Дар гузашта корманди ШВКД дар шаҳри Исфара будам. Ончи дар барномаҳои “Ислоҳ.нет” нисбати кормандони мо:- старшина Каримов Фирдавс, Ҷуразода Юсуф, Муминов Назир ва полковник Абдуллозода Исо ва собиқ сардори ШВКД дар ноҳияи Масчоҳ Ҷалилзода Эмин, ки ҳоло дар РВКД дар Суғд кор мекунад, садо дода буд, сад% дуруст аст. Ончи нашр намудед воқеан муҳаббати шумо дар дили сокинони зарардида аз ин нобакорон бештар шудаст. Чун ҳеҷ касе нест шикояти ин мардумро шунавад.
Баъди яке аз ин матлабҳо Каримов. Ф аз БДА рафта буд. Боварӣ доштам, ки ин шахс дигар дар ин сохтор кор намекунад. Афсӯс, ки баъди муддате боз пайдо шуда дар ШВКД Исфара -2 дар Чоркуҳ ҳамчун прапоршик дар вазифаи ППС кор мекунад. Аҷоибаш инки бо ин рафторҳои зишташ ба ин шахс дар даври роҳбари раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода 0,06 га замини назди ҳавлигӣ дар ҷамоати Чоркуҳ ҷудо намуданд ва “бо ташаббуси” соҳибкорон аз санги аввалин то мехи охиринаш барои ӯ манзили зхист сохта доданд.
Ҳозир бошад ӯ дар ин хона зиндагӣ ва дар ШВКД Исфара-2 кору фаъолият карда истодааст. Арзиши хонааш зиёда аз 40.000 ҳазор доллар мебошад. Ҳамин тавр баъди як мақолаи шумо дар бораи коркунони ГАИи Конибодом Муминов Назир, яке аз онҳо аз кор рафта буд. Ва баъдтар ҳамшаҳрии худаш Ҷалилзода Эмин ба Масчоҳ оварда ва ба кор қабул карда буд. Ӯро барои порахӯриаш мардуми Масчоҳ латту кӯб карда буданд. Вай харҷаш дар Масчоҳро напӯшонида боз ба маблағи 25000 доллар дар БДА-иИсфара шӯъбаи дуюмро, ки ҷои даромадноктарин мебошад, харида онҷо рафт. Ин вазифаро бо воситаи коркуни шуъбаи дуюми БДА вилояти Суғд бо ном Амирбек харидааст. Абдуллозода Исо, сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноиро ҳам, ки қиссаҳояшро бо раиси ҷамоати шаҳрак Мирзохуҷаева Мубаширхон ифшо карда будед аз кор гирифтанд. Аммо боз чизе шуду баъди чанд муддат ба мақоми пешинааш корро идома дод. Аммо ҳоло дигар бо Мубашширхон нест. Чунки раиси ҷамоати шаҳрак Мирзохӯҷаева Мубаширхон аз тарафи прокуратураи шаҳри Исфара бо пораи махсусан калон дастгир шуд. Айни ҳол тафтишот идома дорад. Аммо Абдуллозода Исо ӯро девона “документ” кардааст ва феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ шудааст. Во аҷабо!? То дирӯз сиҳату саломат ва раиси ҷамоат ва маъшуқаи полковник ва заминфурӯши номӣ ва дар порагирӣ солим. Аммо баъд аз пора гирифтану дастгир шудан девона мешудааст.
Абдуллозода Исо Мирзохӯҷаева Мубаширахонро ваъда додааст, ки ман боло рафта гапзанон карда вазифаи баландтарро харида омада туро аз ин парвандаи ҷиноӣ халос карда боз дар кори пешинаат барқарор мекунам. Чи хеле ки худам аз нав дар ҷоям барқарор карда шудам.Тағоям ба қувват аст. Апаам Озода Раҳмон мебошад ва ин мақолаҳои Ислоҳ НЕТ ба ман таъсир намерасонад. Хабарҳо мерасанд, ки сардори милисаи Исфара ба нафақа мебарояд ва Ҷлилзода Эмин дар ҷойи ӯ меомадааст. Барои ҳамин ҳоло ӯро дар РВКДи Суғд муовин таъин кардаанд.
Ps: Ин буд набз ва бозтоби кӯтоҳе пас аз нашри матолиби “Ислоҳ.нет” ва “Ислоҳ.Тв” дар шимоли кишвар, ки аз тарафи хабарнигорони мардумии Ислоҳ фиристода шудаанд. Албатта ин маълумот пас аз санҷиш ва таҳқиқ бароямон ирсол гардидаанд. Аз ин пас тасмим гирифтем натоиҷи ҳар мақола ва наворҳоямонро бозтоб диҳем ва бидонем,ки дар соҳаҳои фасодзада ва ҷиноятпешаю коррупсионие,ки нашр намудем Ислоҳоте сурат гирифта аст ва ё мақомотро парвое нест.
Инро бароятон номуҳтарам коррупсионерҳо мегӯем,ки шумо пули мардумро ғорат доред ва ин мардум ба мо ҳама ҷиноятҳои шуморо менависанд. Ба писари Мубаширахон гуфтаниям,ки хуб модаратонро назорат баред. Пас аз ба пораи калон дастгиршуданаш девонааш набароред. Шахси девона пора намегираду пора намедиҳад. Корҳое модаратон анҷом дода буд девона аз он корҳо бо девонагияш метарсад. Аммо шумо бо мо даъво карда будед,ки ин ҳама дар ҳаққи модаратон дурӯғ аст. Марҳамат ин ҳам таҳқиқот ва натоиҷаш бемории сохтаи равонии модаратон. Мо ҳаргиз касеро туҳмат накардаем ва чунин ҷинояте ҳам анҷом намедиҳем. Дар мавриди Ҷалилзода Эмин ҳаминро гуфтанием,ки Рамазон Раҳимзода пас аз нашри матлаби Мастчоҳ ва дайн кардани ҳама ҷиноятҳои ин ҷинояткор чаро боз дар сафи кормандони вазорати дохила чунин ашхосро роҳ дода аст? Магар ончи гуфтем, ки он ҳама бо далел возеҳ ва равшан буданд. Боз ҳам ҳамон сабили пул чашматонро кур ва гушатонро кар карду ба ӯ вазифа дар Вилоят додед? Ба дигар қаҳрамонҳои манфии Ислоҳ огоҳӣ медиҳам, ки аз зулму фишори мардум даст бардоред. Рӯзе мерасад посухатон дар назди маҳкамаи одилонаи ин миллат хело сангин тамом мешавад. Дигар ягон девонахона шуморо ҳуҷҷат намедиҳад, ки шумо девонаед, шаҳрвандии Русия ва хонаҳои Дубай ва Аврупо ,ҳисобҳо дар бонкҳои офшорӣ наҷотатон нахоҳанд дод, мо гуфтем ва шумо шунидед!