Тазоҳуроти хашмолуду ғазабноки садҳо мусофири бандмонда дар фурудгоҳи Душанбе ва таҳдиду тавҳини Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон,ки эътирозгаронро ба «иғво» муттаҳам мекунад, ифода ва инъикоси вазъияти имрӯзии мардум дар саросари кишвар аст. Тамоми халқи Тоҷикистон омодаи эътирозу баромадан ба митингу рехтан ба хиёбонҳост, чун дигар сабру таҳаммулашон ба охир расидааст.
Ҳоло ин раис аз «иғво» дам мезанад. Мусофирон, ҳамон муҳоҷирони дар суроғи ҷойи кор, дар талаби як тикка нонро бо «Пешво» метарсонад: «Шумо тарафдори Пешво ҳастед?»
“Аҷиб аст.Ман,ки 100% бар зидди «Пешво»-ву олу авлодаш ҳастам. На танҳо ман миллионҳо шаҳрвандони дигар кишвар “Пешво” ятро чашми дидан надоранду мухолифи сиёсатҳои бехирадонаи ӯянд. Вале инҷо «Пешво» чи дахл дорад? Магар ҳамин «Пешво» гуфт,ки бо ширкати «Северний ветер» ва ё «Сибир» ба тавофуқ норасида билетҳоро бифурӯшед?”
«Ба «иғво» дода нашавед. Шумо тарафдори сиёсати Пешвои миллат ҳастед. Пешвои миллат ҳама корро карда истодааст».
Як мисоли равоншиносӣ мехоҳам бароятон оварам. Шуморо амалкард,ноуҳдабароии як раис 10 шабонарӯз озору азият дод. Масуле кори шуморо бояд ҳал мекард бо бе дироятӣ натавонист мушкилатонро ҳаллу фасл кунад. Дар ҳоле вазифаи ӯ буд,ки онро ҳал кунад. Пас аз даҳ рӯз пешатон барояд ва мушкилатонро ҳал нокарда бароятон бигӯяд. Шумо ба иғво роҳ надиҳед ва мо медонем ҳолатон безеб буд ин даҳ рӯз вале аз раис розӣ ҳастед? Ӯ дар фикри шумо буд ва шумо ҳатман аз ӯ розӣ ҳастед,бале? Посухи шумо чӣ метавонад бошад? Худатон ба худатон посухашро гӯед,мо медонем посухатон чӣ аст.
“Раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон! Шумо киро аҳмақ ва аблаҳ фарз карда истодаед? Ин мардону занонеро,ки 3 рӯз,5 рӯз, як ҳафта ва 10 рӯз водор карда истодаед, ки дар рӯи алафу дар рӯи фарши симонтии фурудгоҳ бихобад, одам нестанд? Ба онҳо кӣ билет фурӯхт?”
Инҷо «иғво» чи кор аст? Агар шумо як ҳафта, 5 рӯз, 6 рӯз дар рӯи замин атрофи фурудгоҳ хоб кунед магар сокит мемонед? Ҳоло агар ҳамроҳи онҳо духтари шумову писари шумо бошад чӣ?
Он нафари истаравшанӣ, ки мегуфт аз бародараш қарз кардаасту билет харидааст,шояд инигунаҳо даҳ дарсади ин мусофиринро ташкил надиҳанд. Аксаран қарз аз бонкҳо (бонкҳои оила) гирифтаанд. Раҳму инсоф кунед, ки ҳар соату дақиқа барои онҳо арзиши гарон дорад.
Посухҳои Субҳонзодаро бинед:
– Муҳтарам Субҳонзода мо ду бор аз духтур гузаштем (маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани бемории коронавирус гирифтем – идора), 150 сомонӣ (арзиши супоридани ташхиси коронавирус – идора) сӯхт. Мо чӣ кор кунем?
– Барои ҳал кардани ин мушкилӣ мо корбарӣ мекунем ва кӯшиш мекунем роҳи ҳалашро ёбем. Ҳоло оромакак аз паси кор шавед.
Ислоҳ: Пули ин мардуме барои маълумоти тиббӣ додаро кӣ ҷуброн мекунад? Кадом роҳи ҳале инҷо вуҷуд дорад,ки пули сухтаи ин мардум барқарор мешавад? Шумо куҷо хондаед,медонед чӣ гуфта истодаед?
– Мо халқ дар даст чипта дорем, ҳоло чӣ кор кунем?
– Истед, оиди баррасӣ масъала мо пайгирӣ ва корбарӣ мекунем, шумо фақат интизори ҷавоб шавед, аз пайи корҳо шавед.
