Молики “Иморатсоз”-ро барои як милн сомонӣ ба СИЗО бурда, 50 миллионашро гирифта озодаш карданд

Ислоҳ нет

Бобоназаров Бахтиёр Абдураҳимович аз узбекони водии Ҳисор аст.

Бобоназаров Бахтиёр сохтмончӣ аст. Хеле аз биноҳои корхонаҳои давлатиро сохтааст. Ширкати сохтмонии ӯ ҶДММ “ИМОРАТСОЗ” ном дорад. Ин шахс ба   кормандони боломақоми Тоҷикистон пора медод ва хонаҳои муҳташам сохта туҳфа мекард. Барои мисол:

1.Ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зиёда аз даҳ хона додааст

2.Ба собиқ муовини Прокурори генералӣ, Муҳаммадиев Абдуқодир як ҷипи прадои сафед туҳфа кардааст.

 3.Ба Сумангул Тағоева, собиқ вазири меҳнат барои ҳар як тендер 10% аз маблағи умумӣ медод. Сумангул мусоидат мекард, ки тендерҳои вазоратро корхонаи Бобоназаров пирӯз шавад.

Доми дар назди дарвозаи Ҳисор барои кормандони Прокуратураро ҳамин Бобоназаров сохтаст.

http://gst.tj/tj/navidho/item/suporidani-khonai-isti-omat-baroi-kormandoni-ma-omoti-prokuraturai-um-urii-to-ikiston.html

Бобоназаров ба ин кормандони болоии ҳукумат ба воситаи   тағояш Икром, собиқ муфаттиши корҳои махсуси прокуратура шинос шудааст. Ҳамроҳи Бобоназаров додараш Шуҳрат Бобоназаров ва хоҳараш Наргис Бобоназарова кор мекунанд. (дар мавриди ин ашхос ва аъмоли ҷиноии афроди номбурда маълумотҳои коррупсионӣ расидааст ва рӯяшон кор дорем.Ислоҳ)

Бобоназаров. Бахтиёр дар корхонаи «ИМОРАТСОЗ» ба ҳайси як устои одӣ қайд шудааст аммо соҳибмулк худаш аст. Бобоназаров ягон мақомотро писанд намекард. Чунки ба Прокурори генералӣ наздик буд. Ҳатто андозҳоро пурра намесупорид ва кормандони андозро ҳам писанд намекард. Ахиран сардори Агентии коррупсия Султонзода Сулаймон ва муовинаш Музаффар Бобоназаровро барои чи коре 50$ ҳазор биёр мегӯянд. Яъне «грузит» мекунанд. Аммо Бобоназаров Бахтиёр не, надорам, мегӯяд. Сипас Агентӣ аризаҳои Кумитаи андозро ба назар гирифта делои ҷиноятӣ оғоз карда дар ҳол Бобоназаровро ба Юсуф Раҳмон ганда карда гуфтааст, ки «ин узбак аз пушти ту мепарад. Бубин, ки андози давлатро намесупоридааст. Ариза шуд аз тарафи Кумитаи андоз, ман дело оғоз мекунам».

Юсуф Раҳмон дарҳол худашро бетараф гирифта мегӯяд ҷинояташ бошад, оғоз кун, маҳкамаш кун. Ҳамин тавр Бобоназаровро ҳамроҳи директори корхонаи ҶДММ «ИМОРАТСОЗ» Атабоев Туйчӣ ва сармуҳосибаш Ҷаббор  моҳи июни соли 2020 барои саркашӣ аз андоз ба маблағи 1милиону 150ҳазор сомонӣ ҳабс карданд. Бародар Худо шоҳид аст ин директор Атабоев Туйчӣ ва сармуҳосиб номаш Ҷаббор гуноҳе надоранд. Муйсафедони аз синни нафақа гузаштагианд. Атабоев бемор аст ва аз ягон корҳои қаллобии Бобоназаров хабар надоранд. Ин ду мусафедро Бобоназаров бо роҳи фиреб ба ин вазифаҳо номнавис карда буд. Аммо тамоми даромаду хароҷоти корхона дар дасти Бобоназаров Бахтиёр ва додараш Шуҳрат ва хоҳараш Наргис мебошад. Муфаттиши парванда Бахтиёр ном шахс аст. Ин нафар муфатиши Агентӣ аст. Вай ба маблағи 45ҳазор$ пора барои ба делои ҷиноятӣ ҳамроҳ накардани додару хоҳари Бобоназаров. Б ва гуноҳони Наргису Шуҳратро ба гардани ин ду мусафеди камбағал бор кардан гирифт.

