Пешводузд “сулҳ”-ро барои оилааш дуздид

Ислоҳ нет

Ҳамин чанд соли пеш буд, ки мегуфт арзиши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баробар бо санади Эъломияи истиқлоли давлатӣ боаҳамият аст  ва барои тоҷикон муқаддас ба ҳисоб меравад.

Соли 1998 баъди як соли  имзои Созишномаи сулҳ бо як фармони алоҳида рӯзи 27-июнро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва гуфт, ки ин ҷашн дар шумори ҷашнҳои  расмии давлат аз ин ба баъд таҷлил хоҳад шуд.

Соли 1999 ба худ унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро тақдим кард ва шарҳ дод, ки вай барои ба ҳам овардани мардум, бозгардонидани гурезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳ сазовори ин унвони олии мамлакат аст.

Ёдатон бошад дар яке аз суханрониҳояш, ҳанӯз, ки Созишномаи сулҳ ба имзо нарасида ва размандаҳои Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон шарқи кишвар, Вилояти Бадахшон ва навоҳии дар атрофи Душанберо таҳти контрол мегирифтанд ва ҳеҷ мантақаи кишвар на шимолу на ҷануб ва на марказ ҳузури Раҳмонов ва «бачаҳако»-и вайро намехост ба ҳарчи овозе, ки дошт фарёди ҷонкоҳ кашид: «Ман омодаам,ки бо раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҳар куҷои олам вохӯриву мулоқот кунам». Чун чуноне гуфтем, илоҷаш намонда буд, зӯраш оварда буданд, ба заволаш шояд рӯзҳо ва ё ҳафтаҳои ба ҳисоб монда буд.

Бо гиряву зорӣ ба побӯси устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Хусдеҳи Афғонистон ҳам омад.

Аммо, баъди боз чанд соли дигар бо як пуррӯӣ ва бешармии тамом гуфт, ки вай бо Ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон зери ягон санаде имзо нагузоштааст.

Ҳоло бубинед,ки барои имсол ҳеҷ гуна нишасту барномаи бахшида ба Рӯзи Ваҳдатро доир намекунад ва танҳо бо суханронии телевизионӣ иктифо мекунад.Чунки вақте маҷлису маҳфил дуруст мекунад,инро мехоҳад ё не,дар зеҳни аҳли нишаст ва умуман мардуми Тоҷикистон ин савол ба чархиш медарояд,ки он тарафи сулҳ куҷост? Саволе,ки посухаш ба ҷигари Раҳмонов мисли найза ва шамшер мехалад.Зеро вай бо тамоми тавон талош дорад,ки мардум он тарафи сулҳ-ҲНИТро дигар ба ёд наоварад.Барои ҳамин бо ҳар роҳу васила мехоҳад,ки дигар ҷашни Рӯзи Ваҳдат тамоман баргузор нашавад,мехоҳад таги доманаш пиҳон созад.Албатта,ҳоло баҳонаи баргузор накардани ҷашни Рӯзи Ваҳдат ба коронавирус рабт дода мешавад.Вале агар аз коронавирус эҳтиёт карданӣ бошад,чаро ин маршировкаи сабилмондаи 30-солагии истиқлолиятро бо ҷалби иҷбории ҳазорҳо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ,ки дар ин рӯзҳои тафсони тобистона ҳамарӯза дар варзишгоҳи марказии Душанбе доир карда истодааст,қатъ намекунад?

“Раҳмонов дар даруни худ ва барои худ кайҳо  сулҳро ботил эълон кардаву мункир шудааст. Вале ҷолиб инҷо аст ки ба худ унвони «Асосгузори сулҳ»-дод. Савол ҳам ин аст ки Раҳмонов бо кӣ сулҳ кард?  Агар он тарафи сулҳ террористу хоини давлат буд, чи тавр бо онҳо Созишномаи умумии сулҳ ба имзо расонидааст? Магар бо террористу хоини давлату миллат санад имзо куниву вале худатро «Асосгузори сулҳ» унвон диҳӣ?  Мантиқ куҷо аст?”

