Маъракаи обунаи иҷборӣ ба нашрияҳои Тоҷикистон барои соли 2022 бо обунаи нашрияҳои ҲХДТ-ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов шурӯъ шудааст. Айни замон барои обуна дар тамоми навоҳии кишвар Ситоди махсус ташкил ва яке аз муовинони раиси шаҳру ноҳия ва вилоят барои назорати рафти он масъул шудааст.
Нақша, номгӯи нашрияҳо, маблағи обуна, замони иҷро, ҷаласаҳои корӣ барои иҷрои ҳарчи сареътари ин маърака, ташкили сабқат миёни ҷамоатҳои қаламрави ноҳия, ки кадоме зудтар иҷро мекунад, кори асосии ин муовин ва ин Ситод мебошад.
Ин Ситод дуруст мисли Ситоде аст, ки дар давраи даъватҳои баҳориву тирамоҳии сарбозгирӣ ташкил мешавад. Бо ин фарқ ,ки дар ин Ситод аз мардум иҷборан пул мегиранду дар он Ситод ҷавонҳоро ба хидмати маҷбурии аскарӣ мебаранд. Вале ҳарду Ситод ҳам болои мардум ҷавру зулм мекунад, то ки ҳамин як гурӯҳ Тоҷикистонро барои худ «биҳишти рӯи замин» сохта бошад.
Чуноне тазаккур додем, маъракаи обуна ба нашрияҳо-органҳои чопии ҲХДТ «Минбари халқ» ва нашрияҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии ин ҳизб оғоз шудааст. Нашрияҳои расмиву давлатӣ масалан «Ҷумҳурият» ва ё «Садои мардум» дар марҳалаи баъдӣ. Бояд, ки аввал нақшаи обунаи нашрияҳои ҳизби халқӣ-демократӣ ба иҷро бирасад. Ба он ҳадаф, ки нишон бидиҳанд ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов ва нашрияҳои он чи қадар ҷонибдор дорад ва мардум онро ҳатто аз нашрияҳои давлатӣ ҳам бештар мутолиа мекунад.
«Минбари халқ» барои соли 2021 бо теъдоди 101.324 (яксаду як ҳазору сесаду бисту чор ) нусха мунташир мешавад. Яъне беш аз 101 ҳазор обуначӣ дорад. Дастур чунин аст ки барои соли 2022 ин шумора боз ҳам зиёд карда шавад. Масалан агар ҷамоати Озодагони-и ноҳияи Панҷ дар соли 2021 40 адад «план» дошт, барои соли 2022 онро ба 55 адад боло бурдаанд. Ҳамин тариқ нашрияҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии ҲХДТ шумораи обуначиҳояшон барои соли 2022 то 20 ва 30% зиёд карда шудааст.
Ин обунаи маҷбурӣ ба як дарди сари бузурги мардум, ба хусус онҳое, ки аз ҳисоби бюҷет маош мегиранд ва нафароне, ки дар соҳоти хидматрасонӣ ва тиҷорат кору фаъолият мекунанд ,табдил шудааст. Муаллиму табиб, донишҷӯву устоди донишгоҳ ва як ҳамшираи шафқату парастор ,ки маоши ночиз доранд, маҷбуранд, ки аз нӯги маош ба газетаҳои Эмомалӣ Раҳмонов яъне ҳамон «Минбари халқ» -у «Ҷумҳурият»- у «Садои мардум» обуна бишаванд. Дар шумори ин гурӯҳ намозгузорони масоҷидро мешавад алоҳида зикр кард. Зеро ин мазлумин ночоранд, ки ҳар сол аз 2 то 5.000 ҳазор сомонӣ барои обуна пардохт намоянд. Ин ҳаҷми пул фақат барои масҷидҳои 5вақта аст. Масҷидҳои ҷомеъ боз ҳам бештар бояд пул пардохт кунанд. Барои мисол дар маъракаи обунаи соли 2021 масҷидҳо ба як маҷаллае бо номи «Дин ва ҷомеа»,ки аз они Кумитаи дин аст 230 сомонӣ ва барои «Ҷумҳурият» 200, «Минбари халқ» -105, «Садои мардум» 170, «СССР»-193 , «Тоҷикистон» 203 ва «Имрӯзnews» -587 пул додаанд.