Ислоҳ: Аз пайи кадом кор шаванд? Кору бори ин мардум аз ноуҳдабарои пешвоят дар Русия ҳаст охир. Ин мардум аз навоҳии дурдаст омадаанд куҷо раванду интизор шаванд,ки шумо судатонро гиреду ин бечораҳо парвоз кунанд?
– Куҷо равем мо?
– Марҳамат равед… Як чиза фаромӯш накунед, давлати мо тинҷ аст, давлатҳои ҳамсояро дида истодааед, тинҷӣ муқаддас аст.
Ислоҳ: Куҷо раванд ҷаноби Субҳонзода? Ин мардуми ба сутӯҳ омада ва даҳ рӯз мунтазир тенҷ набуданд. Шумо худатонро бо ин мардум чаро қиёс мекунед,ки равед аз инҷо,куҷо раванд? Чаро ҳамеша аз тенҷӣ ва оромӣ мисли пешвоятон мегӯед ва ба рӯйи ин мардум аз ин тенҷӣ мегӯед? Шумо нотенҷиро танҳо дар тиру ҷанг ва таркиш мебинед? Охир ин мардуми инҷо ҷамъ шуда тенҷ нестанд ва тенҷӣ дар ҳеҷ кадоме аз инҳо дида намешавад. Масалаи билет ва нодироятии шумо дар кор ба тенҷӣ чӣ иртибот дорад? Дар Афғонистони ҷангзада ин ҳолат ,то имрӯз пеш наомадааст.
Шуморо ҷаноби Субҳонзода “Северний Ветер” айбдор намудааст,ки дар парвознакардани мусофирон айбдоред? Чаро посухатон қаноатмандона набуд? Ё шумо як арусаке беш нестед ва ё шумо ҳам дар хидмати Келин бо Клеопатра ҳастед ва агар аз хати кашида баромадед мақоматон зери суол боқӣ мемонад? Якбор мардона эътироф кунед,то донем гуноҳи шумо нест ва ин бо гуноҳи Таҳмина ва Зарифбек аст.
“Шумо кори худро дуруст анҷом дода натавониста истодаед. Ин як бору ду бор ва танҳо дар Душанбе нест, ки садҳо нафар муҳоҷири тоҷик то даҳ рӯзи худро дар фурудгоҳ мегузаронад. Ин кор шурӯъ аз моҳи апрел ва ҳоло инак июн ҳам даромад ҳам дар Хуҷанду ҳам дар Бохтару ҳам дар Кулоб такрор шуд. Агар ин ҳамаро ба ҳисоб бигирем шояд шумораи чунин нафарони дар азобу балои сафар дармонда аз даҳҳо ҳазор ҳам бештар бошад. Маълум нест,ки пушти даъвои шумо бо ин ширкатҳо чи ниҳон аст. Вале айби ин мардум чӣ аст, ки билетро мехарад вале дар вақти таъйиншуда парвоз карда наметавонад.”
Шумо на танҳо кори худро дуруст анҷом намедиҳед, шумо авзоъи ороми кишварро ноором карда истодаед. Ба маҳзи онки ноуҳдабаро ҳастед, ба маҳзи онки нокоромад, корношоям ҳастед, масъулияти худро, бори худро бардошта наметавонед! Ба болокории ин боз дар ҳаққи ин мардум таҳқир ва туҳмат зада онҳоро дар «иғво» муттаҳам карданиед. Ин мардуми муҳоҷирро ба «Пешво» чи кор? Онҳоро «Пешво» билет харидааст, онҳоро «Пешво» дар Русия бо кор таъмин мекунад? Онҳо то 10-15 ҳазор сомонӣ масраф карда ҷойи кор мераванд. Дар кадом гӯшаи дунё чунин аст?
Ин ҳарфҳои шумо касро ба ин андеша мебарад, ки «Пешво» ҳатто дар ҳамин парвози ҳавопаймоҳо ҳам мудохила мекардааст.
Бо инки иғво мегӯед чи гуфтан мехоҳед? Ҷони мардумро ба лабаш расонидаеду боз чунин туҳмат мезанед. Инсоф доред? Ҳоло агар ин «иғво»-талаби ҳақу ҳуқуқи худ, роҳи наҷот ва халосӣ аз чунин шаклу мазмуни зиндагӣ аст, бемуҳобо миллионҳо тоҷик иғвогаранд. Аммо, мутаассифона ин тоҷики залил ва хоргашта аст,ки аз тарси Пешвои калашниковии шумо ин ҷаҳаннами ташкил намудаи пешвои шуморо тоқат кардааст.