Дар ҳол додари Бобоназаров Бахтиёр,ки номаш  Шуҳрат Бобоназаров аст ба назди «кришаҳояш»-он  меравад. Аммо кришаҳо масалан Юсуф Раҳмон  не мегуяд. Инро дида дигарҳо ҳам ба рӯяшон дарҳоро мебанданд. Раиси Агентӣ ба Амиршо Миралиев  хабар медиҳад, ки агар пул даркорат бошад марҳамат. Амиршо Миралиев  дарҳол одам мефиристад ба сари Шуҳрати додари Бахтиёр Бобоназаров. Шуҳрат бо Миралиев вомехурад.  Миралиев мегуяд 250ҳазор доллар биёр аката озод мекунам. Хулоса  чанд хона, ва мошини Лексус 570 ва Ландкрузер 200ро ба залог монда 250.000 долларо тайёр карда пас аз тақрибан ду моҳи ҳабси Бобоназаров ба Амиршо Миралиев бурда дар хонааш медиҳад. Амиршо Султонзода Сулаймон, сардори Агентиро мегуяд «коре карда узбакро яъне Бобоназаровро шинон ва боқимонда амволашро худат гир». Сардори Агентӣ мегуяд «устод амволашам башумо аз мо туҳфа мешавад». Бобоназаров типография, карер дар Ҳисор ва якчанд моликияти дигарро бо роҳи ҳамин «кришаҳо»-яш ба воситаи пора гирифтагӣ ҳаст. Яъне бо нархи тамоман ночиз. Айни замон Бобоназаров то чанд рӯз пеш дар СИЗО буд делааш дар суди н. Шоҳмансур дар дасти муовини раиси суди ин ноҳия қарор дошт.

Тақдири Бобоназаров мисли бақия тоҷироне онҳоро ҳама моликияташонро гирифтанду бархеро озод ва бархеро зиндонӣ ва бархе дигарро куштанд. То чанд рӯз пеш  судя дар ин моҷаро намедонист чикор кунад. Ба раиси суди н. Шоҳмансур 50.000 доллар пешниҳод кардагианд то гуноҳоро дар гардани ин ду мусафед занад. Ҳозир Бахтиёр Бобоназаров розӣ ҳаст, ки барои озод шудан қарзи андозро супорад. Акнун дидед шаҳрвандони гиромӣ инҳо то кадом дараҷа номарданд.  Тоҷирон аз ҳамкори бо ин оила ва мақомдорони ин режим сарфи назар кунед.

Бобоназаров Бахтиёр мегуфтааст, ки фақат тоҷикҳои тозаро таҷовуз кардааст. Вай лоф мезадааст, ки  ҳамроҳи Юсуф Раҳмон ва дигар мансабдорон занҳои водии Раштро бештар таҷовуз кардааст. Бобоназаров Бахтиёр,ки дар ноҳияҳо объектҳои давлатӣ месохт ва ё таъмир мекард дар онҷоҳо  духтарони ноболиғ меёфт ва ҳамроҳи Юсуф Раҳмон ва муовини собиқи Прокурори генералӣ Муҳаммадиев Абдуқодир истироҳат мекарданд.Тамоми сарфу харҷи  ин ҳама айшу нушро Бобоназаров Бахтиёр  мекард, барои онки ӯро прокурорҳои асосӣ кришават кунанд. Ба Муҳаммадиев Абдуқодир ба ҷуз аз ҷипи прадо боз ду хонаи 120 квадрата бо евроремонт дар маркази шаҳр додагиаст.