Шояд барои бисёриҳо боиси ҳайрат бошад, ки ин се нашрияи «СССР» , «Тоҷикистон» ва «Имрӯзnews» ,ки хусусӣ ва ғайридавлатианд ,чаро дар қатори нашрияҳои давлатӣ ворид шудаанд ва ба онҳо низ мардумро иҷборан обуна мекунанд?
«СССР»-нашрияи Сайёфи Мирзроб аст. Маълум аст, ки Сайёфи Мизроб солҳост, ки дигар ба як мубаллиғ ва ба як узви «фермаи ҷавоб»-КДАМ мубаддал шуда ва на танҳо бо обунаи маҷбурӣ ӯро кӯмаку дастгирӣ мекунанд, ҳамчунин «якчӣ-нимчӣ» ҳам дода меистанд.
«Тоҷикистон»-нашрияи Шарифи Ҳамдампур аст ва Ҳамдампур ҳанӯз аз давраҳои пеш ҳукуматӣ буд ва агар фардо ҳукумат ба дасти нерӯҳои милливу мардумӣ гузарад, ӯ зуд боз ба тарафи онҳо мегузарад. Ин тоифа на мавқеъ доранд ва на ҳамияту шараф, пул бидеҳ, тамом.
Хуб, ки «Имрӯзnews» , маълум аст ки аз Ҳасан Асадуллозода-раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов аст. Нархи обунаи онро намегӯед? 587 сомонӣ. Маълум нест, ки чаро аҳли масҷиди барои мисол деҳаҳои Себистони Нуробод, Навободи Ғарм ва ё Худгифи эшонои Мастчоҳи куҳӣ ва ё Чоркуҳи Исфара ба он обуна бишаванд? Воқеияти имрӯза чунин аст, ки ин нашрияҳо ба ном хусусианд, вале дар асл онҳо мубаллиғону чоплусону хушомадгӯҳои Раҳмонов ва ҳукумати оилавии вай ҳастанд.
Айни замон вазорату кумитаву хадамоту оҷонсиҳову корхонаҳои воҳиди давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар вилоёту навоҳӣ ва сохторҳои онҳо, ба мисли шуъбаи маориф, маданият, молия, иқтисод, умури дохила, экология, идораи оташнишонӣ, комиссариати ҳарбӣ, амният, суд, прокуратура, водоканал, БДА , кумитаи замин, нотариус, САҲШ, шурои ветеранҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ва бахусус идораи ҷамоатҳо ғайра, ҳар кадоме «план» доранд, ки барои чанд нусха аз ин нашрияҳо, ва махсусан нашрияҳои ҲХДТ- аз «Минбари халқ» гирифта то нашрияҳои вилоятиву ноҳиявиаш вазифадоранд, ки обуна бишаванд. Афзун бар инҳо корхонаҳои давлатӣ назири «Талко»- корхонаи тавлиди алюминий солона барои се ҳазор нусха обуна мешавд.
Хлебзаводҳо, винозаводҳо, пивзавод, комбинати қолинҳои Хуҷанд, текстилкомбинати Душанбе, корхонаҳои пахтатозакунӣ, корхонаҳои рӯғанбарорӣ….хулоса ҳамаи корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ муваззафанд, ки обуна бишаванд ва боз ба суратҳисосби «Минбари халқ» пул гузаронанд. Ба баҳонаи дастгирии матбуот ва озодии баён.
Ошхонаҳо, ресторанҳо, фастфудҳо, самбусаву чебуреку пирожкипазҳову нонвойҳо, яхмосфурушҳо, сартарошу музадӯз, гӯштфурӯшҳо, ронандаҳои маршруткаҳо, мошинҳои боркаш, аптекаҳо, мағозаҳо, нафароне,ки дар бозор «точка» доранд, худи бозорҳо ва ё инки писараш дар сину соли аскарӣ аст ва ё нафаре, ки барои справка идораи ҷамоат омадааст ва ё барои ягон ҳуҷҷати дигар, масалан барои шаҳодатномаи таваллуд ва ё санади ақди никоҳ ва ё маълумотнома дар бораи аъзои оила бояд ба “Минбари халқ”обуна шавад.
