ба ин тарафу он тараф рафт… Агар бо масрафи чархболҳо ҳисоб кунем яъне метавон бигӯем як миллион доллар дар ин сафар ҷудо шуда буду ба боди фано рафт.”
Акнун хонандаи гиромӣ худатон хулоса намоед,ки ин як миллион долларро ба Ворух медоданд ва онро воқеан дар онҷо масраф мекарданд чӣ тағйироте дар Ворух мешуд? Ҳар рӯз аз Ворухиён пул мепурсанд барои ину ону роҳ кушоён. Дар ҳоле аз буҷаи кишвар як миллион доллар барои як сафари бе моҳият ва бе маъно масраф карданд. Боз ончи аз тоҷирон ва мардум барои ин сафар пул гирифтанд ҷойи худаш.
Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони ҳамроҳи Раҳмонов ба Исфара сафаркарда дар бархе аз деҳоти марзӣ шумори автозаправкаҳо аз шумори аҳолӣ бештар ба мушоҳида расидааст, ки гуфта мешавад танҳо харидори он тоҷикҳоанд. Инҷо қирғизҳо аз ҳисоби тоҷикҳо даромад доштанд, аз ҷумла ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳам бо даҳҳо аз чунин автозаправкаҳо ҳамкории тиҷоратӣ доштааст. Як нафар аз огаҳони ин тиҷорат гуфтааст,ки қисме аз ин автозаправкаҳо бо пули “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов ҳанӯз дар солҳои 2010-2011 сохта шуда будааст ва як сабаби асосии забондарозии қирғизҳо ва забонкутоҳии тоҷикҳо ҳамин силсилазаправкаҳои Шамсулло Соҳибов дар деҳаҳои наздии марзии Қирғизистон будааст.
“Аммо бо вуҷуди ин ҳама ташаннуҷи авзоъу аз тарси қирғизҳо бо вертолёт омадани Раҳмонов ба Ворух чи хеле гуфтем тиҷорати Эмомалӣ Раҳмонову домодҳояш Маҳмадзоиру Шамсулло Соҳибовҳо ва низ Зарифбек Давлатов дар ин марз идома доштааст. Бесабаб нест, ки Қамчибек Тошиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъна зад, ки намегузорад тоҷикҳо як литр бензин ва як мисқол маҳсулоти ғизоӣ аз кишварашро бидузданд. Ин таъна ва неши он ба самти Раҳмонов нигаронида шуда будааст.”
Тибқи мақоли “гӯр сӯзаду деғ ҷӯшад” ҳамин ҳоло ТАҶЕРО-и Зарифбек Давлатов шабу нимашаб аз ин марз маҳсулоти қаннодии сохти русиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда истодаасту равуои қочоқчиёни маводди мухаддир ба амборҳои осоишгоҳи Зумради мутааллиқ ба Маҳмадзоир Соҳибов аст, хеле зиёд шудааст.
Шамсулло Соҳибов дар Исфара на танҳо ба қочоқи молу коло машғул аст ва танҳо аз ҳамин ҳисоб манфиат мебинад, бали кони ангишти овозадори Шӯроби Исфараро низ ба тасарруфи худ даровардааст. Бо вуҷуди ғасби ин кон ва фурӯши ангиштсанги он соли дароз ягон рӯз аз ворид карани ангишти қирғиз даст набардошт. Имсол нархи ангишт дар ин кон аз 350 то ба 700-750 сомонӣ баланд шуд. Шамсулло ангишти қирғизро тавассути ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нархи арзон харидорӣ карда ҳамчун ангишти Шӯроб фурӯхт. Нархи ангишти қирғиз як баробар арзон аст. Манбаъи мо аз Шуроб афзуд:
“Дар даврони Шуравӣ мо шахтаҳоро тахта гузошта мекофтем ва он меистод.Аммо ҳоло бошад,барои он ки масраф кам шавад онҷое лозимаро мекобем ва боз ҳамин тахатҳоро гирифта ба дигарҷо мезанему кор мекунем. Ниҳояташ чи мешавад намедонем. Ин соҳиби ҳозираи кони Шуроб аслан дар фикри бештар фоида ба даст овардан асту халос. Аслан дар фикри ободкорӣ ва барои ояндаи ин кон ҳеҷ аҳаммияте намедиҳад. Аммо мо чун аз ин ҷо ҳастем диламон ба ин сарвати зери заминӣ ва ояндаи он хунҷигарем,аммо чикор кунем соҳиби кон ба шумо маълум аст,ки кӣ ҳаст”
Дар ин кори Шамсулло Беҳрӯзи домоди Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов ба вай кумак карда доду гирифт бо қирғизҳоро ташкил ва назорат мекунад.