Мантиқ ин аст  ки ё онҳоро ҳам Асосгузори сулҳ бояд биҳисобӣ ва ё инки ту ҳам ҳамроҳи онҳо хоин ҳастӣ. Чунки зери санади сулҳ фақат имзои устод Нурӣ нест, имзои ту ҳам ҳаст.

Инҷо лозим ва мавриди гуфтан аст,  ки як санаде дигар дар 27-июн дар ҷараёни имзои Созишномаи умумии сулҳ бо номи Санади ҳамдигарбахшӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расида буд ва дар он таъкид мешуд, ки онҳое, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои он барои бадном ва сиёҳ кардани тарафи дигар ёдоварӣ мекунанд, яъне аз гузашта, чун сулҳ кори оянда аст,барояшон лаънати худо ва нафрини мардум бод.

Аз ин ҷиҳат Раҳмонов нафриншуда ва лаънаткардаи китобӣ аст. Зеро худаш зери ин Санад имзо гузоштааст. Вай худро барои он «Асосгузор» эълон кардааст, ки ҳамин тарафи масъала, лаъин ва манфур шудани худро табраа кунад, ҳадди ақал дар азҳони шуморе аз чоплусакону тардоманакону косалесаконаш. Вагарна халқи Тоҷикистон донисту фаҳмид, ки ончи ки Раҳмонов худро Пешво хондаву Асосгузор ном мегӯяд, як фиреби бузурге, як айёрие беназире беш нест.

Вақте мардум мебинад, ки Раҳмонов сулҳу оштӣ мегӯяд,вале Рустами бачаашро мансаби баланди давлатӣ медиҳад ва оҳиставу оҳиста ба ҷойи худаш тайёр карда истодааст, вақте мардум мебинад, ки Озодаи духтарашро ба кори давлатӣ оварда барояш салоҳияту ваколатҳои беҳудуд медиҳад, вақте мардум мебинад, ки тамоми дору мадори Тоҷикистонро бо домодҳову духтарҳову ҷиянҳояш, бо қудаву телеху бачаи телехҳояш бо қудаи қудаҳояш хӯрдаву бурдаву захира кардаву дуздиву ғорат карда истодааст, ӯро ба ҷуз аз як дурӯғгӯ ва ба ҷуз аз як дузд каси дигаре намешуморад. Дурӯғгӯ ва дузде, ки дар даст автомати Калашников дорад. Дузди автоматчик. Агар вай дузди бидуни автомат буд, масалан, мисли Қаҳҳор Маҳкамов ва ё Раҳмон Набиев, кайҳо бо худу авлоди яъҷуҷу маъҷуҷаш овора ва фирорӣ ва ё зиндонӣ ва ё дар хоби абад буд. Қисмате, ки ҳатмани ҳатман бо он дер ё зуд рӯбарӯ мешавад.

Аммо ҳоло ва феълан ҳамин «автоматчикиаш» -аст  ки мардум ба ин ҳама чирту пирти «Пешвои миллат», «Асосгузори сулҳу ваҳдат», «Ҷаноби олӣ»-хониҳо тоқат карда истодааст. Як раиси совхозе, ки бо як азоб ва ба таври ғоибона ва пирбузбала (30 сола) шуда диплом гирифтаастро чаро миллати тоҷик барои худ «Пешво» бихонад? Як раҳ андеша кардед, ки ин пири фосиқ, ки 70 сола шуд ва 30 солашро дар қудрат гузаронд, чаро намеравад ва рафтанӣ нест? Ҳамаро кушту бадарғаву зиндонӣ кард, аммо худашро ҳоло ҳам ҷин назадааст, бало намезанад? Чунки ҳамон «автомат»-и дасташ, ҳамон бо хун омаданҳояш пеши роҳи мардумро гирифтааст. Ва, худи вай ҳам инро хуб медонад, ки барои сулҳ не, барои пешво не, барои автомати дасташ таҳаммулаш кардаанд.

“Аз ин ҷиҳат ӯ ҳар аз гоҳе гоҳ дар зиндон, гоҳ дар берун ва гоҳе дигар дар марзу сарҳадот  оташи ҷангу куштор аланга мезанад. То аз хотирҳо наравад, ки дар сари давлат як автоматчик шиштааст. Ин «автоматчик» ҳеҷ гоҳ асосгузори сулҳ набуд ва нест.”