Агар мабодо ягон нафаре аз ин тоифа ба «Минбари халқ» обуна нашуд пагоҳ ва ё пагоҳи дигар ва ё ҳафтаи баъдӣ ҳатмани ҳатман аз идораи бехатарии озуқаворӣ ё пожарний ва ё Тоҷикстандарт, санэпидемстансия, хуллас, як ниҳоди давлатӣ меояду як хатоӣ меёбаду ана баъд давутозу пулдиҳиро бубинед. Чуноне мебинем дар инҷо ҳам бо воситаи зӯрӣ ва тарсу ҳарос додани мардум «як бало карда» кори худро буд мекунанд
Вале, ин тарафи масъаларо ҳам мебояд зикр намуд, ки онҳое ки ,масалан дар ҷамоату навоҳӣ барои обунаи маҷбурӣ масъул ҳастанд, онҳо бо дили нохоҳам, ҳамчун «саги гарданбаста» ба ин кор машғул мешаванд. Чунки дар инҷо ягон даромад нест, балки ба инҷову онҷо рафтан, аз як деҳа ба деҳаи дигар аз ҷайби худ масраф мекунанд. Пули обуна ба ҳисоб аст, аз лаби он дуздида намешавад.
Аммо ин ҳама пул ба «Минбари халқ» меравад ва ё ба ҳизб? Ин ҳама пул ба суратҳисоби ҲХДТ меравад ва иллати ин ҳама «ҷонканиҳо» аз боло гирифта то ба поин барои он аст ки ҳизби Раҳмонов бепул набошад. «Минбари халқ» суратҳисоб надорад. Ба ҳар шумораи он ҲХДТ як маблағи муайян аз пули ҷамъоваришуда аз обуна ҷудо мекунад, то маошу ҳаққи қалами кормандон дода шавад. Азбаски он дар нашриёти «Шарқи озод» чоп мешавад ва ин матбаа моли Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ аст, як маблағи ночизе барои чоп мепардозад. Маоши кормандони он низ калон нест,аз дигарҳо фарқ надорад. Вале ҳоло шумо 101323ро (тиражи газета) ба 105 сомонӣ (пули обуна) зарб занед ва бубинед, ки ин беш аз 1миллиону 100 ҳазор сомониро ҲХДТ ва функсионерони он хеле ҳам орому роҳат обу лой мекунанд. Ва, иллати ин ҳама зиёд карданҳои обунаи «Минбари халқ»-нашрияи марказии ҲХДТ ҳам ҳамин аст, ки онҳое, ки дар роҳбарияти ин ҳизб кор мекунанд, маоши муносиб дошта бошанд. Чун ин ҳизб ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов аст. Эмомалӣ Раҳмонов инҷо киссаи ҳизбро аз ҳисоби мардум пур кардааст ва асли сиёсати обуна ҳам ҳамин аст. Пул пайдо кардан барои «командаи идеологӣ».
Бубинед, нархи обунаи солонаи «Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон 200 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нашрия феълан 48.880 нусха чоп мешавад. Яъне тақрибан ин қадар обуначӣ дорад. Вале, мутмаинан аз миёни 48.880 обуначии он баъид аст ки 10 нафар бо ирода ва майли худ ба ин газета обуна шуда бошад. Инҷо низ ҳамон сиёсате, ки барои «Минбари халқ» пеш гирифта шудааст, татбиқ мешавад. Маҷбурӣ мардумро обуна мекунанд, то барои «кормандони арсаи идеологӣ»,ки Раҳмоновро таърифу тавсиф кунанд, пул ва маош ва ҷойи кор фароҳам карда мешавад, аз ҳисоби мардум ва бо роҳи зӯриву фишору таҳдид.