Бубинед, дар ҳоле,ки дар ин ноҳияи шахтаи собит ва ё кадом кони ангиште вуҷуд надорад ва ҳама медонад, ки ин ангишти қочоқии Шамсулло Соҳибов аст ки аз Қарғизистон ворид кардааст.Аммо дар баромадгоҳи ноҳия кормандони Гумрук, коррупсия, литсензия ва ғайра истода аз ронандаҳои мошинҳои борбар ҳуҷҷати ангишт, барои мисол растаможка мепурсанд. Ронандаҳо ва нафароне, ки аз ин ангишт харидорӣ кардаанд, дар ҳайратанд, ки чаро қочоқчиёни аслӣ-яъне Шамсулло Соҳибовро касе «ғам» намедиҳад вале харидорони аз ин қочоқчиҳоро азоб дода, ҳатман аз онҳо пул мекананд. Дар паси ин бозии пулканӣ ҳам Беҳрӯзи домоди Муроди телех меистодааст.
Дар матолиби қаблӣ дар бораи Беҳрӯзи домоди Мурод Саидов, телехи Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар вилояти Суғд, махсусан дар Исфара ва марзи он бедод мекунад, батафсилтар гуфта будем. Ин ҳолатро ҳам бояд хотирнишон созем, ки дар сарҳади Исфара на фақат домоду духтарҳои президент, одамони Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳам ба қочоқ сару кор доранд.
“Дар Суғд як корхонае ҳаст бо номи Файзи Расул. Ин корхона дар асл корхонаи шахсии Қоҳир Расулзода аст, аммо бо номи ҷиянаш ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Расул номи падари сарвазир аст. Барои ҳамин Файзи Расул ном мондаанд. Қоҳир Расулзода, замоне,ки раиси вилояти Суғд буд, дар маҳаллаи Хизтеварз як кӯчаеро бо номи падараш гузошт. Файзи Расул аз шир фаровардаҳои ширӣ истеҳсол карда дар тамоми қаламрави вилоят ва то пойтахти кишвар ба фурӯш гузоштааст. Ба хориҷ аз кишвар, бахусус ба Қирғизистон ҳам содир мекунад. Тавлидоти ин корхона, аз қабили ширу ҷурғоту қаймоқу сметанаву дигару дигар ба Қирғизистон аз тариқи сарҳади Исфара ва қочоқӣ содир карда мешавад. Дар қочоқи маводду маҳсулот сарвазир ҳам шарик аст.”
Тақрибан 5 сол молу маҳсулоти Файзи Расул хапу дам, бидуни садо ба қирғизҳо фурӯхта мешуд. Аммо чанд вақт пеш Беҳрӯзи домоди Муроди телех 5 тонна маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ (ҳасиб)-ҳои Файзи Раслуро дар марзи Чоркӯҳ ҳангоми интиқол ба Қирғизистон дастгир кард. Беҳрӯз дафъатан ба Муроди хусураш занг зада мегӯяд, ки вай 5 тонна маҳсулот сарвазирро дастгир кардааст. Дар инҷо гапи муроду сарвазир сахт мегурезад. Мурод гӯиё сарвазирро контрабандист гуфта бошад. Гап дар инҷо аст ки маҳсулоти корхонаи Файзи Расул ба Ӯзбакистон аз тариқи нуқтаи марзии маъруф ба Плотинаи ноҳияи Спитамен (Нови собиқ) низ аз рози қочоқ фурӯхта мешудааст. Дар ин нуқати марзӣ ҳам Беҳрӯз роҳи қочоқи сарвазирро намоён кардааст. Гуфта мешавад бо ин фошкориҳои тиҷорати ғайриқонунии сарвазир Беҳрӯз қасд доштааст, ки мақоми сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғдро бигирад.
Домоди Раҳмонов дар роҳи Конибодом-Хуҷанд-Исфара тарозуи пулҷамъкунӣ мемонад
Ва дар охир як хабар барои мардуми Исфара ва Конибодом. То ҷое ба мо маълумот мерасад дар роҳи Конибодом- Хуҷанд ширкати пулчинаки IRS-Ҷамоллиди Нураливе,муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, тарозу сохта истодааст. Гуфта мешавад, ки роҳи Конибодом -Хуҷандро ҳам пулакӣ мекардаанд. Тибқи маълумотҳо дар роҳи Конибодом- Хуҷанд 3 тарозу мешудаст ва дар роҳи Исфара- Конибодом -Хуҷанд 1 тарозу ва ҳамин тавр аз Исфара то Хуҷанда 4 тарозу мешудааст. Сохтмони терминали тарозу дар баромади маҳаллаи Кучкак ва даромади маҳаллаи Маданият, рӯбарӯи қаҳвахонаи Баҳор идома дорад.
Ончуноне маълуматон шуд Исфара ва мардуми он ба луқмаи даҳон ва ба даромади муфти Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи вай табдил шудааст. Агарчанде, ки аз ин марзи муҳимми кишвар даромадҳои ҳангуфт ба даст меоварад, наметавонад ва натавонист, ки роҳи миёни Исфара ва Ворухро бикушояд.