Амиршо Миралиев, яке аз одамони наздиктарини Эмомалӣ Раҳмонов ва аз Данғара аст. Дар Данғара онҳо ҳамсояҳои девор дармиёнанд. Солҳо ӯ мушовири кадрҳои Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Вилояти Хатлон ва раиси дастгоҳи Президент ҳам кор кардааст. Сулаймон Султонзодаро ӯ ба ин мақомҳо расонидагӣ аст. Сулаймон Султонзодаи сардори Агентии мубориза бо коррупсия ҳам аз Данғара аст ва инро ҳама медонад. Амиршо Миралиев ҳамчунин ҳангоме раиси вилояти Хатлон буд ва дар онҷо ба ӯ лақаби “Адолф Гитлер”ро дода буданд. Аммо дар Данғара ба тахаллуси “Қунғузи сиёҳ” маърӯф буд. Бояд иныо зикр намоем,ки Амршо Миралиев тоыик нест ва аз узбекони Дан-ара аст ва Тоыикро хело бад мебинад ва нафрати хело шадид щам дорад.

“Амиршо Миралиев таҳдид кардааст, ки ҳар касе Бахтиёр Бобоназаровро озод кунад, худаш зиндон мешавад. Аммо ин коррупсионерҳо ҳаргиз дар гапашон намеистанд ва бо дидани пул ақидаашон иваз мешавад. Сулаймон Султонзода аз Шуҳрати бародари Бахтиёр 130 ҳазор доллар гирифта будааст,ки корро ҳал мекунам вале ба устод нагӯед,ки ман пул гирифтаам. Устод яъне Амиршо Миралиев.”

Аммо ҳангоме ин матлабро омода менамудем ба “Ислоҳ” аз шербачаҳои Коррупсия хабар расид, ки Бобоназаров Бахтиёрро суди ноҳияи Шоҳмансур озод намудааст. Ҳангоме пурсидем инҷо чӣ гап шуд, ки Бобоназаров Бахтиёрро озод намуданд? Аз манбаъ, иллати озодии Бахтёр Бобоназаровро ҷӯё шудем? Дар посух гуфтанд: Амиршо Миралиев ҳама моликияти манқул ва ғайри манқулашро гирифта ба номи афроди худаш сабт намуда ва озодаш намудаанд. Боз ба ӯ шарт гузошта будаанд, ки ба касе чизе нагӯяд. Дар ҳолати ифшои ин сир дубора зиндонат мекунем.

Ps: Ин коррупсионерҳо ҳамин қадар фикр намекарда бошанд,ки “Ислоҳ” ҳама қадамҳои  моро назорат дорад. Нагӯед, ки чихел назорат мекунад. Наздиктарин афроде бо шумо ҳастанд дар оддитарин норозигӣ аз шумо ҳатман бо “Ислоҳ” дар тамос мешаванду маълумотро мерасонанд. Ҳоло занҳое шумо ранҷондаед, кормандоне ранҷондаед, онҳое моликиятҳояшонро гирифтаед бе чуну чаро ҳамкорӣ доранд. Ҳеҷ мақомдорои режими Раҳмонов вуҷуд надорад,ки ҳамсаронашонро озор надода бошанд. Акнун худатон хулосаи ифшои асроратонро фаҳмидед, ҷанобон коррупсионерҳо?  Ҳоло дар мавриди ҷавонони бо нангу номуси ватан,ки бо ин ҷиноятҳои шумо нафрат доранд чизе намегуем. Шумо ҳеҷ ҷонибдоре аз ин миллат ва мардум надоред.

“Дар рестери “Андозсупорандагон”и бад ,ки 1666 ширкат сабт шудааст номи ҶДММ“Иморатсоз” ҳам вуҷуд дорад. Албатта мо ин равандро наззорат мекунем,ки чӣ ҳолате ва тағйироте сурат мегирад. Оё Амиршо Миралиев ин андозро месупорад ва ё Сулаймон Султонзода ва ё Юсуф Раҳмон? Ё боз ҳам Бахтиёр худаш инро месупорад. Албатта инро вақт нишон медиҳад.”

https://andoz.tj/docs/bezovtstvennie/bezovtstvennie.pdf

Дар мавриди Атабоев Туйчӣ ва Ҷаббор директор ва сармуҳосиби ин ширкат маълумоте дар даст надорем. Агар маълумоте дошта бошед бароямон фиристед,то онро расонаӣ кунем.

Share This Article