Акнун як ҳисоби тахминӣ кунед, ки масалан барои обунаи
Минбари халқ- 195,
Ҷумҳурият- 200 сомонӣ
Садои Мардум-170 сомонӣ,
Ҷавонони Тоҷикистон-155
Омӯзгор-155
Халқ овози-130
Народная газета-130
Бонувони Тоҷикистон-213
Фируза-182
Дин ва ҷомеа-230
“Ҳамагӣ аз они ҳукуматанд чи қадар пули мардум масраф мешавад ва ҳар кадоме аз инҳо аз 6.000 нусха то 101.ҳазор бештар обуначӣ доранд. Ин пул чандин миллионро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳоло боз нашрияҳои соҳавиву дигару дигар ҳам ҳаст, ки онҳо низ ҳамагӣ аз ҳисоби обунаи маҷбурӣ зиндагӣ ва кор мекунанд. Касе ба муҳтавои ин нашрия ва маҷаллаҳо эътибор намедиҳад, ҳамин тавр касе дар қиссаи он нест, ки онҳо сари вақт ба обуначӣ мерасад ё хайр? Муҳим инки аз мардуум зада-зада пули обуна-яъне зиндагии онҳоро бирӯёнанд. Ва, аслан ҳеҷ обуначӣ ҳам ин нашрияҳоро суроғ намекунад, чун ба ҷуз аз акси Раҳмонову суханрониҳову қарору қонунҳои он чизе дар онҳо чоп намешавад.”
Бубинед, ки танҳо маблағи обунаи иҷбории ҳамин се нашрия: «Минбари халқ» , «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум», ки аз ҲХДТ, аз Ҳукумат ва Президент ва ниҳоят аз Маҷлиси олианд аз 2 миллион сомонӣ бештар аст. Обуна, ин яъне барои чанд нафар корманди ҳамин нашрия маош ва ҷойи кор фароҳам кардан аст. Ин дуруст монанди ҳамон ширкати пулчинаки роҳи Душанбе-Хуҷанд аст, ки аз ҳисоби мардум пул ҷамъоварӣ карда ва воҳима мекунад, ки барои 400 кас маошу ҷойи кори муносиб фароҳам карда шудааст ва ин ширкат ҳар сол ин роҳро тармим мекунад ва аз тарма ва сел поку тоза месозад. Аммо воқеият ин аст, ки миллионҳо-миллионҳо сомонии мардумро гирифта аз нӯки он ҳамагӣ камтар аз ҳазор харҷ мекунад. Ҳамин нашрияву маҷаллаҳо ҳам, ки аз ҳисоби халқ таъмини молӣ мешаванд, боз лофу газоф мезананд, ки бар фарзи мисол 100.000 ва ё наздики 50 ва 40.000 муштарӣ-обуначӣ доранд. Вале ҳам худашон ва ҳам муассисонашон ба вузӯҳ медонанд, ки ин газетаву маҷаллаҳоро чуноне гуфтем аҳаде намехонад.
“Чанд сол боз, аз соли 2016, нашрияе бо номи “Пайрав” ҳафтае ду маротиба чоп мешавад. Аз вазорати маориф ва илм аст. Нашрия 36.664 нусха чоп мешавад ва замимаи «Омӯзгор» мебошад. Шиори ин нашрия : «Пайравони пешвои миллатем» будааст. Нархи обунаи солонаи он 62 сомонӣ аст. Савол ин аст ки барои кӣ даркор ин нашрия?”
Магар инки барои чанд нафаре, ки дар он фаъолият мекунад маош бидиҳад? Чун дар дохили он чизе барои хондан вуҷуд надораад. Зимнан на танҳо ин нашрия, ки барои мактабиён пешбинӣ шудааст, чуноне тазаккур дода шуд, ҳеҷ аҳаде боқии онҳоро ҳам намекобад ва як рӯз як нафаре роҳгузар, ки ба бинои Почта даромада бошаад як дарза газетаро, шояд се ва ё чормоҳаашро оварда ба сартарош ва ё мӯзадӯзи бечораи обунашуда медиҳад.