“Агар «Северний ветер» билетро гарон фурӯхтааст пас қирғизҳо чаро ҳавопайморо пас гардониданд? 280 тоҷикро онҷо бурдеду боз овораву сарсону саргардон карда пас овардед. Ин ҳам «иғво» аст?”
Боз ҳам такрор шавад мегӯям, ки Шумо масъулият ва миссияи худ, шумо кори худро ба таври дурусту ҳисобӣ иҷро накарда истодаед. Бубинед, ҳоло кадоме аз ин мушкилот-бандмондани садҳо нафар дар фурудгоҳҳо, пас гардонидани мардум аз Бишкекро ин «иғво»гарон ба вуҷуд оварданд. Ин ҳама аз бесалоҳиятии Шумо пеш омадааст.Ҳамин тавр не
Мардумро азобу азият дода яке мегӯед,ки «ба таври истисноӣ» иҷзоат додед.Чаро ба таври истисноӣ пеш аз онки авзоъ чунин бад шавад иҷозат надодед
Мардум азият мекашад, аммо шумо ба хотири тарсонидани мардум иғво гуфта масъаларо мекашед ба самти сиёсат ва аз исми Пешво ба ҳайси латтаи сурх, ки ба буққа нишон медиҳанд, сӯиисстифода мекунед.
Онҳо,ки ба харҷи ҳазорҳо сомонӣ истироҳат намераванд,сайёҳу турист нестанд, онҳо кор меравад, ба ҷойи кор меравад .Худо пешониашонро чунин шӯр кардааст. Бештарашон ҳатто ҷойи кори муайян ҳам надоранд. Бо ҳазоруяк фикру хиёл, мушаввашу хотирошуфта ,дилашро гургон тала мекунад, таваккул карда мераванд. Оне, ки ҳамин ҳоло як моҳ нашуда, ки тӯи арӯсӣ дошт,бо дили кашол меравад. Вай кор не ,вай ҷабҳа меравд. Инки тоссару миллигароҳо мекушанд, инки онҷо чи гуна таҳқир мешаванд,ба шумоҳо бегона аст. Шумо миллатро ба мол, ба гуспанд, ба гови ҷуфтӣ табдил кардаед, шумо миллатро ба трактор, ба экскаватор, ба самосвал табдилкардед.
Ҳоло мехоҳед, ки онҳо сокит бошанд, то шумо бо «Северний ветер» «тасфия ҳисоб» кунед, “доля”-атонро ситонед. Ба хотири онки шумо ҳазорҳо доллар даромади худро нагирифтаед,бояд ин мардум ранҷ бинад?
“Як нафар аз Ховалинг аст, як нафар аз Масчо аст. Вай дар ин панҷ-даҳ рӯз либосаш ғажд шуд, дар куҷо бишӯяд? Шояд як ҷуфт либос дошт ва аслан дар хиёл надошт, ки дар Душанбе банд мемонад. Вай чи қадар азоби ҷисмониву руҳонӣ дорад?”
Шумо ҷои онки узр пурсед, обу нон диҳед, ҷойи хоб диҳед, дилдорӣ диҳед онҳоро ба иғво муттаҳам мекунед.
Ва,ин ҳам аз ҳарфҳои подарҳаво ва ноҷову бемавриди Икром Субҳонзода аст:
“Гӯш кунед, шумо аз Пешвои муаззами миллат розигӣ гиред, шумо бояд розӣ бошед. Розӣ ҳастед?”
“Мо бояд фаромӯш накунем, ки давлати мо тинҷ аст, мустақил аст, 30-солагии истиқлолият дорем, ҳамаи мо аз ҳукумати кишвар розӣ ҳастем ва Ҷаноби олӣ розӣ ҳастем? Барои ҷаноби Олӣ ҳама ба пеш!”
Ва,яке аз ин мусофирони ҷонбалабрасида дар ҷавоб мегӯяд:
“Албатта мо розӣ. Ҳамин халқро равон кунед, се рӯз боз мо мусофирон азоб кашида шиштем, болои бетонба хобем. Мо аз Ҷаноби олӣ розӣ, як кор кунед, ки мардум азоб накашад. Халқи бечора дар азоб. Ваъдаҳои дурӯғ надиҳед”.
Воқеан ҳам ҳайфи шумо,ҳайф бар шумо!!!!
«Барои ҷаноби Олӣ ҳама ба пеш!”
Ба пеш? Ба куҷо? Ба бардагӣ,ба ғуломӣ?
Боз ҳам ҳайфи Шумо!!!