Рӯзи 25.04.2021 дар ҳукумати Душанбе таҳти раёсати Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Саймумин Ятимов,раиси КДАМ, Мансур Умаров, сардор Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Шоҳрух Саид, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва як ҷаласаи пушида доир шудааст. Рустами Эмомалӣ Рамазон Раҳимзодаро хезонида хеле бо лаҳни шадид савол мекунад, ки чаро кормандонат дар барномаҳо зидди мухолифин ошкоро аз ҳукумат дифоъ намекунанд:
”иқа одамои кучагира пешдаро мекунед, чандеашро дидам, ки ай руи коғаз хондестанд, ҳамаро шарманда када”.
Рамазон Раҳимзода ҷавоб медиҳад, ки мухолифин дар барномаҳяшон кормандони ВКД-ро иҷозат ва имконият намедиҳанд, ки баромад кунанд, зуд мефаҳманд, ки вай коркуни МВД аст ва хомушаш мекунанд. Баъдан пас аз як шахсе аз ҳукумат ҷонибдори мекунад ҳама муҳоҷирон ба ӯ таҳқир мекунанд ва ин кор кормандони моро ба ташвиш ва сардаргуми овардааст. Намедонем чихел дар ин муборизаи иттилоотӣ истодагарӣ намоем?
Рустам ин дастуру даъворо ба Ятимов намедиҳад, чун медонад,ки кормандони КДАМ “засекреченианд”ва мардум аз ки буданашон бояд огоҳ набошанд. Аммо ба С.С. Ятимов фармон медиҳад, ки чи одаме босаводе дар ҷумҳурӣ аз ҷумла дар донишгоҳҳо -муаллимҳоро омода кунед, бигзор ошкоро баромада аз ҳукумат дифоъ кунанд.
СС. Ятимов дар ҷавоб гуфтааст, ки одамҳои босавод аз ин амр дасткашӣ доранд ва мегуянд:
“мо худамонро дар назари мардум ганда мекунем. Аммо ку ҳамон кафолат, ки дар ҳолати хезиши мардумӣ мо дар амон мемонем”?
Ятимов боз гуфтааст, ки барои чунин саркашӣ чанде аз онҳоро аз кор рондем,ҷарима ҳам кардем ,баъзеашро “ихвонӣ” зада маҳкам кардем, вале боз ҳам розӣ намешаванд аз ҳукумат ҳимоят кунанд.
Аммо С.С як пешниҳоди дигар мекунад. Мегӯяд, ки мухолифони аз ҳама хавфнок Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Дигарҳояшон хавфашон камтар аст. Ва аз сабабе ки Муҳаммадиқболи Садриддин узви ҲНИТ мебошад мо бояд муллоҳоро бар зидашон хезонем ва бояд муллоҳо бар зидашон гап зананд ва дар масҷидҳо бар зидди онҳо бояд ташвиқот бурда шавад. Дар ин лаҳза Шоҳрух Саидзода мегӯяд барои ин кор ҳоҷӣ Мирзо фаъолияташро зидди мухолифон шуруъ кунад.
Рустам тарафи С.С мегӯяд, ки кормандонат ҳамааш як ҳаромхуранд, барои фоидаи худашон аз номи ҳукумат кор карда истодаанд, аммо ягон коре накарда истодаанд, ки мухолифон ягон гапе наёбанд барои гуфтан.
“Баръакс аз дохили КДАМ рӯз то рӯз маълумот нисбати Ҷаноби Олӣ ва ҳукумат бисёртар дода истодаанд.”
С.С дар ҷавоб мегӯяд: “то ҳамон рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ ба ман боварӣ карда буд, ки вазъиятро ба уҳдаий худ гирам ҳамин гапу хабарҳо набуд. Баъди боздошти Иззат Амон мо бисёри ҷонибдоронамонро аз даст додем ва тарафи мухолифон гузаштанд.”
Ва мегуяд, ки мо онҳоеро,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ҳукумат баромад мекунанд, дигар наметавонем ҳамаи онҳоро пайгирӣ ва маҳкам кунем. Айни замон маълумот дар бораи беш аз 7 ҳазор ҷавон дар КДАМ ҳаст,ки дар шабакаҳо бар зидди ҳукумат ва тарафдории мухолифин гап мезананд. Аммо, бадбахтона рӯз то рӯз шуморашон зиёд шуда истодааст.
Дар ин асно Озода мепурсад, ки дар хориҷи кишвар, ба хусус дар Русия вазъият чи тавр аст?
С.С. Ятимов мегуяд: “шумораашон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст ва амният ҳамаи онҳоро имкон надорад, ки дастгир кунад.”
Дар ҷавоб Озода фармон медиҳад: “ҳамаи кормандони КДАМ-ро аз Русия баргардонед, биёянд. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, вазъиятро дар дохили кишвар идора кунанад. (Ҳукумат ақиб нишинӣ кард. Ҳатто 5миллион доллар ёрдамашон накард.) Танҳо як қисм кормандони Раёсати кофтукови ҷиноиро дар Русия нигоҳ доред,бас.”