Аммо агар гумон кунед, ки ин ҳама идораҳо, ки обуна мешаванд, пули ин обунаро аз ҳисоби коргоҳ пардохт мекунанд, иштибоҳ мекунед. Пули обуна аз ҳисоби маоши кормандон аст.
“Касе намегӯяд, ки ҳуқуқи туро поймол мекунанд, вақте ба зӯр барои обуна пул меситонанд, чун фармон аз «боло» аст ва боло инро медонад ва худаш иҷозат ва дастур додааст, касе намегӯяд, ки ин як навъи “вымогательство” аст ки аз тарафи давлат дар маҳалҳо дорад анҷом мешавад. Чунки давлати Раҳмонов ва кори тамоми сохторҳои он ҳамин тавр аст.”
Бо ин ҳама имконоту имтиёзҳое, ки нашрияҳои давлатӣ доранд, арзиши обунаи онҳо барои мисол аз «Азия плюс» ба маротиб бештар аст. Маблағи обунаи солонаи ин нашрия, ки ҳафтае ду маротиба нашр мешавад,173 сомонӣ муқаррар шудааст.
Нуктаи дигар ин аст,ки «Азия плюс» ҳамагӣ 1500 шумора чоп мешавад. Вале онки мақомот ва махсусан «фермаи ҷавоб» ҷон меканад, ки матолибашро маҳз дар он чоп кунад, нишонаи то чи ҳад таъсиргузор будани як газетаи воқеан ҳам озоду ғайридавлатӣ аст ва «Минбари халқ» бо 101 ва «Ҷумҳурият» бо наздики 50.000 тираж наметавонанд ҷойгоҳи онро бигиранд.
Ps: Акнун хонандаи гиромӣ диққат додед,ки ин режим чигуна ин миллатро ғорат мекунад. Ҳама роҳу василае,ки тавассути он мешавад аз ин мардум пул канда онро ҳатман истифода менамоянд. Аммо имрӯзҳо мардум дигар рӯзнома ва маҷалла намехонанд.Ҷойи ин ҳамаро сомонаҳо гирифтаанд,ки тозатарин матолиб ва ҷолибтарин матолибе,ки як хонанда мехоҳад хонад дар онҳо ҷой дода шудааст. Дар ҳоле инро ин режим ва мақомоти он хуб медонанд,ки ин ҳама рӯзномаҳои дурӯғин ва мардумро ғорат кардан барои чи? Мардум онҳоро намехонанд ва аз Раҳмонов ва аксҳо ва суханҳои чирту пирт ва дурӯғҳои ӯ хаста ва ҷон бар лаб шудаанд. Агар фикр мекунед шуморо миллат ҷонибдор аст ва “Пешво”ятонро дӯст медоранд ва пайрави ӯянд. Чаро то имрӯз бо ин қадар нукар,чокар,ферма,чоплус ва маддоҳе,ки доред як шабакаи ютубӣ намекушоед ва тавассути он бо мардум тамос барқарор кунед? Чун медонед ҳама онҳое тамос мегиранд нафрини худро бар муҷрӣ ва пешвои оила мардона изҳор медоранду мегуянд. Агар мегуед, на пешво ҷонибдорони зиёде дорад. Пас марҳамат мардуми кишвар дар интизори шабакаи шумо мебошанд. Аммо сад чоплусро дар кумитаҳои амният ва ВКД омода накунед,ки занг зада аз пешвои дурӯғинатон ҷонибдорӣ кунанд. Инро мардум дар ҳол мефаҳманд ва ҳеҷ касе онро намебинад. Чун,ки ин ҳама васф,мадҳ ва саною подхалимӣ дар ҳама шабакаҳои ТВ вуҷуд дорад ва онҳоро ҳатто худи мақомот намебинанд,чунки дилбазан ва дурӯғанд. Фаромӯш накунед ҲХДТ ва ҳама фермаю Авангардатон дар муқобили расонаҳои мухолифин ноком ва ночору мабҳут мондаанд. Инро аз пеши худ намегуем ,бинандагони шабакаҳои мухолифин шоҳиди ин гуфтаҳоянд!