Агар вай асосгузори сулҳ буд ва мақсад дошт, ки тинҷиву оромӣ барқарор бишавад мегуфт хуб, ташаккур, бас аст. Биравам дам бигирам. Аммо барои бачаи батни зани Рустам нақша кашида истодааст, барои бачаи батни Заринаву Фарзонаву Сомонҷон, барои бачаи батни набераҳояш, ки барояшон куҷоҳоро бидиҳам, то бхрану бчарану бгардан.

Бардурӯғ ва бо ҳазоруяк бӯҳтон нерӯҳои милливу меҳанӣ-мухолифинро ба чашми мардум мехоҳад  сиёҳ кунад ва бадном созад ва пайваста такрор мекунад, ки «хоҷаи хориҷӣ» доранд ва ба умеди хоҷаи хориҷӣ нашаванд.

Ҳоло пурсише, ки ҳамаро дар ташвиш овардааст ин аст ки кору рафтори ӯ аз кадом «хоҷа» кам аст? Фақат инки «хоҷаи дохилӣ»  аст. Раҳмонов мехоҳад мардум мисли ғулом думби ӯ ва хоҷачаҳову  хоҷабибиҳо: Рустами Эмомалӣ, Ҳасан Асадуллозода, Озодаи Раҳмон ва дигар фарзандону бачаҳои ӯ «хоҷа»шудаи ӯ бираванд.

Эмомалӣ Раҳмонов агар 100.ҳазор бор ба худ титули Асосгузори сулҳро бидиҳад ҳам мардуми тоҷик медонад, ки маҳз ӯ буд, ки иҷозат дод самолётҳои қиркунандаи Узбекистон болои Ғарм бомбаҳои то 500 килоӣ партофтанд.

Мардум ба Афғонистон аз ҷаври Раҳмонов ва сарбозҳои вай фирор карда буданд.

Ҳангми фирор аз хонаву кошонаи худ шаҳрвандони назди сарҳадии кишвар мисли Қубодиён, Шаҳритуз, Панҷ, Қумсангир модар худро ба дарё андохт,ки тифлаш ба соҳили давлати Афғонистон расад. Ё бар акс модаре фарзандонашро дӯст медорад фарзандашро ба дарё андохта ,ки қайқе дар он нишастаанд сабук шавад ва дигар фарзандонаш ҳадди ақал ба соҳил расанд. Гулдухтарони таҷовузшудаи ин манотиқ,ки аз дасти ин қотилон таҷовуз шуда ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд. Баъзе аз онҳо то ба имрӯз зинда ва бахтбаргаштаю нолонанд,ки умрашон ба 50 ва бештар аз он расидааст. Раҳмонов фикр мекунад барои инҳо ҳам ӯ “пешво” ва “асосгузори сулҳу ваҳдат”у “қаҳрамон” аст? Раҳмонов як бор фикр кун магар дурӯғ аст ин гуфтаҳо? Поят бар лаби гур аст ва пеш аз сафар ба ҷаҳанам дар назди ин мардуме куштӣ, зиндони карди, таҷовуз карди, туҳмат карди, муҳоҷиру овора ва дарбадар кардаи ту ҳоло ҳам “пешво” ва он ҳама титулу медали тоҷи заррине бар худат инъом кардаи лоиқ ва сазоваор ҳасти? Раҳмонов эътироф кун пеш аз сафар ба Сақар ва ё Ҳовия ва инъоми таъоми Заққуме бароят омода намудаанд. Пеш аз он байрақи бузурги ғадре бар думбаат мезананду назди ҳама халоиқ расвою шармандаи.

Ниҳоятан агар бо барномаи Раҳмонов тоҷик зиндагӣ бикунад, хулосааш ин аст, ки Тоҷикистон Арабистони Саудӣ мешавад. Салтанат ва султа.

Соли 2015 Раҳмонов барои он ҲНИТро басту террористӣ эълон кард, ки ҳамчунин мақсад дорад ва танҳо ҲНИТ буд, ки метавонист халал бирасонад. Дигар ҳамаи гапҳо дурӯғи маҳзанд. Не кудетои Ҳоҷӣ Ҳалиму не шарикии ҲНИТу не пули Эрон. Ҳамаи ин гапҳо туҳмат буданд.