Худи Эмомалӣ Раҳмонов аз сабаби бад будани вазъи саломатиаш дигар имкони гузаронидани маҷлисҳоро надорад ва шахси боваринокаш феълан Озода шудааст ва аз ҷойи Эмомалӣ ҳоло Озода маҷлис мегузаронаду фармон медиҳад.
Раиси КДАМ ба кормандонаш фармон додааст,ки дар прямой эфири “Ислоҳ.ТВ” пайи ҳам занг зада Муҳаммадиқболро ҳақоратҳои қабеҳ диҳанд. Ман ба рафиқони ВКД ҳам занг задам онҳо гуфтанд,ки айни ҳамин фармон ба кормандони ВКД ҳам дода шудааст. Онҳо бояд бидуни ист дар “прямой эфир”-и “Ислоҳ” занг зада дашном диҳанд ва маҷол надиҳанд,ки дигарҳо бо Муҳаммадиқболи Садриддин суҳбат кунанд.
P.S Дар охирин лаҳзаҳои омодасозии ин матлаб манбаи мо хабар дод, ки айни замон дар ВКД ва КДАМ як бебандубории шадид ба мушоҳида расида истодааст. Ду ҳафта мешавад, ки 50%-аҳои амният (онҳоро ҳамин тавр меномидаанд), ки барои кашфи низомӣ “кор” мекунанд ,яъне онҳо дар даруни мардум гашта ҳар хабару маълумоти шунидаашонро ба шакли хаттӣ ироа медиҳанд, дар ҳайрат афтодаанд,ки ба маълумоти ҷамъоварикардаи онҳо мақомоти болоӣ эътибор намедиҳанд ва аслан ба инобат намегиранд.
“Дигар инки муовини як нафар муовини ВКД як алкаши бадмасти бесавод, ки аксарияти маълумотҳои болоро ӯ ба кормандон мерасонад гуфтааст,ки доираҳои боло аз Маҷлиси намояндагон хостааст, ки бо як пешниҳоди хос масъалаи афви зиндониҳои сиёсиро бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар миён гузорад.”
Нуктаи дигар ин аст ки се-чаҳор рӯзи ахир аз оперативникҳои ВКД ва КДАМ ба таври қотеъ ва ҷиддӣ талаб карда истодаанд, ки бо факту далел ва ниҳоят нозукона бо нафарони таҳти таъқиб муносибат кунанд. Бахусус онҳоеро,ки бо моддаҳои 189,307,401,хулас,онҳое,ки бо дин сару кор доранд, бидуни далелу бурҳони мушаххас дигар муттаҳам накунанд. Чунки дигар мардум тамоман дар ҳолати хезиш қарор дорад.
Баъд Протоколи 32/20,ки ҳама муҳассилини тоҷики мадорису донишгоҳҳои кишварҳои исломиро иҷборан ба ватан бозгардонида ва таҳсилро мамнуъ эълон намуда буданд ҳоло баракс мусаввабаи қарордод бо мадориси исломии кишварҳои хориҷиро таҳия карда истоданд ва қасд доранд роҳҳоро барои рафтан боз кунанд.
“Имрӯз хеле аз муовинони вазиру генералҳову полковникҳо аз овардани Иззат Амон ва зиндонӣ кардани сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур изҳори норозигӣ карда истодаанд ва сахт пушаймонанд. Мегӯянд,ки ин корҳо боис шуд,ки норозигии мардум ошкор шавад ва характери оммавӣ гирад. Коре,ки оғози он барои ҳукумати Тоҷикитсон хеле паёмади фоҷиавӣ хоҳад дошт.”
Инки байни УУР(Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД-Шоҳрух Саидов) ва КДАМ ҳамарӯза ҷангу даъво рафта истодааст, дигар масъалаи пинҳонӣ нест. Ҳарду ниҳод ҳамдигарро дар ноором шудани авзоъ ва аз контрол хориҷ шудани шароит муттаҳам карда истодаанд.Чунки дигар мардум ошкоро норозигии худро баён карда истодааст.
Ps: Хонандаи гиромӣ ин маълумот аз рафти як маҷлиси пӯшида,ки бо иштироки мақомоти қудратӣ сурат гирифтаро манбаъи хело муътамади “Ислоҳ” ирсол намуда аст. Дар дасти мо сиёҳнависи нукоти муҳимми ин маҷлис вуҷуд дорад. Аммо мушаххас накардем,ки ҳусни хати кадоме аз сардамдорон аст.Метавон хулосагирӣ намуд,ки режим дар ҳолати сакарот қарор дорад.Танҳо устуворӣ ва қавӣ ирода будани миллат ва мардуми Тоҷикистон, озодӣ насиби мо хоҳад гашт.