Эмомалӣ Раҳмонов сулҳу ваҳдати миллатро ба сулҳу ваҳдати даруни хонааш иваз кард. Вай сулҳу ваҳдати хонаводагиашро болотар, заруртар ва асоситар донист. Ҳукуматро ба дасти оилааш супорида нафси онҳоро ором карда истодааст, аммо мардуми аз гурезагиҳо баргашта ҳоло бобову падару писару набера гурезаи иқтисодианд. Халқи тоҷик дар ватан осоиш надорад, танҳо хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов осуда ва таъмин аст. Эмомалӣ Раҳмонов асосгузори сулҳ нест, вай дузди сулҳ аст. Вай Асосгузори диктатураи оилавӣ аст.Тамоми ормиву суботу пешрафту инкишофи миллат ва давлатро қурбони рушду ривоҷи оилааш кардааст.

Дар ҳамон солҳое, ки дар Комиссиюни оштии миллӣ масоил мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирифт яке аз наздикони Раҳмонов гуфта буд, ки ба моддаи «президент» дар Қонуни Асосӣ нарасед. Солҳо баъд ин нафар мегӯяд: «шуморо гуфта будам, ки нарасед, ҷинро аз бутилка берун карда будед ва ин ҷин шуморо бори дуввум муҳоҷир кард».

Ин саволҳо дар воқеъ дурустанд, ки вақте ваҳдати миллӣ ном гузоштаед ҳатман ин ваҳдат бо тарафе ё гурӯҳе сурат гирифта аст? Ва он гурӯҳ ку?

-Чаро имрӯз дар ин ҷашни “Ваҳдати Миллӣ” тарафи дигари сулҳ бо шумо ин идро ҷашн намегиранду дар як маҳфил бо шумо қарор надоранд?

-Магар онҳо аз сайёраи дигаре буданду бо онҳо сулҳ кардед ва дубора ба он сайёраи дар ин олам вуҷуд надоштаи худ баргаштанд?

-Чаро унвони “Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ”-ки маҳз аз ин санаи 27-уми июн гирифта шудааст, баъди соли 2015 пайдо гашт?

– Чаро ҳангоме марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зинда буданд ва он солҳое ҲНИТ дар кишвар буд ин унвонро ба худат ихтисос надодӣ?

-Чаро аз ду сулҳкунанда як нафар асосгузор шуд ва тарафи дигар “хоин” “хоҷаи хориҷӣ дор” “кудатогар” ва ахиран он давлате иттиҳом ба ин кудато ва шикананда ва халалдор кунандаи сулҳи тоҷиконаш шуморидеду ҲНИТ ро террористӣ ва экстримистӣ эълон кардед. Филм ва даҳҳо конфронс ташкил намудед ҳоло боз рафтед ба побусияшон? Эътироф кунед инҷо кудатои низомие набуд ва танҳо мехостем Раҳмонов дар соли 2020 дар қудрат боқӣ бимонад. Магар чунин нест?

Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳам, ки дер ё зуд, ҳамчуноне падарону бародарони мо аз Афғонистон бо сари баланд баргаштанд, мо аз Аврупо ба ватан бармегардем. Мутмаин бошед, ки Ин шо Аллоҳ бархоҳем гашт. Ва ҳарчиқадар ҳам пинҳон карданиед, ҳар қадар ҳам худро бо миллат мешуморед аммо шумо ба ҷони мардум задаед. Шумо сулҳро ботил кардед, шумо сулҳро дуздидед.

Ҳоло, ки мисли мокиёни посухта ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии исломии Покистону Ҷумҳурии Исломии Эрон равуо дорӣ, яъне ба кишварҳои «хоҷаҳои хориҷӣ», инро ҳам дониста бош, ки то мо дар ватан набошем орому осуда нахоҳӣ буд. Ватан бо ҳузури мо осуда ва обод мешавад, чи Афғонистон бидавӣ, чи Покистон ва чӣ Эрон …..

Раҳмонов дониста бош, мо меоем ва он рӯзи бузург хело наздик аст…..

Фардо барои шахси мунтазири он хело наздик аст…

Share This Article